«Кафшергар» ва симои қаҳрамони давронсоз

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

Қиссаи Равшан Махсумзод таҳти унвони «Кафшергар», ки нахуст дар маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ва сипас ба сифати китоби алоҳида, ба табъ расид, аз ҷумлаи осори пурмуҳтавое ба шумор меравад, ки бо муҳиммияти мавзую масъалагу­зориҳояш ҷолиби диққат аст.

Бояд таъкид кард, ки адиб дар таълифи қиссаи мазкур беҳтарин суннату анъанаҳои насри муосири тоҷикро, аз қабили осори ба истилоҳ «истеҳсолӣ»-ро пайгирӣ карда, аса­ре офаридааст, ки бо ғояву консеп­сияи бадеии вижа ва марҳалаҳои замонӣ, нишон додани дигаргунию тағйироте, ки дар бинишу фаҳмиш ва тафаккури одамон зуҳур карда­аст, инчунин, муносибати онҳо ба идомаи неругоҳ ва нақши пешба­рандаи шахс дар мавриди сохтмон (дар мисоли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) ҷаззобу таваҷҷуҳбарангез мебошад. Баҳром Рустам заҳматкаши садоқатман­дест, ки сохтмони неругоҳи Роғунро танҳо ба хотири василаи дарёфти маошу рӯзгузаронӣ не, балки барои рушду таҳаввули ҷумҳурӣ, ҳамчун иншооти муҳимму зарурии стратегӣ, ба сифати инсони масъулиятши­носу поквиҷдон, дилсӯз ва воқеан, созандаи ҷомеаи навин ҷиҳати кору пайкор ва фаъолият қарор додааст. Нависанда он лаҳзаву ҷузъиёте­ро аз раванди сохтмон марбут ба фаъолияти кафшергарии Баҳром Рустам тасвир менамояд, ки дар му­каммалу барҷаста зоҳир гардидани хислату атвори ӯ, қатъияту иродат, заҳматписандӣ, оштинопазир будан ба нотавонбинону бадхоҳони неру­гоҳ (дар мисоли Субҳони бучча, Ха­лили мундӣ, марде, ки ба хостгории духтари Баҳром Рустам меояд ва чанди дигар), хайрхоҳию накукорӣ, ба ҷодаи мустақим ҳидоят намудани ҷавонон, аз ҷумла, писари калонияш Фарҳод, домодшавандааш Абдул­ло, шогирдаш Нусрат, муносибати волои инсонӣ бо омӯзгори куҳансол Ёдгор Қудрат ва сардори қитъаи сохтмонӣ Ҳабиб Ёрмуҳаммад нақши бузург мебозанд.

Равшан Махсумзод бо таҷри­бабардориҳо дар масири эҷод, мушоҳидаҳои боҳадаф, ҷузъиётни­гории нозуконаву ҳассос, сохтани муколамаҳо (диалогҳо), ки маснуию бофта набуда, аз сиришту фаҳмиш ва андешаҳои қаҳрамонон барме­оянду табиию боварибахш мебо­шанд, характеру хислати қаҳрамо­нони асарашро чун оина пеши назар бармало месозад. Таври мисол, манзараофарии адибро бо ҳунару маҳорати баланди нигорандагӣ дар хусуси афроде, ки муқобили идомаи сохтмони неругоҳи Роғун мебошанду аз иғвою дасисакорӣ даст намекашанд, дар рӯзи дубора оғоз бахшидани раванди корҳои сохтмонӣ метавон ба мушоҳида гирифт. Дар тасвири саҳнаҳои бар­хӯрди ақидаву назарҳо симои яке аз бадхоҳони иншоот, Субҳони бучча, ки дар солҳои аввали оғози сохт­мони иншооти Роғун дар вазифаи мудири анбор кор мекард, равшан ба чашм мерасад. Дар қисса ин лаҳза ҷаззобу хушоянд ва муассир инъикос гардидааст:

«Баҳром Рустам ин мардро дар нигоҳи аввал нашинохт. Вақте ки бо хоҳиши намояндаи шаҳр назди баландгӯяк омаду дасту гардан ҷунбонида, ба сухан оғозид, шинохт ӯро. Субҳони бучча буд лақаби вай. Чанд сол қабл мудири анбор буд дар неругоҳи Роғун. Баъд барои чапдастияш аз кор пеш карданду муддате, ба қавли худаш, завгар ҳам шуд».

Поёнтар ин баҳс ва бигӯ-магӯ ба таври зайл идома меёбад:

« – Бучча нагӯ, кафшергар, – ба оҳанги маломат гуфт Субҳон, – вақти бучча гуфтанат гузашт. Чаро меҳнати маро нодида мегирӣ? Ҳашт сари сол саргин чидам магар дар он ҷо? Бе иҷозати ман касе ҳад надошт, ки як оҳанро беҷо кунад.

– Рост гапат, аммо худат чӣ? Чӣ қадар моли давлатро ба чапу рост беҷо кардӣ? Инашро ҳам гӯй, охир!

– Ман беҷо кардам? – Нидои ҳайрат дардод Субҳони бучча.

Баҳром Рустам идома додани ин муҷодаларо дар ҳузури одамони зиёд бемаврид дониста, риштаи суҳбатро гиреҳ зад…».

Яке аз дигар афроди бадгавҳар, ки дар қисса симои ӯ дар муноси­бату муошират бо Баҳром Рустам ҳақиқатнигорона офарида шуда­асту ба бунёди неругоҳи Роғун нигоҳи хайрхоҳона надорад, Хали­ли мундӣ ба шумор меравад. Як хусусияти услубӣ ва шеваи баёну нигорандагии нависанда дар он зоҳир мегардад, ки вай аз аносиру ҷузъиёти бадеӣ дар мавридҳои зарурӣ истифода намуда, аз нақли ғолибан яклухт, андешапардозиҳои дилгиркунанда, тасвири воқеаҳои беҳадафу зиёдатӣ дурӣ меҷӯяд ва ба таъбири нависанда Антон Чехов, суханро кӯтоҳу мухтасар меораду санъати тасвир (нигорандагӣ)-ро хеле бамавқеъ ва бо маҳорати баланд корбаст менамояд. Дар бо­зтоби хислату рафтор ва гуфтори Халили мундӣ, ки дар суҳбати байни ваю Баҳром Рустам дунёи ботинии ӯ ошкор мегардад, ҳамин унсур (муколамасозӣ) нақши назаррас дорад. Халили мундӣ аз зумраи онҳоест, ки манфиати шахсиро аз ҳама гуна арзишҳои миллӣ боло меҳисобанд ва инро хонанда дар суханони заҳрогини ин фард, ки Баҳром Рустамро раҳгумзада, аз ҷамоати тақводорон дуру шуҳрат­параст меномаду таъкид мекунад, ки аз пайи кор дар сохтмон нашуда, ғами охираташро хӯрад, равшан ба мушоҳида мегирад. Дар қисса гуфтугӯи ин ду тан хеле ҷолиб сурат мегирад.

Дар тасвири нависанда марҳа­лаҳои зиндагию фаъолияти Баҳром Рустам ба таври муназзам пеши назар падидор гардида, аз замо­ни мактаби олиро тарк кардан (ба сабаби муносибати ноодилонаи яке аз муаллимони донишгоҳ), ба пофишории падараш баҳри идомаи таҳсил посухи рад додану ба неру­гоҳи Роғун омадану бо мадади сар­вари бригадаи кафшергарон Ҳабиб Ёрмуҳаммад ба пешаи кафшергарӣ дар неругоҳ машғул шудан ва бо меҳнати садоқатмандона тадриҷан соҳиби обрӯву эҳтиром гардидани қаҳрамони қисса бағоят табиӣ сурат гирифта, инкишофи мантиқии воқе­аҳо қавӣ мебошад. Зиндагиномаи худро Баҳром Рустам ҳангоми кор дар сохтмон ба шогирдаш Нусрат нақл кардаву ба ӯ панд медиҳад, ки ҳамеша ростқавлу росткирдор бошаду бо заҳмати ҳалол ва виҷдо­ни пок соҳиби нуфузу обрӯ гардад. Яъне, дар ин ҳолат низ нависанда аз усули ҷолиби бадеӣ истифода карда, аз нақли якрангу дилбазан худро канор гирифтааст. Тавре зикр намудем, Баҳром Рустам натанҳо коргари фидокору масъулиятши­нос аст, балки ҳамчун фарди гарму сарди зиндагиро чашидаю таҷрибаи зиёд ҳосилнамуда, лаҳзаҳои душво­ру мушкил ва сангинро дар ҳаёт пушти сар намудааст, вале инсон­гариро ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст. Ба як сухан, вай воқеан қаҳрамони ормонӣ (идеалӣ) буда, дар радифи қаҳрамонони шоиставу мондагори осори бадеии то ин дам таълиф­шудаи адабиёти тоҷик қарор дорад.

Дар қисса яке аз лаҳзаҳои басо муассиру таваҷҷуҳбарангез, ки дорои оҳанги пандомӯз ва ҳушдор­диҳанда буда, хонандаро барои ба хулосаи сареҳу дуруст баровардан водор мекунад, ба хостгорӣ омада­ни падари Абдулло (дӯсти Фарҳод) Шарифхӯҷа ба хонаи Баҳром Ру­стам мебошад. Воқеан, ин эпизод бо ҷанбаи ахлоқӣ ва таҷассуми пуробуранги бадеӣ дар шинохти сурату сирати ин афрод аҳамми­яти барҷаста дорад. Абдулло пи­сари марди солхӯрдаест бо исми Шарифхӯҷа, ки Моҳрух — хоҳари Фарҳодро дӯст доштаву мехоҳад бо ӯ оила барпо кунад. Хатти сужети қисса марбут ба вохӯрии ногаҳонии Шарифхӯҷа, ки замони ҷангу дар­гириҳо аз камонбадастони минтақа маҳсуб ёфта, басо бераҳмию бе­додгариҳо анҷом додаву бо як кир­дори ғайриинсонии хеш дар қалби Баҳром Рустам захми носур гузошта буд, касро ба андешаву тафаккур водор месозад. Нависанда бархӯр­ди ду нафарро бо амри такдир бо маҳорати воло ба риштаи тасвир ка­шида, одамияти баланду нотакрори қаҳрамони қисса Баҳром Рустамро, ки духтараш Моҳрухро ҳангоми низоъҳои дохилӣ хурдсол буду муб­талои беморӣ ва маҳз бо бераҳмии тамом Шарифхӯҷа мошини ӯро ги­рифта, нагузошт, ки духтарашро ба бемористони пойтахт орад, таъкид ва хотиррасон мекунад. Инак, ҳамин Шарифхӯҷа бо гузашти солҳои зиёд ба Моҳрух барои писараш Абдулло ба хостгорӣ омадааст ва соҳиби дили бузург будани Баҳром Рустам аз он маълум мегардад, ки вай ба хотири ишқи поки ду дилдода ва дӯсти писараш Фарҳод будани Аб­дулло ба издивоҷи ду тан розигӣ ме­диҳад. Чунин посухи Баҳром Рустам ба суханони Шарифхӯҷа рамзеву ҳикмати ҳадафмандонаеро дар бар гирифтааст:

» – Э дар ришат ҷонам, – Ша­рифхӯҷа аз ҷой хеста, Баҳром Рустамро ба канор гирифт. – Марди бутун будай, бародар, қоил ман. Дили ду ҷавонро нашикастӣ.

– Ман кафшергарам, охир, на танҳо оҳан, меҳру муҳаббатро ҳам бояд кафшер кунам».

Дар қисса ҳамзамон бо инъи­коси рухдоду воқеаҳои зиндагии рӯзмарра, ки мустақиман ба амалу рафторҳои қаҳрамони он Баҳром Рустам иртиботи зичу амиқ до­ранд, раванди фаъолият ва кору пайкори коргарон дар неругоҳ низ бозтоби ҷолиби бадеӣ ёфтааст. Дар тасвири саҳнаҳои бунёдкорӣ дар иншоот, дар рафтору кирдор ва муносибати қаҳрамонон аз ҷониби нависанда симоҳои омӯзгор Ёдгор Қудрат, сарвари бригадаи кафшер­гарон Ҳабиб Ёрмуҳаммад, коргари ҷавон Нусрат, ронандаҳо Фарҳоду Абдулло, Комрону Икром хотирмон офарида шудаанд.

Китоби «Кафшергар» ҳамчунин шонздаҳ ҳикояи солҳои охир таъ­лифнамудаи нависандаро дар бар гирифтааст, ки ба мавзуоти мухта­лиф бахшида шуда, дар меҳвари ин ҳикоёт ғояи инсондӯстию одамият, тарғиби арзишҳои волои ахлоқӣ, ишқу муҳаббати пок, меҳанпарварӣ, мазаммати бетафовутию бедардии иддае аз одамон нисбат ба амалу падидаҳои ношоистаи замони муо­сир ва ғайра қарор гирифтаанд.

Дар маҷмуъ, қиссаи «Кафшер­гар» асари воқеан пурмуҳтаво дар хусуси бунёди неругоҳи Роғун буда, дар инъикоси бадеии воқеаҳо ва характеру симоҳои асар нависанда Равшан Махсумзод маҳорату заҳма­ти зиёд ба харҷ додааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки китоби «Ка­фшергар» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ сазовору шоиста мебошад.

Шодӣ Раҷабзод,

нависанда

Дигар хабарҳо