Даргоҳи муқаддас
Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чун ташкилоти эҷодии ҷамъиятӣ замони басо ҳассосу пурихтилоф – муборизаҳои шадиди оштинопазири ошкору ниҳони мафкуравӣ, алайҳи сохти феодалӣ бо зӯри туфангу шамшер реша давондан, густариш ёфтани сохти нави болшевикӣ-сотсиалистӣ ва дар ин гирудор аз ҷониби душманон инкори миллату забону адабиёт ва фарҳанги бостонии тоҷик, каҷравӣ, каҷфаҳмӣ, дудилагии аҳли қалам дар тасвири реалистонаи талош ва кору пайкори фидоиёни инқилоби сурх, пайравони онҳо барои мустаҳкаму устувор ниҳодани хиштҳои нахустини пойдевори ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон чун машъали Шарқ, аз бехаш несту нобуд кардани унсурҳои зиддиинқилобӣ – босмачиён, ҳифзи фарҳанги бостон падидаи бузурги фараҳбахш буд. Ворису меросбари адабиёти ҳазорсола расман бунёд ёфт. Вале Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон ва пойтахти он – Душанбе дар натиҷаи муборизаву ҷоннисориҳои чандинсолаи фарзандони асилу вафодор бо вуҷуди дасиса, сиёҳкорӣ, буҳтону бадномкунӣ, тамғагузорӣ, таъқибу таъқибот, куштор, бадарғаву ҷабри кундаву зиндонҳо ва бо аламу ҳасрат ҷон бохтан дар Бухорои шарқӣ ҷудо аз шаҳрҳои қадима дар байни куҳсорон бо номи Душанбе таъсис ёфт. Ба қавле, болои сангу кулӯх, мавзеи пурхору хас оғози сохти нави давлатдорӣ, сиёсат, роҳу равиши зиндагӣ бо мафкураи нав пеш омад. Ин падида барои миллати соҳибтамаддуне, ки асрҳо зери фишори аҷнабиён дар орзуи озодӣ мезист, бахту фарзандони бедордилу худшинос ва донишманду боистеъдодаш осори гаронбаҳо меофариданд, зафар маҳсуб мешуд. Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон соҳиби Иттифоқи нависандагон шуд.
Хушбахтона, гаҳвораҷунбонии ин ниҳоди нави эҷодӣ – Иттифоқи нависандагонро ду абармарди олами адаб, ки аз дами шамшеру байни оташу дуд ва шиканҷаи кундаву зиндон гузашта буданд, устодон Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ ба дӯш гирифтанд. Суханварони замон аз шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд ва қаламраву маҳалҳои тоҷикнишини бо сабаби табартақсими марзӣ берун аз ҷумҳурӣ монда буданд, ба Душанбе кӯч баста, дар гирди ин шоҳсутунҳои адабиёт мутаҳид шуданд: Мунзим, Пайрав Сулаймонӣ, Аҷзӣ, Ҳамдӣ, М. Раҳимӣ, З. Ҷавҳарӣ, С. Рабиӣ, Алӣ Хуш…
Таъсиси иттифоқро адибони пролетарӣ бо шодмонӣ пазируфтанд ва барои васфи музаффарияту дастовардҳои инқилобӣ, пешвоёну роҳбарони он камар бастанд. Супоришу ҳидоят ҳамин буд. Лекин бунёди ин ниҳоди адабӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки хатту намунаҳои зиёди қадима надоштанд, барои адибони пиру ҷавони мо ихтилофи ботинӣ ва мушкилиҳое пеш овард. Акнун ночор мебоист аз чорчӯбаҳои ҳазорсолаи адабӣ, ифшои ҳунар ва воситаи хаёлу суханпардозӣ ва тасвиру муболиғаҳо, ки болу пари илҳом ҳисоб мешуд, даст кашид, дар акси ҳол куҳнапараст, маддоҳ, хушомадгӯ шуморида мешавӣ. Акнун бо тавсифу хаёлбофиҳои фалакӣ не, бо забони сода, хушку камранг, андешаҳои заминиву замонавӣ ва авомфаҳм асарҳои реалистӣ иншо намуда, дар маҳви бесаводӣ ҳисса бояд гузошт. Аммо аз тафаккур, анъана, хазинаи бузурги луғату забон, сабку услуб, ки асрҳо дар зеҳн, дилу хун маскан дошту ба офаридани шоҳасарҳо мусоидат мекард, якбора рӯ тофтан шабеҳи аз реша баркандани худ пурдарду кароҳатовар ва ҳатто хиёнат менамуд. Вале замона дигар шуду меъёр талабу баҳодиҳӣ ба эҷоду асарҳои навофарида дигар. Ба сабку услуб, дар равия ва чорчӯбаҳои пешин (жанрҳо), бо калима, ибора, воситаҳои тасвири бадеии пуриғроқ шеъру насрнависӣ хатар пайдо кард: «унвон» медоданд: куҳнапараст! Ва моҳу солҳо зери тозиёнаи танқиди шербачаҳои ҳушёру зирак монда, ба фишору нобоварии рӯйрост низ рӯ ба рӯ мешуд. Аз бими ин бало бисёр истеъдодҳои мактабдида чун Ҷавҳарӣ, Малеҳо, Сипандии Самарқандӣ, М. Аминзода, М. Раҳимӣ, Н. Шанбезода, Т. Пӯлодӣ, С. Ҷавҳаризода… хомӯширо пеша карданд ё бо эҳтиёту камҷуръатӣ кам асар офариданд. Аммо ба майдони адабиёт ҷалб шудани ба истилоҳ шоирони халқ, ки завқ доштанду савод не, авҷ гирифт. Бобоюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо, Сайидалӣ Вализода, Давлатшоҳи Помирӣ… Инҳо, ба ҳар дастур бузургии пешво В. И. Ленин, бартариҳои замони нав ё падидаву рӯйдодҳои макони зисти хешро дар равияҳои шифоҳӣ ё фолклорӣ сароиданду ба рангин шудани адабиёти нав саҳме гузоштанд. Дар пора-пора гуфтаҳои эшон корбасти лаҳҷаву гӯишҳои зебои мардумӣ ҷило доданд.
Дар ин марҳала, ки алифбову хатҳо дигар шуд, ба саводомӯзии мардум мушкилиҳо пеш оварду сатҳи намунаҳои осори адабиёти муосир дар интихоби мавзуъ, навиштору гуфтор паст фуромад, авомона ҳам шуд. Тақозои замон. Лекин ба майдони адабиёт ворид шудани мавҷи нави адибони ҷавон, ки онҳоро насли комсомол меномиданд, фазои адабии тоҷикро пурҷӯшу хурӯштар кард, ба фаъолияти Иттифоқи нависандагон зӯру тавони тоза бахшид. Инҳо ҷавонадибон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Лутфулло Бузургзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҷалил, Ғанӣ Абдулло… буданд, ки аз шаҳрҳои бузурги таърихии мо ва саросари Тоҷикистон пай дар пай ба Иттифоқи нависандагон ҷалб шуданд. Номбурдагон ва ҳамсолони соҳибқалами эшон бо фармуди ҳизбу ҳукумати ҳукмрон ва ҳидоятҳои устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дар нахустин офаридаҳояшон руҳи замон, муборизаи мардумро бар зидди унсурҳои бегона ҷасурона тасвир карда, хиштҳои нахустини адабиёти нав ё сотсиалистии тоҷикро гузоштанд. Ва дар айёми пурихтилофи назарҳо риштаҳои нави адабӣ: танқиду адабиётшиносӣ, очерку публитсистика ва тарҷума зуҳур кард. Олимоне чун А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, Н. Маъсумӣ бо нахустин мақола ва андешаҳои таҳқиқотияшон ба муҳити адабӣ ҷон бахшиданд. Оре, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба даргоҳи муқаддаси адабӣ, гирд овардани неруҳои нави эҷодӣ ва барои дар сабку жанрҳои замонавӣ асарҳои аз ҳар ҷиҳат арзишманд эҷод кардани адибон табдил ёфта, дар баланд бардоштани сатҳи маърифату ахлоқи мардум андак-андак саҳми арзанда гузошт. Чунки ҳадафи адибон акнун офаридани образи инсони заҳматкашу созанда, ишқу армон ва талошҳои онҳо барои ояндаи дурахшон бо забони содаву фаҳмои тоҷикӣ буд. Дар ҳамин Иттифоқи нависандагон муҳокимаи асарҳои нави адибон ба роҳ монда шуд. Ва ба шарофати устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ намунаҳои нахустини роману қисса, ҳикояву очерк, достону манзума, асарҳои саҳнавӣ, фелетон иншову нашр шуданд. Пасон дар марҳалаҳои баъдинаи ҳаёт сафи узви Иттифоқи нависандагон аз ҳисоби ҷавонони соҳибқалам, ки аз ҷанги Олмон баргашта буданд, афзуду афзуд… Ҳақиқат ин аст, ки даврони шукуфоии адабиёти муосирамон ва баланд шудани сатҳи маърифату ҷасорати адабӣ ба сӣ соли фаъолияти раисии устод Мирзо Турсунзода ба ин ниҳоди эҷодӣ рост омадааст: дурахши шахсиятҳои тавонои адабӣ ва маҳбубияти осори онҳо. Беҳтарин истеъдодҳо кашф ва ба муҳити адабӣ ҷалб шуданд ва онҳо дар жанрҳои гуногун намунаҳои арзишманди осори бадеиро офариданд, ки саршори армон, ғурур, ҷасорат ва ифтихори миллианду бо тасвиру ҳиссиётҳои тару тоза ҳамсанги осори дилангези адибони номвари шуравӣ буданд. Дар ин замон танқиди адабӣ дар шахси С. Табаров, М. Шукуров, Р. Амонов, очерку публитсистика ривоҷу равнақ ёфт. Ин анъана дар замони роҳбарии устод Муъмин Қаноат ба Иттифоқи нависандагон риоя шуд.
Зимнан боиси сарфарозист, ки адибони тоҷик мисли бузургони гузаштаи илму адабамон чун ҷигарбандони вафодор ҳамеша озодихоҳу ташнаи озодӣ буданд ва истиқлоли милливу давлатиро бо шодиву сарфарозӣ пазируфтанд. Ва сиёсати таҳкими сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкории пурвусъати ҳукумат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, дар фосилаи беш аз сӣ сол дар асарҳои хурду бузургашон тараннум ва тарғиб карданд. Ин қарзи фарзандӣ ва касбии адиб аст. Ва боз дар ин муддат аҳли адаб чун сарбозони ҷонфидо бар ҳимояи шаъну шараф, расму оинҳои ҳазоронсолаи миллат ва эҳёи ҷашну маросимҳои бостонӣ, баланд бардоштани руҳи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихиву адабӣ, шахсиятҳои фарзона, пойдории фарҳангу ахлоқ асарҳои пурмуҳтавою судманд офариданд.
Иттифоқи нависандагонамон навадсола шуд. Банда ва адибони ҳамсолам қариб ним аср боз узви он мебошем. Аз ин бахт ман ифтихор дорам, зеро дар ин даргоҳи муқаддас бо адибони бузург шиносу ҳамкор ва ҳамнишин шудам, аз файзи суҳбату маслиҳатҳояшон ба қадри тавон дарси маърифату маҳорат гирифтам. Ба ростӣ, маҳз дар ҳамин даргоҳ боли парвози эҷодиям қавӣ шуду асарҳои хурду бузурги зиёд офаридам.
Ба андешаи ман, Иттифоқи нависандагон чун муҳити солими адабӣ барои давлату миллатамон, ки вориси адабиёти шукӯҳманди бостонӣ, шоҳкорҳои оламшумул аст, имрӯз ва оянда низ чун посдор ва нигаҳбони сарвати маънавӣ, идомабахши кашфи истеъдодҳо басо зарур аст. Воқеан дар муддати фаъолияти Иттифоқи нависандагон бо шарофати устодони гавҳаршинос нодиртарин навқаламон ё раҳнавардони олами сухану маънӣ дар ин кохи муқаддас кашф шуданду дарси маҳорату вафодорӣ омӯхтанд ва шахсияту осори пандомӯзашон бо гузашти солҳо дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Адибон ғамшарик, сарояндагони тавонои кору пайкори миллатанд. Онҳо барои бақои расму оин, марзу буми диёр, тарғиби сиёсати миллии давлатӣ дар ин замони мураккаби ҷаҳонигарона пайваста мубориза мебаранд.
Ба пиндори ман, Иттифоқи нависандагон, муҳити созгори адабӣ барои давлату миллатамон, ки вориси адабиёти ҷаҳоншумул мебошанд, мисли маҳфилҳои адабиву фарҳангии давраи Сомониёни некном басо арзишманд мебошад. Он ба чаману бӯстони сабзу пургул шабоҳат дорад. Аммо чаману гулистонро ҳамеша ҳашарот таҳдид мекунад… Ҳашароти муҳити дилкушои адабӣ беҳунарону савдогарони сухананд, боз онҳоеанд, ки ба ном адибанд, лекин рафтор, кирдор ва гуфтори адибона надоранд. Ин тоифаи худхоҳ ва худнамо муҳити адабиро бадном мекунанд. Хуб мешуд, ки онҳое, ки барои асар навиштан ба даст килк мегиранд, биандешанд: ба ахлоқу кирдори зишт ва манфиатхоҳияшон ҳуқуқи маънавии ба мардум панд гуфтан доранд ё не? Зимнан ҳар як шахсияти тавонои адабӣ бо осори пандомӯзи гаронбаҳояш мактабе аст, ки завқу маънавияти хонанда ва адиби ҷавони имрӯзу фардоро ғанӣ мекунад.
Орзу дорам, ки ин чамани меросӣ ҳаргиз ҳашаротзада нашавад, он бе газанд ба наслҳои оянда чун гулистони дилрабо ва сарчашмаи ҷовидони тарбияи меҳру вафо, худшиносии миллӣ, бедорӣ ва меҳанпарастӣ бирасад.
Абдуламид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон