ДАВЛАТ КАРИМ
КАРИМ ДАВЛАТ 17 октябри соли 1951 дар деҳаи Навободи ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1972 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, баъди адои хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаҳои «Роҳи Ленинӣ», «Мубориз» ва «Садои мардум» кор кардааст.
Чанде ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» буда, ҳоло дар идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолият дорад..
Муаллифи китобҳои «Шоми деҳа» (1991), «Дандони ақл» (1993), «Як лаҳза нахандед!» (Кӯлоб 1998), «Ҷонфидо» (дар ҳаммуаллифии С.Мирзошоев; 1999) мебошад.
Чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Чанд қиссаву ҳикояи А.Платонов, В.Распутин ва М.Варфоломеевро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.