Конститутсия ва тағйиру иловаҳо ба он

 Конститутсия ва тағйиру иловаҳо ба он

Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
                                                                                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН

То имрӯз ба Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри 1994 аз тариқи раъйпурсии халқӣ қабул шуда буд, се бор тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: 26-уми сентябри 1999, 20-уми июни 2003 ва 22-юми майи 2016.

Дар ин гузориш сухан аз тағйиру иловаҳо ба Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 ва 22-юми апрели 1994 барои баррасӣ нашр гардида буд ва раванди омода намудани санади “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) сухан меравад.

Муаллиф, ки ба сифати узви Зеркомиссияи сиёсии КОМ дар ин раванд иштирок дошт, ба ду сабаб баррасии тағйиру иловаҳоеро, ки ба Лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ (21 ва 22-юми апрели 1994) дар КОМ ворид гардиданд, зарур мешуморад:

Аввалан, бо вуҷуди он ки аз омода гардидани санади “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” (26-уми марти 1999) 25 сол гузаштааст, он ҳанӯз мавриди баррасии ҷудогона қарор нагирифтааст;

Сониян, ба хотири таъкиди ин нукта, ки Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри 1994) ба осонӣ таҳия ва такмилу тасҳеҳ ва “дар радифи 5 конситутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф” нагардидааст.

Санади “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба таҳияи он Зеркомиссияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии КОМ машғул буданд, моҳи феврали 1997 омода буд ва баъд аз ду соли таҳриру тасҳеҳ ва такмил ниҳоят дар КОМ 26-уми марти 1999 тасдиқ гардид ва ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд.

Раванди омода намудани тарҳи санади мазкур, таҳриру тасҳеҳ ва такмили он, тавре ки ишора намудем, ба осонӣ ва ҳамвор ҷараён надошт. Гуфтан кифоя аст, ки танҳо масъалаи ба матни Конститутсия ворид намудан ва ё нанамудани мафҳуми “дунявӣ” дар 21 маҷлиси КОМ баррасӣ гардид: 25-уми апрел, 30- юми май, 3, 10, 11, 12, 13, 14 ва 25- уми август, 8, 11 ва 29-уми сентябр, 1, 6, 13, 20 ва 27-уми октябри 1998 ва 10, 16, 17 ва 23-юми феврали 1999.

Санади “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз муқаддимаи мухтасар дар бораи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Лоиҳаи Конститутсияи ҶТ (21 — 22- юми апрели 1994) ва бахшҳои зерин иборат буд:

1. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои инсон;
2. Маҷлиси олӣ;
3. Ҳокимияти иҷроия;
4. Низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот;
5. Ҳокимияти маҳаллӣ;
6. Суд.

Таҳиягарони “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда буданд, ки:

1. Зарурати такмили боби дуюми Конститутсия дар мавриди тавсияи озодиҳои шахс мавҷуд аст;
2. Дар кишвар бояд парлумони думаҷлиса таъсис ёбад. Маҷлиси поёнӣ доимии касбӣ ва Маҷлиси болоӣ давлатӣ мебошад;
3. Дар интихоботи Маҷлиси поёнии парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад;
4. Системаи мудирияти парлумон бо Маҷлиси Олии доимӣ мувофиқ карда шавад;
5. Дар Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурии президентӣ бо мавҷуд будани президент ва сарвазир нигоҳ дошта шавад;
6. Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Шурои Олии адлия барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд;
7. Президент судяҳои Суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳоро бо пешниҳоди Шурои Олии адлия таъйин ва озод мекунад;
8. Президент бо ризоияти парлумон сарони намояндагони дипломатии ҷумҳуриро дар кишварҳои дигар ва намояндагонро дар созмонҳои умумии байналмилалӣ ва созмонҳои минтақаии байналмилалӣ таъйин мекунад;
9. Номзадҳо ба мақоми президент, парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ мекунанд ва шахсони алоҳида низ метавонанд номзадии худро пешбарӣ кунанд;
10. Варианти 1. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд; Варианти 2. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент аз ҷумлаи вакилони халқи маҷлисҳои марбута таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд;
11. Низоми судии ҳозира нигоҳ дошта шавад;
12. Дар ҶТ Шурои Олии адлия, аз ҷумлаи намояндагони баробари Президент, Парлумон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Адвокатура, Ассосиатсияи судияҳо, Академияи илмҳо таъсис дода мешавад. Шурои адлияро бо пешниҳоди мақомоти мазкур Президенти ҶТ таъсис медиҳад. Фаъолият ва салоҳияти Шурои Олии адлияро Қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

КОМ қарор кард, ки матни ниҳоии “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон фиристода шавад. Номаи ҷавобии Президент ба КОМ 3-юми апрели 1999 расид ва дар он Президент мулоҳизаҳои худро дар бораи “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён намуда буданд. Аз ҷумла он кас дар номаи худ навишта буданд, ки:

1. Аз нав баррасӣ намудани боби дуюми Конститутсияи ҶТ, ки ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрвандонро танзим мекунад, зарурат надорад, чунки дар вақти таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, талаботи ҳуҷҷатҳои муҳимми байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба назар гирифта шудаанд;
2. Андешаҳо дар бораи таъсиси парлумони доимии думаҷлиса тақозои замон ва қобили қабул мебошад, аммо дар навбати худ барои амалӣ намудани он якчанд мушкилоте мавҷуд мебошад. Таҳлилу омӯзиши таҷрибаи ғании давлатҳои собиқи иттиҳод ва захираҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз мо имконияти пурраи таъминоти парлумони доимиро надорем ва сарчашмаҳои иловагии иқтисодӣ мавҷуд намебошанд;
3. Андешаҳо дар бораи Ҳокимияти иҷроия (Президент ва Ҳукумат) қобили қабул мебошанд. Аммо, ба ақидаи он кас, бо пешниҳоди Шурои Олии адлия номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодро тавсия намудани Президент ба Маҷлиси Олӣ барои интихоб ва бозхонд боиси маҳдудияти ҳуқуқу ваколатҳои шохаҳои ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия мегардад. Аз ин рӯ, онро Шурои адлия номидан дуруст хоҳад буд ва ба он иҷрои таъйин ва озод кардани судяҳои ҳарбӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳоро вогузор бояд намуд. Президент ҳамчунин тарафдори он мебошанд, ки тартиби амалкунандаи таъйин ва озод кардани намояндагони дипломатӣ дар кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ барои осонии кор нигоҳ дошта шавад.
4. Азбаски низоми интихобот ва ҳуқуқи интихоботӣ дар Конститутсияи амалкунанда саҳеҳ ва равшан ифода гардидааст, онро бояд нигоҳ дошт. Вале тартиби баргузории интихоботро бояд дар Қонуни ҶТ оид ба интихобот муайян намуд.
5. Ба сабаби он ки варианти аввали тартиби таъйини Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо дар Конститутсия ва дигаре дар Қонуни интихоботи ҶТ танзим шудаанд, зарурати ворид намудани тағйирот вуҷуд надорад;
6. Нигоҳ доштани низоми ҳозираи судиро маъқул мешуморам. Аммо ба ҳайати Шурои адлия шомил намудани намояндагони Суди конститутсионӣ, Ассосиатсияи судяҳо ва Академияи илмҳоро бо мақсади таъмини адолати судӣ ва назорати иҷрои Конститутсия лозим намедонам.

Ин мулоҳизаҳои Президент дар маҷлисҳои КОМ ҳаматарафа баррасӣ гардид ва ба тарҳи пешинаи “Андешаҳо оид ба пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасҳеҳу таҳрир ва такмили зарурӣ низ ворид карда шуд ва он бо Қарори КОМ дар таърихи 21-уми июни 1999 ба Президент ирсол гардид. Пас аз як рӯз Президент 22-юми июни 1999 дар номаашон ба Раиси КОМ изҳор доштанд: “Ба иттилои шумо мерасонам, ки бо Қарори КОМ дар бобати тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ розӣ ҳастам. Ҳамзамон хоҳиш мекунам, ки тағйироту иловаҳои мазкурро ба Конститутсия ба таври мукаммал таҳия карда, то 27-уми июни соли ҷорӣ ба унвони Президенти ҶТ пешниҳод намоед”.

Тавре ки маълум гардид, раванди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Лоиҳаи Конститутсияи нави ҶТ осон ва ҳамвор набуда, бо кӯшиши пайвастаи аъзои Зеркомиссияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии КОМ ва ҳидоятҳову дастурҳои саривақтии Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид ва аз тариқи раъйпурсии халқӣ ба Конститутсияи нави ҶТ дар таърихи 6-уми ноябри 1994 қабул шуд.

Абдунабӣ САТТОРЗОДА,
профессор

Дигар хабарҳо