Маҳфили ёдбуди адабиётшиноси зиндаёд Валӣ Самад
Ба муносибати 90-солагии адабиётшиноси зиндаёд Валӣ Самад дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотир доир гашт.
Маҳфилро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи хидматҳои Валӣ Самад дар соҳаи илми адабиётшиносӣ суханронӣ намуд.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод оид ба фаъолияти илмии Валӣ Самад маъруза пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, китобе бо баррасии заҳматҳои илмӣ ва эҷодии ин шахсияти зинданом дар ҳоли нашр аст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, академик Муҳаммадюсуф Имомзода пиромуни мақолаву рисолаҳои илмии шодравон мулоҳизоти арзишманд иброз намуданд. Донишмандон Абдунабӣ Сатторзода, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Анзурати Маликзод, Шоҳзамон Раҳмон, Шодӣ Шокирзода ки солиёни зиёд бо Валӣ Самад дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ҳамкор буданд, дар бораи шахсияти ӯ ва фаъолияти пурбораш хотираҳои ҷолиб нақл карданд.
Яке аз шогирдони Валӣ Самад – шоир ва рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур шеъри ба ӯ бахшидаашро қироат намуд.
Гуфта шуд, ки Валӣ Самад дар риштаи омӯзиши робитаҳои адабӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, ки дар дохилу хориҷи кишвар эътироф гаштаанд. Ӯ хештаншинос буду ҳамеша худогоҳии миллиро тарғиб мекард.
Дар охир духтари адабиётшинос Сайёра Самадова барои гиромидошти падараш ба ҳамагон арзи сипос намуд.



