ИБТИДОИ ДӮСТӢ

Ба муносибати 115-солагии Боқӣ Раҳимзода
Солҳое буд, ки республикаи ҷавони мо қариб ба ҳама чиз ва дар ҳама ҷо эҳтиёҷ дошт ҳатто ба омӯзгор. Аз ин рӯ, мо курси дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқандро дар як сол ба охир расонидем. Ман ба Тавилдара баргашта, муаллим шудам. Аз дарс, ки фориғ шудам, шуғли ман шеърхониву шеърёдкунӣ буд. Хурсанд мешудам, агар ба дастам ягон маҷмуаи шеър афтад. Ҳамин солҳо дар қатори асарҳои Айнию Лоҳутӣ «Хазон ва баҳор» ном манзумаи Мирзо Турсунзодаро дастрас кардам. Манзума диққати маро ҷалб кард. Ҳарчанд манзума банду басти қавӣ надошт, маълум буд, ки аз зери хоку гил тиллопорае ба муқобили офтоб ҷило медиҳад, шарора мепошад ва баъдҳо ман дарёфтам, ки ин шарора шарораи дили ҳассос ва хиради оламфурӯзи шоири ҷавон будааст. Ба дилам шавқе пайдо шуд, ки ба муаллифи ин манзума вохӯрам ва дар боби илму адаб гӯяму шунавам. Ва дертар ин орзуи ман ба вуқуъ пайваст. Шунидам, ки дар Университети шаҳри Самарқанд факултети забон ва адабиёти тоҷик мекушодаанд, ба ин мақсад ба Душанбе омадам, то бо ягон кас машварат карда, ба он ҷо равам, орзую ҳаваси шоириямро ба кор орам.
Иттифоқан, ҳангоми ношто бо муаллим Шарифҷон Ҳусейнзода вохӯрдам. Хеле суҳбат кардем ва ман матлабро гуфтам. Муаллим, ки аз шеърнависии ман огоҳ буданд ва нисбат ба ман таваҷҷуҳе доштанд, ба ҷавоб шитоб накарда, ба мулоҳиза рафтанд:
– Ташкил шудани факултети забон ва адабиёти тоҷик дар Самарқанд ҳоло гап аст. Агар хонданро давом доданӣ бошед, Институти педагогии шаҳри Душанбе аз ягон университет камӣ надорад. Омӯзгорони хуб ва ботаҷриба хеле бисёранд…
Ман ба муаллим чӣ ҷавоб гуфтанро надониста, сукут варзидам. Муаллим сукути маро шикаста гуфтанд:
– Ман ба назди Мирзо Турсунзода рафта истодаам, хоҳед меравем.
Чунон ки мегӯянд: «Кӯр чӣ мехоҳад? Ду дидаи бино». Муаллим ба ман нури дида ва орзуву умедамро пешниҳод карданд. Вале барои имтиҳон оҳиста-оҳиста қадам зада, ба муаллим ин ҳикоятро гуфтам:
– Рӯзе марде ба назди рафиқаш мерафтааст. Аз пеш ҷӯрааш дучор омада пурсидааст:
– Куҷо равонаӣ?
– Рафиқам ба хонааш даъват кардааст, – гуфтааст ӯ.
– Набошад ман туфайлӣ шуда ҳамроҳат меравам.
Каме роҳ рафтаанд, ки боз як рафиқ дучор омада, «ман куфайлӣ мешавам» гуфтааст. Боз каме рафтаанд, ки муфайлӣ баромадааст. Боз андаке роҳ рафтаанд, ки рафиқи дигар баромада пурсидааст:
– Чорёр куҷо меравед?
– Ба хонаи фалонӣ..
– Э-э, вай ошнои деринаи ман, маро хуб мешиносад, – гуфта ин ҳам худро ба тӯда задааст.
Мизбон дар назди дараш меҳмони зиёдеро дида ҳайрон шудааст ва аз марди даъватшуда пурсидааст:
– Хуб туро-ку даъват карда будем, инаш – туфайлӣ, унаш куфайлӣ, вале ин падарлаънаташ кист?
– Нагуфтам маро хуб мешиносад, – сирро бой надода ба дигарҳо муроҷиат кардааст он мард…
Шарифҷон Ҳусейнзода хуб завқ карда хандиданду даст бар китфи ман ниҳода гуфтанд:
– Шумо ҳоло Мирзо Турсунзодаро намедонед. Ӯ баробари шоири моҳир буданаш шахси олиҷаноб ва олиҳиммат аст. Рафтем…
Ман ҳамроҳи муаллим қадам задам. Дар кӯчаи Орҷоникидзе, дар паҳлуи биное рақами «69» часпонидаанд. Мо ба ҳавлӣ, ки хобгоҳи нависандагон будааст, дохил шудем. Як ҷавони миёнақади пурраи чеҳрахандон моро дар назди дар пешвоз гирифт. Бо муаллим Ҳусейнзода хеле гарму ҷӯшон вохӯрӣ карданд, бо ман ҳам. Пас «муаллим, марҳамат» – гӯён ҷавонмард моро ба сӯи шипанги рӯи ҳавлӣ хонд. Шипанг қариб ба замин ҳамвор сохта шуда буд, поя надошт. Нишастем. Ман ба ҷавонмард менигаристаму ба муаллим Ҳусейнзода. Муаллим кӣ будани ҷавонмардро ба ман намегуфтанду кӣ будани маро ба ӯ. Ман ҳар лаҳза ба муаллим менигаристам… Лаҳзае хомӯш мондем, гӯё сарриштаи гапро намеёфтем. Муаллим Ҳусейнзода як сурфа карданд ва баъд ба ҷавонмард муроҷиат карда гуфтанд.
– Мирзоҷон, ин кас – мулло Боқӣ. Муаллими забон ва адабиёт. Шеър ҳам менависанд…
Баъди ин гап мӯи сарам тоқиамро андаке бардошт ва баданам аз арақи шарм тар шуд. Мисли кӯдаки гунаҳгор ба ҷавонмард менигаристам. Ӯ табассум дошт, лабонаш, чашмонаш ва ҳатто рухсорҳояш механдиданд, дар рӯяш ҳусн пайдо мешуд. Он қадар диққати маро бурда буд, ки карахт гашта, ҳатто таъзими шиносоиро фаромӯш кардам. Баъд дуру дароз ба холи гӯшаи абрӯи росташ, ки мисли як қарра мӯмиё сиёҳ буд, зеҳн мондам.
Мирзо Турсунзода аз нигоҳи ман рамуз гирифтанд, ки абрӯи ростро сила карданд ва сари ангушти ишорат ба рӯи хол боз дошта, молидан гирифтанд. Ман аз нигоҳи худ хиҷолат кашидам… Хиҷолати маро ҳамсояҳо бартараф карданд; Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳамдӣ, Раҳим Ҷалил омаданд ва аз ҳама охир як ҷавони қоматбаланде омад.
– Биё, Миршакар, – гӯён муаллим Ҳусейнзода аз ҷо хестанд. Вохӯрдӣ кардем. Суҳбат аз нав оғоз ёфт, баъд ман аз муаллим оҳиста пурсидам:
– Муаллим, ин ҳамон Миршакар нест, ки дар заводи пахта кор мекард?…
– Худи худаш.
– Салом, Миршакар, маро нашинохтӣ? – гуфтам ба ӯ.
– Не, валло.
– Ман Боқӣ.
Мо баробар бархоста аз нав ҳамдигарро ба оғӯш кашидем ва хотираи даҳсолаи дар заводи пахтаи Душанбе ҳамроҳ кор карданамонро аз нав зинда кардем.
– Дигар шудаӣ, Боқӣ.
– Ту ҳам, Миршакар, хеле фарбеҳ шудаӣ.
Хуб хандидем.
Сипас Суҳайлӣ барои хандаи моро идома додан ба Мирзо нигоҳ карда гуфт:
– Мирзоҷон, ё ба назарам, осмон ниҳоят баланд ва ё шипанг аз ҳад паст.
Турсунзода завқ кард ва гуфт:
– Ин кори Раҳимӣ – кори мудири фонди адабиамон… Мо ҳаминро гуфтем: – Домулло, барои чӣ ин қадар шипангро паст сохтед?
– Барои он ки ба тагаш мурғ надарояд.
– Магар мурғ ба болояш намебарояд?
– Хайр боз бинед-дия, – мегӯянд.
Хуб завқ карданд. Ман аввалин бор дар давраи адибон менишастам ва баъд аз маҳфили адабии Институти шаҳри Самарқанд барои ман имшаб маҳфили адабии дуюм буд.
Сухан аз китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» рафт. Мирзо Турсунзода фасли «Бадриддин Ҳилолӣ»-ро тайёр мекардаанд. Пеш аз он ки дар бораи Ҳилолӣ чизе гӯяд, суханро аз муаллимон Айнию Лоҳутӣ сар кард:
– Ман ба устод Айнӣ қоил. Ва ҳар кас ҳам бояд қоил шавад. Устод деҳ ба деҳу хона ба хона қаландарвор гашта, санад ғун оварданд, бо нуги сӯзан аз зери хоку вайронаҳо зар пайдо карда, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро мураттаб сохтанд. Ба ин хел одам, ки барои миллаташ ҷон ба гарав мемонад, чӣ хел қоил намешавед, чаро қурбон намешавед? Таъзим бояд кард. Акнун «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро тартиб медиҳем…
Турсунзода каме ба фикр рафт. Дигарон ҳам мисли ман хомӯш буданд, вале хомӯшии ман аз шарм буд. Гоҳ-гоҳ дилам номаълум мезад, садои онро ба ҷуз худам касе намешунид. Аз Турсунзода чашм намекандам. Он кас ба Шарифҷон Ҳусейнзода нигоҳ кард ва боз ба гап даромад:
– Барои аз баҳри азими адабиёти классикии тоҷик баҳра бурдан, садаф ба даст овардан хеле ғаввоси моҳир шудан лозим будааст… Ин баҳр ҳоло кашф нашудааст, муаллим. Ман акнун ба маъниҳои мисраъҳои Ҳилолӣ сарфаҳм рафта истодаам. Тарзи адо, таносуби сухан ва салосату фасоҳати ашъори ӯро омӯхтам. Ҳилолӣ доди суханро додааст.
Суҳбат тафсид, баъд ба шеърхонӣ ва мутоибагӯӣ гузаштанд. Турсунзода як шеъри нави ба Тоҷикистон бахшидаашро хонд. Сипас аз ман хоҳиш карданд, ки шеър хонам. Ман як шеъри Ҳилолиро, ки доим дар ҳар ҷо замзама мекардам, хондам, ки матлааш ин аст:
Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман,
Аз гиря бар сар афтод, эй хок бар сари ман.
Ман он вақт дар олами орзуҳоям афтида будам. Ҳақиқатан маҳфил маҳфили адабӣ буд. Ман баҳраи зиёде бардоштам ва ҳис кардам, ки «туфайлӣ», «куфайлӣ», «муфайлӣ» ва марди чаҳорум набудаам, балки меҳмони хондаам.
Аз муаллим Шарифҷон Ҳусейнзода барои ин хидматашон хеле миннатдор шудам ва ташаккур гуфтам.
* * *
Дар Институти муаллимии шаҳри Тошканд таҳсил мекардам. Аз шарикдарсонам Усмон Сулаймон бо Ҷалол Икромӣ қаробат дошт ва аз илму адаб огоҳ буд. Ҳамеша маро ташвиқ мекард, ки шеър нависам. Он чи менавиштам, ба худам хуш намеомад, дар ягон ҷо пинҳон мекардам. Рафиқон кофта меёфтанд ва мехонданд. Чунин ҳам мешуд, ки шеърҳои ман бехабар дар рӯзномаҳо чоп мешуданд ва ё бо радио онҳоро мешунавониданд. Хулоса, коғази навиштаи ману дасти онҳо буд. Ҳатто дар Душанбе ҳам боре Усмон Сулаймон маро театр бурд. Он шаб тамоми удабои тоҷик он ҷо буданд. Дар танаффус Усмон як шеъри маро бурда ба Мирзо Турсунзода дод. Турсунзода каме канор рафта, шеърро хонд ва маро ба наздашон даъват кард. Шеър писанд омадааст. Ба таърифу тавсиф ҳам сазовор шудем ва дар охир аз ман хоҳиш кард:
– Пагоҳ вақт ёфта ба идора биёед.
Хеле мулоҳиза кардам. Баъд рӯзи дигар ҳамроҳи Усмон Сулаймон дар бинои Иттифоқи нависандагон ҳозир шудем. Мирзо Турсунзода аз дасти ман гирифта, ба кабинети дигар даровард. Марди нуроние менишаст. Ин мард устод Лоҳутӣ буд, ки борҳо ҳамроҳи устод Айнӣ дар маҳфилҳои адабии мо (дар Самарқанд) иштирок кардааст.
– Падар, ана ҳамин, – ба устод Лоҳутӣ маро шиносонида гуфт Турсунзода.
Ман ҳайрон шудам, ки чӣ гуноҳ карда бошам. Турсунзода боз илова кард:
– Дишаба дар театр ёфтаамон ана ҳамин кас.
Ва устод Лоҳутӣ якбора аз матлаб сар карданд:
– Шеъратонро Мирзо ба ман дод, хондам. Шумо шоири пухта ҳастед. Арӯзро хуб медонед. Акнун фақат шеър навиштан мондааст.
Устод аз вазъи адабии он рӯзҳо гап заданд. Мирзо Турсунзодаро хеле тавсиф карда гуфтанд:
– Вазни гарони адабиёт ба дӯши ин хел ҷавонон бор мешавад. Инҳо дар оянда соҳиби «Кохи баланд»-и адабиёти тоҷик хоҳанд шуд…
Ману Мирзо Турсунзода аз назди устод берун рафтем. Мирзо аз ман хоҳиш кард, ки пагоҳ боз биёям.
…Фардо аввалин бор дар назди донишҷӯён баромад карда, аз минбар шеър хондам. Баъд ҳамроҳи Турсунзода ба хонаашон рафтем. Мирзо дар роҳ хеле хомӯш буд. Гулӯ равшан кард. Бо гӯшаи чашм ба ман назар афканд. Ман гӯё, ки чизеро пай намебурда бошам, сарамро хам карда, баробари ӯ қадам задан гирифтам.
– Боқиҷон?
– Лаббай!
– Чаҳор бародар сафар мекунанд…
– Хуб?
– Аз пеш биёбоне мебарояд. Хуб роҳ мераванд, ҳеч не, ки биёбон охир ёбад. Аз ташнагӣ забонашон ба ком мечаспад. Аз мадор мераванд, вале дилғеҷу чанголкаш пеш рафтан мехоҳанд, то ба манзил расанд. Ҳамин вақт шутуракие пайдо мешавад. Забони аз гуфтор мондаи онҳоро дида аз шутур мефурояд ва машки обро аз каҷовааш гирифта, ба дӯлча мерезад ва назди бародари якум мебарад. Бародари якум сар бардошта бародари дуюмро нишон медиҳад, – «ӯ аз ман ташнатар аст» мегӯяд. Шутуракӣ ба назди бародари дуюм меравад. Ӯ бародари сеюмро нишон медиҳад ва бародари сеюм чаҳорумро. Бародари чорум сар бардошта, бародари якумро ишора кардан мехоҳад ва мебинад, ки бародаронаш аз олам даргузаштаанд. Пас андӯҳгин шуда ба марди шутуракӣ мефармояд:
– Бародар, обро ба рег рез, пас аз инҳо зиндагӣ ба ман чӣ лозим аст?…
Ман беихтиёр бозистодам. Турсунзода ҳам. Ба чашмони ҳамдигар нигаристем. Аз афташ, барои ҳамдигарро ба оғӯш кашидан барвақт буд.
Боз баробар ба пеш қадам андохтем.
Роҳи сафар, роҳи бародарии мо аз ин ҷо ибтидо гирифт…
Боқӣ РАҲИМЗОДА