Ифротгароии динӣ муродифи ғуломист

 Ифротгароии динӣ муродифи ғуломист

??????????????????????????????????????????????????????????

Аз назари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ бояд дар ҷаҳони ислом низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо “давлати исломӣ” ҷорӣ карда шавад. Онҳо низоми дунявии демократиро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, ба муқобили он мубориза мебаранд. Ин фикр дар тамоми адабиёт ва маводи таблиғотии ифротгароён расман баён шудааст ва онҳо ба таври ошкоро онро таблиғ мекунанд.

Масалан, яке аз муҳимтарин китобҳои Ҳизби таҳрир “Демократия – низоми куфр” ном дорад, ки аз номи худи ин китоб мақсади ин ҳизбро фаҳмидан мумкин аст, ки он аз байн бурдани ҷомеаи демократӣ мебошад. Ташкилоти ифротгарои “Давлати исломӣ” аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократиро мақсади ошкори худ эълон карда, ҳатто давлатҳоеро, ки аксарияти мардумашон мусулмон буда, дар онҳо аксари меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ шудаанд, низ давлатҳои мусулмонӣ намедонад.

Масалан, дар моҳҳои охир ин ташкилот ба чунин давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Урдун, Эрон ва ҳатто ба гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки дар назари умум як гурӯҳи сахтгири исломӣ ба ҳисоб меравад, таҳдид намуда, онҳоро ба “ғайриисломӣ” будан маҳкум кардааст. Яъне, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” фақат ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро, ки то имрӯз дар минтақаҳои ишғолкардааш ҷорӣ намудааст, эътироф мекунад.

Пас боз ҳамон савол пеш меояд, ки ин нақшаи ифротгароёни динӣ барои мо, барои давлати мо ва барои мардуми мо аз назари амалӣ чӣ маъно ва чӣ хатар дорад? Дар ин бора бояд, пеш аз ҳама, ба ин нуктаҳо таваҷҷуҳ намоем:

Нуктаи якум: Модоме, ки мақсад ва барномаи ифротгароёни динӣ аз байн бурдани низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ мебошад, пас омадани онҳо ба Тоҷикистон низ боиси аз байн бурдани низоми демократӣ ва дунявии давлатдории мо мегардад. Ин ба он маъност, ки мардуми мо натанҳо аз давлату давлатдории худ, балки аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои худ, ки дар тӯли муборизаи таърихияш ба даст овардааст, якбора маҳрум гашта, ҷомеаи мо ба як ҷомеаи тираву тор ва беҳуқуқ табдил мешавад.

Дар ин бора бояд гуфт, ки аз баски имрӯз ҳуқуқҳо ва озодиҳои мо ба таври табиӣ ҷорӣ гаштаанд, мо гоҳо қадри онро надониста, то чи ҳад муҳимм будани онҳоро ҳатто эҳсос намекунем. Мо озодона дар кӯча гаштугузор мекунем ва озодона таҳисл мекунем ва бо телефон суҳбат мекунем… Аммо имрӯз дар қаламрави зери назорати гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”мардум ҳатто аз ҳамин ҳуқуқҳои оддитарин маҳрум шудаанд. Ягон зан ҳуқуқи танҳо аз хона берун баромадан надошта, умуман, занон ба мисли мол, каниз ё ҳамчун матои истифодаи корӣ ва ҷинсӣ хариду фурӯш мешаванд. Истифодаи телефони мобилӣ барои мардуми одӣ комилан мамнуъ буда, барои ин кор ба истифодабарандагон ҳамчун “ҷосус” ҳукми қатл дода мешавад.

Имрӯзҳо аз шабакаҳои хабарӣ метавон дид, ки миллионҳо мардуми мусулмони кишварҳои Ироқ, Сурия, Яман, Либия ва ғайра, ки шаҳру деҳоташон аз тарафи гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ишғол шудааст, чун пеш-пеши сели оташ ва ё чун пеш-пеши бемории марговари вабо гурӯҳ-гурӯҳ молу мулк ва хонаву кишварҳои худро тарк карда, худро ба баҳру дарёҳо мезананд ва ба сӯи Аврупо мегурезанд, то ба зери ҳокимияти золимона ва даҳшатбори ифротгароёни нави динӣ намонанд. Пас, агар ҳар яки мо дарк намоем, ки ифротгароён тамоми ҳуқуқҳои инсонии моро якбора аз мо мегиранд ва бо омадани онҳо мо ҳамагӣ ба ғуломони беҳуқуқ табдил мешавем, он гоҳ мефаҳмем, ки аз тарафи ифротгароӣ ба сари ҳар яки мо, ба сари аҳли оилаи ҳар яки мо чӣ хатаре таҳдид мекунад.

Нуктаи дуюм: Шояд баъзе шаҳрвандон калимаи “исломӣ”-ро дар номи ин гурӯҳҳо шунида ва ё зери таъсири таблиғотии ин гурӯҳҳо қарор гирифта, гумон кунанд, ки ифротгароёни динӣ низоми давлатии дунявӣ ва демократиро аз байн бурда, ба ҷойи он арзишҳои исломиро ҷорӣ мекунанд.

Аммо ҳаргиз чунин нест. Ҳам омӯзиши адабиёту ҳуҷҷатҳои онҳо, ҳам омӯзиши ҷаҳонбинӣ ва таълимоти онҳо ва ҳам омӯзиши таҷрибаи амалии “давлатдорӣ”-и онҳо нишон медиҳад, ки дар сурати ба қудрат расидан ифротгароёни динӣ на меъёрҳои бузургу инсонпарваронаи дини ислом, балки фаҳмиши тангу торики худро дар бораи ислом ҷорӣ мекунанд.

Фаҳмиши онҳо дар бораи ислом ба таълимоти ин дини мубин, аз ҷумла ба фармудаҳои Қуръони карим ва ба мазмуни ҳадисҳои Пайғамбари акрам ҳеҷ умумияте надорад, балки он як фаҳмиши даҳшатноки террористӣ ва ғайриинсонӣ дар бораи ислом аст, ки баръакс, мухолифи тамоми фармудаҳои ислом мебошад.

Барои исбот ва фаҳмидани чи қадар аз таълимоти исломӣ фарқ доштани ақидаи ифротгароёни динӣ чанд мисол кофӣ аст. Масалан, дар чанд соли ҳукумати гурӯҳи ифротгарои “Толибон” дар Афғонистон ҳамаи ҷаҳон шоҳид буд, ки ин гурӯҳ нисбати илму фарҳанг, мактабу маориф, занону духтарон ва умуман, нисбати ҷомеа чи амалҳои даҳшатнокеро раво диданд. Дар ҳоле, ки ислом илму маърифатро тарғиб мекунад ва Пайғамбари ислом худро бо ифтихор “муаллим” номида буданд, гурӯҳи ифротгарои “Толибон” баробари ишғол кардани қудрат тамоми мактабҳо ва донишгоҳҳои Афғонистонро баст.

Онҳо занонро ҳатто аз ҳуқуқи ба кӯча баромадан маҳрум карда, кишварро ба як зиндони калон табдил доданд; маводу воситаҳои техникиву фарҳангӣ, аз ҷумла телевизору магнитафону диску наворҳоро аз хонаҳои марудм ба зӯр ҷамъоварӣ карда, дар майдонҳо бо булдозер маҷақ карда, аз байн бурданд; полиси махсуси шариатӣ ташкил карда, дар кӯчаҳо риши одамонро бо ҷадвал чен мекарданд, ки дарозии он чанд сантиметр бошад! Ва низ “Толибон” маъракаҳои даҳшатноки зинда ба зинда сангсор намудани инсонҳоро расман эҳё карданд, ки тамоми башариятро ба ҳайрат гузошт. Агар чанде пеш мо аз як ҳодисаи сангсору оташ задани Фархунда дар Кобул даҳшатзада шуда бошем, дар замони ҳукумати “Толибон” чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз ва бо қарори расмии додгоҳи шариатии “Толибон” сурат мегирифт…

Аммо гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳоло ба бахше аз Ироқ ва Сурия ҳукумат мекунад, фаҳмиши боз ҳам тангтар ва даҳшатноктари исломро бароварда ва ҷорӣ карда истодааст, ки ҳатто гурӯҳҳои ифротии “Толибон” ва “АлҚоида” бо мушоҳидаи он дар ҳайрат мондаанд. Онҳо даҳҳо намуди нодир ва бераҳмонаи қатли инсонҳо, аз ҷумла рӯирост сар задани кӯдакон, куштани занони ҳомила, зинда ба зинда оташ задани одамон, дар панҷара андохта зинда ба зинда ба об ғарқ кардани онҳо, ба таври оммавӣ сар буридани даҳҳо асир ва ғайраро амалӣ карда, ин саҳнаҳоро ба навор гирифта, байни мардум ба намоиш мегузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, то имрӯз фақат теъдоди касоне, ки саҳнаи қатлашон аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба навор гирифта шудааст, ба беш аз панҷ ҳазор нафар расидааст. Ҳатто ҳеҷ ҷои шакке нест, ки чунин амалҳо ба ислом, ки дини раҳмату инсонгарост, ҳеҷ робитае надоранд.

Маҷмуаи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ба назар гирифта, тамоми уламои муътабри исломӣ дар сатҳи ҷаҳон онро як гурӯҳи ғайриисломӣ эълон намудаанд. Аз ҷумла, соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣ аз 126 кишвари ҷаҳон бо имзои фатвои муштарак ва фиристодани мактуби якҷоя ба роҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” эълон намуданд, ки амалҳои ин гурӯҳ пурра зидди таълимоти исломӣ буда, ин гурӯҳ ҳаргиз ҳақ надорад, ки худро гурӯҳи исломӣ номад.

Ҳамчунин, дар ҷамъбасти конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, уламои бузург ва муфтиёни шинохтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳбарони Маҷмаи ҷаҳонии уламои исломӣ, роҳбарони динии Покистон, Афғонистон, Қатар, Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои минтақаи Қафқоз, роҳбарони мусулмонони Русия, Аврупо ва ғайра бо содир намудани фатвои ягона гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва террористиро гурӯҳҳои ғайриисломӣ, балки бадномкунандагон ва мухолифони дини мубини ислом эълон карданд.

Бинобар ин, агар касоне ноогоҳона гумон карда бошанд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ меъёрҳои исломиро ҷорӣ мекунанд, сахт фиреб мехӯранд, зеро ин фаҳмиши террористию даҳшатафкани онҳо дар бораи ислом ба таълимоти исломӣ ҳеҷ наздикӣ ва робитае надорад. Пас, бояд дақиқ дар ёд дошта бошем, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар сурати омаданашон на исломро, балки як дидгоҳи тангу торики худашонро, як низоми даҳшатноки ваҳшонияти террористиро ҷорӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, вақте дар ин бора меандешем, мебинем, ки мо бо чи хатаре ва бо чи даҳшате рӯбарӯ ҳастем. Он гоҳ дарк мекунем, ки дар сурати омадани ифротгароёни динӣ ҷомеаи моро ва ё ҳар як нафари моро чи даҳшат интизор аст. Он гоҳ мо дарк мекунем, ки ифротгароӣ натанҳо ба давлату ҳукумат, балки ба ҳар яки мо, ба оилаи мо, ба зану фарзанди мо, ба тарзи зиндагии озодонаи мо, ба инсон будани мо таҳдиди бевосита дорад. Он гоҳ муносибати мо ба ин падида комилан дигар мешавад.

Абдулло Раҳнамо

Дигар хабарҳо