МАҲФИЛИ ХОТИРМОНИ НАВИСАНДА
20 октябри соли равон дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии нависандаи шинохта Карим Давлат маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибону донишмандон ва донишҷўёну мухлисони адиб ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ироа намуда, нависандаро ба муносибати 70-солагиаш табрик гуфт ва аз эҷодиёти пурсамараш ёдовар шуд. Соҳибҷашн бо медали «Нишони сухан»-и ИНТ қадрдонӣ гардид.
Сипас узви вобастаи АМИТ Аламхон Кўчарзода дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва осори нависанда маърўза намуд.
Ҳамчунин мудири шуъбаи насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ роҷеъ ба ҳикояҳои Карим Давлат изҳори назар кард. Ў иброз дошт, ки ҳикояҳои нависанда дар баробари зарофат ҳикмат низ доранд, ки хонандаи ҳушманд аз он панд мегирад..
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз хидматҳои Карим Давлат дар соҳаи журналистикаи тоҷик ёдоварӣ намуда, ўро ба ифтихори зодрўзаш табрику таҳният гуфт. Ҳамчунин адибон Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Раҷаб Мардон, Абдулқодири Раҳим, сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ва дигарон дар бораи ҳикояҳо ва хидматҳои номбурда суханронӣ ва соҳибҷашнро ба ин санаи муҳим муборакбод намуданд.
Дар охир Карим Давлат ба аҳли нишаст ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Марҷонаи МАҲМАДАЛӢ, «АС»
МУҲТАРАМ КАРИМ ДАВЛАТ
Шумо баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кўлоб (1972), Университети марксизм-ленинизми назди КМ ҲКТ, Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1982), хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар Ҷумҳурии Лаҳистон (1972- 1973) ва фаъолият ба ҳайси роҳбари ҳарбии мактаби миёнаи №13, ба номи С. Лазои ноҳияи Восеъ (1974- 1975) самти фаъолияти хешро тағйир додед ва рў ба рўзноманигориву эҷоди осори бадеӣ оварда, то имрўз дар ин самт фаъолияти пурсамар доред.
Фаъолияти рўзноманигории худро Шумо ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рўзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и вилояти Кўлоб оғоз бахшида, баъдан ҳамчун муҳаррири рўзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, мухбири рўзномаи парлумонии ки- швар «Садои мардум», мухбири махсус, муовини аввали сармуҳаррир ва муҳаррири шуъбаи ҳуқуқи рўзномаи «Ҷумҳурият» идома додед.
Саҳм ва хидмати Шумо ба ҳайси муҳаррири илмӣ-адабии Сарредаксияи мавзўъ назаррас аст.
Аввалин асари насрии Шумо бо номи «Шоми деҳа» соли 1989 дастраси хонанда гардида, гарм истиқбол шуд. Баъдан китобҳои Шумо зери унвони «Дандони ақл» (1993), «Як лаҳза нахандед» (1998), «Ҷонфидо» (бо ҳаммуаллифии Султон Мирзошоҳ) (1999), «Чашмаи фариштаҳо» (2002), «Фарзанди Душанбе» (2003), «Меҳр» (2003), «Агар дар ҷаҳон набвад омўз- гор» (2005), «Сутуни дил» (2009), «Гулдаста» (2013), «Шикастанафс» (2017) ва «Хандаи чашм» (2021) ба нашр расид, ки далели фаъолияти пурмаҳсули Шумост.
Кори тарҷумонӣ дигар самти фаъолияти серпаҳлуи эҷодии Шумост ва дар ин бахш худро ҳамчун тарҷумони хушсалиқа хуб муаррифӣ намудед. Тарҷумаи намунаи осори Антон Чехов, Андрей Платонов, Аркадий Аверченко, Валентин Распутин, Нодар Думбадзе ва Владимир Ворфоломеев аз тарафи ҳаводорони каломи бадеъ хуш пазироӣ гардид.
Намунаи осори Шумо ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ ва ғайра тарҷума гардидаанд.
Заҳмати чандинсолаи Шумо бо медали «Хизмати шоиста» қадр гардидааст.
Ҳамқалами гиромӣ, 70–умин солгарди умри бобаракатро барои Шумо бо ихлосу самимият табрик гуфта, бароятон саломатии комил, табъи болида ва хотири осуда таманно дорем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН