Бо шеваи дигаре рубоӣ гуфтам

 Бо шеваи дигаре рубоӣ гуфтам

Номи китоби аввали Камол Насрулло, ки “Навгонӣ” буд, аз як шоири нави навҷӯй дарак дод. Китоби дувуми ӯ “Барги зуф” дар ин роҳ домани худро бештар кушод, ки боби шеърҳои хурд-хурди он ба дидаи ҳар хонанда пайдост. Ҳоло нигоҳе меандозем ба рубоиҳои нави ӯ, ки тозаҷӯӣ ҳам дар маънӣ ва ҳам дар тарзи гуфтораш рӯшантар ба хонанда битобад:

Густохии дил ҳамеша шармандаи ӯст.

                              ***
Сутхони танам шабеҳи ҳезум бошад,

Умрест, ки дар оташи хун месӯзам.

                               ***

Як дар бикушо аз дили фарзонаи худ.

                                ***

Ман нону ҳаёт гушнаи нодида,

Дар ком фурӯ бурду хабардор накард.

                                 ***

Хайр аст, ки ҳам натарсад аз оташу бод,

Дигар шавад ин ҷаҳону дигар нашавад.

                                  ***

Бар сӯи дарун баски набинад чашмат,

Бар сӯи бурун ду чашми чоре дорӣ.

                                   ***

Бо ҳар гули роз дар чаман мемирам.

                                    ***

Ҳар одами зинда низ сарҳад дорад.

                                     ***

Як рӯди кабуд, як гуле дар сари мавҷ,

Уммеди дарозу умраки кӯтоҳ аст.

                                     ***

Гаҳ аз раҳи дида рав, гаҳе аз раҳи дил.

Дар мисоли якум, нисбати гуфтаи машҳури устод Рӯдакӣ, “аз худат гузар хоҳӣ кард” ифодаи нав аст. “Шармандаи маъшуқ (ва ошиқ) будани густохии дил”, “шабеҳи ҳезум будани устухони тан”, “дар оташи хун сӯхтан”, низ ифодаҳои наванд. “Як дар бикушо аз дили фарзонаи худ” ишораи аҷибе дорад: дили фарзона дар ҳама кас ҳаст, вале чи бисёр касон аз ин дурдонаи даруни худ хабар надоранд, чи расад ба он ки он ҷо бояд даре кушод.

Навӣ ҳам дар маънӣ ва ҳам дар ифода, дар байти баъдӣ равшан ҷилва дорад.

“Натарсидани хайр аз оташу бод”, “ба сӯи бе­рун чор будани чашми даруннадида”, “бо гули роз дар чаман мурдан”, “сарҳад доштани ҳар одами зинда андаруни худ” аз мушоҳидаҳои нави Камол Насруллост.

Ташбеҳи “гули сари мавҷ ба умраки кӯтоҳ ва кӯтоҳии умр дар нисбати дарозии рӯд” диди нав аст ва умри одамиро “умрак” гуфтан, ки ҳам навозиш, ҳам зебоӣ ва ҳам андакӣ дар худ дорад, аз он гуна аст. Дар мисоли охир роҳ кушодан ба худ ҳам аз дари дил ва ҳам аз чашми сар, яъне, зарурат дош­тани ҷаҳонбинӣ ва шинохти рӯзгор аз дари чашми одӣ низ таъбири нав дорад.

Дар боби “Бо барфи сафед” ба барф ҷинсият додани пиндору гуфтору кирдори неки аҳуроӣ, яке аз бозёфтҳои Камол Насруллост. Бавежа дар рубоиҳое, ки “Чун барф бихоҳам, ки ба дӯшат резам”, “Бо барфи сапеди осмон рез охир”, “Эй барф, биё сапед кун оламро”, “Ин барф, ки бо рӯйи сапеди зебост”, “Аз арши сапед мерасад пайки умед”, “Ин барф паёми тозаи дидор аст”, “Дар пардаи барф пайкари нозе ҳаст”, “Дар манзари барф чашми бедор хуш аст” ва “Ин барфи само, ки риштасон меборад” ҳамагӣ таркибу таъбиру ибораҳои нав сисилабандӣ шудаанд. Кушодани як образ (ташбеҳ) аз чандин паҳлу маънои кӯшиши кушодани чашми хонанда ба чандин паҳлу будааст.

Камол Насрулло силсилаи рубоиҳои нави худро “Бо шеваи дигаре рубоӣ гуфтам” номида, ки хонандаро аз навгӯии худ огоҳ созад:

Худро ба канори кӯча бигзор, биё!
Худро зи даруни хеш буброр, биё!
Ин дору мадор бар сарат чун дор аст,
Буброр ту худро зи таҳи дор, биё!

Ин ҷо сухан аз ҳушёрӣ ва зеҳни ниҳодӣ аст ва ҳушёрӣ диди зинда (диди нав), дили зинда, нигоҳи зинда, дарки зиндаи зиндагӣ ва ҳастӣ буда, зеҳн диди чаппа, яъне, диди мурда (ба нафси бад часпидан, якранг ва дилбазан дидани зиндагӣ), нигоҳи мурда ва дарки мурдаи зиндагӣ ва ҳастист, — аввалашро бигир, дувумашро бигзору (биҳил) биё, — мегӯяд шоир. Яъне, зинда ба зиндагӣ бишав, на мурдаи он. Мурда, ки аз ҷо намеҷунбад, аз куҷо рушд бигирад? Зардушт аз ин ду биниш ва қабул ё ноқабули он дар “Авасто” сухан мегӯяд ва Зиндагӣ ва Нозиндагӣ меномад ва орифони бузург онҳоро Ҳушёрӣ ва Зеҳн гуфтаанд.

Худро бираву зи моварои худ ёб,
Худро ту зи ҷодаи раҳои худ ёб.
То баргардӣ ба хонаи мулки азал,
Худро зи варои худ барои худ ёб

мегӯяд дар рубоии дигараш Камол. “Хонаи мулки азал” дар “Авасто”, “Сарои Аҳурамаздо”, “Сарои Ам­шоспандон” ва баргузидагони ӯ омада, ки болотар аз ду ҷаҳон – ин ҷаҳон ва он ҷаҳон аст ва орифон бо ибора ва калимаҳои “Хонаи Худо”, “Сарои азал”, “Арш” ва ғайра таъбир кардаанд. Ва Зардушт ме­гӯяд, ки асли одам аз он сарой омада ва хоҳӣ, ки ба хонаи асли худ бирасӣ, бояд поку некпиндору некгуфтору неккирдор бошӣ. Яъне, қабули Зиндагӣ ва Нозиндагӣ, некӣ ва бадӣ ба ихтиёри шинохти хиради ту вогузор шуда, интихоб интихоби туст, то кадомеро бипазирӣ. Садои ниҳодии Камол Насрул­ло низ ӯ ва хонандаро ба он сӯй, сарои аслӣ аз роҳи некандешӣ мехонад ва бо нафаси тоза.

Дар ду рубоии дигар, ки акнун мебиёрем, меби­нем, ки шоир ҳолати зеҳнии одамро ба тарзи нав тасвир кардааст ва дар аввалӣ “чун дона ба зери хеш талқон шудан ва худро чун нон хӯрдан” ифодаи нав аст, зери пои зеҳни худ талқон шуданро низ ишора дорад:

Моем, ки осиёи гардони худем,
Чун дона ба зери хеш талқони худем.
Мо орд кунем хешрову бипазем,
Худро ҳама дам хурем, мо нони худем.

Ва:

Имрӯз, ки ман ғариқи дарёи худам,
Ворехта чун бало ба болои худам.
Дар ҷойи худ истода бе ҷойи худам,
Аз ашки ба по рехта дар лойи худам.

“Аз ашки ба по рехта дар лойи худам” бисёр зинда ва тасвири рӯшани дидашавандаи нав аст, ки “по дар гил”-и халқиро низ як дари нав мекушояд.

Ҳоло як рубоии устод Рӯдакиро мебиёрем ва аз тасвири зоҳирии он ба ниҳоди тасвир мегузарем:

Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,
Гар бикшоӣ, чангали боз андозад.
В-ар печухамаш зи ҳамдигар бикшоӣ,
Доман-доман мушки тироз андозад.

Ин ҷо “зулф” як моли табиат, “шаби дароз ан­дохтан” (партофтан) дувум, “чангали боз” севум, “печухам ва кушодан”-и он чорум ва “доман-доман мушки Тироз” моли панҷуми табиати бузург аст ва якҷоя офариниши зебоии табиати офарандаи зебоӣ пеши чашм меоранд; дар бузургтарин офаридаи табиати бузург, ки инсон аст ва дар духтар ё зан чеҳра кушодааст, ин ҳамаро бубинем ва агар аз ниҳоди худ ва хотираи таърихи худ берун кашем, чӣ фармудаеро мешунавем? “Садои Осмон ва он чи дар ӯст, муқаддас (пок) аст”- и нахустпайғамба­ри яктошиноси ориёӣ Зардушти бузургворро. Ва ба хулосаи халқ мерасем, ки гуфта: “Инсон нигини ангуштарини офаридаи табиати бузург аст”, яъне, Худо. Бузургтарин зебоӣ чист? Покӣ. Баъди устод Рӯдакӣ Абушукури Балхӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Асҷадӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ… бо ҷӯшу хурӯш ва сад ранг, нав ба нав ва тоза ба тоза ба тасвири табиати бузург заданд, то ҳамин диди бу­зургтарини Зардуштро аз нигоҳи хонанда накананд.

Бармегардем ба нигоҳи нави Камол Насрулло ба як ҷузъи ҳамин табиати бузург, аз ҷумла, тасвири барг:

Ин барг кафи саломи моро монад,
Ин накҳати гул паёми моро монад.
Мо низ дамида рехтем аз дили кӯҳ,
Ин рӯди равон давоми моро монад.

Ё:

Ман дар тану ҷони хеш меҳан дорам,
Дар як тани худ ҳазору як тан дорам.
Ман бо ману ман бе ману ман мангардон,
Оям ба шигифт, чанд ман ман дорам?

Дар ин рубоӣ калимаи “мангардон” нав аст ва дар ибораи “чанд ман ман дорам” “ман”-и аввалро ишора ба ченаки вазн низ метавон гирифт.

Ва ин ифодаҳои нави ширин ва зеборо нигаред:

Ин роҳ, ки байни мост аз ман то ман,
Роҳест, ки нонамост аз ман то ман,
Раҳ ҷониби ҳар куҷост аз ман то ман,
Раҳ ҷониби нокуҷост аз ман то ман.

                                   ***

Дар зиндагӣ чун дарахт мебояд буд,
Дар решаи худ ба тахт мебояд буд.
Худро ба ҳавои рӯзгорон дода,
Гул дар кафу решасахт мебояд буд.

                                   ***

Аз чашми бади касон гурезон худро,
Дар дидаи поки ман, биё, мон худро.
Дар дидаи поки ман ту ашки покӣ,
Аз дидаи ман дигар марезон худро.

Ва ба ин ифодаҳои аҷиб эътибор диҳед:

Борон-борон ту об кардӣ моро”.

Ин ҷо ба ҷои “қатра-қатра” об кардан ифодаи нави “борон-борон”-ро ёфтааст.

Набзам, ки чу набзи соати девор аст,
Ман хобу дилам тамоми шаб бедор аст.
Овехт маро ба ақрабак ҳукми азал,
Подоши ман аз ҳастии ман ин дор аст.

                                 ***

Худро чи хуҷаста аз Худо меорам,
Вақте ки ба хотирам туро меорам.

                                  ***

Дар сабти дилам ҳазору як шеван ҳаст,
Овои шукуфтани гули баҳман ҳаст,
Гулбонги шикастани дарахти хушке,
Фарёду фиғони рӯдҳо дар ман ҳаст.

                                  ***

Бар боғ раву ҷароҳати боғ бубин,
Сад доғи ниҳону тоқати боғ бубин.
Ту бар сари ӯ табар ба даст ойиву ӯ
Себат бидиҳад, саховати боғ бубин.

Ба ин хотир мисолҳоро бештар овардам, ки худи ибораи нав, ташбеҳи нав, истиораи нав барои аз паҳлуи нав кушодани ашёи табиати бузург, ки ҷоннавози зиндагии бузург аст, худро рӯшан бозгӯӣ дорад ва ба шинохтанаш даъват мекунад.

Баъди солҳо пеш чоп шудани чанд мақолаи Шафеъии Кадканӣ дар бораи “сувари хаёл”-и шоирони пешин, ки чанде аз онҳоро камина низ баргардон ва ба чоп расонида будам, чанде аз адабиётшиносони имрӯзаи мо низ нигоҳе ба “сурати хаёл”-и шоирони навҷӯямон андохтанд. Аз ҷумла адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон дар бораи тозагии шеърҳои Камол Насрулло мақолаеро ба чоп дод, ки бо ҳама тозагиҳо иқдоми неке дар худ дошт. Дигар вақти он расида, ки заминаи раҳкушоӣ ба навҷӯиро низ во кунем.

Дар “Авесто” қатори бисёр кардаҳои панду ҳик­матхез ин пораи аҷибро ҳам дидам. Мегӯяд: “Доно касе нест, ки бисёр мехонад, доно касе нест, ки бисёр мефаҳмад, доно касе нест, ки бисёр медонад, доно касест, ки дар ин хондаҳо, аз ин фаҳмидаҳо ва аз ин донистаҳо ба чӣ андешаи нави нек мерасад.” Ин ки бунёди адабиёти пешини мо бар некист, ош­коро аст. Ва баргардему дубора ба адабиёти наздик ба ҳазору дусадсолаи худ нигарем, мебинем, ки миёни ҳазорҳо эҷодкори шеър ҳамонҳое чароғон ба дида меоянд, ки навҷӯӣ ва навгӯӣ кардаанд. Бо пӯшидагӯӣ низ. Ва инҳоро метавон ба ангушти даст шуморид. Вале барои кушодани маъниҳои онҳо натанҳо китобҳои муқаддас, инчунин, устураҳо, афсонаҳо, равияҳои таърихӣ ва таърихҳоро фаро гирифтан зарурат дорад. Кушодани сабаб як ними пӯшидагӯиҳоро ошкор месозад, ними дигарашро дар кушодани ҳунари навҷӯӣ хоҳед ёфт. Аз ҷумла, дар пӯшидагӯиҳои таърихнигорон ва чунин пӯши­даҳоро дар ҳунари сухан – ташбеҳу истиораву иҳому иғроқу муболиғаву кинояву шӯхиҳо печони­дани онҳо ва дар ин замина ба навшавии андеша, дид, забон ва бойгардонии онҳо раҳнамоӣ кардани онҳоро метавон шинохт. Ва нигоҳи нав ба таърих ва асли андешаи бузургони пешин ҳам чеҳра хоҳад кушод. Мутаассифона, адабиётшиносони мо дар ин замина дасткӯтоҳӣ доранд. Дасткӯтоҳиро ба гардан гирифтан ҳам инсоф аст.

Як чизи аҷиби дигареро вобаста ба ин аз таҷри­баи худ мегӯям: вақте романи манзуми худ “Лонаи урёни арвоҳ”-ро навиштаму баргашта бадиққат хондам, ба худ гуфтам, беш аз шаст калимаи нав аз ҷониби камина ба забони тоҷикӣ туҳфа шуд. Вале вақте “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсиро бадиққат хондам, дидам, ки ними он калимаҳои “эҷодкардаам” дар он ҳаст. Ҳайрон шудам, ки ин калимаҳо дар кадом устухони мағзи ман нуҳсад сол хобида буд, ки берун зад. Ва чаро ҳоло берун зад? Баъди андешаҳо дарёфтам, ки ангезаи он ва берункашандаи он аз устухони хотираи мағзи пушт ба пушт гузаранда маҳз ҳамин ҷӯши навҷӯӣ будааст. Ва ба дил гуфтам: пас дар хотираи мағзи устухони таърихи мо бисёр чизҳо ҳастанд, ки дар вақти зарурат берун хоҳанд зад ва кӯшиши нав шу­дан хоҳанд кард. Пас, Зардушт беҳуда пайваста ба навшавӣ ва ободонсозии ҷаҳон даъват наоварда, зеро навшавӣ ба кор набошад, харобӣ ва пӯсидан ба роҳ меафтад. Моро танҳо лозим аст, ки ба омӯ­зиш ва амали нав ба нав пардозем ва ба иродаи қавӣ ба навсозии худ гузарем. Бошад, ки нигоҳи наврасону ҷавонони имрӯзиро дар шинохти асли худ ва таърихи худ наздиктар созем.

Ин ҷо аз навҷӯии Камол Насрулло дар ифодаҳои шоиронаи тасвирӣ, ки яке аз онҳо рӯшании сухани ӯст, гуфтем ва дидем, ки аз “хондаҳо ва фаҳмидаҳо ва донистаҳо ба андешаи нави нек” расидааст.

Зиё АБДУЛЛО

Дигар хабарҳо