Арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ
Фалсафаи инсон ва ҷойгоҳи он дар низоми идоракунии ҷаҳон аз масоили муҳиммест, ки танҳо марбут ба шинохти як миллат ё дину маҳзаб ва ё фирқаҳои мухталиф нест, балки дарки воқеии нақши инсоният дар ҳаллу фасли муҳимтарин муаммоҳои бузурги олам дар меҳвари андеша ва афкори маҷмуи миллатҳо, халқияту ҷараёнҳои фикрӣ қарор гирифтааст.
Маҳз ношинохтагии ҳамин матлаби муҳим ва, ба таъбири маъруф, «ваҳдати инсонӣ» омили аслии сар задани маҷмуи ҷангу хушунат, нифоқу душманӣ ва дигар харобкориҳо дар сайёра миёни одамон гардидааст. Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониву мақолот ва осори илмияшон ба ҳамин масъалаи муҳим равона гардидааст. Баргузории мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар ин амри муҳимро собит намуд, ки баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар суханронии Пешвои миллат маҷмуи ин мушкилот, дар навбати аввал, густариш ёфтани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон, зиёдаравӣ дар баргузории маросим, намоишкорӣ дар анҷоми аркони дини мубини ислом, аз ҷумла анҷоми маносики ҳаҷ, шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва истифодаи онҳо дар муқовимат бо ифротгароӣ ва амсоли ин шарҳу тафсир ёфтааст. Пешвои миллат бо таҳлили амиқи ин вазъияти хатарзо ба сарнавишти мардум ҳамагонро ҳушдор доданд, ки “бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст…”.
Барои раҳоӣ аз ин мушкилоти умумии инсонӣ расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ, оромишу субот ва ваҳдати миллӣ омили муассир ва шеваи матлуб маҳсуб мешавад. Мо ҳазорон далелро дар афкор ва андешаҳои бузургони хеш дар таърихи гузашта дорем, ки ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз ин муаммоҳоро маҳз дар шинохти мақоми меҳварии инсон ва дарку маърифати сарчашмаи ягона доштани тамоми башарият дарёфт намудаанд.
Дар марҳалаи навини таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва зиддиятҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ба ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба шинохти аслу моҳияти асосии дини мубини ислом, ки ҳамеша фарҳанги инсонгароиро таблиғ намуда, инсониятро ба сӯи ормонҳои олӣ ҳидоят менамояд, барои зуҳури падидаҳои беҳтарин дар сиёсати динӣ боис шуд. Маҳз ба хотири огоҳии комили мардуми тоҷик аз асолати инсонгароёнаи дини мубини ислом бо ибтикори Пешвои миллат китоби муқаддаси Қуръон дар тарҷумаи тоҷикӣ ба дасти аҳолии мамлакат расида, маҷмуи имконият ва шароит барои иҷрои фарзҳои динӣ фароҳам омад. Таълифи китобе ҷудогона ва мутаккӣ бар сарчашмаҳои арзишманди исломӣ аз ҷониби Пешвои миллат — “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор” корномаҳои барҷастаи Роҳбари давлатро дар амри шинохти ғояҳои олии фарҳанги исломӣ дар мисоли таълимоти ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати мо, ки ба таъбири муаллиф, “асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро” эътироф гардидаст, ба субут мерасонад.
Танҳо зарурати он мемонад, ки ҷомеа ва мардум аз ин кутуб ва осори нашршуда ба манфиати баланд бардоштани маърифати худ истифода кунанд, на ин ки аз рӯи шунидаҳои хеш ба фарҳанги исломӣ муносибат намуда, фаҳмидаҳои хешро аз даҳони нафароне, ки аслан ба ислом ҳеҷ робитае надошта, мардумро ба экстремизми динӣ мекашонанд, ба ҳукми таълимоти исломӣ қабул кунанд. Мутаассифона, ба вуҷуд омадани созмонҳову азҳоби ба ном динӣ, ки аслан ҳеҷ робитае ба асли фарҳанги исломӣ надоранд, имрӯз натанҳо номи онро бад мекунанд, балки заминаҳое баҳри куштори одамони бегуноҳ дар саросари сайёра ва харобиҳо гардида истодааст. Ҳодисаҳои рухдода дар нуқтаҳои гуногуни дунё ба ҳақиқати ин амр ишорат мекунанд, ки ба таъбири Сарвари давлат, ислом ҳеҷ робитае ба терроризми байналмилалӣ надорад, чун аз нигоҳи он бузургтарин гуноҳ рехтани хуни инсон аст.
Мавзуи таблиғи сулҳу оштӣ, дурӣ аз душманӣ ба унвони яке аз роҳкорҳои арзишманди муқовимати инсоният алайҳи ифротгароӣ, зӯроварӣ, хушунату душманӣ бо такя бар арзишҳои куҳани ахлоқӣ ва таълимоти фарҳанги олии исломӣ ба мавзуъҳои меҳварии адабиёти классикии тоҷик мубаддал гардид, ки таваҷҷуҳ ба таҳқиқи амиқи мавзуи мазкур дар сурудаҳои ҳар яке аз суханварони мо метавонад шеваву равишҳои ҷолиберо дар шинохти дидгоҳҳои эшон ба вуҷуд оварад. Мо аз нахустин сурудаҳои устоди шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин мавзуъ рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар ҷавҳари он таблиғи дӯстӣ, дурӣ аз қатлу куштор ва шарҳи воқеъбинонаи самараи ҷангу хунрезӣ қарор дорад. Қитъаи маъруфи Одамушшуаро Рӯдакии бузург, ки ба унвони қиссае аз забони Исои масеҳ нақл мешавад, тамоми инсониятро ҳушдор медиҳад, ки ҳар кӣ дар пайи куштани касе бошад, оқибат худи ӯ куштаи дасти дигарон хоҳад буд:
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт,
Гуфто, ки “киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?”
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
“Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки чун асари размӣ, паҳлавониву қаҳрамонӣ ва саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ эътироф гардидааст, аз чунин ақоид ва андешаҳои муфассири муқовимати маънавӣ алайҳи зӯроварӣ ва ифротгароӣ лабрез мебошад. Масалан, қабл аз он ки Эраҷ ба дасти бародарони хеш кушта шавад, вай ин андарзро бар ӯ арза медорад, ки воқеан омӯзанда ва шореҳи фалсафаи мазкур ба шумор меравад:
Макуш мӯракеро, ки рӯзикаш аст,
Ки ӯ низ ҷон дораду ҷон хуш аст.
Аз ҳикмати ҷовидонаи нуҳуфта дар қалби ин байти андарзӣ ҳамоно маълум мешавад, ки дар навбати аввал сухани ҳакимонаи мазкур сарчашма дар ҳамон андарзҳои куҳани паҳлавӣ дар мавриди интиқод аз куштани ҳар чиз, ҳатто ҳаявону парандагон дорад. Ҷавҳари ин андешаи олии инсонӣ ҳамоно даъват ба дурӣ аз ҷангу куштор аст, ки воқеан бояд барои тамоми инсоният сабақи раҳнамоянда ва омӯзанда бошад.
Решаи аслии сар задани маҷмуи харобкориҳое, ки инсоният нисбат ба худ раво мебинад, ҳамоно бехирадӣ ва камдонишӣ ва бар асари он роҳ додан ба ифротгароӣ ба шумор омадааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ руҷуи вижа ба ин мавзуъ карда, дар суханронии хеш қайд намуданд: “Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.
Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст”.
Мурур ба андарзномаҳои куҳани тоҷикӣ бозгӯӣ аз он мекунад, ки дар саргаҳи афкори ахлоқии мардумони ориётабор низ ба ин масъала омили аслии зуҳури беназмӣ дар ҷаҳон шуморидани бехирадӣ зиёда муроҷиат шудааст. Аз ҷумла, дар яке аз чунин андарзномаҳо омада: “Душман ба душман он натавонад кард, ки ба марди нодон аз куниши хеш мерасад». Ҳаким Фирдавсӣ низ ин андешаро бо шевае шоирона чунин тавзеҳ дода:
Накардӣ ба ту душмане он бадӣ,
Ки худ кардаӣ ту ба нобихрадӣ.
Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин равишҳои муқовимат бо ифротгароӣ боло бурдани маърифат ва хираду заковати ҷомеа, хоса насли наврас маҳсуб мешавад, зеро маҷмуи таҷрибаҳои ҳосилшуда аз он дарак медиҳанд, ки аксаран ба ин роҳ аз сабаби нобихрадӣ ва коҳиши сатҳи маърифат рафтаву гумроҳ гардидаанд. Боло бурдани маънавиёт ва хирадварзиву хирадгароӣ аз муҳимтарин омилҳоест, ки аз дергоҳи таърих дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ, таҳкими дӯстӣ, иҷтиноб аз душманӣ ниёкони мо таблиғ намудаанд ва шоиста аст, ки ин таҷрибаи озмударо дар ҷодаи тавфиқ дар ин масир имрӯз истифода намоем.
Дар идомаи таҳаввули адабиёти тоҷик низ ин мавзуъ ҷойгоҳи хосае пайдо намудааст. Албатта, яке аз омилҳои аслии нуфузи тафсири масъалаи мазкур ба асари номатлуби таассуби динӣ ва ифротгароӣ ба ҳаёти маънавии ҷомеаҳои инсонӣ, хоса қаламрави фарҳангу адабиёти мо маҳсуб мешавад, ки маҳз аз таъсири ин падидаи номатлуб теъдоде аз аҳли сухану андеша қурбон шуданд. Бо гуноҳи гӯё қарматӣ будан мил кашидан ба чашмони устод Рӯдакӣ, қатли Шаҳобиддини Суҳравардӣ, Аттори Нишобурӣ, Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва амсоли ин маҳз ҳосили таъсири ногувори чунин ҳаводисе мебошанд, ки сарчашма дар таассуби динӣ, ақидавиву фикрӣ ва амсоли ин доранд. Дар робита ба зуҳури чунин рӯйдодҳо ва маҷмуан, асари номатлуби чунин ғояву ақидаҳои мутаассибона аст, ки адибон ҳамчун неруи пешқадами ҷомеа ва озодфикр пайваста дар муқовимат бо таассуби динӣ ва ифротгароӣ қарор гирифта, ҳар чӣ боиси ранҷу озори мардум гардад, накӯҳиш кардаанд.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ