Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд

Наврӯз ба масобаи яке аз меросҳои гаронбаҳои фарҳанги башарӣ, аз чандин ҳазор сол бад-ин сӯ дар сарзаминҳои васеъе аз Ховари Миёна, фалоти Эрон то Осиёи Марказӣ ва бархе аз кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Созмони милали муттаҳид дар соли 2010 бо тасвиби қатъномае рӯзи 21-уми март баробар бо аввали фарвардин (ҳамал)-ро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба ҳайси муносибати байналмилалӣ ба расмият шинохт.
Аммо дар ойини наврӯзӣ чи арзише наҳуфтааст, ки сазовори инчунин ҷойгоҳи арҷманде дар таърихи тамаддуни башарӣ гардидааст? Аз диди таърихи тамаддуни башарӣ, ойини наврӯзӣ маҳсули яке аз гомҳои зафарманди инсон дар роҳи тамаддун, яъне фарогирии ҳунари кишоварзист, ки сипас бо гомҳои устувортар дар ин роҳ ҳунари хатнависиро ба дунбол дошт ва саранҷом, инсон бо санҷидатарин гоми дигар, яъне ба роҳандозии инқилоби илмӣ ва санъатӣ, кори шолударезии кохи тамаддуни башариро ба камол мерасонад.
Ойини наврӯзӣ қисман ба рӯҳи фарҳанги ҷомеа мубаддал гардида, ангезаи тафаккури нав ва ба ҳаракат овардани қаламҳо гардида, ки бозтоби онро, бавежа дар шеъри мо метавон дид, ки чи гуна ҷилваи баҳор мояи равнақи бозори фикр ва андешаи шоирон гардида, ки бо илҳом аз он ба навофаринӣ мепардозанд.
Пайванди шоир ва баҳор, бавежа миёни шоирони порсигӯй, падидаи дархури иноят ва мояи шигифтии бисёр аст. Шояд битавон гуфт, ки ҳеч шоири шинохташудае дар забони форсӣ суроғ надорем, ки ба дафтари рангини табиат назар надошта ва ё васфи баҳорро василаи маонии дигар қарор надода бошад.
Бо он ки Наврӯз чунин ҷойгоҳи пурфурӯғро дар мероси фарҳангии мо дорост ва низ ба ҳайси бахше аз ганҷинаи маънавии башарӣ дар созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони милал (ЮНЕСКО) ба унвони фарҳанги сулҳ сабт гардида, аммо на ҳама ҷо ва на ҳама вақт аз Наврӯз яксон истиқбол гардидааст ва монанди дигар падидаҳои нав дар ҳаёти башар, Наврӯз низ дар тӯли таърих аз газанди рӯзгор дар амон набуда, гоҳе ҳатто онро таҳрим намудаанд, ки дар рӯзгори мо таҳрими музоафи онро дар Афғонистон шоҳид ҳастем.
Шоирон ҳамтаборони наврӯзанд, ки бештар аз дигарон дар таҳриму табъиди Наврӯз аз Афғонистон нигаронанд ва ба дастгирии Наврӯз дар Афғонистон мешитобанд. Нуктаи бисёр дархури таваҷҷуҳ дар таърихи адабиёти муосири Афғонистон он аст, ки ҳар гоҳ мо ба ашъори шоирони ин давра, яъне, соли 1996 то 2001 муроҷиат кунем, ба равшанӣ дармеёбем, ки ҳамаи шоирони борисолати мо ба он авзои ошуфта ва сарнавишти Наврӯз вокуниши пуризтироби ҳамгун нишон додаанд, ки худ бозтоби равшани пайванди бисёр амиқи шоир ва Наврӯз дар адабиёти мост. Дар ин ҷо фақат чанд байт аз чанд шоири муосири Афғонистонро намуна меоварем, ки дар он солҳои таҳрими Наврӯз дар Афғонистон суруда шудаанд, ки метавонад пояи тасдиқи иддаои мо бошад:
То боғро таҳоҷуми рагбор фатҳ кард,
Бо сад ҳазор дидаи худ осмон надид,
Як барг, як шукуфа, ки захми табар надошт…
Восифи Бохтарӣ
***
Хола наврӯзӣ! Маяфшон доманат имсол бар мо,
Файзи домонат насиби некбахтон бод,
Мо чамангумкардагонро навбаҳоре нест,..
Розиқи Фонӣ
***
… Дар боғ ҷашни тахтаву тобут буду дор,
Имсол ҳам баҳор баҳорони чӯб кард.
Гулҳои бозмонда “зи боди шимол”- ро
Помоли сумми ваҳшии “боди ҷануб” кард…
Латиф Нозимӣ
***
Биё, ки марсияи боғи бебаҳор сароем,
Зи худ раҳо шуда, вайронии диёр сароем…
Лайло Сароҳат Равшанӣ
***
Як мурғаки зиндонӣ, як барги раҳо монда,
Аз насли баҳорина чизе, ки баҷо монда.
Андешаи сабзина дар мағзи чаман мурда,
Бар ҷумҷумаи ҷангал то соиқа по монда…
Самеи Ҳомид
***
Ва аммо дар умқи инчунин андӯҳу изтироб ҳанӯз ин умед дар дили бархе шоирони мо зинда буд, ки наврӯзашон рӯзе ба сарзамини хостгоҳашон бархоҳад гашт ва ёрони диёрашонро чунин дилдорӣ медоданд, ки нигарон набошед:
Ин боғ бебаҳор нахоҳад монд,
З-ин шева рӯзгор нахоҳад монд.
… Хунин бисоти тираи ҷабборон,
Бар ёру бар диёр нахоҳад монд
Ҳумайро Накҳати Дастгирзода
Бо он ки Наврӯз дар Афғонистони таҳти тасаллути толибон дар сӣ соли охир ду бор манъ гардида, ҳаром пиндошта шудааст ва шоирон дар он кишвар бо вокуниши пуризтиробашон ба сарнавишти Наврӯз ашъори ғамангез сурудаанд, аммо, хушбахтона, дар дигар кишварҳои хостгоҳи Наврӯз аз ин мероси тамаддуни башарӣ бо оғӯши гарм истиқбол мегардад. Дар таърихи муосир бошукӯҳтарин гиромидошт аз Наврӯзро дар се даҳаи охир дар Тоҷикистон шоҳид ҳастем. Мардуми ин сарзамин бо пойкубӣ ва рақсу шодӣ аз ин мероси гаронбаҳои ниёгонашон истиқбол менамоянд.
Бигзор ин ифтихор ҳамеша насиби мардуми ин сарзамин бошад, ки:
То ба гардун сухани Наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!
Аммо нуктаи муҳим дар робита бо фарҳангситезиҳо дар Афғонистон ҳамоно дарсҳоест, ки метавон аз он омӯхт ва онҳоро ба таҳлил гирифт то ба илали ин ҳама шикастҳо пай бурд. Ҳар миллате агар мероси фарҳангии худро аз нав боз намешиносад ва дар он ба ҷустуҷӯи рисолат ва арзиш набошад, шоҳиди завол ва табоҳии он низ хоҳад буд. Ҷустуҷӯи рисолат дар мероси фарҳангӣ, аз ҷумла Наврӯз, танҳо таҷлил аз он набуда, балки нигариши тоза ба он низ ҳаст, то масъалаи фарҳангро ба савол мубаддал кунем ва камбудҳояшро барҷаста созем, зеро ҳамаи мероси гузаштаи мо наметавонад улгу ва дастури наҷотбахш барои насли имрӯз бошад. Дар бисёре аз падидаҳои фарҳанги гузаштаи мо унсури хурофа ва одоти қабила ғалаба ёфтааст. Биноан, ҷустуҷӯи рисолат дар ойини наврӯзӣ ҳамоно кашфи муҷаддад ва шинохти он тавассути ҳар насли ҷудогона аст, ки бояд мустақилона ҳиммат ба бозшиносии он намоянд, то ба дарку дарёфт ва умқи паёми он бирасанд.
Армуғони Наврӯз ва баҳор тафаккури моро пайваста ба дарку дарёфти рамзи пешрафту боландагӣ ва озодагӣ фаро мехонад ва пешгомони фарҳанги мо ба аҳаммият ва ҳикмати ин армуғон ба неки пай бурдаанд:
Дар чаман ҳар варақе дафтари ҳоли дигар аст,
Ҳайф бошад, ки зи кори ҳама ғофил бошӣ.
Ҳофиз
Наврӯз дебочаи сабзи китоби бузурги табиат аст, ки набояд ба он нигоҳи сарсарӣ андохт, балки он китоби муқаддасро бояд самимона боз намуд, забонашро омӯхт ва ба жарфои паёмаш расид, то дар Наврӯзи ҳар сол он гуна, ки суннату расми покӣ ва поксозии асбоби хона ва навсозии ҷомаҳои хешро ба ҷо меоварем, бояд ба фикри навсозӣ ва сафои “Хонаи фикр” низ бошем, то “Хонаи асосӣ”-и мо куҳна намонад!
Башир АЗИЗӢ,
пажӯҳишгари фалсафа дар Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон