Драматургони ҷавонро чӣ гуна тарбият кунем?

 Драматургони ҷавонро чӣ гуна тарбият кунем?

Драматургия аз соҳаҳои муҳимтарини адабиёт ва ҳунар аст. Солҳои охир масъалаи набудани драмаҳои хубу дархури замон ва кам­шумории драматургони ҷавон бисёр матраҳ мешавад. Барои беҳбуди вазъи ин соҳа чӣ бояд кард ва дар тарбияи драмнависони ҷавон аз чӣ шеваҳое бояд кор гирифт? Чанде аз драматургони шинохтаамон ба ин саволҳо посух доданд.

Ато Ҳамдам,
мудири бахши драматургияи ИНТ:

– Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар тӯли панҷ соли охир бахши дра­матургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба он эътибори махсус дод, ҷустуҷӯ, дарёфт ва тарбияи драматургони ҷавон ба ҳисоб мера­вад. Бахш тавонист чанд истеъдоди ҷавонро пайдо намуда, барои дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинаи «Эҷод» ширкат намудан онҳоро омода созад. Хушбахтона, дар ин муддат Фирӯза Муъминова, Таман­но Шокирова, Нилгуна Баҳромзода, Гулзода Шералӣ, Қамариддин Оди­назода, Саидбурҳони Раҷабалӣ бо асарҳои нахустини драмавии худ дар озмун ширкат намуданд ва чанд на­фарашон сазовори ҷоизаҳо гаштанд. Дар ин самт корро босубот метавон идома дод.

Дар дарёфти мавзуъ драматурго­ни мо бояд чирадаст бошанд. Онҳо ғолибони дар ташкили раванди воқеаҳо, низои инкишофёбанда, хислатҳои мукаммали инсонӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ мегарданд. Мавзуи хуб ҳамагӣ чанд дарсади ночизи муваффақиятро ташкил медиҳаду халос.

Камбуди дигари драматургони ҷавони мо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мехоҳанд тамоми паҳлуҳои зиндагиро дар як асари хеш мунъа­кис созанд.

Мо вазифадор ҳастем, ки фаъоли­яти бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро густа­риш диҳем. Дар назди мо, аз ҷумла, чунин масъалаҳо қарор доранд:

– Дар давоми се даҳсолаи охир даҳҳо нафар драма навиштаанд, ки аксарияти онҳо кормандони театрҳо ё пайвандони онҳоянд. Ин ҳолат дар таҷрибаи театри ҷаҳон ҷараёни табиист. Шекспир ва Молйер ҳам корманди театр буданд. Вале осори муаллифони худии театрҳои мо аз лиҳози талаботи касбӣ заиф бошанд ҳам, дар театр таҳия мешаванд ва муаллифи навкор ба омӯзиши ҷиддии соҳа зарурат намебинад. Аз ҷониби дигар, асарҳое, ки дар оз­мунҳои Вазорати фарҳанг сазовори ҷоизаҳо мегарданд, солҳо аз саҳнаи театр берун мемонанд, ба озмунҳои театрӣ инсенировкаҳои саросема­вор сохтаи саркоргардонҳои театр пешниҳод мешаванд;

– Бо ин сабабҳо ихтисоси драм­нависи касбӣ беэътибор гашта, ҷа­вонон ба ин соҳа кам майл доранд. Ҷавонтарин драмнависи узви ИНТ имрӯз 60-сола аст. Агар чораи муас­сире андешида нашавад, шояд их­тисоси адабии драмнависи ҳирфаӣ аз байн равад. Барои драмнависи соҳибқалам ба дигар навъи адабӣ – наср ё публитсистика гузаштан ягон душворӣ надорад, вале ҳоли театр бо драмнависҳои сусти «худӣ» чӣ мешавад? Дар ин хусус Вазорати фарҳанг ва худи театрҳо бояд чо­раҳои муассир андешанд.

– Супориши давлатӣ барои пйеса ва таҳияи намоиши театр ба роҳ мон­да, нисбат ба театрҳое, ки супориши давлатиро дар бахши барномасозӣ иҷро намекунанд, чораи ҷиддӣ анде­шида шавад;

– Барои бозомӯзии драмнависон ва шинос шуданашон бо намунаҳои беҳтарини драматургияи муосир семинарҳо доир гарданд;

– Дар муҳокимаву қабули пй­есаҳои нав намояндаи Иттифоқи нависандагон иштирок намояд;

– Ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ дар асоси драматургияи тоҷик баргузор карда шаванд;

– Ба нақшаи таълимии макта­бҳои миёна (барои синфҳои 8-9, 10) фанни санъати драма ва маҳфили театрӣ ворид карда шавад;

– Дар байни мактабиён барои инсенировкаи адабиёти классикӣ, намоишнома ва иҷрои беҳтарини нақшҳо пайваста озмунҳо ташкил карда шаванд;

– Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи давлатии телевизион ва радио, Иттифоқи синамогарон магистратура – курси олии дусолаи драмнависи театру телевизион ва сенариянависи кино таъсис дода шавад;

– Ислоҳот ва роҳу усулҳои нав дар кори Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг зарур аст. Хуб шуд, ки фаъолияти шӯроҳои драматургияи Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи на­висандагон ҳамоҳанг карда шуданд ва имрӯз якҷоя кор мекунанд.

Дар мулоқоти анъанавии Пре­зиденти кишвар бо аҳли зиё, ки 19 марти соли 2019 баргузор гардид, Пешвои миллат вазъи драматур­гия, хусусан филмноманависиро шадидан зери танқид қарор доданд ва аз мо, аҳли эҷод, қотеона талаб намуданд, ки дар мавзуъҳои таърихӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол филмҳои ҷолиби диққати таърихӣ биофарем ва барои амалӣ гаштани ин ният Ҳукумат ҳеҷ гуна маблағро дареғ намедорад.

Дар партави ин пешниҳод ва таъкиди Пешвои муаззами миллат киностудияи «Тоҷикфилм» озмуни ҷумҳуриявии филмноманависонро барои беҳтарин асарҳои таърихӣ ва ҳамчунин дар мавзуи муосир эълон намуд. Дар муддати кӯтоҳ ба унвони шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» беш аз 10 сенарияи филмномаҳои таърихӣ ворид гашт. «Тоҷикфилм» иқдоми наҷиберо пеш гирифт, ки ба муҳокимаи ин асарҳо Иттифоқи на­висандагони Тоҷикистон, шӯрои дра­матургияи онро ҷалб намуд. Шурои мо дар тули якуним моҳ ин филмно­маҳоро ҳамаҷониба омӯхта ва дар ҷаласаи худ бо ширкати адибон, олимон, донандагони таърихи ҳа­зорсолаамон мавриди муҳокима қарор дод. Асарҳои беҳтарин барои омӯзиш ва баррасии минбаъда бо маводи суратҷаласаи шурои Итти­фоқи нависандагон ба шурои бадеии «Тоҷикфилм» пешниҳод гардиданд.

Мутаассифона, аз байн се сол гу­зашта бошад ҳам, вокунише ба амал наомад. Гӯё чунин озмуне аз ҷониби «Тоҷикфилм» эълон нашуда бошад. Чунин рафтор боис мегардад, ки ҳам драмнависон ва ҳам сенариянави­сон аз кор дилсард шаванд.

Тоҳири Муҳаммадризо,
драматург:

– Барои тарбияи драматургони ҷавон зарур аст, ки дар назди театрҳои касбӣ лабораторияҳои драматургӣ таъ­сис ёбанд. Барои омӯзиши асосҳои жанри драматургия ва маҳорати драманависӣ аз ҳисоби шоирону нависан­дагон, ҳунарпешагон, рӯзноманигорони ҷавони дорои донишу ҷаҳонбинӣ, истеъдоду тахайюли бадеӣ ва ба ин намуди эҷод шавқманд курси таълимии дусоларо бояд таъсис дод. Пас аз хатми дарсҳои назарӣ онҳо ба кори амалӣ, яъне навиштани пйесаҳо мепардозанд. Барои ин­тихоб ва таҳияи асари навқаламон маъмурияти театрҳо коргардон ва ҳайати эҷодиро ҳавасманд гардонад. Ҳам­кории театр бо муаллифони ҷавон барои пайдо шудани асарҳои нав ва дар маҷмуъ драматургияи муосири тоҷик такони мусбат дода метавонад.

Ҷумъа ҚУДДУС,
драматург:

– Дар Юнони қадим роҳбари бадеии театр драматург, дар театри мусиқӣ оҳангсоз буд, вале 170 соли охир дар театри ҷаҳон ва дар кишвари мо хеле дертар коргардон ҳоким шуд, бо технологияи хос театри комилан нав сохт. Драмнавис аз ҳайати шахсии те­атр ронда шуд, дар ягон театр воҳиди кории драматург нест. Ҳоло бештар саррежиссёрон менависанд, бештар асари мансур ё ман­зумро инсенировка – саҳнавӣ мегардонанд ё дар мавзуи он намоиши камгапи серамал месозанд. Коргардонҳои драмнавис ҳам ҳастанд, ки қонунияти театрро бештар ме­донанд. Ва дар тамоми ҷаҳон элитаи театрӣ маҳз ҳамин услуби шартиро театр меҳисо­бад, сӯзу гудоз ва таҳқиқоти бадеии ҳаётро дар диалогу монологҳои драмнавис як чизи беҳуда медонад. Яъне театр моли коргардон шуд. Пас чӣ гуна драмнавис ба театр дилгарм бошад ё аз берун истода, барои театр асар нависад? Дар оянда фақат корманди хуби театр асар навишта метавонад, оне, ки дар донишкадаи ҳунар қонуниятҳои саҳнаро омӯхтааст ва қаламу забони хуб дорад.  Дар Тоҷикистон коргардонҳо Шодӣ Солеҳ ва Нурулло Абдулло дар сатҳи баланд асари саҳнавӣ менависанд. Дар дигар театрҳо низ менависанд, аммо ё аз сустии умумии театру коргардони музофот ё дилгарм нашудан, пас аз як ду санҷиш ин корро тарк мекунанд ва аз пайи такмили ихтисос намешаванд.

Дар Тоҷикистон драмнавис натанҳо корманди бевоситаи театр нест, балки ба корҳои дигар машғул мешавад, ки зиндагии оилаашро таъмин кунад ва қисми зиёди нерӯи эҷодӣ ва ҷисмониашро ба он кор мебахшад. Бинобар ин вақте ҷанобони кор­гардонҳо драматургро гунаҳгор меҳисобанд, дидаву дониста хеле беинсофона, барои худсафедкунӣ чунин мегӯянд. Чунки театр хонаи асосии коргардон, ҳунарпеша ва ҳатто кормандони техникӣ аст. Вале драмнавис аз театр берун, таваккалӣ кор мекунад, аз ду-се драмааш яке дар театр пазируфта мешавад. Баъди намоиши ба ҳунарпеша ва коргардон мукофот медиҳанд, онҳоро тарғиб мекунанд, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод менамоянд. Драматург хомӯш каме ҳаққи қалам мегирад ва барои иншои асари нав ҷон мекоҳонад. Оё ин ҳолатро ҷавонон қабул мекунанд? Шоир ё носир бо ду-се китоби аввал соҳиби ҷоизаву унвону имтиёзҳо мешавад, аммо драматург бо даҳҳо асар аз ин чизҳо бенасиб аст. Ҷа­вонҳо мехоҳанд бо ин заҳмати мушкилписанд машғул гашта, ҳам ҳаққи қалами хуб ёбанд, ҳам дар олами адабиёт ва ҷомеа мақоме пайдо кунанд.

Мушкилоти асосӣ ба ҷавонон омӯзиши театр ва жанри драма аст. Дар Англия, Фаронса, Русия ва ғайра ин кор аз мактаби миёна шуруъ мешавад. Театри мактабӣ амал мекунад ва фанни «Театр» алоҳида аз синфҳои 7-8 омӯзонда мешавад, ки бо асосҳои режиссураву актёриву дарманависӣ шинос мекунад. Инчунин дар фанни таърихи адабиёт хонандагон бо роҳбарии муалли­ми адабиёт асарҳои машҳури манзум ва мансурро ба диалогу монологҳои образҳои асосӣ ҷудо карда, худашон нақшҳоро чун хониши рӯимизӣ иҷро мекунанд ва ба олами идеяву масъалагузории адабиёт, розу ниёзи симоҳои неку бад ворид мешаванд. Ин им­кон медиҳад, ки барои дар оянда ба сифати коргардону ҳунарпешаву драмнавис кор кардан хоҳишмандон пайдо шуда, минбаъд қобилияти худро сайқал диҳанд. Баъдан дар донишкадаи олии он кишварҳо ихтисоси дра­матурги театр ва сенариянависӣ ҳаст.

Солҳои шуравӣ чанд нафар, аз ҷумла Файзулло Ансорӣ, Меҳмон Бахтӣ Институ­ти адабиёти ба номи Горкийро хатм карда, муваффақ шуданд. Вале солҳои 80-ум чанд ҷавон онро хатм карда, ҳатто як асари одии саҳнавӣ нанавиштанд. Дертар ҷавонони тоҷик шуъбаҳои ҳунарпешагиву коргардонӣ ва сенариянависиро хатм намуда, дар Русия монда, ба дигар корҳо машғул шуданд.

Ҳоло вазъият чунин аст, ки ҳама умед ба боди сабо мекунем: шояд, ки бод касеро ба ин гирдоби пурҷанҷол партояд. Вале зиндагӣ нишон медиҳад, ки бод онҳоро дуртар ба кас­бу кори камташвиши сердаромад мебарад. Азбаски чунин омӯзиши ҳирфаӣ нест, ҳатто аксари онҳое, ки дар озмуни насри «Фурӯғи субҳи доноӣ» иштирок доштанду ҳикояву қиссаи хуб ҳам менавиштанд, як талаби озмун — навиштани драмаро иҷро карда на­метавонистанд. Ва наврасоне, ки дар жанри драма низ камобеш муваффақ буданд, қасам хӯрданд, ки гирди театру адабиёт намегар­данд, ҳуқуқшинос, духтур, корманди давлат мешаванд.

Мураббии аслии драматург театр ва коргардонҳои соҳибкасби ба касбу кори худ ғамхоранд. Имрӯз чунин коргардонҳо, мисли Давлати Убайдулло, Баҳром Қурбонзода, Умед Хусравов, Суҳроб Шехов, Темур Ус­монӣ ва дигарон ҳастанд. Вале чунин касон кам мондаанд. Солҳои 80-ум дар театрҳои калон студияи драмавӣ таъсис дода шуд, вале аз бепарвоии ҷанобони коргардон самар надод: онҳо ягон барномаи таълимӣ надоштанд, аксар бо ёру ошноҳои худ маҳдуд шуда, бе омӯзондани ҳирфаӣ як навиштаи онҳоро таҳия карда, ҳисобот доданд ва сту­дия чун моли замони шуравӣ барҳам хӯрд. Дубора барқарор кардани студия имрӯз зарурат надорад.

Умед мекунем, ки роҳбарияти имрӯзаи Вазорати фарҳанг барномаи густардаеро бо амали ғайристандартӣ ва ҷасурона амалӣ месозад.

Дигар хабарҳо