Дар марзи хатар
Суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки рӯзи 9 марти соли 2024 баргузор гардид, бешубҳа, пур аз шарҳу далел буд. Асосгузори сулҳу ваҳдат моро огоҳ намуданд, ки таассубу хурофотро пешгирӣ намуда, дар ҷомеа ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиро таҳким бахшем.
Наход намояндаи яке аз миллати соҳибтамаддуни дунё, миллате, ки «Шоҳнома» дорад, Рӯдакиву Сино, Мавлонову Саъдиву Ҳофиз хондааст, Айниву Турсунзодаву Қаноату Лоиқу Бозорро мехонад, бо забони ширини тоҷикӣ сухан мегӯяд, ба амалҳои номатлуб даст занад?
Ин дар тасаввури мо намегунҷад, ба мо маъқул нест, ба мо нанговар аст ин фикр.
Имрӯз мо як ҳуҷҷати хеле муҳим дорем ва он моро огоҳ месозад, ки башарият дар рӯ ба рӯи хавфу хатар истодааст. Он матни Суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аст, ки рӯзи зикршуда баргузор гардид. Сарвари давлати мо баҳри решакан кардани падидаҳои исрофкорӣ, ифротгароӣ ва таассуб дастурҳои саривақтӣ доданд.
Дар ин суханронӣ возеҳу сода, чун насиҳат ба фарзанд, хеле дилсӯзона, бо далелҳои қотеъ вазъи имрӯза ва душвориҳое, ки аз хурофоту бегонапарастӣ, пайвастани иддае аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз равияи аҷдодии худ берун шудан ба миён меоянд, таҳлил шудааст. Ман мутмаинам, ки касе зиндагиро дӯст медорад, дилаш ба ояндаи Ватану миллат воқеан ҳам месӯзад, онро сарсарӣ намехонад, балки пурра аз худ намуда, ба дигарон талқин месозад. Ин як суханронии одии тақвимӣ не, ин дастур аст. Дастури хеле муҳимми имрӯзаи раҳнамои зиндагӣ. Ҳолату вазъият талаб менамояд, ки матни Суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ба шакли алоҳида нашр ва ба мардум тақсим гардад, муаллимон дар ибтидои дарс чанд дақиқа дар ин мавзуъ ва аз рӯи матни Суханронӣ суҳбат гузаронанд, аҳли адаб бо мардум вохӯриҳо анҷом диҳанд.
Дар суханронии мазкур таъкид мешавад: «Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст».
Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбуҳи одамон таркондани худ даст задаанд».
Дар суханрониашон Сарвари давлат як омори бисёр нигаронкунандаро зикр намуданд: «4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд».
Албатта, ин нишондод натиҷаи ба доми хурофотпарастӣ афтодани аксар хонаводаҳои эътиқоди динидошта аст, ки мусулмониро дар пояи хурофот ёфтаанду фарзандонашонро ҳам ба ин роҳ равона кардаанд.
Барои он ки мо хурофотпараст нашавем, аз асли худ дур наравем, барои он ки мо ба фиреби гурӯҳҳои ифротгаро наафтем, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар кишвар бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва маънавӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон гузаронда, осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров чоп шуд, Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва се маротиба нашр гардид.
Тавре дар суханронии зикршуда таъкид ёфт, дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҳодисаи монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Агар бисёр волидайн ва фарзандонашон китобҳои бузургонамонро мехонданд ва ба мазҳаби ҳанафӣ, ки яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад, пайравӣ менамуданд, ба дасти Шайх Темур об намерехтанд. Зиёда аз ин, дар навбат истода, пойафзоли ӯро бӯса намезаданд, оберо, ки ӯ даст мешуст, наменӯшиданд. Шайх Темуре, ки худаш тӯмори навиштаашро, ҳарфҳои худаш навиштаро хонда наметавонист ва худро сафед мекард, «қиблагоҳам ҳамин тавр менавиштанд, ман ҳам ҳамин хел ёд гирифтам».
Дар суханронӣ қайд шудааст, ки омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани иддае аз шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Дар ин замина як чизи дигарро таъкид карданиям. Дар иқдоми мудҳиши террористии дар вилояти Маскав рухдода, бояд таҳаммулпазир бошем, саросемавор ба ягон хулоса наоем, ба ҳар гапу ҳар далел бовар накунем ва хулосаи тафтишотро интизор шавем. То ҷое огоҳем, мақомоти салоҳиятдори Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар ин масъала ҳамкориҳои наздик доранд. Онҳо ҳам талош доранд, ки ин ҳақиқати талх ошкор шавад. Ба касе «кумак»-и ғайрикасбии мо, ки пурра тахминиянд, даркор нест. Баръакс, онҳо метавонанд ба раванди тафтишот халал расонанд.
Моро, албатта, ҳадафмандона ба ин ҷалб менамоянд, ба ин ҷанги иттилоотии олами пур аз ихтилоф мекашанд. Пеш аз ҳама, имрӯз мо бояд муҳоҷирони меҳнатии кишварро, ки дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ доранд, лаҳзае аз хотир набарорем. Воқеан, ҷанги иттилоотӣ муҳорибаест хеле маккорона ва пинҳонкорона, он ба нозуктарин тори асаби инсон нохун мезанад, ба шууру эътиқоду эътимоди мо таҳдид менамояд.
Акнун аз ин ҳодисаи мудҳиш фақат сабақ метавон гирифт, сабақ гирифту дар ин ҳолати душвор ба ҳам наздиктар нишаст, даст ба даст шуд ва шукри давлати худро, давлатеро, ки пушту паноҳи мост, намуд!
Дар ин бобат Пешвои миллат таъкид менамоянд: «…мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар кардем, мо ин ватанамонро обод карда истодаем, бунёд мекунем, месозем ва ба наслҳои оянда як мулки обод мерос мемонем».
Даҳшатҳои ҷанги бародаркуш, ба хуну хокистар олуда шудани кишвар, гурезаву дар ба дар шудани мардумро бояд ба хотир овард ва такрор шудани он ҳамаро бояд пешгирӣ кард.
Мақсади асосии Суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар низ ҳамин буд. Дар вохӯрӣ зикр шуд: «Дар дунё имрӯз миллатҳое ҳастанд, ки садсолаҳо ин ҷониб барои соҳиби давлат шудан мубориза мебаранд ва дар ин роҳ миллионҳо қурбонӣ додаанд ва дода истодаанд».
Мо бояд тавре рафтор намоем, ки ба зудбовариву содагӣ ва гумроҳиву ҷаҳолат ва зиёдаравӣ роҳ надиҳем.
Нозир Ёдгорӣ,
нависанда