«Ман зинда бошам бо шумо…»

 «Ман зинда бошам бо шумо…»

24 июл дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе маросими ёдбуди Саидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар маросими мазкур аҳли адаби кишвар, пайвандону наздикони марҳум ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ширкат доштанд. Зикр гардид, ки мазори шоири маҳбуб бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ободу ороста карда шудааст.

Раиси Иттифоқинависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Аскар Ҳаким, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон, нависанда ва драматург Ато Ҳамдам, шоир Валиҷон Акбарӣ, котиби бахши истаравшании Иттифоқи нависандагон Раънои Зоирдухт, дӯст ва ҳамсабақи шоир Абдурашид Самадов ва дигарон аз рӯзгору осори Саидалӣ Маъмур ёд карданд.

Дар лавҳи ёдгории мазори шоир ин навиштаи машҳураш ҷо дода шудааст:

Одам ба одам зинда аст,  мегуфт модар ҳар замон.

Ман зинда бошам бо шумо, эй одамон, эй одамон…

Дигар хабарҳо