ДАР ГИРДИ ЧАРОҒИ ЁДИ АЙНӢ
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо унвони «Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс роҳбарону намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва донишмандону муҳаққиқон аз дохилу хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз Боғи фарҳангию фароғатии устод С. Айнӣ дидан карда, ба корҳои таъмиру бозсозии боғи зебоманзар баҳои баланд доданд.
Дар оғози нишаст ректори донишгоҳ академик Муҳаммадюсуф Имомзода ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта, баргузории ин конфронси байналмилалиро саҳифаи тозае дар ҷодаи айнишиносӣ ном бурд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом қосим як воқеаи фараҳбахши зиндагии Садриддин Айниро ёдовар шуда, андешаҳои худро доир ба «Намунаи адабиёти тоҷик» бо мисолҳо аз он китоби гаронқадр баён кард. Низом қосим таъкид кард, ки Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» аз 80 маъхаз истифода карда, барои зинда нигоҳ доштани ному нишони тоҷикон хидмати беназир кардааст. Ёдовар шуд, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аллакай як чорабинии бошукўҳ бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ баргузор гашт ва боз баргузор кардани як чорабинии бузурги дигар дар назар аст. Ў афзуд, ки устод Айнӣ худ воқеан яке аз муқаддасоти Тоҷикистон аст.
Директори Пажўҳишгоҳи рушди маориф Хуршед Зиёев номаи табрикотии Вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саидро ба иштирокдорони ҳамоиш расонд.
Донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоири ҷавон Сулаймон Аҳтам шеъри машҳури ба Садриддин Айнӣ бахшидаи Бозор Собирро, ки симои ҷовидонаи устод дар он таҷассум ёфтааст, қироат кард.
Сипас доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи федералии Қазон Хатиб Юсупович Миннегулов суханронӣ карда, зикр намуд, ки Шумо, тоҷикон, тавонистед, Истиқлоли худро дар баробари ба даст овардан ҳифз кунед. Шумо, ки ба таъриху адабиёти куҳани худ арҷгузорӣ мекунед, ояндаи дурахшон доред. Номбурда дар фарҷоми суханронияш «Ганҷинаи Ҷумҳурии Тотористон» ном китоби худро чун дастовез ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим кард. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом қосим ба профессори Донишгоҳи федералии Қазон Хатиб Миннегулов муроҷиат карда гуфт, ки мо бо адабиёти мардуми Тотористон хуб ошноӣ дорем. То имрўз шеърҳои даҳҳо шоирони ин диёр ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва ин иқдоми нек идома хоҳад ёфт.
Доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин қамарзода дар мавзўи «Айнишиносӣ дар Самарқанд» маърўза карда, иброз дошт, ки пажўҳишгарони самарқандӣ ба пажўҳиши асарҳои Айнӣ зиёд даст задаанд. Ба гуфтаи ў мардуми ин диёри бостонии тоҷикон Садриддин Айниро фарзанди Самарқанд меноманд, зеро то ба Душанбе омадан ин шахсияти ба ду кишвар азиз дар Самарқанд зистааст ва асарҳои зиёди арзишманди худро дар ин шаҳри бостонӣ эҷод кардааст. Осорхона ва боғи Айнӣ дар шаҳри Самарқанд бо дастгирии Президенти ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев таъмиру тармими тоза ёфта, ҳамарўза барои айнидўстон дари боз доранд. Мувофиқи маълумоти ў муддати чанд соли охир маҷмўаи шеърҳои қариб чорсад шоири тоҷикзабони Самарқанд ба нашр расидааст.
Муҳаққиқ аз давлати Голландия Габриэлла ван ден Берг, ки забони тоҷикиро хуб омўхтаву ба таҳқиқи осори Айнӣ пардохтааст, сухани худро бо шеъри машҳури устод Рўдакӣ — «ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон»… оғоз бахшида, оид ба саҳми Айнӣ дар таҳкими робитаҳои адабӣ, мавқеи асарҳои Айнӣ дар ҷомеа ва ҷойгоҳи андешаи ў дар адабиёт маърўза кард. Габриэлла тавре, ки ёдовар шуд, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, бори охир 25- сол пеш ба кишвари мо омадааст.
Доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Маҳмадаминов дар мавзўи «Рўзгор ва осори устод Айнӣ дар солҳои таъқибот» (дар асоси мактубҳои номатбўъ) маърўзаи ҷолиб кард. Номбурда зикр кард, ки дар солҳои таъқибот Айнӣ дар рўҳияи ба марги нобаҳангом дучор омадан гирифтор шуда буд, аммо ҳеҷ аз роҳи расидан ба мақсадҳои худ пас нагашт. Яке аз хислатҳои барҷастаи Айнӣ тобоварӣ ба ҳама мушкилот буд. Профессор Маҳмадаминов аз мактубҳои Айнӣ, ки ба дўстон ва ҳамқаламони худ дар он шабу рўзҳои барояш вазнин навишта буд, намунаҳо оварда, таъкид кард, ки ҳеҷ мушкилот наметавонад марди ватандўсту миллатпарварро хаставу ноумед гардонад.
Ровии хушсадои радио ва телевизион Азизхўҷа Абдурашид дар бораи назму насри Айнӣ, ки тариқи Радиои Тоҷикистон ба шунавандаҳо расонида мешавад, андешаҳои ҷолиби худро пешкаши аҳли нишаст кард. Ў хотиррасон кард, ки дар хазинаи тиллоии радио сабти асарҳои Садриддин Айнӣ зиёданд ва пайваста ба мардум шунавонида мешаванд.
Конфронси байналмилалӣ дар се бахш: «адабиётшиносӣ ва робиташиносӣ», «публитсистика, матншиносӣ ва тарҷумаи бадеӣ» ва «забоншиносӣ» ҷараён гирифт. Тибқи барнома аз ҷониби донишмандону муҳаққиқон беш аз 60 маърўза барои таҳлилу баррасӣ пешниҳод гардидааст.
Аз ҷониби масъулин ба меҳмонони дохилию хориҷӣ китоб ва маҷаллае, ки дар онҳо маводи ҳамоиши мазкур нашр гардидаанд, бо шумораи вижаи нашрияи донишгоҳӣ — «Ба қуллаҳои дониш», ки ба муносибати 140-солагии Айнӣ аз чоп баромадааст, тақдим карда шуд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»