Борони сабз дар найистони шеър

 Борони сабз дар найистони шеър

Сайидалӣ Маъмур яке аз фарҳехтагони ҷаҳони фарҳанг ва адаби форсӣ, ситораест, ки дар осмони шеъру адаби Тоҷикистон ҳамчунон медурахшад.
                                                                                             Масъуд Миршоҳӣ

Шеъри баланд ҳамеша раҳо аз қайди хаёлпардозиҳои бебунёду безамина, муболиғаҳои беҳудуд ва бо истифодаи дурусти меъёрҳои каломи мухайял, то андозае содаву заминӣ ва бо забону баёни зебо суруда мешавад. Дар ин замина хоҳ ғамангезтарин чакома ва ё сурур­бахштарини ашъор ҳам шукӯҳ ва нафосати хосае дорад, ки хонандаро ба худ маҷзуб месозад ва, ба қавли Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, «дар гӯш латифтар ва дар хотир овезандатар хоҳад буд».

Аз ин нигоҳ шеъри ағлаби шоиро­ни муосири тоҷик, ки дар солҳои 60- 70-уми садаи ХХ ба арсаи адабиёт омадаанд, аз ин шева бархурдор аст ва бевосита аз зиндагӣ ва ҳаёти воқеии инсонҳо маншаъ мегирад.

Сайидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷо­изаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тарбиятёфтаи ҳамон солҳост, ки шеъраш бештар гароиш ба содабаёнӣ дорад ва сояравшанҳои зиндагии маъмулии инсонҳоро бозгӯ мекунад. Шоир дар шеъри «Соати падар» дар мисоли падари хеш хулқу атвор ва амалу рафтори кӯҳистониҳоеро нишон ме­диҳад, ки ҳамарӯза ченаки гузариши вақту соатро аз ҳаракати офтоб, аз рӯи нишондодҳое чун кӯҳ, дарахт, теппа ва ғайра муайян мекарданд:

Падарам буд марди бесоат,
Соаташ офтоби гардон буд.
Мерасид ӯ ба қадру қимати вақт,
Зиндагидӯст буду деҳқон буд.

Дар ин шеър бозёфти шоир тасвири ҳамон ҳолатест, ки офтобро соати падари хеш нишон медиҳад. Тасвири ин манзара бо чунин содагию равонӣ дигар ба ҳеч гуна таркибсозиву иборапардозӣ ниёз надорад, зеро ҳолату фазои тасвиршуда худ шоирона аст.

Тасвирҳои зебо, забону баёни шево шеъри ин шоирро бештар ба дили хонанда қарин месозад. Бо ҳам порае аз шеъри «Пирамард»-ро мехонем, ки шоир қуллаи барфпӯши кӯҳро ба мӯйи сафедгаштаи пира­мард ташбеҳ медиҳад:

Ҳамчу барфи кӯҳсорони диёр
Оқибат мӯйи сиёҳаш шуд сафед.
Об шуд гар ҳар баҳоре барфи кӯҳ,
Кам нашуд барфи сари ин мӯсафед.

Назокати тасвири ин манзара ҳам, ки зебову дилрас ва шоирона баён шудааст, бештар дар фоҷеаи рафтани умри инсон падидор меша­вад, ки бебозгашт аст.

То имрӯз ашъори зиёде аз ин шоири серкору пурҳавсала дар маҷмуаҳои «Заврақи умед», «Рози дарё», «Руҳи баланд», «Офтоби дил», «Решапайванд», «Гардиши офтоб», «Шохаи шикаста», «Овои мурғи шабовез», «Пойизи сабз», «Ситорашукуфт» ва ғайра чоп гар­дидаву дастраси хонанда шудаанд. Аввалин маҷмуаи Сайидалӣ Маъмур «Заврақи умед» соли 1967 бо сарсу­хани Аминҷон Шукӯҳӣ интишор шу­дааст, ки дар он муаллифи сарсухан бо муҳаббати хоса ба шоири ҷавон фотиҳа медиҳад. Шеъри Сайидалӣ Маъмур аз ҳамон оғози фаъолияташ гароиш ба содагиву баёни шево ва тасвири манзараҳои ҳаёти инсонӣ ва зиндагии ҳамарӯзаи онҳо доштааст. Талоши шоир барои баёни тасви­рҳои шоирона дар оғози фаъолияти эҷодиаш бештар ошкор мешавад. Барои мисол пораеро аз аввалин китоби ӯ, ки зикраш рафт, манзур менамоем:

Олуе, ки модарам биншонда буд,
Пешвозам гарм гирад ҳар баҳор.
Ҷои модар, гӯӣ, бо дасти кушод
Бар сари ман мекунад гулро нисор.

Ин пораи шеър марбут ба зин­дагии худи шоир аст, ки дарди бе­модарӣ кашидааст. Аз лиҳози зебоӣ ва шевоӣ ҳам ҷои таҳсину офарин дорад, ба вежа вақте ки як дарахт аз нигоҳи шоир чун модар бар сари фарзанд гулпошӣ мекунад. Шоир ин гуна талошҳоро барои офаридани мазомини тоза ва баёни зебо дар оғози фаъолияти шоирии хеш ба харҷ додааст. Байти зер низ намунае аз ашъори солҳои аввал эҷоднаму­даи ӯст:

Чун кафтари дубомаи белона нестам,
Ман дар замини қалби ту кошона мекунам.

Сайидалӣ Маъмур дар баробари ин ба сурудани ашъори бачагона майл дорад ва сурудаҳояш дар ин замина низ қобили таваҷҷуҳанд. Ашъори барои бачаҳо эҷоднамудааш дар маҷмуаҳои «Сӯзанак», «Навоҳои гулдара», «Карчи харбу­за» ва «Анӯшаҷон ҷони мо» дастраси хурдсолон шудаанд.

Дар ин ашъори ӯ мавзуъҳо воба­ста ба завқу салиқа ва дарку фаҳми­ши кӯдакон интихоб гардидаанд. Дар ин гуна шеърҳо Сайидалӣ Маъмур бештар талош мекунад ба суолҳои кӯдакон ҷавоб бидиҳад ва барои онҳо асли ҳар масъаларо содаву фаҳмо ва наздик ба зеҳнашон бозгӯ намояд:

Мурғ аввал обӣ набуд,
Номаш мурғобӣ набуд.

Ин байт аз оғози шеъри «Мурғобӣ»-и ӯст, ки дар зеҳни кӯдак баъди хондани он беихтиёр суоли «мурғ аввал обӣ набудааст, пас чӣ будааст?» пайдо мешавад ва вай бо иштиёқи тамом ба хондани шеър мепардозад, то ба суоли худ ҷавоб пайдо кунад. Ин мавзуъ дар шеъри «Сангпушт» ва чанде аз ашъори дигараш низ ба ҳамин шакл матраҳ мешавад. Дар баробари ин, Сайи­далӣ Маъмур ба тасвири зебоӣ ва назокати калом дар шеъри кӯдак аҳаммият медиҳад ва талош меку­над, ки хонандаи хурдсоли худро бо дунёи рангини сухан ва мусиқии ка­лимаҳо ошно бикунад. Аз ин рӯ, дар ин навъ ашъори худ танҳо ба баёни мавзуъ такя накарда, ба дарунмояи шеър, тасвир, баёни зебо ва инти­хоби қофияҳои зебову хушоҳанг, ки дар шеъри кӯдак, ба вежа дар шеъри ҳиҷоӣ барои таъмини мусиқӣ ҷой­гоҳи назаррас доранд, низ эътибор медиҳад:

Борони реза борид,
Паси тиреза борид.
Рӯйи замин нам бикард,
Шуста бишуд чангу гард.
Шуд кори кӯчарӯбон
Ин саҳар андак осон…
Ман ҳам ба гулҳои тар
Надодам об ин саҳар.

Ҳоло дар даст китоби тозанашри устод Сайидалӣ Маъмурро дорем, ки бо номи «Борони сабз» дар матбааи «Истеъдод» (соли 2017) ба табъ расидааст. Дар китоби мазкур шеърҳои кӯтоҳ, қитъа, рубоӣ ва дубайтиҳои шоир ҷо дода шудаанд, ки бештарашон тоза эҷод шуда, бори аввал ба дасти хонанда мерасанд.

Дар ин маҷмуа бозёфтҳои тозаву шоирона зиёд ба чашм мерасанд:

Аз миёни сангҳо боло шудӣ,
Чун гули санг ин қадар зебо шудӣ.
Гар парие буд, он дар об буд,
Гулпарӣ, аз санг чун пайдо шудӣ?!

Бозёфт ва тозагии ин шеър, пеш аз ҳама, дар мисраи охири он зоҳир мегардад.

Ба ин монанд шеърҳои зиёдеро дар маҷмуаи мазкур вомехӯрем, ки аз назокату зебоӣ ва ҳунари шоирӣ саршоранд. Қаблан ҳам таъкид шуда буд, ки шеъри Сайидалӣ Маъмур гароиш ба зиндагии содаи инсонҳо дорад ва ҳамеша аз он маншаъ мегирад. Аз миёни мардум шеърро ҷустан ва онро мардумӣ баён кар­дан авлотар аз он таркибсозиҳову иборапардозиҳои мубҳаму мавҳум аст. Дар шеъри «Модар»-и Сайи­далӣ Маъмур, агарчанде як ҷумлаи сода менамояд, ба дурустӣ дарди ятиме инъикос шудааст, ки ранҷи бемодариро паси сар карда ва бо тамоми андӯҳу ҳасрат кӯдакиҳои ширину рангинашро якҷо бо модар мегӯронад. Ин фоҷеаро бо чунин равониву содагӣ баён кардан далели ҳунармандист:

Рӯзи маргат баччагиамро
Дафн кардам дар мазори ту.

Ба ин монанд боз байти дигареро аз маҷмуаи мазкур мехонем, ки аз самимият саршор аст:

Рӯзе, ки шудам зи деҳа бар шаҳр равон,
Дарёча чу додар аз пасам гашт давон.

Кист, ки ҳангоми сафар додараку хоҳаракаш аз пушташ барои хайру­хуш надавидаанд? Давидани дарёча чун давидани додар аз пушти баро­дари калонаш шоирона аст.

Муҳриддин Сабурӣ,
соли 2018

Дигар хабарҳо