ИСҲОҚӢ НУРМУҲАММАД

 ИСҲОҚӢ НУРМУҲАММАД

НУРМУҲАММАД ИСҲОҚӢ 15 январи соли 1954 дар даҳаи Вени ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Аввал мактаби 8-солаи деҳаашон, баъдан мактаби миёнаи деҳаи Зимтӯдро ба поён овардааст. Аз солҳои таҳсил дар мактаби миёна мақолаву лавҳаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба чоп расидаанд. Соли 1980 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм карда, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба кор пардохтааст.. Аз соли 1984 машғули омӯзгорӣ шуда, баъдан ба ҳайси мушовири Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият бурдааст. Солҳои 2000-2010 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст.

Офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Дарди номус» (шеърҳо), «Мурдаи берун аз гӯр», «Шаҳри тиру гови пир» (роман), «Месӯзаму мегирям» (шеърҳо) ва ғ. фароҳам омадаанд. Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо