Дар партави Паём. Ҳуҷҷати ормонҳои миллӣ
Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, сухани самимии Роҳбари давлат ба ҳар як ҳамватан пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи рушди устувори давлатдории тоҷикон мебошад.
Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлисии Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик аст.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, дар он дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон тайи солҳои охир, хусусан дар панҷ соли гузашта баён гардиданд. Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ба тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона миннатдории самимӣ баён намуда, хотирнишон сохтанд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбуду мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.
Пешвои миллат ҳамзамон, таъкид карданд, ки мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, назири сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Зимни таҳлилу баррасии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар таъкид доштанд, ки соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф,илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, таъкид намуданд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Дар робита ба рушд бахшидани соҳаи фарҳанг Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Гуфта шуд, ки тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Ҳамзамон бо ин дар пойтахти мамлакат сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ босуръат давом дошта, дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Дар ин росто роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд. Назорати иҷрои дастури мазкур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вогузор карда шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён ҳамеша иқдомҳои наҷибро ба роҳ мемонанд, ки бешак, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, дарки худогоҳиву худшиносии ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон мусоидат хоҳанд кард. Яке аз чунин иқдомҳои наҷиб ба маърази тамошо гузоштани нигораҳои таърихии Тоҷикистон бо унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса мебошад. Намоишгоҳи мазкур 13-уми октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж ифтитоҳ ёфт. Дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Аврупо ҳудуди 300 адад ёдгории таърихии кишварамонро, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа ва ғайраҳо ёфт шудаанд, тамошо карда, бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос гардиданд. Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.
Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат аз ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳод ёдовар шуда, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад.
Раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тасмим гирифтанд, ки ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироашударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, тавсеаи фаъолияти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар ҳамаи самтҳо, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён ва ба ҳамин васила сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ саъю талоши доимӣ менамоянд.
Муҳриддин Низомӣ,
профессор