Амиршоҳи Хатлонӣ. Тоҷикистон

Тоҷикистон, гарди роҳи ту барои ман зар аст,

Хори ту дар дида гул, регат ба мисли гавҳар аст.

Месароям рӯзу шаб васфи туро ман, эй ватан,

Номи ту, зебодиёрам, дар ҳазорон дафтар аст.

Куллаи ту сӯи гардун сарфарозӣ мекунад,

Майсаю гул дар чаманҳо рақсу бозӣ мекунад.

Сӯи саҳро гашта ҷорӣ обҳои софи ту,

Мардуми лабташнаро аз хеш розӣ мекунад.

Хар гиёҳатро табибон боби дармон гуфтаанд,

Шуҳрату шаъни туро аз аҳди Сомон гуфтаанд.

Чашмаҳои гарми ту бар дил ҳамебахшад даво,

Сарвату ганҷи туро беҳад фаровон гуфтаанд.

Тоҷикистон, эй Ватан, эй модари вологуҳар,

Дӯстонро ҷамъ соэу душманонро кун бадар.

То насозад хасми ту бо чашми бад сӯят нигоҳ,

Баҳри ҳифзат лозим ояд сина месозам сипар.

***

Бо умеди дидани ту хайма бар саҳро задам,

То ҷамолатро бубинам, нақш бар гулҳо задам.

Ин дили зиндониямро ту рабудӣ аз қафас,

Мурғи домафтода будам, хеш бар саҳро задам.

Баски аз соҳилнишинӣ ҷони ман омад ба лаб,

Ташнагӣ то бишканад, худ бар дили дарё задам.

То зи нав аз хок бархезад ба сад уммед, Қайс,

Бар сари ҳар сабзае ман сурати Лайло задам.

То насозад кӯр заҳри интизорӣ дидаам,

Сурмаи ишқи туро бар дидаи бино задам.

Ҳаст хатҳои ҷабинам нақши устоди азал,

Ин ҳама хатҳо барои ёри бепарво задам.

Дар бисоти сина ғайри дил надорам сарвате,

Подшоҳи олами ишқам, ки тахт он ҷо задам.

***

Ишқ аз дасти дилам бигрифту бар сӯят бибурд,

Дарди ҳиҷрондидаро бар дидани кӯят бибурд.

То ба кӯи ишқи ту раҳ дур буду пойи нанг

Ошиқи бечораро бар мулки дилҷӯят бибурд.

Бо ҳазорон ҷонканӣ аз кӯҳи ҳам Фарҳоди ишқ

Чашмаи уммедро бар ҷониби ҷӯят бибурд.

Ин дили шайдои ҷонбарлабрасида гӯиё

Хешро ночор пеши теги абрӯят бибурд.

Донаи иқболи ҷовидони худ пиндошта,

Мурғаки дилро ба домат холи ҳиндуят бибурд.

 

Дубайтиҳо

Парии обиам аз ман гузар кард,

Ба сӯи рӯди бемеҳрӣ назар кард.

Фиреби чеҳраи хуршед хӯрда,

Чу шабнам тарки дунёи саҳар кард.

 

Аё дилбар, туро ман хаста дидам,

Дилатро шишаи бишкаста дидам.

Туро гуфтам барам бар кӯи шодӣ,

Зи санги ғам раҳатро баста дидам.

 

Бигирям, дар ғами маҳпора гирям,

Бигирям, дар ғами овора гирям.

Ба нохубии тақдире бигирям,

Ба раҳгумкардаи бечора гирям.

 

Дигар хабарҳо