Бувад шаҳпояи гардун Бадахшон…
Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 12-уми ноябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили вежаи адибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери унвони «Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат» доир гардид.
Дар оғози маҳфил Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ин созмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатиямон як силсила чорабиниҳои адабиро ба нақша гирифтааст. Мувофиқи он адибони ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфилҳо баргузор мекунанд. Маҳфили ҷамъбастӣ муштарак буда, адибони гӯшаву канорҳои гуногуни мамлакатро ба ҳам меоварад.
Тавре Низом Қосим гуфт, яке аз рамзҳои равшани Тоҷикистон Бадахшон аст. Беҳтарин расму ойин, анъанаву маросимҳое, ки халқи мо дорад, дар ин канори Тоҷикистон низ ҳифз шудаанд. Дар Бадахшон урфу одатҳои неки гуногуне, ки рамзу рози зиёд доранд, асари тайёри адабиётанд.
Бисёре аз ин урфу одатҳо ҳунармандона дар романи барҷастаи «Сарои санг»-и Ато Мирхоҷа зикр гардидаанд ва тасвир ёфтаанд. Хурсандиовар аст, ки тавассути ҳамин роман натанҳо ин маросимҳо зинда мемонанд, балки ривоҷ ҳам меёбанд.
Дар радифи қуллаҳои осмонбӯсе, ки дар ин вилоят саф кашидаанд, силсилақуллаҳои маънавие ҳастанд, ки маҷозан Бадахшонро таҷассум мекунанд. Аз зумраи ин қуллаҳо Мирсаид Миршакар, Тилло Пӯлодӣ, Нодир Шанбезода, Мамадшо Илолов, Султон Шоҳзода, Салимшо Ҳалимшо, Муллоёри Ванҷӣ, Алиназар Хоҷаев, Қиматшо Ҳиматшо ва дигаронанд.
Ба андешаи Низом Қосим, дар маҳфили мазкур ҷавонтарин адибони Бадахшонзамин низ, ки иштирок карданд, қуллаҳои маънавии ояндаи ин гӯшаи Тоҷикистони азиз хоҳанд шуд.
Сипас номбурда дар ситоиши мардуми заҳматкаш ва табиати афсонавии Бадахшон шеър хонд. Аз ҷониби ӯ ба адиби моҷаронавис Шарифбек Азизӣ барои китоби «Асарҳои мунтахаб», ҷилди 10 (романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон») Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагон ба номи Садриддин Айнӣ тақдим гардид.
Гардонандаи маҳфил адабиётшинос Абдулназари Абдулназар дар идомаи чорабинӣ таъкид дошт, ки маҳфили «Адибони Бадахшон»-ро дар вақташ Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд таъсис дода, солиёни зиёд роҳбарияшро бар дӯш гирифт ва дар тарбияи эҷодкорони вилоят саҳми мунир гузошт. Ҳоло сарварии маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан ба уҳда дорад.
– Аз парвардагони ин маҳфил адибони зиёде имрӯзҳо дар қаламрави вилоят, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд, – гуфт Абдулназари Абдулназар.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз парвардагони маҳфили мавриди назар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам гаштани пояҳои давлатдорӣ, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ёдоварӣ карда, изҳор намуд, ки китоби арзишманде бо номи «Симои Пешвои миллат дар эҷодиёти адибони Бадахшон» нашр шуд. Дар ин рисола навиштаҳои ба Пешвои миллат бахшидаи адибони Бадахшон мавриди баррасӣ ва пажӯҳиши амиқ қарор гирифтаанд.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо зимни суханронӣ гуфт, ки дар ояндаи наздик дар назар аст, ки як шумораи ҳафтаворро пурра ба эҷодиёти қаламкашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшем.
Абдуллоҳи Раҳнамо аз талошҳои зиёди фарзандони фарзонаи Бадахшон, роҳбари вақти Тоҷикистони шӯравӣ Шириншо Шотемур, раиси вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нодир Шанбезода ва дигарон ёд оварда, китоби сафарномаи худро, ки «Нурест дар ҷабини Бадахшон» унвон гирифтааст, барои хазинаи китобхонаҳои вилоят ҳадя кард.
Дар маҳфил адибони дигари Бадахшон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Шарифбек Азизӣ, Улфатшо Ҷангибек, Ҷумъа Махшулов, Пайшанбе Шоҳзода, Муҳиддин Шоҳинбод, Саодат Саидназар, Ҷонибек Қозибек, Парвонаи Фаррухзод ва дигарон сухан карда, намунаҳои эҷоди худро пешниҳод карданд.
Сурудхонии сарояндагони шинохтаи вилоят фазои маҳфилро гармтар намуд.
Ҳамин тавр, маҳфили адабии шоирон ва нависандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотирмон ва дилнишин сурат гирифт.
Бузургмеҳри Тоҷиддин, «АС»



