Бозёфти тоза аз навиштаҳои паҳлавӣ дар бораи Наврўз

 Бозёфти тоза аз навиштаҳои паҳлавӣ дар бораи Наврўз

Наврўз ҷашни миллӣ, ҷашни расто­хези табиат ва нав шудани гетист. Дар бораи Наврўз, ҷузъиёти анҷоми ойинҳои наврўзӣ дар даврони бостон, хоса за­мони ҳахоманишӣ ва ашконӣ, матолиби чандон зиёде дар даст надорем. Танҳо тасвири намояндагони миллатҳои гу­ногуни ҳакшуда дар Тахти Ҷамшед, ки дар интизори расонидани ҳадяҳо ба ҳузури шоҳаншоҳ ҳастанд, гувоҳи таҷлил аз ҷашни Наврўз дар даврони бостон мебошанду бас. Нахустин гузориш дар бораи ҷашну ойинҳоро аз сарчашмаҳои гоҳшумории форсии миёна ва суғдӣ дармеёбем.

Қадимтарин манбаъ, ки аз ривоҷи ҷашн ва дигар ойинҳо дар замонҳои бостон маълумот медиҳад, осори ғай­римустақими тарҷумашуда ба забони арабӣ дар аҳди хилофати арабҳо мебо­шад. Матнҳои паҳлавӣ аз ҷониби Ибни Муқаффаъ (VIII) тарҷума шуда, матни кўтоҳи паҳлавӣ низ дар асари “Китоб-ут- тоҷ”-и Ал-Ҷоҳиз (IХ) зикр гардидааст. Он чи дар бораи ойинҳои Наврўз нигошта­анд, табъан бозтобе аз маросими ин рўз дар даврони Сосониён ва аз он пештар будааст, аммо дар навиштаи паҳлавии “Китоб-ут-тоҷ” замони ҷашн гирифтани Наврўз дарҷ нашудааст.

Поёни соли 2024 эроншиноси маъру­фи муқими Фаронса Раҳом Аша дар дастхатҳои TD 26 китобхонаи Институти Шарқшиносии ба номи К. Р. Кама (Мум­байи Ҳинд) дастнавиштаҳои паҳлавиро пайдо мекунад. Дар миёни ин дастна­висҳо баргае низ будааст, ки дар он аз Наврўз ёдоварӣ шуда, ки ду далел аз барпо намудани ҷашни Наврўз дар он дарҷ гардидааст. Ин барга аз ҷониби Раҳом Аша шинохта, бозхонӣ ва овона­висӣ шудааст, ки тарҷумааш чунин аст:

Наврўзро ду чам (далел) аст:

  1. Моҳи Фарвардин рўзи Ҳурмузд. Чами он ривоҷи офариниш бад-ин рўз аст ва ин рўз о; аз солшумурде аст, ки сесаду шасту панҷ рўз ва як чаҳорум рўз (=6 соат) ва хурдазамон (чанд дақиқа). Пештар буни (оғози) сол он рўз буд.
  2. Моҳи Фарвардин рўзи Хурдод (ша­шум рўз), чами он ин аст, ки ҳангоме ки Ҷамшед аз задани девон ва друҷон боз омад, аз андарвои (ҳаво) рўшании бузур­ге ба ҷаҳон дурахшид ҳамонанди хуршед ва мардумон гуфтанд, ки “рўзи нав омад”. Ва ҳамин рўз Ҷамшед роёниш (идора)-и ҷаҳон ва куниш ва парҳезиши кору тимо­ри мардумон ба паймон (эътидол) боз овард ва бемаргии домон (=халоиқ) (та­сбит кард) ва барои кандани устудонҳо ба ҳама ҷаҳон фраварда (нома) кард ва фармон дод ва бахти нек (иқбол) аз он фармони Ҷамро, ки нахуст фраварда (нома) аз ў ба ҷаҳон омад, даҳюбадон (фармондеҳон) ва худоён (шоҳон) пас аз он (он рўзро) нишон андар сол ба ҷаҳон карданд ва нек донистанд ва сазовор аст, ки он рўз фраварда (нома) муҳр би­зананд. Пас, ҳангоме ки чунин пи­сандиданд, бад-ин сон навиштанд ва ба кишвар фиристоданд.

Вожаи Наврўз ҳам дар матни паҳла­вии “Китоб-ут-тоҷ”, ки “dasniha i mihragan ud nogroz” унвон дорад, ҳам дар баргаи тоза пайдошудаи форсии миёна дар ша­кли nogroz омадааст, ки аз ду вожа ибо­рат аст: дар форсии миёнаи монавӣ nog – “нав”, дар форсии миёна nok, эронии бостон nava, санскрит nava; портии миё­наи монавӣ roz – “рўз”, дар форсии миёна roc, форсии бостон raucah аз решаи rauk “рушан будан”, “партав афкандан”.

Сол, тибқи гоҳшумории бостонӣ, иборат аз 12 моҳ буд ва то замони густариши Ислом ҳар як рўзи моҳҳои сирўзаи форсӣ ном дошт ва рўзи якуми ҳар моҳ Ҳурмуз (номи эзади некӣ) ва моҳи аввали сол Фарвардин (муштақ аз fravarti – “фраваҳар”, яъне руҳи нахустин) хонда мешуд. Аз ёдгориҳои паҳлавӣ матни кўтоҳе бо номи “Рўзи Ҳурмузд моҳи Фарвардин” дар даст дорем, ки дар он сухан аз омурзиши мардумон, офариниши ситораҳо ва бахшҳои гетӣ, рўшанию торикӣ, девону друҷон (дурўғ), биҳишту дўзах меравад, ки чунин оғоз мешавад: “Ба номи додор Ҳурмузд, ашавафзунӣ ба рўзи аввали хондан, ба рўзи Ҳурмузд, моҳи Фавардин, Додор Ҳурмузд, ашав Зартуштро фармуд, ки мардумони геҳонро воҷ (=омурзиш) кун, ки (андар) ин рўзи воҷи Вананд (номи ситора, пирўзшаванда) гиранд, ки андар он додор Ҳурмузд фармояд…

Ва бо ин ҷумла анҷом меёбад:

“Аз он (рўй) додор Ҳурмузд бар ҳама мардумон, беҳдин фарзи (=зарурати) кирфа (кори нек кардан), хушнудии равон(-ро гуфтааст), ки ба рўзи Ҳурмузд, моҳи Фарвардин воҷи Вананд парастед, (то) ба он ҷой (дўзах) девонро задан Ва­нанди Эзадро хушдилӣ ва ромишӣ фароз расад” (Адабиёти паҳлавӣ.- Душанбе, 2017.- Саҳ. 115-118).

Рўзи Ҳурмуздро Берунӣ чунин таъриф мекунад: “Исми Худованди таолост, ки офаридгор ва соневу парварандаи дунё ва аҳли он аст” (Берунӣ. Осор-ул-боқия, 233). Имом Ҷаъфари Содиқ дар китоби “Озарбоди Маҳраспандон” дар бораи Ҳурмуздрўз овардааст: “Рўзе нек аст ва бобаракат ва ҳама комҳо шояд. Ва ин рўз буд, ки Худои азза ва ҷалла меҳтари одамро биёфарид”.

Дар “рўзномаҳои порсиг” андар фа­зилатҳои рўзи Ҳурмузд зиёд ёд шудааст. Аз ҷумла, дар андарзномаи Озарбод ба писараш аз рўзгори Сосониён андар сифати рўзи нахустини сирўза – Ҳур­муздрўз омадааст: Ohrmazd roz may xvar ud huram bas. – “Ҳурмуздрўз май хўр ва хуррам бош!”.

Айни ҳамин андарз дар “Шоҳнома” омадааст, ки далели возеҳи огоҳии Ҳаким Фирдавсӣ аз андарзномаҳои зар­душтӣ мебошад:

Шаби урмузд омад аз моҳи дай,
Зи гуфтан биёсою бардор май.

Далели дувуми ҷашн гирифтани Наврўз дар навиштаи паҳлавӣ моҳи Фарвардин рўзи Хурдод аст. Рисолае ба паҳлавӣ бо номи “Моҳи Фарвардин рўзи Хурдод” то рўзгори мо боқӣ монда­аст. Вожаи хурдод номи яке аз эзадон аст: haurvatаt – “тамомияти комил”; дар паҳлавӣ хvardat номи яке аз амшос­пандон аст, ки муваккили обу гиёҳ аст ва рўзи шашуми ҳар моҳ ва сеюм моҳи солро Хурдод хонанд. Дар андарзномаи зардуштӣ дар ин рўз, ки муваккилаш Хурдод аст, фармудаанд, ки “Хурдодрўз ҷўй кан ва аз об бипарҳез”.

“Маънои ин ном суботи халқ аст. Ва Хурдод малакест, ки ба тарбияти халқ ва дарахтону наботот, нест кардани палидӣ аз обҳо муваккил аст” (Берунӣ. Осор-ул- боқия. – Саҳ. 239).

Ва дар “Шоҳнома” моҳ ва рўзи Хур­дод баробар корбаст шудаанд:

Бурун рафт хуррам ба Хурдодрўз,
Ба нек ахтару фол гетифурўз,
Ки тоҷи Каён ёфт аз Яздгард,
Ба Хурдодмоҳ андарун рўзи Ард.

Дар Хурдодрўз раҳоии Ҷамшед аз бадӣ, ба низом омадани ҷаҳон ва парҳезкории мардум ба вуқуъ пайваст, бинобар ин, месазад рў ба ин рўз кард. Аз ин навишта ва чандин ривоятҳо огоҳӣ дорем, ки пайдоиши ҷашни Наврўз ва рўзи навро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд: “Ҷам гўё динро нав карду бар Аҳриман ва пайравонаш пирўз шуд, бо сабаби ин пирўзӣ хуршед дурахшон шуд ва мардум мегуфтанд: “Рўзи нав”, “Наврўз”; Ҷам тахте пур аз гавҳар сохт, девон онро бар осмон барафрохтанд ва Ҷам чун хуршед дурахшид… ва амсоли ин.

Дар таърихномаҳо аз ду Наврўз ёд шудааст: Наврўзи хурд ё Наврўзи ом ва Хурдодрўз ё Наврўзи бузург ё Наврўзи мулук. Муҳаққиқон Наврўзи бузургро, ки дар рўзи шашуми моҳи фарвардин – дар Хурдодрўз ба муносибати рўзи таваллу­ди Зардушт ҷашн гирифта мешуд, қайд кардаанд. Мазмуни баргаи тозапайдо­шудаи паҳлавӣ аз ҷониби Абурайҳони Берўнӣ айнан бозгўӣ шудааст. Бо матни паҳлавӣ муқоиса шавад: “Ва дар рўзи шашуми ин моҳ Наврўзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гўянд, ки Худованд дар ин рўз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рўз охири рўзҳои шашгона аст… Ва Ҷам дар ин ҳангом бозгашт ва дар чунин рўзе монанди Офтоб баромад ва нур дар ў метофт… Ва мардум гуфтанд: “Рўзи нав!

Дар ин рўз буд, ки Ҷамшед ба ашхо­се, ки ҳозир буданд, амр намуд ва онон, ки ғоиб буданд, навишт, ки гўристонҳои куҳнаро хароб кунанд…” (Осор-ул-боқия, Саҳ. 235-236).

Ба ривоятҳои дигаре, азбаски шоҳ бо табақоти гуногуни мардум аз оғози баҳор дидор мекард, рўзи шашум идро дар ҳалқаи хосон баргузор менамуд, ки ҳанўз ҳам асаре дар миёни зардуш­тиён аз ин рўз боқӣ мондааст. Назари дигаре низ ҳаст, ки дар даврони бостон моҳ ба шаш панҷрўза бахш мешуд ва хурдодрўз рўзи аввали панҷаи дувуми Фарвардин буд, ки Наврўзи бузург ҷашн гирифта мешуд ва дар миёни суғдиён низ дар ҳамин рўз бо номи Навсард ид баргузор мегардид.

Дар ҳамосаи миллии “Шоҳнома” вожаи Наврўз 33 бор омадааст. Инчунин Наврўз бо мафҳумҳое чун “сари соли нав” ва “фарвардинмоҳ” баён шудааст. Фирдавсӣ Наврўзро аз назари ҳакимона ва хирадгароёнаи худ таърифу тавсиф намуда, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоиро бо суннатҳои аҷдодӣ пайванд додааст. Фирдавсӣ, тибқи ривоёти мардумӣ, пай­доиши аввалин ҷомеаи башар – замони ба тахт нишастани нахустин подшоҳони пешдодӣ – Каюмарсу Ҷамшедро бо сун­нату андешаҳои мардумӣ, бо рўзи авва­ли сари сол – Наврўз пайванд медиҳад.

Чунин гуфт, к-“Ойини тахту кулоҳ
Каюмарс оварду ў буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи ҳамал офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру ойину об”.

Дар “Наврўзнома”-и Хайём бунёнгу­зори солшумории шамсӣ Каюмарс буда, бозгаштани фарвардин ба мабдаъи асосиашро шоҳ Ҷамшед муайян карда, онро “рўзи нав” хондааст (Умари Хайём. Наврўзнома. – Душанбе, 2012.-250с.).

Аз навиштаи тозаёфтшудаи паҳлавӣ ва бозтоби он дар “Осор-ул-боқия” ва бархе аз манобеи илмиву адабӣ маълум аст, ки дар замони Сосониён рўзи Ҳурмузди моҳи Фарвардин ба­робар ба 1-уми Фарвардин (21 март) Наврўзи хурд ё Наврўзи ом ва рўзи Хурдоди моҳи Фарвардин баробар ба 6-уми Фарвардин (26 март) Наврўзи бузург ё Наврўзи хоса баргузор мешуд. Бо вуҷуди он ки аз замони густариши Ислом гоҳшумории порсиён дар ка­нори тақвими қамарӣ роиҷ буд, аммо шеваи ҷашнгирии бархе аз ин рўзҳо то замони мо боқӣ намондааст. Аз ҷумла, Наврўзи бузург, ки пайдоиш ва ҷашни он маншаъи илмии нуҷумӣ дошта, ти­бқи ривоятҳо ба шоҳони Эрони бостон нисбат дорад, аз байн рафт.

Ҳар миллате ва давлате аз тариқи гузаштаи таърихӣ ва фарҳангии худ шиносоӣ ва ҳувияти миллии худро ҷўё мешавад ва бозёфти тозаи осори паҳлавӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бо доштани тамаддуни куҳан аз сарвати фарҳангии азиме низ бар­хурдор буданд, аз ин рў, ҳифозати ин мероси фарҳангӣ вазифаи муҳимми ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Рўдакии АМИТ

Дигар хабарҳо