Барои поэзияи муносиби давр

 Барои поэзияи муносиби давр

Ҳангоми кор дар бойгонии устод Садриддин Айнӣ ба дастам бастае афтод, ки рӯи он “Ҳабиб Юсуфӣ” навишта шуда буд. Вақте ки онро кушодам, байни варақҳои зиёди зардшудаю нимдаридаи рангпарида баъзе шеъру порчаҳои насрӣ мавҷуд буданд. Рӯи варақи фарсудае “Барои поэзияи муносиби давр” дарҷ шуда буд. Аз хатти хурду зебои он аён буд, ки ба Ҳабиб Юсуфӣ тааллуқ дорад. Дар ин навишта Ҳабиб Юсуфӣ ба эҷодиёти ҳамқаламони ҳамнаслаш баҳои мунсифона додааст. Қарор додам, ки онро рӯнавис намуда, ба хонандагон пешкаш кунам. Мақола бори нахуст рӯи чопро мебинад.

Маҳбуба Лумонова,
корманди Осорхонаи устод Айнӣ

Мо дар мақолаи гузашта дар бораи характери схематикӣ ва умумигӣ доштани поэзияи имрӯзаи тоҷик гап зада, ин ҳодисаро яке аз нуқсонҳои асосии он ҳисоб карда будем. Нуқсони дигари зарарноки поэзияи мо то ҳол дар эҷодиёти бисёр шоиронамон ҳукмронӣ карда омадани шаклпарастӣ, тақлидгарӣ ва умуман халтуранависӣ мебошад.

Поэзияи мо ҳанӯз дар аввалҳои револютсияи кабири Октябр деворҳои афсурдашудаи адабиёти феодалиро вайрон карда партофта бошад ҳам, то ҳол як қисми шоирони мо дар гирди харобаҳои он давр зада мегарданд ва аз он ҷудо шуда наметавонанд. Дар натиҷаи ин ҳанӯз дар поэзияи мо ҳамин гуна асарҳо дида мешаванд, ки ҳамон беҳаракатии доимӣ, якрангии дилгиркунанда, шаклпарастии нодаркор ва монанди ин қадар хусусиятҳои хоси адабиёти давраи охирини феодализмро мукаммал дар худ акс кунонидаанд. Ин гуна асарҳо ба ҷои ҳаёти пурҷӯшу хурӯш, пешрафти мо, суръат ва ғалабаҳои ҳаррӯзаи мо ҳамон хомӯшӣ, кашолагӣ ва афсурдагии давраи феодализми абадӣ аз ҳаёти халқи тоҷик нестшударо ба ёд меоранд.

Ин қисм шоирон мехоҳанд, ки бо ҳамон формаҳои кайҳо пӯсида рафта ва ба руҳи хонандаи имрӯза номувофиқ, мундариҷаи нав ва дилчаспи имрӯзаи моро, зиндагии моро ифода кунанд. Кайҳо фаҳмидан лозим буд, ки шакл ва мундариҷа якҷоягии диалектикиро ташкил медиҳанд ва барои ифода кардани мазмунҳои нав шаклҳои нави барҷаста ва тарутозаи ҳаяҷонбахш лозиманд.

Дар ин ҷо сухан дар бораи вазнҳои дарози кашола, радифбозиҳои бемаънӣ, ташбеҳ, истиора ва муболиғаҳои куҳнаи ғайритабиӣ, қофияҳои якранги дигарнашаванда ва ифодаҳои шаблонӣ меравад, ки ин ҳодисаҳо ҳоло дар поэзияи мо аз дараҷаи “даркориашон” хеле зиёданд. Барои мисол як порча аз “Гулнома” ном шеъри М. Раҳимӣ дар ин ҷо мебиёрем:

Дило, навис номае барои бахтиёр гул,
Ки баҳри интихоби мо расида мавҷдор гул.
Ба гулшани советиён – ба рӯи шашяки ҷаҳон
Чунон ки мавҷи сохтмон – ба хоки беканор гул.
(жур.”Бо роҳи Ленин”, ш.10, с.1919)

Ин шеър аз 70 сатр иборат аст, ки радифи “гул” ҳамин гуна то охир давом мекунад ва қариб 60 маротиба калимаи “гул” такрор карда мешавад. Бинобар он ки шоир худро ғуломи радифи “гул” кардааст, дар тамоми шеър ба ҷои муҳокимаи эҷодкор калимаи “гул” ҳукмронӣ мекунад. Дар натиҷаи ин “мушкилписандӣ” шоир маҷбур мешавад, ки монанди “мавҷ дар гул”, “мавҷи сохтмон” чи қадар истиораҳои нозебу ночаспон ба кор барад. Охир ин гуна шеърҳои дилгиркунандаи номафҳум ва бадеии беидеяи муайян барои кӣ даркоранд, бо кадом мақсад менависанд?

Ё худ “Калиди фатҳ” ном шеъри Суҳайлиро гирем, ки чунин сар мешавад:

Эй зи номат дафтари анвор унвон ёфта,
Чашми дониш равшанӣ аз ту фаровон ёфта.

Оё ҳамин шеър ҳам дар асри 20 дар давраи мо навишта шудааст? Барои шоири советӣ ба Анварӣ барин шоири маддоҳ ва бепринтсип тақлид карда, “назира” навиштан чӣ лозим буд? Дар куҷои ин шеър маънои “Калиди фатҳ” ҳаст охир?

Ба рафиқ Раҳимӣ, Суҳайлӣ барин касоне 10-12 сол боз эҷодкориро ба худ касби асосӣ карда меоянд, ҳанӯз ин гуна чизҳои паст ва пӯсида навиштан вонагузоранда аст. Онҳо бо ин ранг асарҳо поэзияи моро доғдор мекунанд, ба болои ин, ба нависандагони ҷавон ҳам зарар мерасонанд ва завқи хонандагонро низ паст мекунанд.

Мо бо ин ҳеҷ гоҳ шеърҳои дуруст ва бадеӣ доштани рафиқон Раҳимӣ, Суҳайлиро инкор карданӣ нестем, онҳо асарҳои нағз ҳам доранд. Шеъри лирикии “Ҷоду, ҷоду”, “Суруди хуршеди Кремл” ва боз як қатор шеърҳои рафиқ Раҳимӣ, асарҳои охирини Суҳайлӣ “Фатҳи кӯҳсор”, “Ба ҳифзи Ватан” беҳтарин намунаҳои эҷодиёти онҳо мебошанд, ки ҳақиқатан ҳам қимати бадеӣ доранд, аммо ин гуна асарҳо дар онҳо каманд.

Дар масъалаҳои тарзҳои ифода, ташбеҳ ва истиораҳо, ки ба мафҳуми шакл медароянд, мухтасар бошад ҳам, алоҳида истодан лозим меояд. Дар поэзияи мо баробари будани ифодаҳои образноки нав ва муваффақиятнок, ифодаҳои куҳнаи ба ном аз фаҳми одамон бегона шуда рафтагӣ, ташбеҳ ва истиораҳои номувофиқи ғайритабиӣ низ то ҳол бисёр ёфт мешаванд. Мана барои шумо мисол:

Кунун ба роҳи туам аз чи суст мегардад,
Магар ба по-ш ҳино бастааст ин паравоз?
(Деҳотӣ, аз шеъри …”Ба Москва”)

Аввал он ки “ба пой ҳино бастан”-ро хонандаи замони мо, ки ҳатто ба даст ҳино бастанро ҳам барҳам додааст, аз куҷо медонад? Дигар он ки ҳино ба паравоз чӣ муносибат дорад?

Як қисми шоирони мо масъалаи форма (вазни шеърӣ, қофия, воситаҳои тасвир ва дигарҳо)-ро масъалаи камаҳамият гӯён ба назари эътибор намегиранд. Албатта, ин нодуруст аст. То вақте ки мо шаклҳои нави бадеӣ эҷод намекардем, ҳеҷ гоҳ мазмунҳои нави ҳаёти имрӯзаро муваффақиятнок дода наметавонем.

Ба фикри мо, ба сустии пешрафти поэзияи мо боз ҳамин ҳам сабаб мешавад, ки аз материалҳои ғанӣ ва рангоранги фолклори тоҷик фоида бурдан дар эҷодиёти мо бисёр кам дида мешавад ва мо барои фолклоридани асарҳои худ ва сода, ба омма наздик кардани забони шеърӣ то ҳол қадамҳои қатъӣ нагузоштаем. Ғайр аз ин, бисёрии мо барои хуб кардани сифати асари худ, барои ҳақиқатан ҳам ҳалқӣ ва дастраси омма шудани он кӯшиши ҷиддӣ намекунем.

Баробари ҳамин гуфтан лозим аст, ки бисьёр шоирони мо аз ҳад зиёд кам менависанд. Онҳо кам навиштани худро хоксорона эътироф мекунанд, аммо бо ҳамин оё кор тамом мешавад? Охир онҳо чаро кам менависанд ва кай менависанд? Оё онҳо намефаҳманд, ки хонандаи тоҷик мунтазири асарҳои тозаи санъаткорона аст.

Нуқсон ва касалиҳои асосии поэзияи имрӯзаи тоҷик, ба фикри мо, аз ҳаминҳо иборатанд. Бо ин ҳама нуқсонҳо дар поэзияи мо, равшантар карда гӯем, чӣ гуна тарафҳои дурахшон, чӣ гуна асарҳои бадеии баландсифат ва лоиқи тақдир мавҷуданд, ки мо бо онҳо фахр мекунем ва дар оянда афзун кардани ин гуна муваффақиятҳои худро давом медиҳем?

Пеш аз ҳама поэзияи имрӯзаи тоҷик монанди “Кӯҳ ва оина”, “Меҳнат рапорт медиҳад” даҳҳо поэмаҳои дурахшони тамсилӣ ва романтикии устоди поэзияи революционии тоҷик рафиқ Лоҳутиро дорад, ки ҳар кадоми онҳо беҳтарин намунаҳои асари бадеӣ ҳисоб меёбанд. Поэзияи мо метавонад, ки боз ҳамин гуна асарҳои баландсифат эҷод кунад.

Дар байни нависандагони навқалам ҳам асарҳои дурусти ҷаҳоншумул ва майлонҳои тоза дида мешавад. Дар байни онон Камол Мақсудӣ, Фотеҳ Маъруфӣ, Сангинӣ, Қосимӣ барин ҷавонҳо ҳастанд, ки поэзияи мо аз онҳо асарҳои дуруст умед карда метавонад. Ба фикри мо, “Варзобстрой” ном шеъри шоири ҷавон Камол Мақсудӣ бо мазмун ва ифодаҳои тозааш яке аз беҳтарин шеърҳое мебошад, ки шоирони навқалами мо эҷод кардаанд.

Дар масъалаи вазни шеърӣ як реформаи ҷиддӣ ба вуҷуд овардан ва дар ин ҷо аз таҷрибаҳои шоири талантноки тоҷик Пайрав Сулаймонӣ фоида бурда, онро боз ҳам дар сурати васеъ тараққӣ додан лозим аст, ки вай дар вазни шеъри тоҷикӣ як қатор навигариҳо дароварда, ба муваффақиятҳои калон ҳам соҳиб шудааст (Ба шеърҳои “Навиди Вахшстрой”, “Якуми май”, “Корвон”, нигоҳ кунед).

Мақсад аз реформаи шеърӣ тамоман барҳам додани вазни арӯз набуда, балки дар доираи вазни арӯз вазнҳои тоза ба вуҷуд овардан ва дар баробари будани арӯзи классикӣ, истифода бурдани вазни ҳиҷоро ҳам васеъ кардан аст. Албатта, тамоми вазнҳои классикии арӯзро ҳам баробар қабул кардан нодуруст аст. Танҳо ҳамон вазнҳоро гирифтан лозим аст, ки онҳо суръати давр ва кайфияти шоду хурсандонаи одамони советиро акс кунонида метавонанд.

Мухтасар карда гӯем, вазифаи асосии поэзияи мо дар вақти ҳозира аз формализм, схематизм ва умумигӯӣ мавҷуд буда, рӯ ба тарафи ҳаёт оварда бо омӯхтани ҳаёт ва одамони нави ҳаёти социалистӣ образи онҳоро бо шаклҳои тозаи бадеӣ эҷод кардан ва ба ҳамин восита ба халтуранависӣ, ба ифодаҳои куҳнаи археистӣ, шаблонӣ зарбаи охирин расонида, комёбиҳои ба даст даровардашударо боз ҳам зиёд кардан ва мустаҳкам намудан мебошад.

Барои мо пайи ҷустуҷӯи методи эҷодӣ афтода, дар кӯзаи сарбаста дароварда мондан лозим нест, методи эҷодии адабиёти советӣ кайҳо аз тарафи асосгузорандаҳои вай муайян карда шудааст, ки барои тамоми адабиёти халқҳои Союзи Советӣ методи ягона мебошад.

Реализми социалистӣ – мана методи эҷодиёти ҳар як нависандаи советӣ! Реализми социалистӣ аз нависанда дар образҳои бадеӣ, бо шаклҳои баланд, ҳаққонӣ ва дуруст тасвир кардани ҳаёт ва аз ҷиҳати таърихӣ конкрет нишон додани онро талаб мекунад. Вай дар пеши ҳар як нависанда талаби “Инжинери рӯҳи инсонӣ” шудан ва бо ин восита ба ҷамъияти социалистӣ хизмат карданро мемонад. “Инжинери рӯҳи одам шудан – ин бо ҳарду пои худ дар заминаи ҳаёти реалӣ истодан аст” (Жданов).

Барои поэзияи мо достонҳои ҳаётӣ, асарҳои реалистии баландсифат лозиманд. Бояд ҳар кадоми мо – шоирони тоҷик дар ин бора фикр кунем.

Ҳабиб ЮСУФӢ,
1940

Дигар хабарҳо