Бонувон дар манзари меҳр

 Бонувон дар манзари меҳр

Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафт.

Эмомалӣ РАҲМОН

Нигоҳе ба имрӯзи зани тоҷик

Агар ба омори расмӣ назар афканем, мебинем, ки имрӯз дар ҷомеаи мо мақому манзалати зан ҳақиқатан ҳам ба таври назаррас боло рафтааст. Масалан, аз 100 фоизи хизматчиёни давлатӣ 25 фоизашро занон ташкил медиҳанд, ки дар даҳсолаҳои пеш чунин набуд. 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони тиб, 47 фоизи кормандони фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкорон занону духтаронанд, ки ин низ шоҳиди баланд бардоштани мақому манзалати ҷинси латифи ҷомеаи демократии мост. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат низ перомуни ҳамин масъала суханони пурмуҳтаво садо доданд. Сарвари давлат ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масоили ҷомеа ба масъалаи нигаҳдории ҳуқуқҳои зан-модар таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мекунанд. Ва Ҳукумати кишвар низ таҳти роҳбарии Сарвари дурандеши мамлакат барои беҳбуди ҳаёти занону бонувон ҳамаҷониба талош меварзад. Ин аст, ки бонувон дар навбати хеш ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат содиқона кору зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона, ҳастанд заноне, ки аз шароиту имконот дуруст истифода намебаранду ба қадри озодиҳои конститутсионии хеш намерасанд.

Занон ва фарҳанги миллӣ

Мутаассифона, эҳтиром гузоштан ба талаботу муқаррароти миллӣ на ҳамеша аз тарафи занону бонувони кишвар риоя мегардад. Сарфи назар кардани фарҳанги либоспӯшӣ масъалаи нигаронкунанда аст. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамҷинсони мо имрӯз рӯ ба фарҳанги бегона овардаанд, ки беэҳтиромиест ба фарҳанги миллии мо. Ҳол он ки фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ шояд зеботарин фарҳанги чаҳон бошад. Либоси миллии мо рангину зебандаву чашмрабост. Касе духтарону занони тоҷикро манъ накардааст, ки рӯймол ба сар накунанд ва касе рӯймолашонро аз сарашон гирифтанӣ ҳам нест. Бигузор духтарону занон, агар хоҳанд, рӯймол банданд, тоқӣ монанд, худро тоҷикона орову торо диҳанд. Бигузор бонувони тоҷик ғайр аз либоси миллӣ либосҳои расмӣ ё либосҳои барои ҷойи кор мувофиқ ё либосҳои муносиби замонавӣ пӯшанд, аммо он ҳам бояд дар доираи одоби шарқиёна бошад. Қисме аз бонувони тоҷик либосҳои нозебои сиёҳ ё сафед ба бар мекунанд, сатру ҳиҷоб мепӯшанд, ки дар ҷомеаи фарҳангсолори мо норавост. Онҳо бояд ба назар гиранд, ки пӯшидани сатру ҳиҷоб тақлид ба бегонагон аст ва он ба ҷомеаи мо хушбахтие намеорад. Барои ин гуна ашхос шеъре навиштаам, ки «Ифтихор» унвон дораду чунин аст:

Зебандаи тан бувад либоси миллӣ,
Зебандаи зан бувад либоси миллӣ.
Ҳаргиз накунам либоси бегона ба бар,
Зебандаи ман бувад либоси миллӣ.

Майл кардан ба фарҳанги бегона нишонаи худогоҳ набудану ноогоҳона рафтор кардан аст. Сарвари давлат дар Паём оид ба ин масъала сухан гуфта, таъкид карданд: «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либоси миллӣ ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигаҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».

Рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ метавонад моро ба худшиносиву худогоҳии комил расонад. Ин дар навбати худ даст медиҳад, ки ҳар яке аз мо чун фарди худогоҳи ватанпарвар дар рушди Ватани худ саҳм гузорем. Натанҳо бонувони шаҳру марказҳои ноҳияҳо, балки ҳатто хоҳарону модарони дурдасттарин деҳоти кишвар низ аз мадди назари Роҳбари ғамхори мамлакат дур намемонанд. Барои мисол, дар мусоҳибае, ки нашрияе бо намояндаи Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ анҷом додааст, арқому далелҳои ҷолиберо хондем, ки чунинанд:

Ба хотири таъмини фаъолияти занон, аз ҷумла занони деҳот, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зиёди муассир андешида шудаанд. Бо мақсади таъмини онҳо бо ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии оилаҳои онҳо чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва кишоварзӣ, марказҳои хизматрасонии бонувон ва марказҳои ҳунармандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани занони деҳот аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста грантҳои президентӣ таъсис дода шуда, ҳамасола шумораи зиёди занони деҳот дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ, боғдорӣ, ҳунармандӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулбурӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти президентӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.

Барои занони шаҳрҳову шаҳракҳову марказҳои ноҳияҳо имкониятҳои боз ҳам хубтар фароҳам оварда шудаанд. Перомуни ин Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон чунин иброз доштанд: «Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир, 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм карданд. Илова бар ин зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шуданд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллии асилу бостонии халқамон мебошанд».

Аз ҳаёти занони ҷаҳон

Занони Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби иқболанд. Онҳо тамоми ҳуқуқҳоро доранд, ки озодона кору зиндагӣ кунанд. Агар заноне коҳилӣ кардаву худро ба кунҷи узлат кашидаанду тамоми ҳуқуқҳояшонро зери по намудаанд, ин гуноҳи худашон аст. Боке нест, агар бонувоне танҳо мактабро хатм кардаанду дар донишкадаву донишгоҳҳо маълумоти олӣ нагирифтаанд. Муҳим он аст, ки зан бояд аз ҳунарҳои барои рӯзгордорӣ зарур бархӯрдор бошад. Зане, ки пазандаи хуб, дӯзандаи хуб, ҳатто рӯбандаи хуб бошад, ӯ ҳатман фарзандонашро дар руҳияи хуби фарҳанги хонаводагӣ тарбият карда метавонад. Барои модарони тоҷик монеае вуҷуд надорад, ки касбу ҳунар омӯзанд, бо дили шоду рӯи кушод фарзандони хешро ба боғчаву мактабҳо бурда, чун насли солими дархури замон онҳоро ба камол расонанд.

Агар зиндагии занони тоҷикро дар қиёс бо дигар занони ҷаҳон, аз ҷумла занони кишварҳои мусулмонӣ бинем, равшан мушоҳида карда метавонем, ки Тоҷикистон барои занону бонувон тамоми озодиҳоро фароҳам овардааст. Онҳо дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо фаъолият карда метавонанд, ҳуқуки иштирок ва овоз додан дар интихоботро доранд. Ин дар ҳолест, ки дар қисме аз кишварҳо занон ҳатто аз ҳуқуқи ба кӯча баромадан маҳруманд. Ва агар бароянд ҳам, бояд рӯяшонро аз мардон бипӯшанд. Дар кишваре ба наздикӣ ҳатто амре содир шуд, ки оҷизаҳо, яъне занон ҳуқуқ надоранд, ки аз тирезаҳои манзили истиқоматӣ ё дигар маконҳо ба ҷойҳои серодам нигоҳ кунанд. Модарон аз бенавоӣ ҳатто фарзандони хурдсолашонро мефурӯшанд. Духтарони ҷавон қурбонии нафси бади мардони бад рафтор мегарданд. Дар мамолики зиёди дигар низ вазъ чунин аст. Магар ин ҷоҳилӣ нест?!

Шукрона аз замона

Ҳар қадар бештар ба мутолиаи расонаҳои даврӣ, махсусан Интернет, машғул шавем, мебинем, ки чи қадар зани тоҷик аз озодиҳо бархӯрдор аст. Конститутсия тамоми ҳуқуқҳои моро одилона ҳифз мекунад. Пас шукронаи соҳибистиқлолии мо, модарону бонувони тоҷик ва шукронаи давру замон. Мо бояд ба қадри Тоҷикистони соҳибихтиёри хеш бирасем ва шукронагӯи имрӯзи зебо бошем ва бо дасту дили гарм Ватани аҷдодиамонро боз ҳам шукуфотар созем.

Раънои МУБОРИЗ

Дигар хабарҳо