ДУ ҲАМБОЛЕМУ ҲАМПАЙМОН

 ДУ ҲАМБОЛЕМУ ҲАМПАЙМОН

Ҳангоме ки роҳбарони ду кишавари ҳамсояву дӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тукмаи рамзиро пахш карданд ва қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг боз гардид ва қаторҳо ба ҷунбиш омаданд, тирамоҳони дери соли 2015 дар даромади нақби Шаҳристон ба ёдам омад. Он вақт мо дар Рӯзи гиромидошти Парчами миллӣ назди сарбозон ба ноҳияҳои Шаҳристону Ғончӣ рафта будем. Ду рӯз пас дар бозгашт беш аз як соат дар даҳани нақб интизор истодем, роҳ банд буд, мегуфтанд мошинҳои бузурге, ки таҷҳизоти неругоҳи Роғунро мебаранд, дар дохил банд мондаанд, бор ба сақф хӯрдааст, онро фаровардаву илоҷе карда берун мебароранд, бозпас ба мошинҳо бор кардаву роҳро идома медиҳанд. Он рӯзҳо роҳи оҳанро баста буданду қаторҳои моро, ки ба Роғун таҷҳизот меовард, намегузоштанд ба Тоҷикистон дарояд. Ночор борро ба Хуҷанд бурдаву сипас ба воситаи мошин ба маҳали сохтмон меоварданд. Душвориҳои зиёде дар ин самт пеш меомад,  гоҳе мардум рӯҳафтодаву ноумед низ мегаштанд, аммо Роҳбари давлати мо ҳамеша бо бовар таъкид мекарданд, ки мо ҳатман Роғунро месозем, чораи дигар надорем.

Бад ҳеч гоҳ умри дароз надорад ва пирӯз низ намешавад ва боз агар бад ба ҳамсоя раво дида шавад, пайдост, ки на Худоро хуш меояду на халқи Худоро. Кинаву кудурат аз сифатҳои бадест, ки инсонро худхоҳу тангназару кӯрдил месозад, зиндагиро табоҳ мекунад, ҳама гуна меҳру муҳаббатро аз миён мебарад. Аммо ин ҳарфҳо ба ду халқи бародару дӯсти тоҷику ӯзбек рабте надорад, дар рӯзҳои боз гардидани марзҳо дидем, ки одамон чӣ гуна ташна ба дидори якдигар шудаанд; он суруру шодӣ, оғӯшкашиву дастандозиву покӯбиҳо сохтаву бофта набуданд, аз самими дилу мағзи ҷон берун меомаданд. Идомаи он дар вохӯрии сарони ду кишвар ба нуқтаи авҷ расид ва дигар дилҳомон саршор аз эҳсоси шодиву фараҳ гардид.

Баргардам ба ҳамон душвории овардани таҷҳизот ба неругоҳи Роғун: ин ҷониб ҷараёни гуфтушуниди сарони Тоҷикистону Ӯзбекистонро бадиққат дунбол кардам ва дар он миён аз Роғун низ сухан рафт ва гуфта шуд, ки оид ба ин масъала ҳеч гуна мушкил вуҷуд надорад. Ба ростӣ, сохтмони неругоҳи Роғун барои ҳама кишварҳои Осиёи Миёна муфид аст ва ба ҳамсояи девордармиёни мо Ӯзбекистон ба маротиб бештар. Башар ба неруи барқи аз нигоҳи экологӣ «софу беғубор» дар шароити имрӯзи сайёра, ки бар асари олудашавии обу хоку ҳаво «бемор» гаштааст, беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Ва дидору гуфтушуниди самимонаи ду раҳбар овозаи бебунёди сар задани мушкили об дар Ӯзбекистон ба дунболи сохтмони сарбанди неругоҳи Роғунро низ ботил баровард ва нодурустиашро исбот кард. Ҳар шахси солимфикр медонад, ки Ӯзбекистон низ ба неруи барқи Роғун ниёз дорад ва аз он истифода хоҳад кард.

Юнус ЮСУФӢ,

Муовини раиси ИНТ

Дигар хабарҳо