ИСТАД АДАШ
АДАШ ИСТАД 7 сентябри соли 1946 дар деҳаи Ӯрташики ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1969 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоиро хатм кардааст. Баъадан ба Душанбе омада, чанде ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, хабарнигор, мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» будааст. Феълан дар Самарқанд кору зиндагӣ мекунад.
Аввалин навиштаҳояш аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри гузашта чоп шудаанд. Асосан ба эҷоди насри илмӣ-тахайюлӣ рағбат дорад. Муаллифи асарҳои «Мавҷи хаёлот» (1970), «Суруди Офтоб» (1974), «Замир» (1978), «Дарахти пахтачормағз» (1981), «Баъд аз ҳазор сол» (1988), «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990), «Борбад» (1991), «Оҳангҳои Самарқанд» (2008) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаи ҳикояҳои бачагонааш «Парвози меъмор» соли 1989, «Чароғи сеҳрнок» соли 1990 аз чоп баромадаанд.
Чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.