Ба ҳукми як ниҳоли навбарам, пазмони хуршедам… (Ҳамзодпиндории инсон бо табиат дар шеъри Ҳабибулло Файзулло)

 –Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло

Табиат ва унсурҳои тасвирсози он дар шеър аз дастмояҳои беназири адабиёт аст, ки ба осори шоирони дирӯзу имрӯз ранги тоза бахшидааст. Табиатгароӣ дар вуҷуди шоирони табиатсаро намоди хулқу хӯйи онон ва ҳамзодпиндориашон ба олами зебоӣ будааст. Ин ҳамзодпиндорӣ бо табиат барои шоирони табиатгаро танҳо мояи тасвирсозӣ набуда, балки бозкушоии рӯзгори инсон дар пайванд ба табиат, ба гунаи иҷтимогароёна ва расидан ба аҳдофи худ дар баёни мақсад низ ҳаст.

Таваҷҷуҳ ба табиат дар сабки хуросонӣ, дар баробари дигар сабкҳои адабии мустаъмали адабиёт, густариши бештаре дорад, ки шоиронаш чун наққошони чирадаст ба нусхабардории зебоиҳои он дар шеър пардохтаанд. Ин нақшҳо мусаввараҳои гӯёе аз дунёи берун буданд. Яъне табиат як унсури тасвирсоз дар шеър шинохта мешуд. Нахуст дар шеъри Рудакӣ унсурҳои иҷтимоӣ (дар мисоли қасидаи баҳор) аз роҳи монандсозӣ барои тасвири табиат ба кор рафтанд. Аммо дар шеъри муосир аносири табиат барои баёни ҳолат бештар ва дигаргунатар корбаст шуданд.

Дар шеъри муосир, махсусан шеъри солҳои 60-70-уми асри ХХ, рӯйкарди густардае ба табиат ва суд ҷустан аз унсурҳои он барои баёни мақсад сурат гирифтааст, вале дар ин номаи кӯтоҳ, ки мақсадаш нигаристан аз ҳамин дарича ба шеъри Ҳабибулло Файзулло аст, намешавад дар пайи далел ҷустан аз дигарон буд. Ин мавзуи фарохест, ки ҳар пажӯҳишгаре ба он рӯйи ниёз биёрад, кори тозаеро дар таҳқиқи шеър рақам хоҳад зад. Бо мутолиае, ки аз шеъри ин давра доштам, шеъри Ҳабибулло Файзуллоро бештар пайванд бо табиат дарёфтам. Ӯ шоирест, ки ба назари мо, бештар бо табиат унс гирифтаву истифодаи фаровон аз унсурҳои он кардааст. Вақте ба зиндагии воқеии Ҳабибулло Файзулло мурур мекунем, аз ёддоштҳо мехонем ва аз донандагони ҳол мешунавем, ки ӯ бештари фурсати худро ба назораи табиат мегузаронд. Ман борҳо аз забони пирони рӯзгордидаи зодгоҳам Зидеҳ шунидаам ва мешунавам, ки Ҳабибулло Файзулло баҳорон ба тамошои табиати ин диёр меомадааст ва муддатҳо ба тамошои табиати он менишастааст. Ҳосили ин ҳама мушоҳидаҳо иншои беш аз панҷ шеър дар тавсифи табиат ва зиндагии мардумони ин диёр аст, ки то кунун он ҳамаро дар хотир доранд ва шоирро ба некӣ ёд мекунанд. Яъне ин ҳамзодпиндории Ҳабибулло Файзулло бо табиат дар шеър танҳо ҳосили хондаҳову шунидаҳо не, балки ҳосили таҷрибаҳои ӯ будааст, ки дунболи тасвирҳои худ дар табиат мегаштааст. Ман бовар дорам, хеле аз анвои гулу гиёҳ, ки дар шеъри шоирони ҷавони имрӯзи мо ном бурда мешаванд, натанҳо махсуси табиати мо нестанд, балки гӯяндагонашон на онҳоро дидаанд ва на бӯяшонро шамидаанд. Танҳо ҳосили хондаҳояшон аст, ки аз таҷрибаи дигарон бардоштаанд. Аммо Ҳабибулло Файзулло ва ҳамнаслони ӯ шоирони воқеъгарое буданд, ки вақти худро вақфи таҷрибаандӯзӣ дар табиат ва ҳаёти инсонҳо кардаанд. Ҳамон гуна, ки вай рӯйидани лолахасак ва сабзаҳоро дар гӯшаи бом дидааст:

Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ
Лола мерӯяду қумрӣ ба наво меояд…

                             ***

Ёдҳои баччагӣ чун сабза андар боми деҳ
Он қадар шодоб айёми баҳорон рустаанд…
                                                                      («Обшори Офтоб»)

Кӯҳистониён дар гӯшаи порисаву бомгӯшаҳои хокпӯши деҳа дамидани сабзаву лолахасакро кам надидаанд. Ин ҳама тасвирҳои воқеъгароёна аз табиат ҳосили таҷрибаҳои шоирро бозтоб мекунанд. Бо вуҷуди ин, Ҳабибулло Файзулло дар ҳарду шеър танҳо қонеъ ба тасвири табиат нест, балки ҷараёни зиндагиро дар вобастагӣ бо рамзу рози табиат пайгирӣ мекунад. Дар зимн, ҳамнавоӣ бо табиат ин унсурҳоро барои шоир бештар кашф кардааст, то битавонад мақсуди худро дар пайванд бо он баён созад. Аз ин ҷост, ки Ҳабибулло Файзулло худро зодаи табиат медонад. «Мо зодаи табиатем…» гуфтани ӯ дар шеъри «Такрор» ҷойи андешидан дорад. Нимо Юшич дар яке аз номаҳои худ гуфта буд: «Инсон ҷузъе аз табиат аст» («Номаҳои Нимо»).

Нимо худ аз касоне буд, ки ба табиат аз берун менигарист ва дарунгароёна аз аносири он судҷӯӣ мекард. Тавсифи айнии табиатро танҳо васф дар шеър медонист, ки дорои фурм ва шеваи баён аст. Ба диди ӯ ин даст ашъор танҳо як «насри вазндор» буданд, ки мегуфт: «…агар вазн ба ҳам бихӯрад, зиёдӣ ва чизи ғайритабиӣ дар он набошад. Ба дур андохтани ин муқовала аввалпоя барои татҳир ва таҳзиби шеъри мост…».

Бо таъсири ҳамин нигариши Нимо ба табиат фазои шеъри форсӣ тоза шуд ва дар мисоли унсурҳои табиат тасвирҳои намодинеро ба миён овард, ки якеаш метавонад дарахт бошад. Ва ин дарахт дар шеъри шоирони баъди Нимо дар Эрон он қадар сабзиду реша давонд, ки саранҷом боғдорони шеъри мо ҳам аз он пайванд гирифтанд ва худро ё дарахт гуфтанд ва ё аз табори дарахт донистанд, ки ин бархӯрдҳо ва бардоштҳо рӯҳан пайванд ба гирумонҳои Нимо дар шеър доранд. Ин мавзуъ дар шеъри солҳои 60-70-и тоҷик низ як навъ пайванд ба шеъри рус дошт, вале ин пайванд як бардошти раҳнамоёна аз мавзуъ буд, ки дар заминаи расму оин ва фарҳангу забони тоҷикӣ, таҷрибаи муҳиту зиндагии тоҷикона офарида шуд. Агар Ҳабибулло Файзулло худро таборшиносона ба ҷои дарахт мегузорад, бешак, маҳсули андешаҳои худи ӯ дар замини фарҳангу забони тоҷикист ва пайванд ба таҳаввули тасвири табиат дар шеъри муосири Эрон надорад, балки ҳамон ҳамзодпиндории худи ӯ бо табиат аст, ки мегӯяд: «Мо зодаи табиатем…» Ва ҳосили ин зодаи табиат буданаш ин аст, ки худро аз роҳи тафаккури фардӣ ба гунае дигар ба ҷои як дарахт мегузорад:

Монанди дарахтем дар ин боғи шукуфта,
Мо решаи худ бар ҷигари хок ниҳодем.
Асрори ҷаҳон нест дигар рози нуҳуфта,
Чун по ба замин, даст ба афлок ниҳодем.

Аммо ин дарахт дарахти ормонӣ нест, дарахти решаронда дар хоки яъсу навмедӣ ҳам нест, балки дарахти сарафрозест, ки шохаҳояшро барои ифшои рози ҷаҳон ба ҷониби афлок дароз кардааст ва рӯҳи исёнии як шоир ва андешаҳои вуқуъгароёнаи ӯро ба баландо мебарад. Ин дарахт замоне дар шеъри Ҳабибулло Фай¬зулло ниҳоли навбаре буд, ки аз дасти боди саҳрогард азият мекашид ва тавони рақобат кардан бо муҳитро камтар дошт. Аммо рӯҳи исёнгар ре¬шаҳояшро дар замини умеду бовар жарфтар мебурд. Ин ниҳоли намодин, ки рӯҳи шоир дар он мунсаҷим аст, дар оғози сабзидан забони эътироз кушода буд:

Ба ҳукми як ниҳоли навбарам, пазмони хуршедам,
Парастори баҳоронам, ки механдад гули мақсуд.
Бирав, эй боди саҳроӣ, макун якбора навмедам,
Марезон барги гулҳоям, ки гардад зери по нобуд.
Бимон, файзи баҳорон бинаму нашъунамо ёбам,
Бимон, то боғбон дар шохсори ман самар бинад…
                                                                         («Обшори офтоб»)

Инсон дар ҷаҳони рақобатпазир бо гирумонҳои зиёд ва фалсафаи маргу зиндагӣ мувоҷеҳ аст ва ва ин гирифториҳо гоҳе монеи нигоҳи мо барои дидани марги дарахтон мешаванд. Дар имтидоди замон, ки мо аз бузургони худ дуртар мешаваем, ҳамон андоза онҳо бузургтар ба ҷилва меоянд. Ин дарахтони шеъри Ҳабибулло Файзулло, ки маргашонро сода пиндоштаем, намоди инсон дар шеъранд:

Дарахтон рост мемиранд,
Чаман барҷост, мемиранд.
Чунон нохост мемиранд,
Ки мо нодида мемонем.

Зи дарди хеш месӯзанд,
Ниҳон дар хеш месӯзанд,
Чу қалби реш месӯзанд,
Хазоншон дар баҳор ояд.

Ба хунам сӯзи ин дард аст,
Дарахте аз чӣ рӯзард аст,
Ки дил бо меҳр парвардаст,
Ба армон вақти гул мирад…
                                             («Достони роҳ»)

Шеъре, ки ин ҷо бо ҳам хондем, дар иртибот ба масоили тасвири табиат як бозёфти тозаи ҳунарист, ки аз тағйири зовияи тафаккури шоири имрӯз ба табиат дарак медиҳад ва дигарандешии ӯро бозтоб менамояд. Аз ҳамин дидгоҳ, мо ба ҳеч ваҷҳ наметавонем шеъри навро ба унвони як тағйири куллӣ дар вазну қолаб пиндорем, балки тозакориҳои дохилии он, ки бештар пайванд ба аносири табиат доранд, қобили арз дар навоварии шеъри мо ҳастанд. Он чи ки моро ба ин сохтмони тоза бовар мекунонад, риояи таодули маъно аз аносири табиат дар баёни ҳолати рӯҳии инсон аст. Ҳамон тавр, ки пажӯҳишгари осори адабӣ дар Эрон Алӣ Исфандёрӣ мегӯяд: «…ҳеч ҳиссе барои шеър ва шоир болотар аз ин нест, ки беҳтар битавонад табиатро ташреҳ кунад ва маъниро ба таври сода ҷилва бидиҳад…»

Ҳабибулло Файзулло аз зумраи шоирони шореҳи табиат аст, ки тавонистааст мавқеи иҷтимоиву ахлоқӣ ва маърифатии худро дар пайванд бо инсону табиат ба гунаи сода арза дорад. Агар аз назари ҳунарӣ ҳам дар пайи шоиронагиҳои шеъри ӯ бошем, боз ҳам беҳтарини онҳоро дар рӯйкардҳои табиат дармеёбем ва мебинем, ки табиат дар навпардозиҳои ӯ аз роҳи тасвирҳои шоирона чи ҷойгоҳе дорад. Масалан, дар ин байт гули қоқу тукмаи даври гиребон шудааст, ки тасвири дастнахӯрдаест ва бардоштҳои шоиронаи Ҳабибулло Файзуллоро аз табиат хулоса мекунад:

Тугмаи зарди гули қоқуи тар
Зинати даври гиребонат кунам…
                                                           (“Достони роҳ”)

Табиатгароии Ҳабибулло Файзулло дар шеър аз се самт сурат гирифтааст. Аввал, муродаш аз табиатгароӣ халқи тасвирҳои шоирона аст ва ин бархурд бо табиат гоҳе ӯро водор кардааст, ки дар баёни мавзуъҳои лирикӣ ҷузъиёте аз табиатро барои тасвири зебоӣ ва хулқу атвори қаҳрамонони лирикии худ истифода барад. Дуюм, аз аносири табиат судҷӯиҳои воқеъгароёна барои баёни аҳдофи худ дар мавзуъҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ кардааст. Сеюм, гоҳ-гоҳе дар ашъори ҷашнӣ, ки ба муносибати Баҳору Наврӯз сурудааст, бо равиши манзаранигории шеъри табатгароёнаи суннатӣ якмаром ба тасвири табиат пардохтааст, ки манзураш танҳо нишон додани зебоиҳои он аст. Равиши аввал ва равиши дуввум дар омӯзиш ва баррасии шеъри шоирони ин давра, махсусан арзишдовариҳои ҳунариву назарӣ роҷеъ ба навоварӣ дар шеър, судманд аст.

Ҳабибулло Файзулло, ки аз дӯстдорон ва ошиқони табиат будаву бештари вақти худро вақфи тамошои он кардааст, барои худ ва хонандаи худ мавзее дар шеър сабзу обод кардааст, ки ҳар кас метавонад дар он тамошогар бошад. Дар ин мавзеъ садои раъду барқ, боду борон, резиши шаршара ва хониши мурғонро мешунавӣ, фуромадани сел аз дараҳои танг, резиши тарма аз кӯҳ, бориши барф, дамидани себарга дар домани тармаҳо, шукуфтани гулу гиёҳ, долу дарахтонро мебинӣ, ғурури қуллаҳоро бештар дармеёбӣ, ҳаққи ҳамсоягӣ бо Хуршедро пайдо мекунӣ, маҳтобро чароғи шабҳои тори ҷангалистон медонӣ, бо одамони неку бад рӯбарӯ мешавӣ, ки чи нақше дар харобкориву ҳифзи табиат доранд ва дар тирамоҳонаш ба сӯги дарахтони хазонгардида менишинӣ. Он гоҳ ба муъҷизаи табиат бовар хоҳӣ кард, ки ҳатто метавонад адабиётро ҳам бисабзонад.

Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо