Бозтоби таърих

?????????????????????????????????????????????????????????
Аз даврони шӯравӣ то имрӯз навиштани асарҳои бадеӣ-таърихӣ дар миёни адибони тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина нависандагоне чун Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон ва Мирзонасриддинро метавон ном бурд. Романҳои таърихӣ ҳамчун василаи зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, бедор сохтани ҳисси ифтихори миллӣ нақши муассир мебозанд. Нависандагони тоҷик бо навиштани чунин асарҳо кӯшиш намудаанд, ки чеҳра ва кору пайкори шахсиятҳои муҳимми таърихиро дақиқ бозтоб диҳанд. Асарҳои таърихи-бадеӣ натанҳо воқеаҳои гузашта, балки рӯҳияи он замон, талошҳо барои адолат, озодӣ ва ҳифзи шарафу номуси миллиро таҷасум мекунанд. Чунин асарҳо дар байни ҷавонон барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, огоҳӣ аз гузашта ва шахсиятҳои таърихӣ мусоидат менамоянд. Бо тасвири шахсиятҳои бузурги миллӣ ва фоҷиаву пирӯзиҳои таърихӣ, нависандагон кӯшиш мекунанд, натанҳо таърихро зинда созанд, балки онро бо забони равону таъсиргузор ба наслҳои нав фаҳмонанд. Романҳои таърихӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ натанҳо нақлгари воқеаҳои гузашта, балки роҳнамои маънавии ҷомеа гаштаанд. Онҳо ба хонанда имкон медиҳанд, ки тавассути ҳаёти қаҳрамонони таърихӣ аз ҳақиқат, адолат, ватанпарварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дарси зиндагӣ бигиранд.
Ба воситаи ин навъи адабиёт дирӯз бо имрӯз пайванд хӯрда, огоҳии таърихӣ ба пояи ҳувияти миллӣ мубадал мешавад. Маҳз тавассути адабиёти таърихӣ мо метавонем решаҳои худро мустаҳкам нигоҳ дорем ва бо чашми нек ба оянда назар андозем. Миллате, ки гузаштаашро мешиносад, ояндаро низ бошукӯҳ месозад. Дар ин гуна адабиёт мавзуъ танҳо бозгӯи рӯйдодҳои гузаштаи сиёсӣ нест, балки он бозёфти маънавият, ҷустуҷӯи посух ба саволҳои муҳимтарини имрӯз низ ҳаст. Муаллифон кӯшиш мекунанд, ки пайванд байни гузашта ва имрӯзу фардоро барқарор созанд, аз таърих рӯҳия бигиранд ва онро ба фаҳму дарки хонанда наздик созанд. Ба воситаи образҳои таърихӣ хонанда бо арзишҳое чун ватанпарастӣ, садоқат, м а р д о н а г ӣ в а х у д ш и н о с ӣ о ш н о мешавад. Ин навъ асарҳо хонандаро маҷбур месозанд, ки фикр кунад: «Мо ки будем? Мо кистем? Мо бояд чӣ гуна бошем?»
Яке аз чунин асарҳо китоби «Оташ дар хонаи қадим»-и Мирзонасриддин мебошад. Муаллиф бо тасвири як қатор ҷузъиёти воқеӣ хонандаро ба дунёи қаҳрамонони асар ворид месозад. Вай бо истифода аз лаҳни содаву фаҳмо, вале пурмазмун, воқеаҳои таърихиро ба таври зинда ва таъсирбахш ба тасвир мекашад. Нависанда бо истифода аз далелҳои таърихӣ ва тасвири воқеии ҳаёти мардум хонандаро ба муҳити пурфоҷеаи он замон мебарад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна мардуми одӣ дар муқобили зӯроварии болшевикон истодагарӣ мекарданд. «Оташ дар хонаи қадим» натанҳо як асари тарихӣ, балки як манбаи муҳимми омӯзиши таърихи миллат ва шинохти арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин роман яке аз марҳалаҳои муҳими таърихии Осиёи Миёна, аз ҷумла сарнавишти тоҷикони ин макон, дар ҷараёни инқилоби болшевикӣ ба қалам дода шудааст. Нависанда чунин зикр менамояд:
«… Вале шароити он замон инқилобро талаб мекард. Ба ин маъно, ки давру бар ҳама пеш рафта буданд, ҳама соҳиби замин, соҳиби давлат. Мардум соҳиби мактабу донишгоҳу донишкадаҳо шуда буданд. Аммо дар Бухорои манғитӣ аз ин чизҳо дараке набуд, ақиб монда буд. Аз ин нигоҳ ман гумон мекунам, ки омадани инқилоб тақозои замон буд, инқилоб як амри табиӣ буд, ки ҳатман бояд рух медод».
Муаллиф муҳити иҷтимоии шаҳру деҳаҳо ва саргузашти шахсиятҳои романро дар мисоли қаҳрамонони марказие чун Мансури самарқандӣ аз оғоз то анҷом ба намоиш гузоштааст. Бо хондани ин асар мо ба хубӣ дарк мекунем, ки муаллиф бо диди тоза ва муносибати нав ба вақеаҳои таърихӣ пардохта, асаре офаридааст, ки натанҳо воқеаҳои таърихиро тасвир менамояд, балки хонандаро ба андешидан водор месозад, то ба гузаштаи худ аз зовияи дигар бингарад ва таърихи халқи худро амиқтар биомӯзад. Ба қавли нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, «бидуни муболиға, Мирзо Саидзода ба хонанда нафақат гуфтугӯ меорояд, балки ӯро ба майдони андешаву мулоҳиза, баҳсу талош, дудилагиҳо мекашад, то ҳамроҳ аз пайи ҷустуҷӯи рӯҳи асили он замон равад».
Латофат АБДУХОЛИҚЗОДА,
магистранти ДМТ