КАРОМАТУЛЛО ОЛИМЗОДА
КАРОМАТУЛЛО ОЛИМЗОДА 27 июли соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҳамон ҷо хатм карда, баъдан, соли 1959, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин), шуъбаи шарқшиносӣ, дохил шуда, соли 1964 хатмаш кардааст. Ҳамон сол ба риштаи фалсафаи аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ворид шуда, соли 1969 (баъди якуним соли рухсатии академӣ) ба фарҷом расонда, соли 1971 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1969-1980 ходими илмӣ, 1986-1990 мудири сетори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи ИН ҶТ, солҳои 1990-1991 мушовири КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, аз аввали 1991 то 2000 мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.
Солҳои 1974-1977 мутарҷими корхонаи саноатӣ дар Мазори Шариф (Афғонистон), аз соли 1980 то августи 1984 сартарҷумон (ба сифати котиби дувуми сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ)-и гурӯҳи ҳизбии ҲКИШ дар КМ Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон ифои вазифа кардааст. Аз соли 1997 то 2000 узви Комиссияи оштии миллии ҷумҳурӣ будааст. Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар Кумитаи илм ва маорифи он узвият доштааст. Моҳи октябри соли 2001 вазири фарҳанг, моҳи январи соли 2004 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.
Аз моҳи июли соли 2007 директори Институти фалсафа, аз октябри соли 2008 директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо таъин шуда, то моҳи октябри соли 2010 бар уҳда доштааст. Аз октябри соли 2010 ноиби Президент – раиси Шуъбаи фанҳои ҷамъиятшиносии АИ ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ҳудуди 300 мақолаи илмӣ ва илми-оммавӣ ба чоп расондааст. «Осори мунтахаб»-и Ҳаким Саноиро (дар ду ҷилд), «Ҳақиқат-ул-ҳақиқа» ва «Мунтахаби осор»-ашро таҳия ва чоп кунондааст. Ҳамчунин, дар таҳия ва нашри китоби Наршахӣ «Таърихи Бухоро» ширкат варзидааст. Ҳайати муаллифони «Таърихи фалсафаи тоҷик» (дар се ҷилд)-ро ба забони русӣ роҳбарӣ карда, баъзе фаслҳои онро навиштааст.
Либреттои операи «Шайхурраис»-ро аз рӯи асари Беҳбудӣ ва Фарҳат таҳия кардааст, ки дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Маҷмӯаи шеърҳояш таҳти унвони «Паёми садоқат» аз тарафи нашриёти «Адиб» (2014) ба чоп расидааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи ҶТ, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» (1982) мебошад.
Аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.