Имконоти фаровони наср
![Имконоти фаровони наср](https://navisandagan.tj/tj/wp-content/uploads/2025/02/IMG-20250203-WA0005.jpg)
Аз маҷлиси баррасии нашрияи «Адабиёт ва санъат»
Соли гузашта дар саҳифаҳои нашрияи «Адабиёт ва санъат» дар бахши наср ҳикояҳо, пораҳо аз қиссаву роман ва дар саҳифаи «Мушфиқӣ» ҳаҷвиёти носирони тоҷик ба табъ расиданд. Ҳамчунин, намунаҳо аз ҳикояҳои адибони ҷаҳон дар тарҷумаи нависандагони тоҷик чоп гардиданд. Мутолиаи ҳикояҳои нависандагон дар умум, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар наср роҳу шеваҳои гуногуни офаридани симои қаҳрамонони давр бо истифода аз аносиру василаҳои рангоранги бадеӣ ба вуҷуд омада, ҷанбаҳои бадеию ғоявии осори таълифшуда нисбатан пурқувват гардидааст. Ҳароина (ва ин ҳақиқати бебаҳсест), таълифоти бадеии нависандагон дар як сатҳу поя қарор надошта, аз завқу салиқа ва қобилияту ҳунари нигорандагии онон вобастагии амиқ дорад. Дар иддае аз ҳикояҳо агар тасвиру инъикоси ахлоқи ҳамзамонон бо нишон додани ҳодисаю рухдодҳои пурпечутобу ноҳамвори зиндагии одамон ба таври воқеӣ, вале дар айни ҳол анъанавӣ сурат гирифта бошад, дар бархеи дигар ҳамин воқеаҳои реалии ҳаётӣ гоҳо мушкилу мураккаб дар заминаи корбасти рамзу киноя, ривоят ва андешаҳои ҳакимона рӯйи сафҳа омадаанд. Аммо дар ин радиф, ба ном ҳикояҳое ҳам вомехӯранд, ки ба ҷуз баёни муқаррарии воқеа ё нақли якранги лаҳза ё лавҳаи зиндагӣ дигар чизеро дар бар нагирифтаанд. Албатта, омили асосию меҳварӣ ва бунёдии эҷод забон ва шеваи баён маҳсуб мешавад, ки бо вуҷуди навиштаҳои ҷолибу хонданӣ, ки дар фасоҳату равонии забон фарқ мекунанд, бахши зиёди ҳикояҳо аз камбуду ғалат ва навоқиси услубию забонӣ орӣ нестанд. Мусаллам аст, ки таълифи ҳикоя амали душвору сангин буда, аз нависанда истеъдод, донишу ҷаҳонбинии амиқу фарох, бархӯрдор будан аз захираҳои бепоёни калимоту луғат ва риояи мантиқ дар инкишофи воқеаҳо (ё хатти сюжет)-ро тақозо мекунад. Ба гумони мо, як сабаби иншои ҳикояҳое, ки дар онҳо кашолгапӣ, урёнбаёнӣ, номуайяну мавҳум будани ғояву ҳадафи нависанда ба чашм мерасанд, ин аст, ки нависанда мавзуъро хубу ҳаматарафа омӯхтаву ҳазм накардааст. Дар ин ҷода агар ба навиштаҳои адибони маъруфу соҳибмактаби тоҷик як нигоҳи иҷмолӣ андозем, бо сароҳат мушоҳида мекунем, ки дар ҳикоёти онҳо тамоми абзору арконе, ки барои сохтмони ҳикоя заруранд, бамавқеву ҳадафгир истифода шудаанд. Таври мисол, соли гузашта ба муносибати солҷашни нависандаи чирадаст, устод Сотим Улуғзода дар нашрия ҳикояи «Падарам» ва ба ёдбуди носири беҳамто, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикояи ҳаҷвии «Нахустин нутқи бандафақир» ба табъ расидаанд. Дар ҳарду ҳикоя тасвирҳо равшану муассир, ҷузъиёти лаҳзаҳои зиндагии қаҳрамонони ҳикоя боварбахшу муътамад, ҳадафи нависандагон мушаххасу дақиқ буда, бо забони фасеҳ манзараи бархӯрду талошҳои қаҳрамонон пуробурангу ҷаззоб таҷассум гардидаанд. Дар ҳарду ҳикоя бо ҳунари баланди нигорандагӣ хӯву хислати қаҳрамонон мавриди тасвир қарор гирифта, симои онон хотирмон офарида шудааст. Гумон мекунем, чунин навиштаҳо намунаи омӯзиш ва улгу барои носирони ҷавон мебошанд. Дар ҳикояҳои нависандагон Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Саидаҳмади Зардон, Абдуқодири Раҳим ва чанди дигар воқеияти зиндагӣ ва сарнавишти мухталифи одамон бо сабку услуби рангин бозтоби бадеӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, Абдуқодири Раҳим моҳияти ҳастии инсонро дар ҳикояи «Росту дурӯғ» бо нигоҳи ҳикматбин, тавъам бо андешаҳои ботинии қаҳрамон, ки ба арзишу рисолати инсон ва одамияти баланди ӯ тамаркуз шудааст, ба риштаи тасвиру таҳқиқи бадеӣ кашидааст. Мавзуи ҳикоя нав нест, ҳамон ҳикмати азизу гиромӣ доштани одам аст, чи дар зиндагӣ ва чи пас аз марги ӯ. Аммо неруи нигорандагии нависанда дар фалсафаи тану рӯҳ қарор гирифта, вай воқеаҳоро на ба таври нақлу баёни анъанавӣ, балки монолог-психологизми амиқ ҳаллу фасл намудааст. Муаллиф бо баёни андешаҳои қаҳрамон хислатҳои зоҳиргароию дурӯягӣ, сохтакорӣ, замонасозии иддае аз одамонро, ки ҳамҷинси худро ҳамчун инсони фарҳехта ва соҳибдил дар зиндагӣ шинохтаву арҷгузорӣ накардаанд, ба боди интиқод ва тамасхур мекашад. Нависандаи соҳибзавқ Сироҷиддин Икромӣ дар ҳикояи «Гуноҳи азим» зоҳиран ба мавзуи анъанавӣ рӯ овардааст — сабқати гӯштин, ки дар байни мардуми тоҷик хеле маъмулу маъруф аст ва тавре дар боло зикр кардем, дар ҳикояи «Падарам»-и устод Сотим Улуғзода низ ҳамин мавзуъ бозтоби бадеӣ ёфта буд. Аммо ҳунару маҳорати С. Икромӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар заминаи тасвиру бозтоби мусобиқаи гӯштин ҷаҳони андешаҳои ботинии қаҳрамон, хислату характер ва вежагиҳои фаҳмишу бардоштҳои мардуми рустои тоҷикро дар бархӯрди Роҳатпаҳлавон ва Ширин муъҷаз ва мушаххасу ҷаззоб офаридааст. Истифода аз ҳилаву усулҳои аҷиб, яъне бо сиёсат омехта намудани бозии гӯштин ва дар ҷамъбасти ҳикоя нишон додани рафтору кирдори ҷавонмардӣ аз ҷониби қаҳрамони дигари ҳикоя Саъдӣ хислату одатҳои маъмулии мардумро ифода мекунад. Ба нависанда муяссар гардидааст, ки бо забони рангин, фасеҳу ширадор ва ҷузъиётнигорӣ паҳлуҳои ба назар таваҷҷуҳбарангезу тозаи ҳаёти мардумро дар мисоли сабқати паҳлавонони ду деҳ ба таври воқеӣ рӯйи сафҳа орад. Манзараи гӯштин, низоъу бархӯрди қаҳрамонон, боло гирифтани нангу номуси яке аз ҷонибҳо аз тарафи нависанда бо камоли маҳорат тасвир шудааст.
Яке аз омилҳои умедбахш дар навиштаҳои носирони заҳматкаши мо равшану хотирмон офаридани симои ҳамзамонон мебошад. Вусъат ёфтани таҳқиқи бадеии ҳодисаҳо, тасвири хислату атвори одамон, нигоҳи фардӣ ба рухдодҳоро аз ҷониби қаҳрамонон дар ҳикояҳои “Роҳи барфпӯш”-и шодравон Аюб Кенҷа, “Пайгир”-и Маҷид Салим, “Баҳор меояд”-и Абдулвосеъ Сангинов, “Парвандаи дилбазан”-и Зариф Ғулом, “Акси осмон дар чашм”-и Гулсифат Шаҳидӣ, “Ришгирак”-и Муродалӣ Собир, “Солеҳа”-и Ховари Пӯлод, “Аҷаб дунёе”-и Муҳибулло Қурбон, “Лоғар”-и Шариф Халил ва чанди дигар метавон мушоҳида кард. Ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруф, шодравон Баҳманёр ҳикояи “Чашмаи Ният”-и ӯ дар нашрия ба табъ расидааст, ки воқеан муассиру хонданист. Дар ҳикояи мазкур бо истифода аз вожаву таркиб ва тасвирҳои ғарро ба як ҷузъи зиндагии мардуми тоҷик, ки ба бовару эътиқодоти онон-рафтан ба назди чашмаи Ният ва рози дилу мушкили ба сарашон омадаро ба чашма гуфтану чизеро чун нишонаи хайру саховат ба оби чашма андохтан иртиботи амиқ дорад, дар камоли ҳунару нигорандагӣ ва метавон гуфт, эъҷоз инъикос гардидааст. Баҳманёр аз тасвиру нақли қолабӣ парҳез мекунад, суханаш рангу бӯй ва таровати вежа, навиштааш ҳатман оҳангу ҷанбаи фалсафӣ дорад. Вай бо нишон додани урфу одат, анъанаҳои миллӣ симои қаҳрамонеро меофарад, ки хусусияту тобишҳои миллиро дорост. Ҳамин гуна ба оғози ҳикоя таваҷҷуҳ кунед: “Рахши вақт чоргома метохт, табиат нобуд мекарду месохт. Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кӯраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳе мебохт.” Нависанда дар симои мӯйсафед – қаҳрамони ҳикоя, ки дар олами руъёҳои ширину марғуб зиставу бо ба назди чашмаи Ният омадан, маҳбубаи ҷавонеро вохӯрдан андешаи пандомӯзеро талқин кардан мехоҳад, ки умри рафтаро баргардондан ҳеҷ имкон надорад. Чунонки мӯйсафед дар интиҳо рӯ ба рӯяш, назди чашма пиразанеро мебинаду ба сарнавишти хеш таслим мешавад.
Сабку шеваи нигорандагии Равшан Махсумзод дар ҳикояи “Ҳавлии шинос”-и ӯ боз ҳам дақиқтару сареҳтар намоён гардида, бозтоби бадеии ахлоқи инсонҳо, бартарӣ доштани одамияти баланд, ба эҳсосу ангезаҳои ботинии зан диққат зоҳир кардан дар тасвири муносибати зану шавҳар, хусусан азобҳои рӯҳии Мутриба (ҳамсари мард) ба мадди назар мебарояд. Хатти сужаи ҳикоя ба бемори лоилоҷ табдил гардидани зан ва муносибати бераҳмонаю хашини шавҳари ӯ асос ёфта, дар тӯли роҳ ба сӯйи бемористон тамоми зиндагии талху дардолуди Мутриба аз пеши назараш мегузарад. Нависанда бо тасвири лаҳзаҳои пурпечутоби зиндагии зан ғояеро таъкид карданист, ки мақому арзиши ишқи инсонӣ баланд буда, ҳеҷ гуна эҳсосу талошҳои маснуӣ ҷойи онро иваз карда наметавонанд. Равшан Махсумзод мавқеи корбасти аносири бадеӣ, чун нақлу тасвирро хуб медонад, зарбу оҳанги баёнаш муназзам ва батамкин буда, аз таъбиру мақолҳои мардумӣ пухтакорона истифода мекунад, ки ба навиштаҳояш таровати хоса мебахшанд.
Таваҷҷуҳи нависандаи шинохта Муҳибулло Қурбонро масоилу мавзуъҳои иҷтимоӣ-маишӣ ва оилавӣ ба худ ҷалб мекунанд ва ӯ ҳамвора саъй менамояд, ки бо инъикоси эпизодҳои зоҳиран маъмулӣ, вале дар ботин садҳо асрори махуфдошта чеҳраи аслии инсонҳои дар муносибат хушрафтор, вале дар сиришт бадгавҳарро ба таври воқеӣ ва хотирмон биофарад. Ҳамин ҷанбаи бадеии ғоявиро дар ҳикояи “Аҷаб дунёе”-и мавсуф эҳсос метавон кард. Дар ҳикояи мазкур муаллиф бо тасвири воқеаҳое, ки ҳангоми истироҳати як гурӯҳ марду зани тоҷик дар шаҳраки Анталиё ба вуқуъ мепайванданд, коста гардидани арзишҳои ахлоқию маънавӣ, хиёнат ба шавҳару хонадонро зимни муносибатҳои маҳрамонаи ду тан – Собирҷону Дилбар, ки сарватманду худхоҳанд, пешорӯи хонанда ҷилвагар месозад. Тамоми ҳаракату амалҳои мунофиқонаю риёкоронаи ин ду танро нависанда аз нигоҳи ҳамсарони заҳматкашу покниҳоду порсо – Ҷаводу Нуқра ва Рустаму Лола бозтоби бадеӣ бахшида, аз он бонги хатар мезанад, ки дар ҷомеаи кунунӣ нақши манфии ҷаҳонишавӣ, ба хусус дар муносибатҳои оилавӣ баръало эҳсос карда мешавад. Бесабаб нест, ки рафторҳои дугунаи Собирҷону Дилбарро баъди бозгашт ба ватан қаҳрамони ҳикоя чунин хулоса мекунад: – Кино тамом шуд.
Саидаҳмади Зардон аз нависандагони пуркору заҳматкаш ва пурмаҳсули мост, ки дар баробари қиссаву романҳои баландғоя, ҳамчунин ба таълифи ҳикояҳои дилангезу марғуб машғул мешавад ва ҳикояи “Ман – Хуршеди Назар, на “Шеф”-и беназар!-и ӯ яке аз ҳикояҳои хубу ҷолиб дар соли гузашта ба шумор меравад. Саидаҳмади Зардон бо забони шевову шоирона, истифодаи ҳунармандона аз унсурҳои танзу мутоиба ва ниҳоят, тасвири муназзами воқеаҳо, мантиқи собиту устувор ҳанӯз аз оғози ҳикоя хонандаро водор месозад, ки ба идомаи он ва сарнавишти қаҳрамонон таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Нависанда бо офаридани симои падари заҳматкашу ҳалолкори қаҳрамон хотиррасон кардан мехоҳад, ки шарафу обрӯ ва нуфузи инсон на дар вазифаву мансаб, балки ахлоқи волою ҳамидаи олии инсонӣ зоҳир меёбад, чунонки Хуршеди Назарро ин саодати бузурги инсонӣ насиб гардидааст. Нависанда марому ҳадафҳои неки қаҳрамонро ҷое ба таври зайл рақам мезанад: «Мунтаҳо натиҷа сатили саршори ангубин ба бор овард. Хонаи наву замонавӣ бунёд кардам, оиладор ва соҳиби фарзанд шудам, роҳи деҳаро мумфарш кардам, мактабу мағоза сохтам… Модари тоҷи сарам аз хурсандӣ ашки чашмонашро бо лаби остинаш поккунон аз рӯйи лабонаш шукргузорона ҳарф мерехт:
– Ҳазор раҳмат, бачаи ширин, рӯҳи падаратро бас шод кардӣ! Агар ӯ дар ҳаёт мебуд, аз ин корҳоят қабат-қабат гӯшт мегирифт”.
Вусъат ёфтани ҷанбаи тасвирӣ дар ҳикояҳои адибон Муҳаммад Ғоиб – “Рӯзи сиёҳ”, Раҳматуллоҳи Раҳмон – “Кундаи дӯзах” ва “Шоҳпалакҳои болсафед”, Ҳакималӣ Назаралӣ – “Нишон”, Маҷид Салим – “Сусмор”, Довудшоҳи Сулаймоншоҳ – “Иқрор”, Нурмуҳаммад Одинаев – “Заҳри забон”, Саид Сангин – “Кобулбибӣ”, Зариф Ғулом – “Ишқи байни ду марз”, Мансур Суруш – “Нигоҳи вопасин”, Азизи Азиз – “Як воқеа дар сарҳад” ба мушоҳида мерасад. Мавзуи ҳикояҳои фавқ гуногунанд, вале ҳамаи онҳоро ғояи накукорӣ, инсондӯстӣ, сабақ бардоштан аз иштибоҳоти зиндагӣ ва андеша рондан дар атрофи муаммои ҳастии инсон ва рисолати ӯ дар ҷомеа ба ҳам муттаҳид кардааст.
Перомуни навиштаҳои носирони ҷавон сухан ронда, аз ҳикояҳои “Рашк”-и Мижгон Халилзода, “Амонат”-и Шоҳмансури Шоҳмирзо, “Захми ҷигар”-и Хуршеди Эҳсон, “Тазоди зиндагӣ”-и Фарҳоди Фарҳодзод, “Дучарха” ва “Ниҳон”-и Беҳрӯз Қаюмӣ, “Зери як бом”-и Фурқат Низомов наметавон ёдовар нашуд.
Мижгон Халилзода мекӯшад, ки дар бештари ҳолат азобу худхӯриҳои рӯҳии қаҳрамононашро, ки аксар занонанд, дар иртибот бо рухдодҳои ногаҳону ғайримунтазираи зиндагӣ бозтоб намояд. Дар ҳикояи “Рашк” ба василаи сохтани муколамаҳо, ки баҳсу гуфтумонҳои модару духтарро дар бар мегирад, чеҳраи сарвари хонадон, ки ин оламро кайҳо падруд гуфтааст, хислатҳои ногувори ӯ, ки аз муносибати хашин ба ҳамсараш дар ёд мондааст, таҷассум ёфтааст. Дар ҳикоя кӯшиши гурез аз суханбозию нақли тӯлонӣ, канор рафтан аз тасвирҳои қолабӣ ва баёни мухтасару муъҷаз ба мушоҳида мерасад. Лаёқати Мижгон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ тавонистааст бо маҳорати хуби нигорандагӣ як пораи ҳаёти пуршебу фарози хонадони тоҷикро, ки дар меҳвари он зани ҷафокашида қарор дорад, зиндаву табиӣ рӯйи сафҳа орад.
Шоҳмансури Шоҳмирзо дар ҳикояи “Амонат” аз хусуси воқеаҳои солҳои ҷанги дохилӣ ҳикоят мекунад. Тасвири андешаҳои қаҳрамони ҳикоя дар қатора, ба дасташ афтодани ҷузвдони бонуе ва навиштае, ки дар он маҳфуз аст, ҳадафманд ва ҷолиб буда, нависанда хулосабарорию натиҷагирӣ аз раванди воқеаҳоро дар фарҷом ба худи хонанда ҳавола мекунад. Забон ва шеваи баён, тасвири рухдодҳои замон, манзараҳои тираи айёми ҷанги дохилӣ на ба таври муқаррарӣ, балки рамзу ҳикмат сурат гирифтанд.
Талоши бо сабку услуби вежаи худ офаридани саҳнаҳои зиндагӣ ва бархурду муносибатҳои инсонҳо дар ҳикояи “Захми ҷигар”-и Хуршеди Эҳсон низ рӯшан ба мушоҳида мерасад.
Камбуду норасоии ин носирон ҳусни баён, забон ва гоҳо ба таври якранг ба тасвир гирифтани сарнавишти инсонҳост. Доираи мавзуи ҳикоёти эшон низ маҳдуд мебошад, онҳо ҳанӯз зиндагиро бо ҳама паҳлуҳояш маърифат кардаву тобиши мукаммали бадеӣ бахшида натавонистаанд.
Таври маъмул, дар нашрия муаррифии осори тозатаълиф, ки шакли мукаммали онҳо дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп мешаванд, ба роҳ монда шудааст, ки пораҳо аз қиссаи “Хонаи сабз”-и носири боистеъдод Юнус Юсуфӣ, романи “Талош”-и нависандаи пуркор Маъруф Бобоҷон, романи “Гули марг”-и Шарифбек Азизӣ, киноповести “Дилдодагони лаби чашма”-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, қиссаи ҳуҷҷатии “Ёхсу”-и Карим Давлат, қиссаи “Ёдгоҳ”-и Тӯрон Тӯйчиев, романи “Порисаеву ворисе”-и Сипеҳр Ҳасанзод аз ҳамин қабил маҳсуб мешаванд, ки дар хусуси бурду бохт, муҳтавову ғояи ин осор дар мавриди зарурӣ ноқидони сухан андешаҳои худро баён хоҳанд дошт.
Аз резаҳикоёт ҳикояи “Навбат”-и Абдулҳамид Самад ва “Писари подабон”-и Кароматуллоҳи Мирзо ҷолибу ибратомӯз ва дорои ҷанбаи хуби ахлоқӣ мебошанд. Тавре ба назар мерасад, адибони заҳматқарини мо монанди нависандагони бузурги рус Юрий Бондарев, Виктор Астафев, Фёдор Абрамов ба таълифи ҳикоёти хурд рӯ оварда, моҳияту маънии зиндагии инсонҳоро дар як лаҳзаи мухтасар тасвир ва хулосаҳои ҳакимонаи худро баён доштан мехоҳанд.
Ҳамчунин, дар нашрия ба муносибати 90-солагии нависанда Шодон Ҳаниф ҳикояи “Чашмони оҳу”-и ӯ ҷой дода шудааст, ки дар он симои духтурзан бо номи Қумрӣ хубу хотирмон офарида шудааст. Аз эҷоди навқаламон ҳикояҳои “Шукрона”-и Диловар Саъдуллоев, “Азоби виҷдон”-и Фаридуншоҳи Абдулло ва “Баҳор ва гулдон”-и Сайидо Шарафӣ ба табъ расидаанд, ки рухдодҳои замони моро дар бар гирифтаанд ва бо вуҷуди норасоиҳо дар забону услуб ва тасвири муназзами воқеаҳо, кӯшиши ин хомабадастони ҷавонро дар ҷодаи бозтоби бадеии мушкилоти зиндагии мардум нишон медиҳанд.
Тавре таъкид кардем, дар саҳифаи “Мушфиқӣ” намунаҳои ҳикоёти ҳаҷвии адибони мо ба табъ расидаанд, ки шуморе аз онҳо хонданӣ, дорои танзу зарофати нозук буда, дар ифшои камбуду норасоиҳои ҷомеа нақши воло доранд. Мутаассифона, дар қиёс бо солҳои қаблӣ дар навиштаҳои муаллифон дигаргуниҳое ба назар расанд ҳам, ҳанӯз дар ин самт аз қавли маъруф, “дар як ҷо пой кӯбидан” мушоҳида мешавад. Муҳаққиқону ноқидони сухан дар мавриди хусусиятҳои жанрии ҳикоёти ҳаҷвӣ такрор ба такрор сухан ронда, таъкид намудаанд, ки ҷавҳари ин намуди ҳикоётро дар баробари лутфи сухан, танз ва зарофати намакин, тасвири эпизодҳои хандадор дар бар мегирад. Афзун бар ин, дар ҳикоёти ҳаҷвӣ ҷанбаи интиқодӣ бояд пурқувват бошад. Танқиду ифшои норасоиҳои ҳаёти ҷомеа, фориғболию бепарвоии иддае аз амалдорону вазифадорон, хислатҳои ногувору зишти тамаллуқу чоплусӣ, замонасозӣ, дурӯягию мунофиқӣ ва шуҳратхоҳӣ ниҳоят кам дар ҳаҷвияҳои адибон дида мешавад.
Дар бахши аъзами ба ном ҳаҷвияҳо пургӯйӣ, нақли лаҳзаҳои дуюмдараҷаю сеюмдараҷаи каммояву бетаъсири ҳаёти одамон мавқеи асосӣ пайдо кардааст. Норасоии бахши ҳаҷвияҳо дар он аст, ки хонандаро ба ваҷд намеоранд, намехандонанд ва дилгиркунандаанд. Аз навиштаҳое, ки дар саҳифаҳои “Мушфиқӣ” ба табъ расиданд, нуктаҳои ҳаҷвии нависандаи хушбаён Абдурауф Муродӣ, ҳикояҳои ҳаҷвии Наҷмиддини Шоҳинбод, Юсуф Насрулло, латифаҳои воқеии Гурез Сафар, ҳаҷвияҳои Саидҷаъфар Баёзиро метавон номбар кард, ки бо танзу мутоиботи худ таваҷҷуҳбарангезанд. Махсусан, дар резагуфторҳои намакини Абдурауф Муродӣ дар як ё ду ҷумла ин ё он ҷанбаи нохушоянду ногувори ҷомеа бо маҳорату ҳунари баланд мазаммату танқид карда мешавад. Баъзе навиштаҳои ин саҳифа нақлу саргузашти лутфомези шоирону нависандагон, ки дар таълифи адибони муосир рӯйи авроқ омадаанд, муассиру дилангез мебошанд.
Дар бахши тарҷума низ намунаи ҳикояҳои адибони муосиру гузаштаи ҷаҳон бо саъю талош ва заҳмату ранҷи зиёди адибони тоҷик тарҷума гардида, ба табъ расидаанд. Ҳикояҳои адибони рус Олег Антонов дар тарҷумаи Холис бо номи “Марди ҳақиқӣ”, ҳаҷвияҳои Семён Алтов дар тарҷумаи Парвини Шоҳин, Вил Андреев – “Вопасин субҳ” (тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод), Ника Марш – “Балзак ва Эвелина: 17 соли мукотиба ва 5 моҳи хушбахтӣ” (тарҷумаи Хайруллоҳ Раҷабиён), Олес Гончар, адиби украин – “Одам ва яроқ” (тарҷумаи Ҷумъабой Азизқулов), Худойбердӣ Холиев, адиби туркман – “Доруи аҷиб” (тарҷумаи Равшан Махсумзод), мусоҳибаи Хейнс Плавиус бо Чингиз Айтматов – “Инсон ва ҷаҳон” (тарҷумаи Юнус Юсуфӣ), Ҳусейн Аббосзода – “Зане дар бандар” (тарҷумаи Абдулҳамид Самад), Мирмаҳдӣ Оғоуғлу – “Почтаи электронӣ” (тарҷумаи Сурайё Аҳмадзода), Бобониёз Қаюмов – “Моҳпайкар” (тарҷумаи Ато Ҳамдам), Майя Доматти – “Туҳмат” (тарҷумаи Ато Ҳамдам), Михаил Козловский – “Ҳофиз” (тарҷумаи Маъруф Бобоҷон), Мо Ян – “Корди муъҷизаноки хола” (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Хорхе Луис Борхес – “Садбарги параселс” (тарҷумаи Ҳафиз Раҳмон), Надежда Теффи – “Ҳамсари Лев Толстойе” (тарҷумаи Ш. Раҷабзод), Лариса Плотникова – “Фардо аз пагоҳӣ” (тарҷумаи Маъруф Бобоҷон), Худойбердӣ Девонақулов – “Сурат” (тарҷумаи Пури Ҷаҳонгир), Юрий Никулин – “Латифаи нотамом” (тарҷумаи Сурайё Аҳмадзода), Ҷонгули Гливала – “Андешаҳо” (тарҷумон Ато Ҳамдам), Ҷуброн Халил Ҷуброн – “Девпайкарон” ва “Руъё” (тарҷумаи Назруллоҳи Назар), А.П. Чехов – “Латта”, Р. Акутагава – “Бовари Бисэй” (тарҷумаи ҳарду ҳикоя С. Аҳмадзод), Вардгес Петросян – «Ҷони одам» (тарҷумаи Равшан Махсумзод), Раҳнаварди Зарёб (таҳияи Насимбек Қурбонзода), Андро Ломидзе – «Баҳои ҷони бародар» (тарҷумаи Абдуғаффори Партав), Нодар Думбадзе – «Ватан» (тарҷумаи Ҷумъахон Сайдалӣ), Виктор Астафиев – «Тӯпи ғанимат» (тарҷумаи Р.Махсумзод), Виктор Талимончук – «Аҷаб қисмате» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Надежда Теффи – «Толстой, ки бори аввал шинохтам» (тарҷумаи Шодӣ Раҷабзод), Нуралӣ Кобул – «Салом, кӯҳҳо” (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Михаил Задорнов – «Вагони нуҳум», (тарҷумаи С. Аҳмадзод) ба хонандаи тоҷик пешниҳод гардиданд, ки дар шинохти бештари ин адибон ва эҷодиёти онҳо нақши калон доранд. Бояд зикр намуд, ки нашрия иқдом нишон дода, саҳифаеро барои бачаҳо бахшидааст, ки дар он шеъру латифа ва ҳикояҳои ҳаҷман хурди адибони тоҷик ва ҷаҳон ба табъ расонда мешаванд. Дар интихоб ва таҳияи намунаҳои насрӣ барои бачагон хидмати нависандаи маъруф Азизи Азиз назаррас мебошад. Дар мавзуи ҳаёти рангини наврасон ҳикояҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева ва Ҳамроҳи Авлиёпур ба табъ расидаанд.
Дар хусуси норасоӣ ва омилҳои манфие, ки баҳри рушди адабиёти тоҷик, хоса насри он дар иртибот ба ҳикоёту пораҳо аз қиссаю романҳое, ки дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расидаанд, ҳаминро бояд қайд кард, ки дар аксар навиштаҳо, дар забон ва ҳусни баён носуфтагӣ дида мешавад. Истифодаи ноогоҳонаву бемавриди вожаву таркибҳо ва калимаҳои лаҳҷавӣ, муғлақбаёнию сареҳ набудани фикр аз он мегӯянд, ки иддае аз нависандагон бо навиштаи худ ҷиддӣ кор намекунанд, аз таҳриру ислоҳи хатоҳо ва бознигарии ҳикояҳои иншонамудаашон фосила мегиранд. Дар бархе аз ҳикояҳо нақлу бозгӯйии батакрори ривояту афсонаҳо ва боварҳои мардумӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар ҳикояе аз само афтидани ситора, ки гӯё аз марги инсоне пайк мерасонад ва дар романе ба санг табдил ёфтани арӯсон батафсил нақл шудааст, ки дархури завқи хонандаи имрӯз намебошад. Дигар норасоии анъанавӣ нақли як воқеа, эпизод ё саргузашти шахсест, ки ҳамчун асари бадеӣ пешниҳод мегардад, вале дар он навишта тасвирҳои ҷолиби бадеӣ ва андешаҳои бикри қаҳрамон дида намешаванд ё ба нудрат ба чашм мерасанд.
Дар хатми сухан пешниҳод мекунам, ки чопи пораҳо аз қиссаву романҳои носирон аз нашрия бардошта шавад, зеро ин қиссаю романҳо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасанд ва чанд саҳифаро банд кардани ин осор зарурат надорад. Ҳамчунин, нисбат ба интихоб ва чопи осори ҳаҷвӣ талаботро қатъитар бояд кард. Аз баҳри ҳикояҳои ҳаҷвии каммоя ва суст баромадан лозим аст. Дар маҷмуъ, фаъолияти яксолаи нашрияи «Адабиёт ва санъат»-ро метавон хубу муассир ҳисобид.
Шодӣ РАҶАБЗОД