Дар гузаргоҳи адабу фарҳанги башарӣ

 Дар гузаргоҳи адабу фарҳанги башарӣ

30 сентябр — Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ 30-юми сентябри соли 1207 дар Балхи бостон ва ба ишораи сарчашмаҳою маъхазҳои боэътимод, дар Вах­шонзамини Тоҷикистон зода шуда, бо мероси гаронмояаш шуҳратёф­та дар Қунияи Рум (Туркия) ба шумор меравад. Дар ин бора шогирдаш Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ ва хеле баъдтар Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома»-и худ ишораҳое намудаанд.

Мавсуф аз асилзодагони тоҷик ба шумор рафта, падараш Баҳо­уддин Валад аз донишмандон ва мударрисони даврони худ буд. Вай бо нияти сафари ҳаҷ бо аҳли оила Балху Бухоро, Самарқанду Марв, Машҳаду Нишопур, Бағдоду Димишқро тай намуда, ба мақсади худ ноил мегардад ва дар бозгашт шаҳри Қунияро истиқоматгоҳи ҳа­мешагӣ қарор медиҳад. Зиндагии ором, омӯзишу андӯзиши пайвастаи Ҷалолуддини Балхӣ аз улуми замон дар назди падари мударрис ва усто­дони дигар ӯро аз ҳар ҷиҳат пурраю пухта ба камол мерасонад. Ва акнун вай аз нобиғагони адабу фарҳанги тоҷик маҳсуб ёфта, бо афкори фал­сафию иҷтимоии худ натанҳо ба адабу фарҳанг ва тамаддуни Шарқ, зиёда аз ин ба тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.

Маҳсули адабии ин суханвари тавоно ва мутафаккари барҷастаи тоҷик аз «Девони кабир» ё «Кул­лиёти Шамси Табрезӣ», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» иборат буда, ин ҳама то имрӯз ба мо расидаанду ҳар яке дар ҷою мақоми худ барои наслҳои баъдина мактаби зиндагию дарси хештанши­носӣ ба шумор мераванд. Хосатан ду асари манзуми адиб ва мута­факкир, ки аввалӣ фарогири беш аз 42000 байт ва дувумӣ иборат аз камобеш 25680 байт мебошанд, баробари навишта шудан Қунияро ба шаҳри ишқу ирфон, шаҳри шеъру таронаҳои ошиқона бадал ва байни омма мавқею манзалати хос пайдо кард, то ҷойе, ки аҳли футувват – ҷамъияти ҷавонмардони Қунияро бо майлу хоҳиши онон ба тобеияти маҳфили ҳамешагии худ, ки мин­баъд бо номи «Мавлавия» машҳур гашт, даровард. Мавсуф сарвари ҷавонмардони Қуния – Ҳуссомид­дини Чалабиро, ки ҷавонмарди саховатпешаю бовиқор ва фозилу бохирад буд, сарвари ҷараёни «Мавлавия»-ю муовини аввали худ хонда, дигар эътиқодмандонашро ба гирди ӯ ҷамъ намуд. Мавлоноши­нос Муҳаммад Дайҳим дар ин бора менависад: «Ҳуссомиддин даъватро пазируфт ва бо ҷамъи ҷавонони ин тариқа ба хидмати Мавлоно расид ва рӯй ба ҳазрати ӯ ниҳод ва хид­мати он ҳазратро ихтиёр кард». Мавсуф бо он ки як муддати муайян фазои Қунияи Румро равшану тобон нигоҳ дошту нури он имрӯз ҳам он диёрро мунаввар нигоҳ медорад, боз пайваста ёди ватанеро, ки дар он хуни нофаш рехтааст, мекард:

Пешаи аввал куҷо аз дил равад,

Меҳри аввал кай зи дил берун шавад?

Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,

Аз дили ту кай равад ҳубби ватан?!

Дар рӯзҳои баргузории 800- умин солгарди бузургдошти Мав­лоно (соли 2007) адабиётшинос ва муҳаққиқ Алиасғари Шеърдӯст гуфта буд: «Тоҷикон – ҳамдиёрони Мав­лоно, ки рӯзгоре дар солҳои кӯдакӣ қадамҳои ӯ бар ҷодаҳои Вахшу Самарқанд ва Бухорою Насаф роҳ паймуда буд, имсол дубора ба дидо­ри онон омад ва талоше муматтеъ ва судманд барои шинохти Мавлоно сурат гирифт».

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Қуния фарозу нишеби зиндагиро пушти сар гузошта, осори адаби худро барои ҳамешагӣ барои мо – баъдинагон ба мерос монда, 17- уми декабри соли 1273 оламро тарк намуд.

Бояд гуфт, ки мақом ва марта­баи Мавлоно дар Қуния ва атро­фу акноф баъди ворид шудани Шамси Табрезӣ ба ҳаёти фикрии ӯ ва навишта шудани «Маснавии маънавӣ» бо ташаббуси бевоситаи Ҳуссомидини Чалабӣ ҳусни анҷом ёфтааст. Тазкиранигорону аҳли илму адаби тоҷику форс дар бораи зиндагиномаю мероси адабӣ ва шуҳрати ӯ ишораҳои зиёде доран­ду шарҳи ҳоле навиштаанд. Инҳо «Маноқибу-л-орифин»-и Аҳмади Афлокӣ, «Валаднома»-и Султон Ва­лад, «Найнома»-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ, «Рисолаи нойия»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Лубби лубоби Маснавӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Ҳусайни Хо­размӣ ва ғайра мебошанд.

Осори зиқимати бамеросмон­даи Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» имрӯз ҳамчун шоҳкориҳои адабиёти ир­фонии ҷаҳон шинохта шуда, аз лиҳози фасоҳати гуфтору балоғати мақол ва фарогирии масоили умда ва асосии ҷамъиятию иҷтимоӣ саҳи­фаи зарнигоре дар афкори бадеию этикию эстетикии мардуми Шарқ дониста мешаванд. Бахусус, назири «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-ро мо на пеш ва на баъд аз ин шоҳасарҳо дидаем. Бузургии ин осори Мавлоно боз бештар дар он ба назар мерасад, ки дар ба­робари дар Шарқ шуҳрат ёфта­ни онҳо, баъди ба ҳукми анъана даромадани илми шарқшиносӣ ва адабиётшиносии Шарқу Ғарб дар ин бора таълифоти зиёде ба табъ расидаанд. Дар Ғарб донишмандони шаҳире ба мо­нанди Р. Николсон, Г. Эте, Е. Э. Бертелс, В. А. Жуковский, М. Т. Степанятс, А.В. Смирнов, А. Арберри, И. Ҳаммер, Морес Беррес, Анамори Шиммел, Луи Массинон, Луи Гарде, Ҳерман Питтер, Янис Эшотс, Ян Рипка ва дигарон ва дар Шарқ мо­нанди Саид Нафисӣ, Шиблии Нуъмонӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Ба­деуззамони Фурӯзонфар, Аб­дулбоқии Гулпиндорӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодир Одилов, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Алии Даштӣ ва садҳо муҳаққиқи дигар мавриди омӯзишу баррасӣ ва таҳқиқу хуло­сабарорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама маънои онро дорад, ки каме пештар ва имрӯз дар ҷомеаи мо ва, умуман, дар ҷомеаи ҷаҳони мута­маддин марҳалаи бозшинохти Мав­лоно – адиб ва мутафаккири бузурги Вахшонзамин оғоз ёфтааст. Дар тасдиқи ин матлаб, метавон ёдовар шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Бал­хӣ, ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб, яке аз серхонандатарин шоирони ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳидаи Ам­рико, дар бист соли охир ба шумор меравад. Дар ин кишвар тарҷумаи асарҳои ин фарзанди фарзона ва номбардори миллати тоҷик ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгору осори ӯ бо теъдоди зиёд пайваста нашр ва харидорӣ мешаванд. Дар дониш­гоҳҳои кишварҳои Шарқ, Аврупою Амрико доир ба Мавлоно ҷиҳати шинохти андешаю осори ин орифи бузург ҳамоишу ҷаласаҳои илмӣ доир мегарданд, беҳтарин сито­раҳои олами мусиқию овозхонони ҷаҳон ба ғазалҳои мавсуф оҳанг бастаанду ғазалҳояшро месароянд ва ғайра.

Дар алоқамандӣ ба таҳқиқи рӯз­гору осори Мавлоно метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони мо низ корҳои хурду калони назаррасе анҷом дода шудаанд, ки дар ин замина заҳ­матҳои профессор Расул Ҳодизода, асари «Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ»-и Нодир Одилов ва мунтаха­бе аз ашъори Мавлоно дар китоби «Гулшани адаб» қобили ёдоварист. Баъди соҳибистиқлоӣ корҳои мав­лоношиносӣ равнақи тоза пайдо кард, ки ин бештар ба муносибати 800-умин солгарди бузургдошти Мавлоно рост меояд. Пеш аз ҳама чоп шудани «Маснавии маънавӣ» дар соли 2001 ба ҳуруфи кириллӣ, чопи «Девони кабир»-и Мавлоно дар чаҳор ҷилд, солҳои 2007-2009 тавассути интишороти «Дониш»-и АМИТ, рисолаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва ғайра имконият доданд, ки мо — ворисони воқеии Мавлоно бо ӯ аз наздиктар шинос шавем ва дар ин замина корҳои илмии хубе ҳам на­вишта шуданд, ки заҳматашон имрӯз дар кишварамон эътироф ёфтаанд. Ман аминам, ки минбаъд мавлоно­шиносони мо дар ин ҷода корҳоеро анҷом медиҳанд, ки қабули хотири аҳли таҳқиқу пажуҳишгарони Шарқу Ғарб мегарданд ва мо ба ҷаҳониён решапайвандони Мавлоно будана­монро равшантар нишон медиҳем.

Суоле ба миён меояд, ки чаро имрӯз ҷаҳониён бештар аз пештар ба мероси адабии ирфонии Мавло­но Ҷалолуддини Балхӣ рӯй меоранд ва аз офаридаҳои бадеии ӯ чиро хосторанд?

Ба таври умумӣ метавон гуфт, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо тарзу услуби офариниши тасвир таҷассумгари тарғиботи бародарию ҳамбастагии башарият, ҳамоиши табиату инсон, бо роҳи ҳамбастагиҳои мазҳабӣ ва садоқату самимияти руҳонии банӣ-Одам мебошад, ки хулосаи равшани он дар «Девони кабир», шаш дафта­ри силсиладостонҳои орифонаву пурандарзу ахлоқии «Маснавии маънавӣ», нукоту афкори ирфонию тасаввуфӣ ва фалсафии «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ҳафт вазъи ирфонии «Маҷолиси сабъа» ва камобеш дар теъдоди 145 номаи «Мактубот» муҷаллад гардидаанд. Ба ин мета­вон афзуд, ки барои ноил гардидан ба маърифати назарияи «ягонагӣ», «сулҳи комил», ва «худшиносию худошиносӣ», ки моҳияти маъна­вии «ваҳдати вуҷуд»-ро ба бор меоранд, ҳамоно Мавлоно низ даст задаю соҳибназарона андешаронӣ намудааст.

Сабки баён ва забони равони осори Мавлоно бо шеваи хос­саи рангинхаёлию нозукгуфторӣ, дар пардаҳои мусаввари бадеият, бо афкори ҷаззоби маърифатию ахлоқӣ ва бештар фарогири ҳаёти иҷтимоъ, саршори таъбиру гуфтор, мақолу масалу қиссаҳои шифоҳӣ сурат гирифтааст, ки далели ҳунару санъати олӣ устувор мебошаду бо мафҳумҳои «ваҳдат» ва «ваҳдати вуҷуд» ва «расидан ба ҳақиқату ҳақ» имрӯз ҳамчун мактаби бузурги омӯзишӣ дар зиндагии инсонҳо дар ҷаҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар асри мо осори Мавлоно хонандаи зиёди ватанию хориҷиро ба ҷониби худ кашидааст.

Ниҳоят, бузургии осори мав­суф водошта, ки бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ол­мон, Туркия ва Ӯзбекистон бо Қаро­ри Созмони фарҳангии ЮНЕСКО «Куллиёт»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба таври расмӣ ба феҳристи хотироти ҷаҳо­нии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки ҳарчи бештар аз пештар рӯ ба мероси гаронмояи ин адибу мутафаккири барҷастаи Шарқ орем, онро ҳамаҷо­ниба омӯзем ва аз фармудаҳои ӯ ба таври бояду шояд барои худшино­сии миллӣ ва бар нафъи ҷомеа кор бигирем.

Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ

Дигар хабарҳо