Дар гузаргоҳи адабу фарҳанги башарӣ
30 сентябр — Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ 30-юми сентябри соли 1207 дар Балхи бостон ва ба ишораи сарчашмаҳою маъхазҳои боэътимод, дар Вахшонзамини Тоҷикистон зода шуда, бо мероси гаронмояаш шуҳратёфта дар Қунияи Рум (Туркия) ба шумор меравад. Дар ин бора шогирдаш Шамсуддин Аҳмади Афлокӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ ва хеле баъдтар Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома»-и худ ишораҳое намудаанд.
Мавсуф аз асилзодагони тоҷик ба шумор рафта, падараш Баҳоуддин Валад аз донишмандон ва мударрисони даврони худ буд. Вай бо нияти сафари ҳаҷ бо аҳли оила Балху Бухоро, Самарқанду Марв, Машҳаду Нишопур, Бағдоду Димишқро тай намуда, ба мақсади худ ноил мегардад ва дар бозгашт шаҳри Қунияро истиқоматгоҳи ҳамешагӣ қарор медиҳад. Зиндагии ором, омӯзишу андӯзиши пайвастаи Ҷалолуддини Балхӣ аз улуми замон дар назди падари мударрис ва устодони дигар ӯро аз ҳар ҷиҳат пурраю пухта ба камол мерасонад. Ва акнун вай аз нобиғагони адабу фарҳанги тоҷик маҳсуб ёфта, бо афкори фалсафию иҷтимоии худ натанҳо ба адабу фарҳанг ва тамаддуни Шарқ, зиёда аз ин ба тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.
Маҳсули адабии ин суханвари тавоно ва мутафаккари барҷастаи тоҷик аз «Девони кабир» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» иборат буда, ин ҳама то имрӯз ба мо расидаанду ҳар яке дар ҷою мақоми худ барои наслҳои баъдина мактаби зиндагию дарси хештаншиносӣ ба шумор мераванд. Хосатан ду асари манзуми адиб ва мутафаккир, ки аввалӣ фарогири беш аз 42000 байт ва дувумӣ иборат аз камобеш 25680 байт мебошанд, баробари навишта шудан Қунияро ба шаҳри ишқу ирфон, шаҳри шеъру таронаҳои ошиқона бадал ва байни омма мавқею манзалати хос пайдо кард, то ҷойе, ки аҳли футувват – ҷамъияти ҷавонмардони Қунияро бо майлу хоҳиши онон ба тобеияти маҳфили ҳамешагии худ, ки минбаъд бо номи «Мавлавия» машҳур гашт, даровард. Мавсуф сарвари ҷавонмардони Қуния – Ҳуссомиддини Чалабиро, ки ҷавонмарди саховатпешаю бовиқор ва фозилу бохирад буд, сарвари ҷараёни «Мавлавия»-ю муовини аввали худ хонда, дигар эътиқодмандонашро ба гирди ӯ ҷамъ намуд. Мавлоношинос Муҳаммад Дайҳим дар ин бора менависад: «Ҳуссомиддин даъватро пазируфт ва бо ҷамъи ҷавонони ин тариқа ба хидмати Мавлоно расид ва рӯй ба ҳазрати ӯ ниҳод ва хидмати он ҳазратро ихтиёр кард». Мавсуф бо он ки як муддати муайян фазои Қунияи Румро равшану тобон нигоҳ дошту нури он имрӯз ҳам он диёрро мунаввар нигоҳ медорад, боз пайваста ёди ватанеро, ки дар он хуни нофаш рехтааст, мекард:
Пешаи аввал куҷо аз дил равад,
Меҳри аввал кай зи дил берун шавад?
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳубби ватан?!
Дар рӯзҳои баргузории 800- умин солгарди бузургдошти Мавлоно (соли 2007) адабиётшинос ва муҳаққиқ Алиасғари Шеърдӯст гуфта буд: «Тоҷикон – ҳамдиёрони Мавлоно, ки рӯзгоре дар солҳои кӯдакӣ қадамҳои ӯ бар ҷодаҳои Вахшу Самарқанд ва Бухорою Насаф роҳ паймуда буд, имсол дубора ба дидори онон омад ва талоше муматтеъ ва судманд барои шинохти Мавлоно сурат гирифт».
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Қуния фарозу нишеби зиндагиро пушти сар гузошта, осори адаби худро барои ҳамешагӣ барои мо – баъдинагон ба мерос монда, 17- уми декабри соли 1273 оламро тарк намуд.
Бояд гуфт, ки мақом ва мартабаи Мавлоно дар Қуния ва атрофу акноф баъди ворид шудани Шамси Табрезӣ ба ҳаёти фикрии ӯ ва навишта шудани «Маснавии маънавӣ» бо ташаббуси бевоситаи Ҳуссомидини Чалабӣ ҳусни анҷом ёфтааст. Тазкиранигорону аҳли илму адаби тоҷику форс дар бораи зиндагиномаю мероси адабӣ ва шуҳрати ӯ ишораҳои зиёде доранду шарҳи ҳоле навиштаанд. Инҳо «Маноқибу-л-орифин»-и Аҳмади Афлокӣ, «Валаднома»-и Султон Валад, «Найнома»-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ, «Рисолаи нойия»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Лубби лубоби Маснавӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Ҳусайни Хоразмӣ ва ғайра мебошанд.
Осори зиқимати бамеросмондаи Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» имрӯз ҳамчун шоҳкориҳои адабиёти ирфонии ҷаҳон шинохта шуда, аз лиҳози фасоҳати гуфтору балоғати мақол ва фарогирии масоили умда ва асосии ҷамъиятию иҷтимоӣ саҳифаи зарнигоре дар афкори бадеию этикию эстетикии мардуми Шарқ дониста мешаванд. Бахусус, назири «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-ро мо на пеш ва на баъд аз ин шоҳасарҳо дидаем. Бузургии ин осори Мавлоно боз бештар дар он ба назар мерасад, ки дар баробари дар Шарқ шуҳрат ёфтани онҳо, баъди ба ҳукми анъана даромадани илми шарқшиносӣ ва адабиётшиносии Шарқу Ғарб дар ин бора таълифоти зиёде ба табъ расидаанд. Дар Ғарб донишмандони шаҳире ба монанди Р. Николсон, Г. Эте, Е. Э. Бертелс, В. А. Жуковский, М. Т. Степанятс, А.В. Смирнов, А. Арберри, И. Ҳаммер, Морес Беррес, Анамори Шиммел, Луи Массинон, Луи Гарде, Ҳерман Питтер, Янис Эшотс, Ян Рипка ва дигарон ва дар Шарқ монанди Саид Нафисӣ, Шиблии Нуъмонӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Бадеуззамони Фурӯзонфар, Абдулбоқии Гулпиндорӣ, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодир Одилов, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Алии Даштӣ ва садҳо муҳаққиқи дигар мавриди омӯзишу баррасӣ ва таҳқиқу хулосабарорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама маънои онро дорад, ки каме пештар ва имрӯз дар ҷомеаи мо ва, умуман, дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин марҳалаи бозшинохти Мавлоно – адиб ва мутафаккири бузурги Вахшонзамин оғоз ёфтааст. Дар тасдиқи ин матлаб, метавон ёдовар шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб, яке аз серхонандатарин шоирони ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар бист соли охир ба шумор меравад. Дар ин кишвар тарҷумаи асарҳои ин фарзанди фарзона ва номбардори миллати тоҷик ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгору осори ӯ бо теъдоди зиёд пайваста нашр ва харидорӣ мешаванд. Дар донишгоҳҳои кишварҳои Шарқ, Аврупою Амрико доир ба Мавлоно ҷиҳати шинохти андешаю осори ин орифи бузург ҳамоишу ҷаласаҳои илмӣ доир мегарданд, беҳтарин ситораҳои олами мусиқию овозхонони ҷаҳон ба ғазалҳои мавсуф оҳанг бастаанду ғазалҳояшро месароянд ва ғайра.
Дар алоқамандӣ ба таҳқиқи рӯзгору осори Мавлоно метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони мо низ корҳои хурду калони назаррасе анҷом дода шудаанд, ки дар ин замина заҳматҳои профессор Расул Ҳодизода, асари «Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ»-и Нодир Одилов ва мунтахабе аз ашъори Мавлоно дар китоби «Гулшани адаб» қобили ёдоварист. Баъди соҳибистиқлоӣ корҳои мавлоношиносӣ равнақи тоза пайдо кард, ки ин бештар ба муносибати 800-умин солгарди бузургдошти Мавлоно рост меояд. Пеш аз ҳама чоп шудани «Маснавии маънавӣ» дар соли 2001 ба ҳуруфи кириллӣ, чопи «Девони кабир»-и Мавлоно дар чаҳор ҷилд, солҳои 2007-2009 тавассути интишороти «Дониш»-и АМИТ, рисолаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва ғайра имконият доданд, ки мо — ворисони воқеии Мавлоно бо ӯ аз наздиктар шинос шавем ва дар ин замина корҳои илмии хубе ҳам навишта шуданд, ки заҳматашон имрӯз дар кишварамон эътироф ёфтаанд. Ман аминам, ки минбаъд мавлоношиносони мо дар ин ҷода корҳоеро анҷом медиҳанд, ки қабули хотири аҳли таҳқиқу пажуҳишгарони Шарқу Ғарб мегарданд ва мо ба ҷаҳониён решапайвандони Мавлоно буданамонро равшантар нишон медиҳем.
Суоле ба миён меояд, ки чаро имрӯз ҷаҳониён бештар аз пештар ба мероси адабии ирфонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯй меоранд ва аз офаридаҳои бадеии ӯ чиро хосторанд?
Ба таври умумӣ метавон гуфт, ки таълимоти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо тарзу услуби офариниши тасвир таҷассумгари тарғиботи бародарию ҳамбастагии башарият, ҳамоиши табиату инсон, бо роҳи ҳамбастагиҳои мазҳабӣ ва садоқату самимияти руҳонии банӣ-Одам мебошад, ки хулосаи равшани он дар «Девони кабир», шаш дафтари силсиладостонҳои орифонаву пурандарзу ахлоқии «Маснавии маънавӣ», нукоту афкори ирфонию тасаввуфӣ ва фалсафии «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ҳафт вазъи ирфонии «Маҷолиси сабъа» ва камобеш дар теъдоди 145 номаи «Мактубот» муҷаллад гардидаанд. Ба ин метавон афзуд, ки барои ноил гардидан ба маърифати назарияи «ягонагӣ», «сулҳи комил», ва «худшиносию худошиносӣ», ки моҳияти маънавии «ваҳдати вуҷуд»-ро ба бор меоранд, ҳамоно Мавлоно низ даст задаю соҳибназарона андешаронӣ намудааст.
Сабки баён ва забони равони осори Мавлоно бо шеваи хоссаи рангинхаёлию нозукгуфторӣ, дар пардаҳои мусаввари бадеият, бо афкори ҷаззоби маърифатию ахлоқӣ ва бештар фарогири ҳаёти иҷтимоъ, саршори таъбиру гуфтор, мақолу масалу қиссаҳои шифоҳӣ сурат гирифтааст, ки далели ҳунару санъати олӣ устувор мебошаду бо мафҳумҳои «ваҳдат» ва «ваҳдати вуҷуд» ва «расидан ба ҳақиқату ҳақ» имрӯз ҳамчун мактаби бузурги омӯзишӣ дар зиндагии инсонҳо дар ҷаҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар асри мо осори Мавлоно хонандаи зиёди ватанию хориҷиро ба ҷониби худ кашидааст.
Ниҳоят, бузургии осори мавсуф водошта, ки бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Олмон, Туркия ва Ӯзбекистон бо Қарори Созмони фарҳангии ЮНЕСКО «Куллиёт»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба таври расмӣ ба феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки ҳарчи бештар аз пештар рӯ ба мероси гаронмояи ин адибу мутафаккири барҷастаи Шарқ орем, онро ҳамаҷониба омӯзем ва аз фармудаҳои ӯ ба таври бояду шояд барои худшиносии миллӣ ва бар нафъи ҷомеа кор бигирем.
Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ