Бӯи хандақ, бӯи борут, оташи тӯпу туфанг…

AKG134168
(Мурури кӯтоҳ ба ашъори замони ҶБВ)
Адабиёти ҳар миллат оинаи тамомнамои рӯҳи он ва интиқолдиҳандаи таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеа аз қарнҳои гуногун ба рӯзгорони пасин аст. Дар ҷомеаи иҷтимоӣ ҳар таҳаввулот ва ҳар ҳодисву воқеоте, ки ба вуҷуд меояд, бори сангини он бар дӯши адабиёт меафтад. Бинобар ин, агар мо бо хондани таърих шоҳиди ҳақиқати як воқеаи рухдода дар гузашта ва омилҳои сар задани он гардем, барои бештар тасаввур кардани он ва пайхас намудани вазъи зиндагии инсонҳо ба адабиёт рӯйи ниёз пайдо меорем. Масалан, таърих барои мо рӯз, моҳ, сол ва сабабу омилҳои сар задани ҷанги дуюми ҷаҳонро гуфт, теъдоди ширкаткунандагони ҷанг ва қурбониёну захмиёни онро мушаххас кард. Аммо ҳеҷ гоҳ дунболи зиндагии воқеии қаҳрамонони он нарафт, барои шарҳи гуруснагӣ ва бо марг дастбагиребон шудани мардум дар ақибгоҳ ҷузъиётнигорӣ накард. Ин ҳамаро бар дӯши адабиёт гузошт. Аз ин рӯ, вақте ки мо дар бораи чигунагии ҷанг фикр мекунем ва мехоҳем вазъи рӯҳии инсонҳоро дар он замон тасаввур кунем ё ба тамошои филм мепардозем ва ё рӯ ба осори адабиву ҳунарии он давра меоварем. Бо рӯй овардан ба осори ҳунарии ин давра мо бо ҷанговарон ба ҷабҳа меравем, эҳсоси ботинии онҳоро дарк мекунем, онҳо моро ба ёди хонаводаашон дар ақибгоҳ меандозанд, гӯё номаи навиштаи қаҳрамононро мебардорему ба тарафи хонаводаи онҳо раҳсипор мешавем. Тавассути осори адабии баҷомонда аз он даврон ҳиссиёти хонандаи номаро ҳангоми расидани мактуби деринтизор дар вуҷуди худ дармеёбем. Мо шоҳиди ҳаммаи ин ҳодисаву воқеаҳо дар осори пурбори адибони рисолатпешаамон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Мршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон мегардем, ки ё бевосита дар миёни оташи ҷанг афтода, асар навиштаанд ва ё ба назораи вазъи асафбори ақибгоҳ нишастаанд. Дар бораи корномаҳои ин бузургон нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ хидмати сазоворе анҷом додааст, ҳар ҳарфи онҳоро дар тарозуи ҳунар гузоштаву арзишдоварӣ намудааст ва имрӯз ҳам, ки ба ин мавзуъ бипардозад, ҳарфе барои гуфтан боқист. Мо шояд тасаввур мекунем, ки ин ҷанг фикру эҳсоси адибонамонро танҳо вобастаи баёни мавзуи он кардааст. Вале вақте ки фикрамон ба тору пуди адабиёти ин давра мепечад, он гоҳ хоҳем дид, ки ин рисолатпешагон чӣ қадар барои зинда нигоҳ доштани фарҳангу адаби асиламон талош варзидаанд.
Ба назар мерасад, ки ин ҷанг дар афкори адабии мо як таҳаввулоти ҷиддӣ ва ҳамагиреро ба миён овардаст, ки метавонад аз марҳалаҳои муҳимми таҳаввули шеъри мо ба шумор равад. «…Дар тамоми адабиёт кӯшиши санҷидани таҷрибаи андӯхта ва ба тақозои зинадагӣ ва воқеаҳои мушаххас ба кор гирифтани онҳо муҳим гардида, шароит барои расидан ба шинохти тозаи эҷодкорӣ, диди нав ба таърих ва ба мавқеи шахс дар ҷомеа, дарки моҳияти суннатҳои фарҳангиву адабии миллӣ ва ҳақиқати воқеии кори адабӣ ба вуҷуд омад…» (Абдухолиқ Набавӣ).
Бо баҳонаи ин ҷанг устураҳои ҳазорсолаи мо зинда гардиданд, тамсилҳои фаровоне аз адабиёти гузашта ба адабиёти ин давра омаданд. Номи адибони башардӯсту муборизи таърихи адабиётамон даҳони қавмҳои гуногуни дунёро пур кард. Чӣ қадар судҷӯиҳоеро барои баёни мавзуи мавриди назар аз осори шифоҳии мардум ва аз устураву афсонаҳои тамаддуни ҳазорсолаамон дар адабиёти ин давра шоҳид мешавем, ки онҳоро нодида гирифта намешавад. Тамсил дар шеъри ин давра корбасти фаровон ёфт. Шоирон, дар баробари истифодаи тамсилҳои куҳан, ба офариниши масалҳои тоза дар пойи устура ва афсонаҳои халқӣ тавфиқи зиёд ёфтанд. Лоҳутӣ ҳамлаи ноҷавонмардонаи фашизмро ба таври тамсилӣ қиёс ба «гурги шарир» ва «саги ҳор» намуда, қиссаи тамсилии тозае офарид:
Ҳама донанд, ки чун гурги шарир
Ҳар саги ҳор бувад ғофилгир.
Нарму хомӯш зи раҳ мегузарад,
Чун ба одам расад, ӯро бидарад.
Дар муқобили ин ҳамлаи ногаҳонӣ халқи шӯравиро чун шер ба тасвир дода, таъкид кард:
Сифати шер валекин ин нест,
Шер номарду баду пуркин нест…
Ҷамъ гашта, биҷаҳад шер чу тир,
Кӣ тавонад раҳад аз ҳамлаи шер?!
Ва ба ин натиҷа расид:
Гитлер, аз шарму шарофат маҳрум,
Чун саги хор ба мо кард ҳуҷум…
Бигурезад зи вай акнун чун меш
Он ки буд гург ду рӯз аз ин пеш.
Агар мо аз ҳамин дидгоҳ ба шеъри давраи ҷанг назар андозем, намунаҳои фаровонеро аз зарбулмасалу мақол, сужаҳои афсонаҳои халқӣ ва образҳои таърихиву устураӣ ба мисли Рустам, Кова, Исфандиёр, Темурмалик ва ғайра дар он хоҳем дид, ки чи гуна барои баёни мавзуи ҷанг чун аснод ба кор рафтаанд:
Шерони туркман ҳама аз бешаҳои худ
Ҷастан ба пора кардани гурги башар кунанд,
Тоҷикҳо чу Кова ба Заҳҳоки мордӯш
Тозиш ба Гитлери зи шараф бехабар кунанд.
(А. Лоҳутӣ)
***
Кардем нидо бародаронро:
Бо маблағу молу илму идрок
Имдод кунанд сафдаронро,
То маҳв шавад Адолф-Заҳҳок!
(М. Раҳимӣ)
***
Аҷдоди номдори ту андар замони худ
Халқи туро зи чанги ситамгар раҳонда буд.
Ёд ор он, ки Коваи оҳангари далер
Заҳҳокро чӣ гуна ба маргаш расонда буд…
Заҳҳоки ин замона шуда Гитлери шарир,
Қир кардааст халқи ҷаҳонро ба тӯпу тир.
Ту низ, қаҳрамонписар, имрӯз аз фашизм
Баҳри бародарони худат интиқом гир.
(А. Деҳотӣ)
Ғайр аз ин, дар асарҳое чун «Достони мардистон», «Достони наҳру баҳр», «Оташи кӯдаксӯзро хомуш кунем», «Мӯр ва офтоб»-и Лоҳутӣ, «Қишлоқи тиллоӣ», «Дили модар», «Қиссаи гурбаи дузд»-и Мирсаид Миршакар, достони драмавии «Тоҳир ва Зуҳро»-и Мирзо Турсунзода ва ғайра унсурҳои фаровони фолклорӣ ва устураҳои таърихиро ҳамчун беҳтарин воситаи ифодаи мақсад дар шеъри давраи ҷанг мебинем. Муҳимтар аз ҳама, шеъри шоирони ин давра шеъри омолу орзуҳои мардум буд, орзуҳое, ки ҳукумат низ барои бароварда карданашон мекӯшид ва пули маҳкамеро миёни ҳокимият ва мардум барқарор мекард. Аз ин хотир, вақте мо аз ҳамин зовия адабиёти он давраро ба баррасӣ мегирем, ба дурустӣ мефаҳмем, ки дар ҳеҷ давру замон ба ин андоза адабиёт бо ҳукумат ва мардум пайванд надоштааст. Адабиёте, ки ҳам тарафдори ҳукумат будааст ва ҳам тарафдори ҳақиқат. Имрӯз дар ҷомеаи мо адабиёт аз зиндагии инсонҳо дурӣ меҷӯяд, сухан аз зиндагии санъатӣ мегӯяд. Ҳамон робитае, ки миёни мардум ва шоир қарор дошт, кам-кам аз миён бардошта мешавад. Вақте мо аз ин фосилаи дур ба он тараф менигарем, баъд бузургии адабиёти он давронро бештар ҳис мекунем. Баъд мебинем, ки шоирони он замон чи гуна тахайюлгароиҳои бебунёдро раҳо кардаву ба реализм ва вуқуъгароӣ пардохтаанд. Чи гуна бар маънову мафҳум тасаллут доштаанду дар баёни мавзуи ҷанг ба таърихгароиву ҳамосасозиву қаҳрамонпарварӣ пардохта, дарду ранҷи мардумро бо шеваҳои мухталиф баён кардаанд. Бо шуруъ шудани ҷанг бисёре аз шоирон ба ҳайси сарбоз ва афсари низомӣ ба ҷабҳа рафтанд ва дар миёни оташу хун шеъри хашмину ҷангҷӯёна суруданд. Натанҳо ашъори шоирони иштирокдори ҷанг, ки дар даруни хандақи торику танг шеър мегуфтанду «шеърашон бӯйи боруту хун мекард», балки шеъри шоирони ақибгоҳ ҳам дар ин замон бо тасвири муҳорибаҳои хунин ва талқини устувориву мубориза барои озодӣ як навъ ифодагари хашму ситез алайҳи душман буд, ки дар пушти он хоки муқаддас — Ватан меистод:
Бори аввал ман навиштам шеър дар майдони ҷанг,
Як саҳаргоҳ андаруни хандақи торику танг.
3-ин сабаб ояд зи ҳар як мисраи ашъори ман
Бӯи хандақ, бӯи борут, оташи тӯпу туфанг.
(Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ)
Бинобар ин, аз назари равонковӣ шеъри ин давра бо ашъори пеш ва ё баъд аз ҷанг навиштаи шоирон дорои тафовутҳое аз назари бархурд ба мавзуъ ва шеваи баён аст, ки пайванд ба ҳолати шоирон дорад.
Ин гуна бархурди пурэҳтирос ба мавзуи фавқ ҳатто рӯҳи шеърҳоеро, ки оҳанги ҳаҷв доштанд, фаро гирифта буд. Агарчи манзури Мирсаид Миршакар дар шеъри поён бо лутфу зарофат душманро ба ҳаҷв кашидан аст, вале боз ҳам дар он оҳанги хашму ситезаҷӯёна, ки аз ҳисси нафрат ба хасм боло гирифтааст, афзалият пайдо мекунад:
Яке бар дигаре гуфто: «Шунидӣ,
Ки Гитлер ақли худро гум намудаст?»
Дигар дар ҳайрат афтоду бигуфто:
«Магар ӯ то кунун боақл будаст?»
Хитобаҳои хашмборро дар шеърҳои устод Садриддин Айнӣ “Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст…”, Ҳабиб Юсуфӣ “Агар хасми мо қасд бар мо кунад…” ва “Вақти он аст, эй қалам…”, Муҳаммадҷон Раҳимӣ — “Чу панҷтираву сарнайза мо ба кор дарорем…» ва “Ҷанг хунину шадид аст, дароем ба ҷанг!…, Абдусалом Деҳотӣ — “Хомаам теғи обдори ман аст…”, Муҳиддин Аминзода “Шамшери бурро, аз наём баро…” ва сойири шоирони ин давра ба дурустӣ метавонем мушоҳида кунем. Аҷиб ин аст, ки ҳатто дар мавзуи ишқ ва мавзуоти дигар ин хосият ба назар мерасад. Ин шеъри Абулқосим Лоҳутӣ мисоли равшан дар ин хусус аст:
Ман дасти туро ба дасти душман надиҳам,
Ҳаргиз ба чунин бешарафӣ тан надиҳам.
Аз турраи ҷонона ба бегонаи ӯ,
Гар сар биравад, як сари мӯ ман надиҳам!
Аз назари вежагиҳои забониву ҳунарӣ низ шеъри ин давра пешрафтҳои чашмрасе дорад. Метавон сари калимаву ибораҳое тааммуқ кард, ки барои шеъри ин давра тоза ва барои ифодаи мубориза бо душман лозим буданд. Вожаҳое ба мисли ханҷар, интиқом, тир, туфанг, тӯп, танк, бомба, айроплан ва ғайра дар ашъори ин давра фаровон ба кор рафтаанд, ки аёнагри хашму исёни гӯяндагонашонанд.
Ашъори шоирони ин давра дар нимаи аввали даҳаи чилуми қарни бист пайванди ногусастани бо ҳодисаҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дорад. Дидани ранҷу азоби мардум, кашидани дарди ятимии кӯдакон, хатари маргу мир аз бебаргубории рӯзгор дар шеъри наслҳои пасини ҷанг лангар партофтааст. Агарчи дар ибтидои ҷанг шеъри тоҷик як навъ гароиш ба шиорпароканӣ дораду ба сароҳат дунболи хитобаҳои меҳанпарастона меравад, вале бо анҷоми ин набарди тӯлониву ваҳшатзо шеър бештар либоси ҳунарӣ ба бар карда, дарунмояи худро бо аносири шоиронаву отифӣ пур намудааст, ки он давраро мо ба унвони таҳаввули бузурги адабиву ҳунарӣ дар шеър ёд мекунем.
Муҳриддин САБУРӢ