Малика Қаландарова: Тоҷикистон аз ман ситора сохт
Ҳарчанд медонистем, ки Ҳунарпешаи халқии СССР Малика Қаландарова бо рӯзноманигорон мусоҳиба карданро хуш надорад, аммо бо ин ният бо ӯ тамос гирифтем. Пас аз хоҳишҳои пайдарпай ба мо муяссар шуд, то бо ин ситораи дурахшони саҳна, ки дар саросари ҷаҳон маъруф гаштааст, суҳбате анҷом диҳем. Бо садои маҳину пурназокати худ ёди гузаштаҳо карда, гоҳе баланд механдиду гоҳи дигар ҳасрати рӯзҳои рафтаро мехӯрд. Аз ин суҳбат ӯро ситораи заминӣ, инсони фурӯтану самимӣ ва ҳунарманди асил дарёфтем. Суҳбати мо наздик ба чор соат давом ёфт, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.
– Имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед, чӣ гуна рӯзҳоро сипарӣ мекунед?
– Рӯзҳои ман бисёр хуб мегузаранд. Зуд-зуд ба дидани писарам Марк ва набераҳоям меравам, онҳоро бисёр дӯст медорам. Кӯшиш мекунам дар тарбияи набераҳоям саҳм дошта бошам. Дар ҷашнҳои гуногун ширкат меварзам, ба дидори дӯстону ҳамкорон меравам. Баъзан ҳамроҳи ҳамкорон дар иду ҷашнвораҳо ҳунарнамоӣ мекунем.
Дар ҳавои суруди тоҷикӣ рақсиданро дӯст медорам. Аз ин сабаб ҳар рӯз зери навои тоҷикӣ ҳатман мерақсам. Рақс шуғли асосии ман аст. Шавҳарам баъзан аз ман мепурсад, ки чаро дар вақти рақс ба деворҳо нигоҳ карда, табассум мекунам, аз онҳо чашм наканда мерақсам? Аммо ман деворҳоро гӯё намебинам. Тасаввур мекунам, ки издиҳоми мардум ба ман менигаранду табассум мекунанду каф мекӯбанд. Замоне пеши назарам меояд, ки дар толорҳои бузурги Душанбе мерақсидам. Дар ноҳияҳои дурдаст, пеши мардуми азизам, ки пахта мечиданд, ҳунарнамоӣ мекардам. Аҷаб лаҳзаҳои нотакроре буданд. Баъзан ҳатто саҳна набуд, мошинҳои боркаш ба ҳам наздик мешуданду болои он қолин мепартофтанд ва ман рӯйи он мерақсидам. Кӯдакон, мактаббачаҳо, занону духтарон ҳама ҷамъ шуда, беохир бароям қарс мезаданд. Ҳоло дар ин сӯйи уқёнус он лаҳзаҳои ширинро пеши назар меорам, бо майли том ду-се соат мерақсам. Ин ҳолат ба ман илҳом мебахшад, хастагиямро рафъ мекунад. Ҳамин гуна рӯзҳои ман хеле хуб паси сар мешаванд.
– Хуб мешуд аз таърихи таъсиси “Мактаби рақси Малика” ва фаъолияти имрӯзааш мухлисони бешумори тоҷикистониатонро огоҳ мекардед.
– Соли 1993 вақте ба Амрико омадам, ҳамон сол дар манзили худ студияи хурди рақсӣ кушодам. Назди ман аслан кӯдаконе меомаданд, ки маро хеле хуб медонистанд, замоне дар Душанбе, Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Маскав зиндагӣ мекарданд. Дар умум ба кӯдакони зиёде дарс медодам. Соҳиби бино вақте огоҳ шуд, иҷозат надод, ки ман дарсҳоро идома диҳам. Билохира тавонистам дили ӯро ёбам. Дар ниҳоят баъд аз 10 сол ҷойи калону барҳаво пайдо намудам ва “Мактаби рақси Малика” ба он ҷо кӯч баст. Дар муддати кӯтоҳ ин мактаб шуҳрати зиёде ба худ касб кард. Ин ҷо ғайр аз ман боз муаллимони дигар ҳам буданд, ки рақсҳои Амрикои лотинӣ, аврупоӣ, балет ва дигар намуди рақсҳоро меомӯзонданд. Ман асосан бо рақсҳои тоҷикӣ (бухороӣ), ӯзбекӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ ва туркӣ кор мекардам. Кӯдакон асосан ба гурӯҳҳои ман меомаданд. Дар бинои нав каму беш 20 сол кор кардам ва баъд соли 2020 ин мактабро ба шогирди бисёр хубу боистеъдодам Сандра Гадоева супоридам. Ҳоло чун меҳмони фахрӣ меравам ва раванди корҳоро назорат мекунам. Ҳама чиз хуб аст, аммо рақсҳои шарқӣ, махсусан рақсҳои осиёимиёнагӣ, бисёр кам шудаанд. Чун сабаб пурсидам, гуфтанд, ки кӯдакон рақсҳои замонавӣ, яъне модернро бештар меписанданд. Аз ин рӯ рақсҳои амрикоиву аврупоӣ зиёданд. Ман норозигиямро баён кардам ва гуфтам, ки дар “Мактаби рақси Малика” ҳатман бояд рақсҳо миллӣ бошанд. Дар натиҷаи эроди ман гурӯҳҳои рақсҳои миллӣ барқарор шуданд. Ғайр аз ин мактаб қариб дар ҳар Иёлоти Амрико шогирд дорам. Онҳо ҳам мактабҳои рақсии худро доранд. Дар посухи суоли зебо рақсиданро аз куҷо омӯхтед, бо ифтихор мегӯянд, ки мо “Мактаби рақси Малика”-ро хатм кардаем. Хушбахтам, ки шогирдони ман имрӯз шогирдони худро тарбия мекунанд. Ҳар он чи аз ман омӯхтанд, ба фарзондон ва хоҳарони худ меомӯзонанд ва кори маро идома медиҳанд. Ба ин васила рақси ман умри дароз мебинад. Хушбахтам, ки тавонистам ин ҷо, дар Ню Йорк ҳам касби худро шуҳрату овоза бахшам…
– Оё боре андешидаед, ки чунин мактабро дар Душанбе таъсис диҳед?
– Бале. Боре дар Душанбе рӯзноманигоре ба ман ҳамин гуна суол дод. Ҷавоб додам, ки чаро не? Метавонам биёям ва ё махсус барои ба саҳна гузоштани ягон рақс вақт ҷудо кунам. Баъдан ҳамин суҳбат дар ютуб ҳам нашр шуд. Албатта, инро ман замоне гуфта будам, ки 54 ё 55 сол доштам. Баробари вақт синну сол ҳам меравад. Аммо бовар дорам, ки рӯзе ҳатман дар Тоҷикистон, дар ягон ансамбл рақси хуберо таҳия хоҳам кард.
– Дар рақсҳои Шумо ҳаракатҳои тез, шиддату ларзишҳо бо суръат иваз мешаванд. Ин ҳама чӣ гуна шуморо даст медиҳад?
– Дуруст мушоҳида кардед, ин савол барои ман ҳам ҷолиб аст. Дар ансамбли “Лола” роҳбари асосии ман Ғаффор Валаматзода буд. Инчунин дар ансамбли мо Хурсанд Ҳакимович ва Иброҳим Қурбонович, ки ҳарду ҳам раққосони машҳур буданд, кор мекарданд. Барои онҳо бо ман кор кардан бисёр мушкил буд. Ҳамеша норозиёна мегуфтанд, ки мо ба ӯ як чиз мефаҳмонем, ӯ тамоман кори дигар мекунад. Ӯ ҳатто дар рақси ором ҳам ба тарзи худаш ҳаракатҳоро иваз карда, суръати рақсро метезонад. Ҳамин тариқ барои онҳо душвор буд, вақте ман бо гурӯҳ мерақсидам. Ҳар бор, албатта, аз худам ягон ҳаракате илова мекардам. Ба ин сабаб дар рақсҳои гурӯҳӣ ба ман дар миёна рақси алоҳида медоданд. Баъдан вақте ба Маскав мерафтем, ҳама консертҳои ҳукуматиро бо диққат тамошо мекардам, дар баъзеҳояшон ширкат меварзидам. Як чизро хуб дарк намудам, ки зебоии рақс танҳо зоҳиран зебо будан ва рӯйи саҳна қадам задан нест. Бояд чизеро рӯйи саҳна монд, ки тамошобин дар ҳайрат монад ва аз он роҳат кунад. Аз ин боб як қиссаи аҷиб ёдам омад, мехоҳам бароятон бигӯям…
Солҳои 1976 ё 77-и асри гузашта ба қасри Кремл даъват шудам. Аз ҳунармандони мо 4 ё 5 нафар будем. Ғайр аз ман ҳама ҳунармандони халқии СССР буданд. Ҷое, ки ман бояд рақс мекардам, саҳна не, толори махсусе буд, ки дар он барои меҳмонҳои олиқадр зиёфат меоростанд. Чун ба рақсидан шуруъ кардам, дидам, ки раҳбарони мамлакатҳои гуногун ва шахсиятҳои машҳури Маскав он ҷо иштирок доранд. Ман чархзанон ба меҳмонҳо наздик омадаму баланд ҷаҳида, ба сари зону нишастам. Ҳамин вақт Леонид Илич Брежнев як қад парида, бо ҳайрат ба ман нигарист ва чун дид, ки бо чеҳраи хандон рақсамро идома додам, табассум кард ва бо шавқ бароям каф зад.
Баъди ин воқеа чунин дарс гирифтам, ки ҳар як ҳаракат бояд зебо, ҷолиб ва мафтунгар бошад, ки тамошобинро ба шӯру шавқ орад. Ҳамин буд, ки баъзе ҳаракат ва ҷунбишҳоро вақти рақсидан иваз мекардам. Рӯзҳои аввал Ғаффор Рустамович нороҳатона мегуфтанд, ки Малика, чаро ту ҳаракатҳои дигар илова мекунӣ? Барои чӣ рақсро иваз мекунӣ? Мегуфтам, ман чунин эҳсос мекунам, дили ман чунин мехоҳад. Барои ҳамин ҳам либосҳои саҳнавӣ ва мазмуни ҳаракатҳои ман пайваста аз дигарон фарқ мекард. Ана чаро сабки Маликаро мардум дӯст медоштанд.
– Дар саҳнаҳои бузург рақсидан на ба ҳар раққоса бе тарсу ҳарос муяссар мешавад. Оё ин дуруст аст?
– Рост. Аммо ҳар куҷое, ки ман дар саҳнаҳои бузург рақсидам, ҳеҷ гоҳ аз рақсидан намеҳаросидам. Мухлисонам ҳамеша маро бо шавқу шӯр қабул мекарданд. Ин як чизи содаву аҷиб аст, ки баъзан санъаткорон мепурсиданд, ки ман баъди кадом овозхон навбат дорам. Агар бигӯянд, ки масалан, баъди суруди ягон овозхони машҳур, онҳо розӣ намешаванд. Ӯ сарояндаи маъруф аст, баъди ӯ ба ман каф намезананд мегӯянд. Ё агар бигӯед, навбати шумо дар қисми дуюм ё пеш аз хотима, боз ҳам розӣ намешаванд. Агар сабаб пурсед, мегӯянд, мардум хаста мешавад ва моро хуб қабул намекунад. Инро ман ҳам аз сарояндагон ва ҳам аз раққосон чандин бор шунидам. Ҳайрон мешудаму мепурсидам, ки чаро шумо фикр мекунед, ки мардум шуморо қабул намекунад? Шумо бояд хурсанд шавед, ки коратонро дӯст медоред ва ба худ бовар дошта бошед. Аз чӣ меҳаросед? Ман дар умрам боре ҳам аз саҳна наҳаросидаам. Чанд вақт пеш дар як консерти идона рақси маро аз ҳама охир монданд. Ман зид набудам. Аммо аз он сабаб, ки қариб 3 соат зиёд нишастам, пойҳоямро хоб бурд. Ман-ку бо ҷону дил мерақсам, аммо пойҳоям хаста шуда буданд. Ба ин нигоҳ накарда, хуб рақсидам. Вақте рақс ба охир расид, аҳли нишаст хоҳиш карданд, ки боз бирақсам ва ман боз рақсидам.
– Андешаи мардум он аст, ки чаро Малика пир намешавад? Рақсҳои ӯ ҳанӯз ҳам ҳамон тозагиҳои худро доранд…
– Бале. Ҳоло ман 74 сол дораму дар баъзе ҷойҳо рақс мекунам. Бо ҳайрат аз ман мепурсанд, ки чаро тағйир наёфтааму рақсҳоям ҳанӯз зебову пурҳаракатанд? Дар посух ҳамеша мегӯям, ки дили ман, рӯҳи ман ҷавон аст. Бале, рост аст, ки вақт ба одам таъсир мегузорад. Пештар кор зиёд буд, консертҳои боҳашамат мегузарондем, инчунин сафарҳои ҳунарӣ кори зиёд талаб мекарданд. Масалан, се моҳ дар Ҷопону Фаронсаву Амрико, ду моҳу як моҳ дар Ҳиндустону Покистону Эрону Афғонистон ва дигар мамлакатҳо сафар мекардем. Аз ин рӯ маҷбур будам, ки аз ҳар гуна ғизо парҳез кунам. Вақте ба Ню Йорк кӯчидем, ба хулосае омадам, ки дигар парҳез накунам. Аммо чанде пеш ба оина нигоҳ кардаму гуфтам: О ту ба кӣ монанд шудӣ, Малика? Худатро ба даст гир!
Акнун қариб як сол мешавад, ки ҷиддӣ ба рақс машғулам. Вазни зиёдатиро партофтам. Ҳоло ба тӯйи нахустнабераам Жаклин тайёрӣ дида истодаам.
– Гоҳи рақсидан дар бораи чӣ меандешед ва чӣ эҳсосе дар дилатон рӯ мезанад?
– Рақс барои ман дунёи дигар аст. Вақте мерақсам, худро хушбахттарин фарди дунё эҳсос мекунам. Баъзан даст ба сӯйи Худованд мебардорам ва мегӯям, ки “оҳ, Худоҷон”, чӣ қадар аз ту миннатдорам, ки ба ман маҳорати рақсиданро ато кардӣ ва ман то ҳол қудрати рақсидан дорам. Беохир шукргузорам, ки метавонам дили мардумро шод кунам. Мабодо ғаме ба дилам афтад, мусиқӣ мемонам ва рақс мекунам. Зарра-зарра дигар шудани ҳолатамро эҳсос менамоям. Дарҳол рӯҳияам хуб мешавад. Гумон мекунам, агар дар ҳаёти ман рақс намебуд, шояд ҳаёт маънии худро гум мекард. Вақте мерақсам, гӯё касе ба ман мадад мекунад. Шояд ин мадади худи Худованд бошад. Зеро ҳар чизе ки аз ӯ мехоҳам, бароям ато мекунад.
– Чун шумо аз сафарҳоятон ба мамлакатҳои гуногун ёд кардед, мехостам пурсам, ки аз он сафарҳои ҳунариятон чӣ хотироти хосе доред?
– Ҳар сафар як чизи хоси худро дошт. Аммо сафари семоҳаам ба ИМА бисёр хотирмон буд. Соли 1976 зери роҳбарии Ҳунарманди халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии СССР Игор Маисеев ба ИМА сафар кардем. Бори аввал ман устодро ҳамон ҷо дидам. Ӯ аз беҳтарин раққосони замон маҳсуб мешавад ва нисбати шогирдон бисёр серталаб ва сахтгир буд. Боре дар Ню Йорк маро ба наздаш хонд ва гуфт, ки ба ту як пешниҳод дорам. Пешниҳодаш ҳамин буд, ки ман ҳар рӯз бояд ба як иёлоти Амрико сафар кунам ва он ҷо гурӯҳи рақсиямонро муаррифӣ намоям. Як пора аз рақсамро пешкаш кунам ва бигӯям, ки фалон рӯз гурӯҳи рақсии мо меояд. Албатта, ман бо хушнудӣ пазируфтам ва ба Лос Анҷелес, Чикаго, Бостон, Лас Вегас, Сан Франсиско, Аризона ва дигар иёлот сафар кардам. Дар муддати се моҳ дар бештар аз 20 иёлот рақси «Шодиёна»-ро, ки яке аз машҳуртарин рақсҳои ман аст, иҷро кардам. Ин рақс ҳамеша аз ҷониби тамошобинон бо шӯру шавқ қабул мешуд.
Аз ман ҳамеша мепурсиданд, ки чаро ин рақсро ин қадар гарм қабул мекунанд. Ин рақсро ман куллан ба хости дилам тағйир додам. Кӯшиш кардам ҳар як ҳаракат, чарх задану ларзишҳоям ҷаззобу мафтунсоз бошад.
Дар Лос Анҷелес мо бояд дар тарабхонаи «Беладжин», ки хеле маъруф аст, ҳунарнамоӣ мекардем. Толор мисли ҳарфи «Т» буд ва боз саҳнаи хурде дошт. Ҳама ҳунармандон дар саҳна ҳунарнамоӣ мекарданд, зеро поён муносиб набуд. Ҳарчанд рақси ман бисёр мушкил буд, лек аз саҳна поин омада, дар байни мардум мерақсидам. Ҳаракатҳои мавзуни дасту по, гоҳе бо абрӯвон ишваҳои ман аҳли толорро маст мекард. Бо сари зону аз як кунҷ то кунҷи дигар мерафтам. Бовар мекунед, то анҷоми рақс наздик ба ҳашт-нуҳ бор бароям пуршавқ каф мекӯфтанд. Игор Маисеев баъди ҳунарнамоиҳо аз ман суол мекард, ки зонувонат дард намекунанд? Хаста нашудӣ? Ҷавоби ман якто буд: – Не, тамоман хаста нашудам! Боре ӯ чанд рӯзномаро ба дастам дода, гуфт, ки бубин, рӯзномаҳои Амрико дар бораи ту чӣ менависанд! «Фантастика», «Раққосаи тоҷикистонӣ парвоз мекунад», «Ӯ бо даст ҳаракатҳое мекунад, ки одами одӣ наметавонад.» Сафари мо анҷом ёфту ӯ ҷиддӣ бо ман суҳбат кард: – Намехоҳӣ дар Маскав зиндагӣ кунӣ ва дар гурӯҳи ман бирақсӣ?
– Чӣ гуна метавонам ба гурӯҳи шумо шомил шавам, ман раққосаи рақсҳои миллӣ ҳастам,– гуфтам дар ҷавоб.
– Ту рақсҳои худатро иҷро мекунӣ, – исрор менамуд ӯ. Ман розӣ нашудам. Тоҷикистони худам ва мардуми азизи онро дӯст медоштам. Вақте аз Амрико баргаштам, ба ман унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» доданд.
– Шумо бо ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ҳамкориҳои хуби ҳунарӣ доштед. Аз ҷумла, рақси нотакрори шумо бо суруди машҳури “Азизи дилам, Зулайхо” дар дили пиру барно ҷой гирифт. Лутфан аз ҳамкориҳои муштаракатон ёд кунед.
– То соли 1979 ман дар ансамбли “Лола” кор мекардам. Фарзанди дуюмам ба дунё омаду пайи нигоҳубини ӯ шудам. Баъд дигар нахостам ба “Лола” баргардам. Сабабҳо зиёд буданд, яке аз онҳо ин буд, ки дигар ба сафарҳои думоҳаву семоҳаи ҳунарӣ рафта наметавонистам, зеро фарзандони хурдсол доштаму вақтам бо онҳо мегузашт. Ба аризаи ман имзо намонданд, аммо бо кумаки Кумитаи марказӣ аз кор рафтам. Орифшо Орифов, ки он вақт дар ансамбли “Гулшан” кор мекард, чун фаҳмид, ки ман дигар бо “Лола” кор намекунам, чандин бор маро ба кор хонд. Бояд ансамбли рақсӣ ташкил мекардем, духтаракони ҷавонро даъват менамудем. Рақсҳои гуногун, аз ҷумла туркӣ, эронӣ, испанӣ, русӣ ва ғайраҳо бояд иҷро мегардиданду тавассути телевизион намоиш дода мешуданд. Ман қисман розӣ шудаму ҷавобам дақиқ набуд. Рӯзе аз назди Филармонияи давлатӣ мегузаштам, ки бо Ҷӯрабек Муродов рӯбарӯ омадам. Хеле суҳбат кардем, сипас он кас ҳам маро ба кор даъват намуданд. – Шумо бояд дар миёни мардум бошед, мо консертҳои зиёд баргузор мекунем, ба шаҳру ноҳияҳо меравем, ба хориҷа сафар мекунем, – гуфтанд. Хоҳиши зиёд намуданд.
Ман ба андеша рафтам. Аз як ҷиҳат, агар танҳо бо телевизион кор кунӣ, дигар одат мешавад, ҳамон рақсҳои пешинро иҷро мекунӣ. Баъдан, чизи дигар ин буд, ки дар телевизон тез-тез либосҳои саҳнавиро дигар кардан лозим меомад. Ман қариб ҳама либосҳои саҳнавиямро худам омода мекардам. Як куртаро муддати шаш то ҳашт моҳ медӯхтам. Ниҳоят розӣ шудам ва дар Филармония кори ман оғоз ёфт. Шахсан ман ба Ҷӯрабек маслиҳат додам, ки барномаҳое бояд ташкил кунем, ки ширу шакар бошанд. Он кас қабул карданд. Ҳамин тавр ба чанд суруди Ҷӯрабек рақс омода кардам. Аз ҷумла, “Сапеда” ва “ Шишта будам ними шаб” миёни мардум зиёд шуҳрат пайдо кард. Баъдан рақс дар ҳавои суруди “Азизи дилам, Зулайхо” тавлид шуд. Ҳар вақте ки дар консертҳо ҳунарнамоӣ мекардем, ҳама бо як овоз “боз, боз!” гӯён толорро ба по мехезонданд.
Як воқеаи ҷолибро ин ҷо мехоҳам бароятон нақл кунам. Мо бояд бо сафари ҳунарӣ ба Тошканд мерафтем ва дар театри Навоӣ консерт барпо мегашт. Ман бо сабабе натавонистам иштирок кунам ва Ҷӯрабек танҳо рафт. Чун сурудани “Азизи дилам, Зулайхо” ро шурӯъ мекунад, овози баланди “Малика, Малика!”-и тамошобинон дар фазо паҳн мешавад. Ҷӯрабек сурудро қатъ намуда, бозмеистад. – Узр, ки ин бор Малика бо ман нест, аммо ваъда медиҳам, ки пас аз як моҳ мо ҳатман бармегардем ва Малика рӯйи ин саҳна хоҳад рақсид, – мегӯяд ӯ. Ҳамин тариқ, аҳли нишаст ором мешаванд ва ӯ сурудашро аз нав месарояд. Мо бо Ҷӯрабек якҷо сафарҳои ҳунарии зиёде доштем ва ҳама ҷо моро бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол мекарданд. Баъзан ба либоспӯшии ӯ дар саҳна эрод мегирифтам. Мегуфтам, шарт нест, ки ҳамеша шиму костюм бипӯшӣ. Масалан, вақте суруди классикӣ месароӣ, либосҳои миллӣ бипӯш. Ин барои тамошобин боз ҷолибтар мешавад.
– Шумо дар чанд филм ҳам нақш иҷро кардаед. Ба синамо чӣ гуна роҳ ёфтед?
– Як рӯз аз киностудия ба ансамбли мо омаданд ва духтаракони зебои гесӯдарозро барои офаридани нақш интихоб карданд. Ман дар ин миён набудам. Зеро вақти тамрин дӯст намедорам, ки худро ороиш диҳаму мӯйҳоямро ба тартиб оварда, соатҳо пеши оина нишинам. Субҳ барвақт меомадаму ба дунёи рақсам ворид мешудам. Чанд дугонаи ман, ки интихоб шуда буданд, маро бо худ ба киностудия бурданд, ки онҳоро интизор шавам ва баъд ҳамроҳ хона равем. Ба ман иҷозати ворид шудан надоданд. Пушти дари киностудия интизори дугонаҳоям нишастам. Ниҳоят дилгир шудам. Ҳамёни ман дар дасти яке аз дугонаҳоям монда буд. Ба посбон асли воқеаро фаҳмондам ва иҷозаи вуруд дод. Дар толор барои филми “Арӯс ва домод” ҳунарпеша интихоб мекарданд. Сӯйи дугонаҳоям бо қаҳр нигариста, баланд гуфтам, ки оё шарм намедоред? Ман дар таги офтоб нишаставу шумо маро фаромӯш кардед? Ҳой, дугона, биё ҳамёнамро деҳ, ман меравам!
Ин лаҳза маро Муқаддас Маҳмудов, коргардони ин филм мебинад ва мегӯяд, ки ана ҳамин духтаракро ороиш дода биёред. Ҳамин тавр дар ин филм ба ман нақши асосиро доданд. Ғаффор Валаматзода комилан зид буд. Ӯро зора кардам, ки иҷозат диҳад. Ба ҳама тамринҳо дар вақташ меоям гуфта ваъда додам. Охир, орзуям буд, ки рӯзе худро дар синамо бинам. Дар филм нақш офаридан осон набуд. Ороиш мекардем, либосҳоро мепӯшидем, аммо агар офтоб намебаромад ё ягон ҳунарпеша дер мекард, наворгирӣ қатъ мешуд. Филми “Арӯс ва домод” баъд бисёр машҳур шуд.
Боре дар як қаҳвахонаи Боку чой менӯшидам, ки духтараке шоколоду нӯшокӣ ва як варақча овард. Он ҷо навишта шуда буд: “Мо шуморо шинохтем, ҳунарпешаи “Арӯс ва домод”, ҳамеша саломат бошед.
Баъд ба филми “Тӯфон дар водӣ”-и Тоҳир Собиров даъват шудам. Ин нақш каме ҷиддӣ буд, ҷое бояд дод гуфта ҷанҷол мебардоштам. Бо ман ҳунарпешаи шинохта Людмила Хитяева, ки дар филми “Дони ором” бозигари асосӣ буд, кор мекард. – “Вақте ту дағалӣ мекунӣ, чашмони ту рақс мекунанд, дар онҳо шодӣ медурахшад. Ин хел намешавад” – мегуфт ӯ. Нозукиҳои нақшофариро аз ин зан омӯхтам, то ҷое, ки баъди тамошои филм баъзеҳо маро бад диданд. Дар нахустнамоиш ман гуфтам, ки аз ҳунарпешаи ҳақиқӣ ва дӯстдоштанӣ Людмила Ивановна миннатдорам, чунки ҳаргиз дар зиндагӣ чунин бадқавоқу бадфеъл набудам. Баъди ин филм маро ба Молдова, Ӯзбекистон, Озарбойҷон барои нақшофарӣ даъват карданд. Рӯзе аз вазорати маданият Меҳрубон Назаров, ки инсони бисёр шариф буданд, маро даъват карданд ва гуфтанд, ки дар олами кино то 27-30-солагӣ метавон дурахшид, баъд аз он, агар бахтат хандад, дар нақши модару бибӣ бозӣ мекунӣ. Аммо бо рақси худ метавонӣ ба баландтарин қуллаҳо бирасӣ. Холмурод Шарифович ҳам маро насиҳат карданд. Ва ман рақсро интихоб намудам. Ғайр аз ин ду филм дар чанд филми дигар нақшҳои лаҳзавиро бозидаам, аз ҷумла, дар филмҳои “Достони Сиёвуш”, “Рустам ва Суҳроб”.
– Як акси шуморо бо устод Мирзо Турсунзода дидам, ки ҳамроҳ мерақсидед. Аз устод чӣ хотираҳо доред?
– Ман ба шоиру нависандаҳо зиёд арҷ мегузорам ва нисбаташон эҳтироми хос дорам. Устод Мирзо Турсунзодаро, ки инсони бениҳоят хоксору меҳрубон буданд, хуб дар хотир дорам. Дар 24-солагиям бо гурӯҳи рақсии “Лола” ҳамроҳи Ғаффор Валаматзода, Шарофат Рашидова, Хосият Боева, Ҳалима Эркаева ва Домуллоҷон Назаров сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи устод А. Рӯдакӣ гаштем. Дар маросими ҷоизасупорӣ Мирзо Турсунзода иштирок доштанд. Ҷоизаҳоро ба барандагон шахсиятҳои бонуфузи дигар тақдим карданд. Чун навбати ман расид, устод Мирзо Турсунзода ба саҳна баромада, нишони Ҷоизаро ба ман супориданд. Баъд ман хостам, ки ҳамин маблағи ҷоизаро ба кӯдакони бепарастор диҳам, аммо устод гуфтанд, ки ғами бачаҳоро ҳукумат мехурад, ин пулҳоро барои рушди ҳунари худ сарф кунед. Чандин сол баъд дар майдони Ленин ман консерт оростам. Ҳама маблағи ҷамъшударо барои хайрия додам…
Дақиқ дар ёдам нест, ки кадом сол буд. Лекин солҷашни Турсунзода дар Маскав баргузор мешуд. Ман қариб панҷ моҳ махсус барои ин ҷашн як куртаи саҳнавӣ омода кардам. Ҳама василаҳои ороишоташро аз хориҷа оварда будам. Вақте ин ҷашн баргузор шуду рақсидам, ҳама чашм аз ману куртаам намеканданд. Баъд Мирзо Турсунзода худашон ба пеши ман омаданд ва мо ҳамроҳ рақсидем. Аксе, ки дидед, аз ҳамон ҷост. Яке аз шоирони рус он ҷо гуфт, ки бубинед, дар Тоҷикистон раққосаҳо ҳам шоир будаанд. Ҳар як ҳаракати Малика ва куртаи ӯ гӯё сухан мегӯянд.
Мирзо Турсунзода маро ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Ёдашон ҳамеша бо ман аст.
– Маликаи саҳна имрӯз чӣ орзуву ниятҳо дорад ва оё Тоҷикистонро ёд мекунад?
– Вақте ба Амрико кӯчидам, ҳамеша мегуфтам, ки як рӯз не, як рӯз ман ҳатман ба Тоҷикистон меоям. Дидани Тоҷикистон орзуи ман буд. Хушбахтона, бо даъвати Президенти дӯстдоштаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се бор дидани Тоҷикистони азиз муяссарам гашт. Моро шоҳона пешвоз гирифтанд. Дар Кохи Борбад ва дар майдони назди театри Опера ва балет ману ҳамсарам, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исҳоқҷон Гулкоров ҳунарнамоӣ кардем. Хуштарин лаҳзаҳо буд, ки ман боз пеши мардуми азизам мерақсидам. Ҳамакнун орзуи ягонаи ман ин аст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз сафар кунам. Замоне пеши онҳо мерақсидам, дар мактабҳои деҳаҳо ба кӯдакон ҳаракатҳои одии рақс меомӯзондаму бо онҳо ҳамсуҳбат мешудам. Мехоҳам донанд, ки ман ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромӯш накардаам. Тариқи оинаи нилгун мебинам, ки дар майдонҳои бузург иду ҷашнҳо бо тантанаи хос барпо мешавад. Орзу мекунам, ки ман ҳам дар як гӯшаяки ин майдон бошаму рақс кунам.
Тоҷикистон ҳастии ман, ҷону дили ман аст. Ҳамин ҷо ба дунё омадам, ба камол расидам, шуҳрат ёфтам. Ташаккур ба Тоҷикистонам, ки аз ман ситора сохт. Сарам ба осмон мерасад, ки Ватани ман имрӯз ин қадар рушд кардааст. Душанбе аз шаҳрҳои бузурги дунё камӣ надорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хубу ростқавл ва ҳақиқатпарасту заҳматкашанд. Эҳтироми инсонро дар мадди аввал мемонанд. Ман дар мамлакатҳои зиёди дунё будам, аммо эҳтироме, ки дар Тоҷикистон дидам, дар ягон гӯшаи дунё нест. Ҳар бор ки тариқи оинаи нилгун Ватанамро мебинам, ашки шодӣ мерезам.
Тоҷикистони ман, биҳишти ман, ҷони ман, садқаи оби ширину осмони беғуборат шавам. Ҳамаи шуморо дӯст медорам, ҳамватанони ман, ба умеди дидор!
Мусоҳиб Сайидо Шарафӣ, “АС”