Маҳфилафрӯзу дилафрӯз

 Маҳфилафрӯзу дилафрӯз

Мусоҳиба бо нависанда Абдулҳамид Самад перомуни шахсияти устод Боқӣ Раҳимзода

– Бисёр иттифоқ меафтад, ки чеҳраҳо ва инсонҳои наҷиб аз дидори аввал дар хотир нақш ме­банданд. Бори нахуст кай ва дар куҷо устод Раҳимзодаро дидед?

– Бори аввал устод Боқӣ Раҳим­зодаро дар саҳни Донишкадаи омӯз­гории пойтахт дидам. Дар назарам нури чеҳра, нигоҳи пурмеҳр, ҳазлу табассум пеш-пеши устод пойандоз мегустарид. Баҳор буд. Устод бо ҷамъе аз ҳамқаламону шогирдон барои ширкат ва шеърхонӣ ба ҳамо­иши наврӯзӣ омада буданд. Лаҳзаи хотирмон. Роҳбарони донишкада, омӯзгорони маъруф, донишҷӯён бо меҳр онҳоро пешвоз гирифтанд.

– Шумо чандин сол бо устод Боқӣ равуо доштед. Бисёр чизҳо­еро медонед, ки хонандагон ит­тилоъ надоранд. Бисёр хуб мебуд агар дар бораи барномаи «Мушо­ира» каме маълумот медодед. Шумо низ дар ин барнома ишти­рок доштед.

– Устод Боқӣ дар ТВ бо номи «Мушоира» барномаеро сарварӣ ме­карданд. Ба ин барнома донишҷӯёни навқалами донишкадаҳои пойтахт ҷалб карда мешуданд. Тарзи баргу­зории ин маҳфил чунин буд: перому­ни сухану назокатҳои шеър ибрози андеша ба миён меомад; байтеро аз шоирони муосир ё классик медо­данд, ки навқаламон ба он назира бинависанд ё аз таносуби сухан дар шеър, масъулияти адиб, ифоданок хондани матн суҳбат меоростанд. Он вақт Тоҷикистон як шабака дошт. Ба шарофати «Мушоира»-и устод Боқӣ аз ТВ шеър хондан ифтихору шоди­бахш ҳам буд. Боз барои ширкат дар ин барнома ҳаққи қалам низ медо­данд. Ҳам баҳра бурдан аз суҳбати устод, ҳам ҳаққи қалам гирифтан. Сипас шиносоӣ, нишасту суҳбатҳои зиёде бо устод сурат гирифтанд. Дар ҳама ҳолат хислатҳои покдилӣ, меҳрубонӣ ва некандешии устод ҷило медоданд. Хушбахтона, солҳои донишҷӯӣ банда дар барномаи «Му­шоира» борҳо ширкат доштам. Ин барнома минбари расмии навқала­мон ва майдони ифшои нахустин ду­рахши ҳунар ва ошноияшон бо устод Боқӣ Раҳимзода ва ҳамдигар буд.

– Устод Боқӣ Раҳимзода аз рӯи вазифа бо ҷавонони навқалам сару кор доштанд, лутфан бигӯед, ки дар рушду нумуи эҷо­диёти Шумо чӣ нақше доранд?

– Устод то охири умр вазифаи кор бо ҷавонони эҷодкорро бар дӯш до­штанд. Натанҳо дар рушди эҷодиёти ҷавонон саҳм мегузоштанд, балки дар барпо кардани ҳаёти оилавии бисёр ҷавонадибоне, ки дастпарва­ри ятимхонаҳо буданд, чун хостгор, падархонд ё падарвакил косагули базмҳои арӯсиву домодӣ бо ши­рингӯӣ ва ҳатто рақсҳои басо аҷиби паҳлавонона хидматҳо кардаанд. Аз номи ҷавонадибони ҳамон насл шоир Ғаффор Мирзо бо ин байт ба устод арзи сипос карда:

То ин дили моилшуда хомӯш нагардад,
Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад.

Шуҳрату овозаи маҳфилороии устод Боқӣ то ҷое боло рафт, ки ин байт дар сифати эшон машҳур шуд:

Ба ҳар тӯйе, ки Боқӣ соқӣ бошад,
Вафои дӯстдорон боқӣ бошад.

Банда, ки наср менавиштам, аз устод ёрие напурсидаам. Лекин аз суҳбатҳои пурпандашон бисёр барх­урдор шудаам. Дар маҳфилҳо устод мегуфтанд:

– Шаб Хоҷа Ҳофиз дар хобам даромад. Аз ҳунари шоирӣ гуфтугӯ кард. Вақти рафтанаш чанг зада, аз доманаш доштаму хоҳиш кардам: «Ҳазрати Ҳофиз ё маро шоир бикун ё бо худат бибар». Дар ҳамин кашокаш бедор шуда бинам, домани худамро маҳкам доштаам.

Хулосаи мантиқии ин ҳикояти устод Боқӣ чист? Ҳар адиби ҷавон аз талошу омӯзиш ва заҳмати пайва­стаи худаш ба мурод мерасад.

– Кадом тав­сия ё маслиҳа­ти устод Боқӣ дар ёдатон мон­дааст, бигӯед, то ҷавонон низ аз он баҳра бар­доранд.

– Пос ё нигоҳ доштани анъа­наи устоду шо­гирд дар муҳити адабӣ ба хотири тарбияи маъ­навӣ, ривоҷи са­води хаттӣ, дар­ки сухану маънӣ, масъулият дар назди адабиёти бузург – хидмати содиқонаву беғараз аз барои рав­нақи адабиёт беҳтарин хидмат ба миллату давлат аст. Аммо замон ва тарзи муносибатҳо имрӯз дигар шуда. Оё навқаламони гиромӣ сабр ва гӯши маслиҳатшунав доранд ё не? Пандпазирӣ ва дубораву борҳо таҳриру тозанавис кардани асари худ низ бору заҳмати гарон аст…

Устод Боқӣ ва ҳамсафонашон маро ба ҳамин роҳ ҳидоят мекар­данд.

– Дар ҳаҷву латоиф устод Боқӣ камназир буданд. Шумо чанд латифаи тозаи устодро дар як маҳфиле нақл кардед. Мутаасси­фона, чаро то кунун латифаҳои устод пурра гирдоварӣ нашуда­анд?

– Устод Боқӣ кони ҳазлу зарофат буданд. Бисёр масъалаҳои ҷиддии муҳити адабӣ, моҷароҳои рӯзгори шогирдон, ҳатто моҷарову хонаги­рии онҳоро дар идораҳои боло бо ҳазлу хушгӯӣ ҳал мекарданд. Аз рӯйи ҳамин фазилату заковаташон соҳиби эҳтироми хосаи роҳбарону мардум буданд. Гирд овардани ҳазлу латифаҳояшон кори шоиста­ест. Ин хидматро бояд ягон ҷавони босаводу хушзарофат адо бикунаду руҳи устодро шод.

Зиёд не, кам-кам… Баъзеаш нашр шуда, баъзеҳош не… Аксари ин зарофатҳоро мо ҳангоми нишасту маҳфилҳо аз устод ё аз ҳамсафона­шон шунида будем.

– Шумо ба сифати ходими ада­бӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда, ҳар рӯз бо шахсиятҳои адабӣ дидор доштаед. Он саргу­зашту хотираҳоро нияти навиш­тан надоред?

– Ҳар рӯзашро не, лаҳза ва гуф­тугӯҳоеро, ки бо ширкати устодон перомуни адабиёт, осори бадеӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ ё масъалаҳои доғу муҳим сурат гирифтаанд. Ин ёдвораҳо дар дафтари хотираҳои «Раҳоварди зиндагӣ» сабт ёфтаанд.

– Устод Боқӣ қисми дуввуми «Саргузашти Боқиву Соқӣ»-ро шифоҳӣ нақл карданд, Шумо ки­тобат намудед, ки ахиран дар «Мунтахаботи осор» нашр шуд. Он чӣ гуна сурат гирифт?

Ин хидматро сармуҳаррири он замони маҷаллаи «Садои Шарқ», зиндаёд Убайд Раҷаб аз ман хоҳиш карданд. Аз эшон сипосгузорам. Даврони заъфи пирӣ ва нури чашми устод Боқӣ буд. Дар фосилаи беш аз ду моҳ, ҳар рӯзи корӣ, пас аз танаффус якуним-ду соат бо устод дар ҳуҷраи кориашон менишастем. Он кас ҳикоят мекарданду ман менавиштам. Аҷиб он буд, ки устод ҳангоми суҳбатҳо озоду пурзарофат нақл мекарданд. Вале вақти хома ба даст гирифтану омодаи навиштан шудани ман басо ҷиддӣ шуда, ҷумлаҳои китобиро ба забон меоварданд. Ман хоҳиш мекардам, ки «Устод, ҳамон хел зебову башира нақл карда будед, ҳамонро бигӯед». Устод бо табассуми нарм мегуфтанд:

«Мулло, он тарафашро худат ду­руст мекунӣ».

Ростӣ, ин нишасту ҳамкориҳо бо устод чун дарсҳои адабӣ, шинохти шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ суд­манд буданд.

– Дар «Садои Шарқ» порае аз «Саргузашти Боқиву Соқӣ» бори нахуст нашр гардид, яъне то кунун ҷое ҳам чоп нашуда буд. Оё қисматҳои чопнашудаи ин асар ҳанӯз ҳам мавҷуданд?

– Он гуфтаву лаҳзаҳое, ки устод Боқӣ ва сармуҳаррир Убайд Раҷаб шоистаи нашр донистанд, дар шу­мораи ба хаёлам, чоруми «Садои Шарқ» (1980), мутаассифона, пас аз вафоташон чоп шуданд. Шояд баъзе лаҳзаҳо монда бошанд, лекин хеле кам.

– Шумо, ки худ нависандаи шинохта ҳастед, ба насри устод Боқӣ чӣ баҳо медиҳед?

– Устод, ки умри пурбаракат, ола­му инсонҳои зиёдро диданд ва завқу истеъдоди фитрӣ доштанд, хазинаи заковату хотира ва донишу таҷрибаи мардумшиносӣ буданд. Вале эшон ба насрнависӣ ҷиддӣ даст назаданд. Намоишномаи «Сияҳсувор»-ашон хуб аст.

– Мунтақиди зиндаёд Соҳиб Табаров барои Шумо чанд нома навишта буданд, ки 10 номаро маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард. Боқӣ Раҳимзода барои Шумо но­мае ба ёдгор мондаанд? Умуман, устод ба номанависӣ майлу рағ­бат доштанд?

– Не, устод ба ман номае на­навиштаанд. Шояд ба шогирдони шоирашон нома навишта бошанд. Муаллим Соҳиб Табаров дар фо­силаҳои гуногун, пас аз мутолиаи асарҳоям дувоздаҳ нома навиш­танд, ки ҳар яке шабеҳи тақризанд. Хушбахтона, ин номаҳо зери унво­ни «Манбаи омӯзиш» (Мактубҳои Соҳиб Табаров ба Абдулҳамид Самадов) бо эҳтимоми донишман­дони гиромӣ М.Имомзода ва зин­даёд М.Зайниддинзода (Душанбе, «Истеъдод»-2021) ба нашр раси­данд.

– Чанде пеш 90-солагии ИНТ-ро ҷашн гирифтем. Дар бораи пайванди устод Боқӣ бо Итти­фоқи нависандагон чанд сухан мегуфтед.

– Устод Боқӣ Раҳимзода чун дӯст ва пайрави устоди бузургвор Мирзо Турсунзода дар тарбияи адибони ҷавон ва ба мақоми баланд раси­дани Иттифоқи нависандагон дар сафи беҳтарин адибони ҳамсола­шон даҳсолаҳо содиқона хидматҳои шоиста карданд. Беҳтарин шоирону нависандагон эшонро устоди худ мешумориданд. Ин бахти суханвари куҳансол, некномии ӯст. Ва ҳамеша номаш чун беҳтарин тарбиятгар, устоду мададгори адибони ҷавон ёд хоҳад шуд.

– Рӯзи дафни устодро албат­та дар хотир доред…

– Оре, тобути Боқӣ Раҳимзодаро бо эҳтиром бурда, дар боғи устод Айнӣ ба хок супоридем. (Алҳол мадфанашро ба мазори Лучоб кӯ­чондаанд). Ва мо ҷавонадибон бо зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба Иттифоқ омада, дар гӯшаи ошхона пурандӯҳ нишастем. Ҳама як нуктаро такрор мекардем: «Боз як хазинаи нодири ганҷи сухан, зарофату ҳикмат аз байн рафт. Дареғ!»

– Сипос барои суҳбати пур­муҳтаво ва ҷолиб.

Мусоҳиб Насимбек Қурбонзода, «АС»

Дигар хабарҳо