Аз ашъори Сафар Айюбзодаи Маҳзун
Ба муносибати 70-солагии адиби зиндаёд
Ғазали мавлуд
Эй нексиришти меҳрбунёд,
Эй меҳру муҳаббати худодод.
Мавлуди ту баҳри мо азиз аст,
Ин рўз туро ба мо Худо дод.
Аз файзи қудумат, эй шарафманд,
Шуд маҳфили мо муҳаббатобод.
Лабханди ту гашт хандаи бахт,
Эй меҳрфизои бахтэҷод.
Фархундагибахши умри моӣ,
Бошӣ ҳама умр хурраму шод.
Шод аст зи шодии ту Маҳзун,
Ин ҷашни накў муборакат бод!
Хуш омадӣ, эй ишқ!
Аз ту дил як ҷаҳон ҳаловат ёфт,
Ҷўш зад, гарм шуд, тароват ёфт.
Хешро дар азобу кулфат ёфт,
Бар дили ман хуш омадӣ, эй ишқ!
Бо ту боғу чаман шукуфон аст,
Бар сарам моҳу меҳр рахшон аст.
Бо ту ҳусни ватан дучандон аст,
Бар дили ман хуш омадӣ, эй ишқ!
Бе ғами ту намебарад хобам,
Маънии неку бад ҳамекобам.
Мекашам ранҷу ганҷ меёбам,
Бар дили ман хуш омадӣ, эй ишқ!
Шукри ҷонат, ки нестам бедард,
Шукри дардат, ки нестам дилсард.
Аз қудуми ту мард гаштам, мард,
Бар дили ман хуш омадӣ, эй ишқ!
Кабки хиромон
Як шабаке хилвату пинҳон биё,
Бе ту ба ҷон омадам, эй ҷон, биё.
Фасли баҳор асту дилам беқарор,
Ҳамчу гули субҳ шукуфон биё.
Қулфи дилам аз қадамат во шавад,
Боз бикун қулфи гиребон, биё.
Сабзасифат сабз ба бўят манам,
Сурма бизан сабзаи мижгон, биё.
Силсилаҳои сару дўшат хуш аст,
Силсиламў, силсилаҷунбон биё.
Ғамзакунон, кабки хиромон, биё,
Ҳамчу сафои маҳи тобон биё.
Ин қадарам беш масўзон, биё,
Кушт маро ғуссаи ҳиҷрон, биё.
Бўйи хуши анбару райҳон, биё,
Пеши ман, эй ёр, ғазалхон биё!
Эй гули хушбўй, зи гулшан марав,
Оташи ҷонбахш, зи гулхан марав,
Бе ту бимирад дилам, аз ман марав,
Ҷони азизи манӣ, аз тан марав!
Ин дили муштоқ ба бўят хуш аст,
Ноз бикун, нози накўят хуш аст.
Силсилаи ҳалқаи мўят хуш аст,
Бўса диҳӣ аз лабу рўят, хуш аст.
Як шабаке хилвату пинҳон биё,
Бе ту ба ҷон омадам, эй ҷон, биё.
Ғамзакунон, кабки хиромон, биё,
Ҳамчу сафои маҳи тобон биё.
***
Эй дил, эй дил, баҳор меояд!
Бод анбарнисор меояд.
Чашм бикшод ғунчаи бодом,
Ҳусн бар чашмасор меояд.
Оби чун ёр рафтаро бингар,
Боз бар ҷўйбор меояд.
Он ки аз мо канорҷўйӣ кард,
Мужда деҳ, дар канор меояд.
Ҷони мо раъду барқу тўфонист,
Ишқ бо корзор меояд.
Пушти ёри наве мадав, эй дил,
Ёри дерин ба кор меояд.
Ёрро хостӣ барор, нахост,
Хост, охир, барор меояд.
Сард будӣ, муборакат, эй шеър,
Дарди шабзиндадор меояд.
Ишқ ҷўёи ҷони Маҳзун аст,
Ғам ба ҷони фигор меояд.
***
Ваҳ, чи зебост гулистони танат,
Хоҳам аъзои латифи баданат.
Беҳ зи фирдавс бувад боғи рухат,
Кай шавам сер зи себи зақанат?
Мон, ки сар дар қадамат бигзорам,
Орамам дар таҳи сарви чаманат.
Мон, ки аз бўйи хушат маст шавам,
Маст аз роиҳаи ёсаманат.
Сўхтам аз шарари як нигаҳат,
Мурдам аз нозату бигрехтанат.
Лоладоғ аст дил аз шавқи танат,
Ҳамчунон куртаи сурхи чаканат.
Орзуи дилам, аз ман магурез,
Офаридаст Худо баҳри манат…
***
Эй хуш ба ҳоли он, ки ба хубон салом дошт,
Ҳамсуҳбатии покдилон субҳу шом дошт.
Хушрўз он, ки дар ҳарами ёри моҳрўй
Гаҳ лаб ба рўйи моҳ, гаҳе лаб ба ҷом дошт.
Бикшодабахт буд касе, дилкушода буд,
Ҳар ҷо, ки рафт, дар нигаҳаш хушпаём дошт.
Фархунда рўзи он, ки зи рўзӣ надошт ғам,
Тобанда шоми он, ки маҳи хушкалом дошт.
Хуш он, ки буд азиз ба ҳамсояву табор,
Хушбахт он, ки дар гузараш эҳтиром дошт.
Бадбахт он, ки ҳамнафасу ҳамдилаш набуд,
Хундил касе, ки кор ба теғу наём дошт.
Маҳзун ба умри хеш назад лофи шоирӣ,
Назмаш нишони он, ки ҳаёташ низом дошт.
***
Эй модари ҷон, ҳақиру зорам бе ту,
Бар ҳеч касе меҳр надорам бе ту.
Савдозада бар пеши мазорат оям,
Беруҳтар аз санги мазорам бе ту.
***
Нахоҳам байни беғамҳо нишинам,
Ба айшу нўшу бепарво нишинам.
Бихоҳам хилватеву шеъру дафтар,
Ғами ту бошаду танҳо нишинам.
***
Яке шўхе маро бо ханда сўзад,
Ба нозу ишваи зебанда сўзад.
Дареғи дил, агар ғарқи ҳавасҳо
Барои ёри ноарзанда сўзад.
***
Агарчи шўхию бебок, эй гул,
Дилам шуд дар ғами ту чок, эй гул.
Дуоят мекунам: умре бимонӣ
Ҳамин сон тозарўю пок, эй гул!
***
Ба сад уммед пешат оям, эй гул,
Ба ту рози дилам бикшоям, эй гул.
Ниҳода сар ба зонуи ту як дам,
Зи ғамҳои ҷаҳон осоям, эй гул.
***
Шабон то рўз бо ёдат нишаста,
Ба номат шеър гуфтам даста-даста.
Дили бишкастаамро ёд овар,
Чу бинӣ мисраи шеърам шикаста.



