МАЪРӮЗАИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ ДАР МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Адибони мо, дар баробари тамоми мардуми мамлакат, баргузорӣ ва ҷараёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз 16-ум то 22-юми ноябри соли 1992 дар куҳаншаҳри диёрамон — Хуҷанд сурат гирифт, бо ҳаяҷону изтироб ва як ҷаҳон умедворӣ истиқболу мушоҳида намуданд. Натиҷа ва қарорҳои он дар дили ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла адибон, шуълаи умеду боварро ба ояндаи неки кишвар, ба ҳаёти осоишта ва сулҳи пойдору созандагӣ барафрӯхтанд. Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ — Сарвари давлат интихоб шудани ҷавонмарди далеру соҳибдил Эмомалӣ Раҳмон, ки мардуми Тоҷикистон аз суханрониҳои пурмуҳтавою дилсӯзонааш дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд, ин бовару умедро тақвият бахшид. Хусусан, қасами сарвари тозаинтихоби давлат дар мавриди зарурати истиқрори сулҳ, бозгардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан, таъмини оштиву ваҳдати миллӣ ва даъвату талқинҳои пайвастааш оид ба худшиносиву худогоҳӣ, бедориву ҳушёрии сиёсӣ, шинохту омӯзиши арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихии халқ адибони тоҷикро рӯҳбаланд ва ба офаридани асарҳое раҳнамун гаштанд, ки ҳадафҳои мазкурро дар либоси бадеӣ ифода ва тарғиб намуданд.

26-уми ноябри соли 1992 Сарвари давлат муроҷиатномаи Шӯрои Олиро ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо кард, ки дар он аз ҷумла чунин омада буд:
«Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон
хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзуи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлолият ва эҳёи давлатдории худ аз байн бубарад, эҳсос намуда;
ҷанги бародаркуширо, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда;
мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда;
масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳодааст, дарк карда,
баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд…»
ҳамон рӯзҳо дар тамоми матбуоти даврӣ Изҳороти Шӯрои Олӣ нашр шуд, ки сатрҳои зеринаш мардуми Тоҷикистонро дар он айёми пуртаҳлука рӯҳбаланд ва ба зиндагиву кор дилгарм мекарданд: «…дар сарзамини Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва халқи Тоҷикистон бо мақсади сохтмони давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ба меҳнати бунёдкорона оғоз мекунад».Read More
Баъдан дар тамоми суханрониву вохӯриҳо, мақолаву китобҳои Сарвари давлати Тоҷикистон масъалаҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, эҳё ва гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, солимгардонии фазои маънавии ҷомеа, тарбияи ватандӯстонаи наврасону ҷавонон, тарғиби тарзи солими ҳаёт, талқини ифтихори миллӣ ва ватандорӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ, дигар масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ мавқеи марказиро ишғол намуданд.

Адабиёти мо низ он солҳо ба ҳамин мавзӯъҳо рӯй оварда, дар партави сиёсати роҳбари давлат ба қадри имкон дар ҳидояти мардум ба роҳи бунёдкориву созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳмгузор шуд. Асарҳои бисёре дар ин самт дар назму наср, драматургия, очерку публитсистика ба майдон омада, ҷараёни навсозиҳои замони истиқлолият ва тадриҷан ташаккул ёфтани ҷомеаи нави шаҳрвандиро дар Тоҷикистон камубеш инъикос намуданд. ҳарчанд он асарҳо маълуманд ва шояд ном бурданашон ҳам зарурат надошта бошад, баъзеашонро хотиррасон кардан мехоҳам. Китобҳои Муъмин қаноат «ҳамосаи дод» (1996), Лоиқ Шералӣ «Фарёди бефарёдрас», Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006) ва «Лолаи сиёҳ» (2013), Гулназар «ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), Гулрухсор «Зодрӯзи дард» (1995), Камол Насрулло «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» (1996), Ашӯр Сафар «Андешаи зиндагӣ» (1997), Аскар ҳаким «Ба саломи шукуфаҳо», Саидҷон ҳакимзода «Сӯзи дил» (1996), Муҳтарам ҳотам «Як қадам аз саргузашт, як қалам аз сарнавишт» (1996), Нурмуҳаммад Ниёзӣ «Аз ҳама дур» (1995), ҷумъа қувват «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору» (1996), Муҳаммад ғоиб «Фарёди ёдҳо» ва «Ашки қалам» (1998), Ширин Бунёд «Гули андеша» (1995), ҳақназар ғоиб «Ашки нур» (1993), Фарзона «Ояти ишқ», Ато Мирхоҷа «Нафаси дувум» (2013), Акбар Абдулло «Кошонаи сӯхта» (1997), Рустам Ваҳҳоб «Шаҳри Хуршед», «Шеъри захмӣ» (1996) ва «қаламҳой»-и камина (1997) дар назм аз ҳамон ҷумлаанд.
Дар наср метавон асарҳои Сорбон «Барзгар», Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод», Саттор Турсун «Санг дар бағал ба тӯфон», Кӯҳзод «ҳайҷо» ва «Дар ҳасрати кори ҳалол», Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар», Баҳманёр «Сармаддеҳ», Мирзо Шукурзода «ҳамосаи родмардони Хуросон», Барот Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», Юнус Юсуфӣ «Шинак», Сайф Раҳимзод «Абармарди шарқӣ», Ато ҳамдам ва Леонид Чигрин «Озар аз Устрӯшан», Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», Равшани Махсумзод «Шабе дар замини бетараф», Равшани Ёрмуҳаммад «Бармакиён» ва ғайраро ном бурд, ки дар партави сиёсати ватанпарварию миллатдӯстӣ ва аз таърихи халқ сабақ ҷустанҳои Сарвари давлат эҷод шудаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдориаш эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллатро аз муҳимтарин омилҳо ва василаҳои худшиносии миллӣ ва ҷаҳоншиносии мардуми тоҷик медонад. Бар замми суханрониву мақолаҳое, ки вобаста ба санаҳои таърихӣ эрод ва нашр кардааст, аз аввалин солҳои роҳбарӣ ба кишвар таваҷҷуҳи мардум, хусусан аҳли зиё, аз ҷумла адибонро ба омӯзишу тарғиби решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ ҷалб менамояд. Андешаҳои Сарвари давлат оид ба арзишҳо ва суннатҳои давлатдорӣ, таърихӣ ва миллии тоҷикон, ки аввал дар шакли дастури таълимӣ барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» соли 1995, баъдан дар се китоб бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» солҳои 1999, 2002 ва 2006 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расиданд, барои адибон сарчашмаи илҳомбахши омӯзишу тасвири бадеии саҳифаҳои дурахшон ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик гардиданд. Дар суханони зерини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳиме зикр шудаанд, ки бояд ҳамеша мавриди назари аҳли тадқиқи бадеӣ бошанд: «Бояд таблиғи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад».
Аз шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президент руҷӯи нависандагон ба таҳқиқи бадеии решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ хеле афзуд. Бо бовари том метавон гуфт, ки сиёсати Сарвари кишвар нисбат ба масъалаҳои таърихи давлатдории тоҷикон, илму фарҳанг, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, хусусан забон ва адабиёти миллӣ барои адибон ангезаи бемисли иштиёқ ба тасвири бадеии арзишҳои таърихии миллат гардид. Барои қиёс ҳамин қадар ёдрас шудан кофист, ки агар дар тӯли замони шӯравӣ дар адабиёти тоҷик ҳамагӣ тақрибан 10 романи таърихӣ эҷод шуда бошад, пас дар давоми бештар аз 20 соли Истиқлолияти давлатӣ қариб 40 романи таърихӣ рӯи кор омад. Романҳои Аъзам Сидқӣ «Пайроҳаи қисмат» ва «Захми қасос», Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», Сорбон «Достони писари Худо», Юсуф Аҳмадзода «ҳафт руъё», Аброри Зоҳир «Шикасти зулмот» ва «Мунтасир», Равшани Ёрмуҳаммад «Бармакиён» ва «Ишқи Рӯдакӣ», Абдулҳамиди Самад дилогияи «Гардиши девбод», Бароти Абдураҳмон «Курӯши Кабир», ҷумъа қуддус дилогияи «Ориёно-1. ҳасрати Зардушт» ва «Ориёно-2. Биҳишти гумшуда», Шодон ҳаниф «Беҳзод», Ато ҳамдам ва Леонид Чигрин «Садди Суғд», «Зиндагиномаи Чжан Тсян», «Садди Хатлон», «Озар аз Уструшана ё шамшери Спартак», «Иштибоҳи Темурланг», Давлатшоҳ Тоҳирӣ «Рухшона», Холиқ Мирзозода «Самарқанд», Диловари Мирзо «Борон пайҳоро мешӯяд» ва «Нусратулло Махсум» аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар жанри драматургия низ як силсила асарҳои таърихӣ ба майдон омаданд, ки «Исмоили Сомонӣ», «Фирдавсӣ» ва «Номбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Искандар ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмон, «Паёми Зардушт», «Маздак», «Исёни Айнӣ»-и Нур Табар, «Дақиқӣ» ва «Балъамӣ»-и Сафармуҳаммад Айюбӣ, «Лаҳзае бо аллома»-и ҷумъа қуддус, «Амир ва асир», «Борони ашк» ва «Борбад»-и камина аз ҳамон қабиланд. Чун аз намоишноманависӣ сухан рафт, бояд зикр намуд, ки дар мавзӯи имрӯз ҳам асарҳои шоиста ба миён омадаанд ва аз рӯи пйесаи Ато ҳамдам «Занги бемаҳал» дар ҷумҳурии қирғизистон таҳия гардидани филми бадеӣ ва зеби саҳнаи театрҳои Афғонистон, Беларус, қазоқистон, қирғизистон ва Туркманистон шудани асарҳои Нур Табаров, Ато ҳамдам, ҷумъа қуддус далели ин аст.
Дар мавзӯи таърих, арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва рӯҳияи созандагиву бунёдкории мардум асарҳои ҳаҷман хурди бисёре офарида шудаанд. Аз ин радиф метавон очерку эссе ва мақолаҳои амиқи публитсистии Саттор Турсун «Виҷдон агар бедор аст» ва «Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ», Абдулҳамид Самад «Роҳи шараф», «Асрори Хоҷамуъмин» ва «Ормони ҳазорсола», Кароматуллоҳи Мирзо «Пайванди роҳҳо», Камол Насрулло «Наврӯзи Президент», Бахтиёр Муртазоев «Нақби Истиқлол» ва «Нақби Анзоб», Ато ҳамдам «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», Равшан Махсумзод «Дил барафрӯхт»-ро мисол овард. Мавриди зикр аст, ки сарчашмаву ангезаи аксари ин ҳама осор навиштаҳо ва ибтикору гуфторҳои Сарвари давлат, аз ҷумла омодагӣ ва баргузории 1100-солагии Давлати Сомониён, асарҳои «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият» ва «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», суханрониҳои пурмуҳтаво ва ҳидоятгарона дар солгардҳои Истиқлолият, ҷашнҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ, Мирсаидалии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони ҷомӣ, Мирзо Турсунзода, инчунин Паёмҳо ва вохӯриҳои анъанавии Президент бо намояндагони зиёиёни мамлакат буданду ҳастанд.
Мавриди зикр аст, ки навиштаҳои мазкур ва бисёр асарҳои дигари Сарвари давлатро метавон чун очерку публитсистикаи амиқу дақиқ, аниқмавзӯю равшанмаъно пазируфт, ки самимонаву бомуҳаббат аз саҳифаҳои дурахшони таърихи дерину навини давлату миллатамон ҳикоят мекунанд. Дар партави онҳо очерку публитсистикаи бадеии моро зарур аст, ки ба аслу моҳияти рухдоду падидаҳои замони Истиқлолият ва шахсиятҳои барҷастаи он, масъалаҳову мушкилаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо амиқтар фурӯ бираванд ва асарҳои хонданиву мондание манзур бикунанд. Тавре Сарвари давлат мефармояд: «Вақти он расидааст, ки адибон бештар ба таҳияи мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ бисозанд». Амалӣ намудани ин ҳидоят пайванди адабиётро ба ҳаёт таҳким мебахшад, пуле миёни адибу ҷомеа мешавад ва таваҷҷуҳи бештари мардумро ба сухани бадеӣ ба вуҷуд меорад.
Мегӯянд, ки адабиёти фаъолро танқиди фаъол ба вуҷуд меорад. Акси инро ҳам метавон пазируфт, ки заминаи пайдоиши танқиди фаъол адабиёти фаъол аст. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар танқиду адабиётшиносии амалии мо ҳам асарҳое ба вуҷуд омаданд, ки аз ҳусну қубҳи осори гуногунжанр сухани воқеиву созанда ба миён оварда, рӯҳияи умумии адабиётро қудрату вусъат бахшиданд. Дар ин ҷо бахусус рисолаҳои Атахон Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср» ва Абдухолиқ Набавӣ «ҷусторҳо ва ибтикорҳо дар наср»-ро номбар кардан бамаврид аст. Чунон ки аз номҳояшон бармеояд, ҳарду асар ҳам бори заҳмати таҳлилу тафсири бурду бохти насрро бар дӯш доранд ва натанҳо барои мунаққидони ҷавон, балки барои ҳама адибон аз ҳар ҷиҳат омӯзандаанд. Тадқиқоти Юсуф Акбарзода «Таҳқиқи шеър аз нигоҳи нав», Муҳаммадалӣ Аҷамӣ «Тафаккур ва ҳис дар шеър», Мубашшир Акбарзод «Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст» паҳлуҳои гуногуни назми муосирро баррасӣ намудаанд, китобҳои Гулназар «Растохези сухан», Абдураҳмон Абдуманнон «Фурӯғи чеҳраҳо» ва «Пиндорҳо ва ингорҳо» аз он ҷиҳат ҷолибанд, ки адабиётро чун як раванди табиии зинда ба мушоҳида гирифта, натанҳо пушти ҳусну қубҳи осор, балки пайи чеҳраи офаридгорони онҳо ҳам рафта, симоҳои хотирмоне офаридаанд. Мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки зимни зикри масъалаҳои мубраму таъхирнопазири тадқиқи бадеӣ адибонро ба фаъолияти бештару пурмаҳсултар водору сафарбар месозад. Китобҳои Рустам Ваҳҳоб «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ва «Дуруст бинависем» ифодаи равшани амалисозии ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба гиромидошти забону адаб ва умуман фарҳанги миллист, ки тарзи масъалагузорӣ ва забону баёни муносибу зебо аз асарҳои хонданиашон кардаанд. Шояд саволе ба миён биёяд, ки чӣ робита доранд ин осор ба мавзӯи суҳбати имрӯза? Аввалан, ҳама дар тақвияти талқину ҳидоятҳои Сарвари зебопарасти давлатамон навишта шудаанд ва зебоиро дар адабиёту адибон тадқиқу таҳқиқ мекунанд. Сониян, бо дастгирии Президенти муҳтарам ба зевари табъ ороста шудаву зеби назари хонандаи дилогоҳ шудаанд. Вазифа он аст, ки танқиди адабӣ, адабиётшиносии амалӣ дар оянда бояд фаъолтар бошад ва барои фаъолияти пурвусъату пурҷасорати он, гумон мекунам, мавод беҳад зиёд аст. Як назари масъулона ба ғарами ҳазёнпораҳое, ки ҳар рӯз тоҷиршоирону тоҷирносирон ва ноширтоҷирон бераҳмона ба сари хонанда мерезанд, кофист, ки зарурати ин амали хайри танқиди адабӣ шадид эҳсос бишавад. Вақти он расидааст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат адабиёти пурбору адибони сазовор тарғибу ташвиқ бишаванд.
Арҷгузорӣ ва қадршиносии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хидматҳои шоистаи аҳли адаб дар бисёр мавридҳо зоҳир шудааст. Дар қатори шаш нафар қаҳрамони Тоҷикистон ҷой гирифтани ду адиби бузургамон, ба номи устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, ҳамадонӣ, Айнӣ, Турсунзода сикка задани пули миллӣ худ гувоҳи равшантарини таваҷҷуҳи махсуси Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи адабиёт ва аз ҷониби ӯ эътироф гардидани он нукта аст, ки адабиёти бадеӣ дар ҳаёти маънавии халқи тоҷик мақоми хос дорад. Ба номҳои пурифтихори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, ҷалолуддини Балхӣ, Мирсаидалии ҳамадонӣ, Абдураҳмони ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияҳо, ба шарафи устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва даҳҳо адибони машҳур номгузорӣ шудани донишгоҳу донишкадаҳои давлатӣ, театру қасрҳои фарҳанг, мактабу китобхонаҳо, хиёбону кӯчаҳо ва дигар муассисаҳои таълимиву маърифатӣ далели равшани гиромидошти адабиёту адибон аз ҷониби раҳбари фарҳангпарвари давлатамон аст.
ҳамаамон шоҳидем, ки аз соли 1997 инҷониб ҳамасола дар арафаи Наврӯз вохӯрии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони аҳли зиё баргузор мегардад. Дар ҳар яке аз ин вохӯриҳо масъалаҳои иҷтимоиву маънавие ба миён гузошта мешаванд, ки бояд дар маркази диққати адибон ва дигар зиёиён қарор дошта бошанд ва оид ба амалӣ гардидани онҳо аз ҷониби Сарвари давлат тавсияву ҳидоятҳои судманд пешниҳод мегарданд. ҳар мулоқоту дидор бо Пешвои миллат, бешубҳа барои офаридани асарҳои нав ба адибон рӯҳбаландӣ ва илҳоми тозаву масъулият мебахшад.
Таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи имсола ва дар доираи он баргузор гардидани ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз зуҳуроти тозатарини таваҷҷуҳу муҳаббати ҷаноби Олӣ ба адабиёту адибон аст. Меҳмонони зиёди он арзанда истиқболу гусел шуданд ва таассуротномаҳои зиёдашон, ки ба унвони Иттифоқи нависандагону нашрияҳои он мерасанд, ҳақиқати бебаҳси як давлати воқеан миллӣ ва як миллати воқеан созандаву бунёдкор сохтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд. Гумон мекунам, ки суханони беҳад самимиву пурмуҳаббати ҷаноби Олӣ — «Ман шоиронро дӯст медорам!» то дер дар хотираҳо акси садо медиҳанд ва мо, адибонро ба посухҳои арзандаи бадеӣ ҳидоят мекунанду илҳом мебахшанд.
Далели дигари ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба адабиёт дастгирии молиявии нашрияҳои Иттифоқи нависандагон, ба роҳ мондани нашри мероси арзишманди адибони гузашта дар силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, ҳамасола ҷудо кардани маблағҳои махсус барои нашри осори адибони муосир аз Хазинаи эҳтиётии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, барои силсиланашрҳои дигари осори адибон, мисли «Китобхонаи мактаб» низ, маблағҳо ҷудо карда мешаванд. Дар ин мавзӯъ ҳангоми музокира шояд намояндагони Вазорати фарҳанг ва нашриётҳо мушаххастар маълумот бидиҳанд.
Боиси сипос ва миннатдории махсус аст, ки маҳз бо ташаббуси шахсӣ ва бевоситаи Президент аз соли 2004 ҳаҷм ва миқдори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, инчунин ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва ба номи Турсунзода бамаротиб зиёд карда шуд. Аз мову шумо ҳамин қадар тақозо мешавад, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо асарҳои шоиста биофарем, асарҳое, ки дар онҳо аз ҷумла дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси бадеии худро биёбанд.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Президент ба адабиёт ва аҳли адаб дар он низ зоҳир мегардад, ки дар бисёр сафарҳои дохиливу хориҷии худ адибонро ҳамсафар мегирад. ҳадаф аз чунин ҳамсафариҳо ин аст, ки адибони мо оламу одамро бубинанд, биомӯзанд ва доираи мавзӯъҳои осорашонро тавсеа бубахшанд, ҷаҳоншиносиву ҷаҳонфаҳмии худро такмил бидиҳанд. Мутаассифона, мо на ҳамеша ва на ба дараҷае, ки лозим асту тақозо мешавад, аз уҳдаи ин кор мебароем. ҳақ аст суханони Президенти муҳтарам, ки «ҳамаи комёбиҳои даврони Истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд».
Сарвари давлат дар чанде аз вохӯриҳо бо зиёиён, инчунин дар баъзе мавридҳои дигар оид ба зарурати интишори осори адибони тоҷик ба забонҳои дигар таъкидҳои пурарзиш кардааст. Инак, бо ташаббус ва супориши бевоситаи Президенти муҳтарам, бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷумаи бадеӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Умедворем, ки ин иқдоми хайр ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.
Адибони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати Президенти кишварро дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ намуда, дар бунёди ҷомеаи воқеан мутамаддини шаҳрвандию демократӣ саҳмгузор бошанд. Дар солҳои истиқлолият шоирони ба истилоҳ ватансаро ташаккул ёфтанд, ки самимона амалӣ гардидани ормонҳо ва ниёзҳои маънавии миллиро тараннум менамоянд. Мутаассифона, дар ин мавзӯи муқаддас навиштаҳои рӯякиву содалавҳона низ фаровон ба нашр расидаанду пайваста садо медиҳанд ва вазифаи танқиди адабист, ки дар ҷудо кардани сара аз сақат раҳнамуни хонандагон бошад.
Гуфтаҳои боло қатрае аз баҳр аст дар мавриди таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба адабиёт ва адибон, ҳамчунин дар мавзӯи нақши ӯ дар пешбурди адабиёти замони Истиқлолияти давлатӣ. ҳамчунин, дар ин гузориши фишурда, албатта, на ҳама адибони арҷманди заҳматкашамонро номбар ва на ҳама асарҳои арзандаро зикр намуда тавонистем. Таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаву амиқи ин мавзӯъ кори оянда аст. Алҳол умедворам, ки музокирачиёни муҳтарам, бо зикри паҳлуҳои гуногуни масъала, ин гузоришро пурратар хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо