Дар ҳошияи Паём

 Дар ҳошияи Паём

Бардошти мухтасар аз Паёми Пешвои миллат

Паёми имсолаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар ва кулли мардуми Тоҷикистон бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва беш аз соли дигар хуб шудани вазъи иқтисодию молиявӣ ва дар натиҷа беҳ гаштани некуаҳволии халқ бештар намуд. Зеро бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта аз суханронии Сардори давлат бармеояд, ки ҷумҳуриамон тадриҷан ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст. Ин боварии мардумро ба ҳукумату давлат ва ояндаи дурахшон қавӣ мегардонад. Амалӣ гаштани он ҳама нақшаю ниятҳои неке, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод, пеш аз ҳама ба тарбияи дурусти наврасон ва ҷавонон вобаста аст, ки ояндаи миллату давлат дар дасти онҳост. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нуктаи Паём бештар таъкид карданд.

Ҳамчунин яке аз нуктаҳои муҳими дигари Паёми имсола ин бори дигар таъкиди тайёр кардани кадрҳо, яъне мутахассисони ба талаботи имрўза ҷавобгў буд. Ин нукта аз он ҷиҳат муҳим аст, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ ва дифои кишвар аз таҳдидҳои гуногуни ҷаҳони муосир ба мутахассисон вобаста аст.

Кам кардани тафтиши фаъолияти соҳибкорон, (яъне мараторияи дусола эълон кардан), ки дар рушди саноат ва иқтисодиёти кишварамон саҳми бориз доранд, низ муҳим буд. Зеро тавре Сардори давлат ишора карданд, чунин тафтишҳои зиёд, ки ба нафъи давлат нестанд ва баръакс ба фаъолияти пурсамари соҳибкорон халал мерасонанд.

Паёми имсола аз ҳамин қабил паёмҳои муҳим, аз ҷумла, баланд бардоштани маошу нафақаҳо, то соли 2027 даст ёфтани кишварамон ба истиқлоли энергетикӣ, эълон шудани солҳои 2025-2030 – солҳои рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ ва ғайра иборат буд.

Равшан Махсумзод

* * *

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти дастоварду пешрафтҳо дар тамоми самтҳо ёддовар гардиданд, ки кишвари мо айни ҳол дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дорад ва дар татбиқи амалии стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Баъдан ба авзои сиёсии ҷаҳон, ки ба таври ғайриинтизор ҳар лаҳза тағйир меёбад, ишора карда, таъкид намуданд, ки  дар баробари ҳама гуна ҳаводиси рухдода дар минтақаҳои олам, ки ба низоми муносибати иқтисодӣ, ҳамлу нақли маҳсулот миёни давлатҳо бетаъсир намемонад, бояд тадбирҳои саривақтӣ биандешем.

Роҳбари давлат дар Паёми имсола ба таври густарда барои давраҳои оянда самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатамонро равшан баён намуда, оид ба  таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҳамчунин дидани тадбирҳои мушаххас дар самти  рушди технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталиф, тайёр намудани мутахассисони соҳаи технологияи рақамӣ ва пардохтҳои ғайринакдии хизматрасониҳои давлатӣ  таъкид гардид. Дар зимн таъсиси муассисаи олии таълимӣ ва факултаҳои дахлдорро дар таълимгоҳи олӣ дар робита ба ин ба маврид донистанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳарчанд дар марҳилаи аввали давлатдорӣ рушди иқтисодӣ ба таври тадриҷӣ муяссар мегардад, аммо ба ин нигоҳ накарда, Роҳбари ғамхори давлат барои беҳтару хубтар гардидани сатҳи иҷтимои зиндагии мардум ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешанд. Тавре дар Паёми имсола таъкид гардид, маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва нафақа аз моҳи сентябри соли оянда боз баланд бардошта мешавад.

Ба як ибора Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро метавон дастурамали зиндагии мардуми шарифамон барои имрўзу оянда донист ва мо муваззаф ҳастем, ки дар чаҳорчўби он амалкарди худро ба роҳ монда, барои ободию сарсабзию пешрафти он содиқонаю софдилона талош варзем.

Сироҷиддин Икромӣ

* * *

БУРҶИ ДОНИШ

(Мунтахабе манзум аз хитобаҳои
Пешвои мил
лат ба донишгоҳиён)

Илму дониш аз азал сармояи тоҷик буд,
Тоҷу тахту появу перояи тоҷик буд.
Ганҷу ганҷураш китобу ҳикмату андарз буд,
Пиру барнояш ҳама донову донишварз буд.
Махзани олам пур аст аз дафтару девони ӯ,
Сар шавад Қомуси илм аз номи фарзандони ӯ.
Илм дар авҷи Сурайё гашта ӯро дастрас,
Рафта ҷойе, ки наояд то кунун дар ёди кас.
Давлати тоҷик бошад давлати донишасос,
Расми давлатдорӣ аз ӯ карда олам иқтибос.
То ҷаҳон будаст, бо ҳикмат ҳукумат доштаст,
Пеши душман ҳам ба илми хеш ҳурмат доштаст.
Адлу донишро баҳам дар як садаф парвардааст,
Армуғоне з-ин ду гавҳар дар ҷаҳон овардааст.
Субҳи дониш медамад аз лавҳи Обистои ӯ,
Дардҳо дармон шавад аз ҳикмати Синои ӯ.
Аз канори модар аст оғози донишгоҳи мо,
Аз чароғи фитрати ӯ ҳаст равшан роҳи мо.
Модаре, ки Буалӣ Синову Фирдавсӣ бизод,
Бар ҷаҳон ӯ Рӯдакиву Хусраву Хайём дод.
Ҳаст Исмоили Сомонӣ ҳам аз сомони ӯ,
Руста Беруниву Форобӣ ҳам аз домони ӯ.
Ҷавҳари дониш, ки бисришта ба шири модар аст,
Тоҷиконро илму дониш дар сиришту гавҳар аст.
Мо ба ҳар асре зи дониш қасри нав афроштем,
Бо забони модарӣ базри маориф коштем.
Аҳмади Дониш, ки ёри Аҳмади Мухтор буд,
Инқилобе дар шуури мардуми бедор буд.
Чашми Айниро ба субҳи давлати нав боз кард,
Айнӣ ойинро ба илми асри нав пардоз кард.
Гашт эҳё дар ҷаҳон таърихи деринсоли мо,
Парфишон шуд бар фалак Симурғи зарринболи мо.
“Тоҷикон”- шаҳномаи аллома Бобоҷон Ғафур
Васл кард оянда бо бигзаштаи наздику дур.
Машъали дониш ба каф дидем Истиқлолро,
Чеҳраи нуронии ҷонпарвари иқболро.
Мо ба дониш дар ҷаҳон дигар ҷаҳон парвардаем,
Миллати худро дар он аз даҳр гирд овардаем.
Як ҷаҳони маънавӣ мисли ҷаҳони Мавлавӣ,
К-андар он ҳар бостонӣ бӯстонест аз навӣ.
Мо ба дониш роҳ бар рӯйи ҷаҳон бикшодаем,
Роҳҳои дӯстии ҷовидон бикшодаем.
Мо ба дониш ганҷҳо аз хок берун кардаем,
Мазраи пурбор аз саҳрову ҳомун кардаем.
Мо ба дониш кохҳои нурро афрохтем,
«Сангтӯда», «Норак»-у «Сарбанд»-у «Роғун» сохтем.
Мо ба дониш карда оби рӯдҳои худ маҳор,
Даст бурда то ба танзими зимистону баҳор…
Ганҷҳои кишвари мо ҳаст беҳадду шумар,
Лек ганҷи аслии мо ҳаст дониш бо ҳунар.
Ин ду бо ҳам асли бефасли тавоноӣ бувад,
Халқ фармояд: тавоноӣ зи доноӣ бувад.
Дар замоне ки ҷаҳон печида дар илму фан аст,
Илму фан ҳайф аст, агар дар дастбурди раҳзан аст.
Ҳайф бошад илму дониш мояи ғафлат шавад,
Сарфи кори ҷангу қатлу фитнаву ғорат шавад.
Илму дониш аз пайи тадбири кори ин ҷаҳон
Ҷо диҳад дар мағзи ҷони хеш ҳар пиру ҷавон.
Илму донишро бибояд парчами уммед кард,
Машъале дар дасти қавми пайрави Хуршед кард.
Он ки дар ҳафтод пушташ дониши ӯ хайр буд,
Марҳаме бар захму реши хештан ҳам ғайр буд.
Он ки донишро нисори аҳли олам кардааст,
Хешро масъули фарзандони Одам кардааст,
Боз бояд ин рисолатро ба он фарҳангу фар
Ҳам барои худ пазирад, ҳам пайи суди башар.
Баҳри ин мақсуд аз Хуршеди Донишгоҳи мо
Сӯйи фардои дурахшон бод равшан роҳи мо.

Рустам Ваҳҳобзода

                                             *  *  *

Ашк мечархад ба чашмон аз Паёми Пешво,
Ашки шодӣ, ашки шукру ифтихори ин Ватан.
Дил ҳамеболад зи ҳар ҳарфу каломи Пешво,
Мефизояд боварӣ бар иқтидори ин Ватан.
Дар раги эҳсос гармӣ медавад аз ин Паём,
Меҳр пайдо мешавад бар сангу хори ин Ватан.
Руҳ меболад, ғуруру фахр боло мешавад
Аз қудуми сӯйи фардо устувори ин Ватан.
Дарси сулҳу нақшаи ояндасоз аст ин Паём,
Нақшаи рушду тараққиву барори ин Ватан.
Месазад хидмат намояд ҳар каси бонангу ор
Баҳри ҳифзи шаъну шону нангу ори ин Ватан.
Гар шавад иҷро ҳама дастурҳои Пешво,
Боз мегардад фузунтар эътибори ин Ватан.

Адибаи Ҳабиб

 

Дигар хабарҳо