БАҲОРӢ АБДУМАЛИК

 БАҲОРӢ АБДУМАЛИК

АБДУМАЛИК БАҲОРӢ (Раҳмонов Абдумалик) 22 марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1946 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм карда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти донишгоҳ оғоз бахшидааст.

Аз соли 1951 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» муҳаррир, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррир, солҳои 1961-1965 муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.

Баъдтар дар Вазорати фарҳанг, нашриёти «Ирфон» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Фаъолияти эҷодиро аз шеърнависӣ сар карда, дар аввалин ашъораш таассуроти солҳои баччагӣ, меҳнати диловаронаи кишоварзон, корномаи ҷанговарон ва муҳаббати самимӣ ба Ватанро ба қалам овардааст.

Дар ашъори баъдиҷангӣ мавқеи устувори сулҳхоҳонаи мардуми шӯравӣ ва орзую омоли неки ҳамдиёронамонро аз забони қаҳрамони лирикӣ баён доштааст.

Лирики нозукадо буда, дар шеъру таронаҳои ба занону духтарони саодатманди кишварамон бахшидааш ҷаҳони мулаввану муҳассани ботинӣ, такомули қобилияти ҳунарӣ, ҳусну ҷамоли азалӣ, марому мақсади нек ва ширкати фаъолонаи онҳоро дар умури давлатию ҷамъиятӣ самимона тараннум кардааст.

Эҷодиёти Абдумалик Баҳорӣ гуногунжанру сермавзӯъ буда, анвоъи гуногуни назму насру драматургияро фаро гирифтааст.

Аввалин адиби тоҷик аст, ки ба эҷоди асарҳои фантастикӣ шурӯъ намуда, поягузори насри тахайюлӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф гардидааст.

Асари нахустини фантастикии ӯ «Ҷасорати Доктор Мансур» (1970) буда, баъдан қиссаҳои «Занбӯри айнакдор» (1971), «Аҷоиботи Нодар» (1971), «Бозгашт» (1973), «Сунбула» (1974), «Баччаҳои чобуксавор» (1976), «Фирори ассистент» (1979) ва «Шоҳидони шаҳид» (1981) силсиларо мукаммал сохтаанд.

Қиссаҳои реалистии нависанда масъалаҳои муҳимми ишқу ахлоқу зиндагии ҳамзамононамонро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор дода, бар услуби лирикию публитсистӣ бунёд ёфтаанд, ки «Қаймоқи гирди коса» (1975), «Гирдоб» (1977), «Ду моҳи пурмағал» (1980), «Ҷабрдида» (1984) намунае аз онҳостанд.

Асарҳои драматургии «Роҳи сафед» (1962), «Ишқи мансабдор» (1964), «Фармони Кадушоҳ» (1965), «Корвон равон аст» (1967), «Хандаҳои ашколуд» (1969), «Рӯзи таваллуд» (1970), «Таркиш» (1971), «Шуоъи Селла» (1971), «Се нафар хушдор» (1965), «Меҳмони серӯза» (1975), «Сири пурасрор» (1978), «Фолбин» (1980), «Баҳодур» (1983)ва ғ. зодаи қалами ӯстанд.

Маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯйи Моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Сели тилло» (1969), «Ҳикояҳо» (1972), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. барои кӯдакон ва наврасону ҷавовон иншо гардидаанд.

Соли 1964 барои қиссаҳои «Қаймоқи гирди коса», «Сунбула» ва «Гирдоб» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Чанде аз асарҳои ӯ ба забони халқҳои шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Худи ӯ як идда навиштаҳои А.Чехов Н.Некрасов, М.Лермонтов, И.Крилов, Н.Носов, С.Михалков, С.Маршак, Д.Бедний, А.Қаҳҳор, П.Бровка, В.Инбер, К.Федин, А.Сурков, С.Абдулло, В.Пшавеларо ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1987), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1994).

Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистону Белоруссия мукофотонида шудааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

3 декабри соли 2010 оламро падруд гуфт.

Дигар хабарҳо