АЗИЗ АЗИЗ

 АЗИЗ АЗИЗ

АЗИЗИ АЗИЗ 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст.

Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва миёнаро дар интернати шаҳри Чкалов хатм карда, соли 1977 муҳассили факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шудааст.

Баъди хатми донишгоҳ (1982) муддате корманди радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи сертиражи «Абрешимбофи пешқадам» будааст.

Баъдан ба зодгоҳаш рафта, то соли 1987 омӯзгорӣ кардааст.

Соли 1987 дар Душанбе ба кор пардохта, аввал муҳаррири калон, баъдан котиби масъули маҷаллаи «Чашма» будааст.

Ҳамчунин, муддате дар рӯзномаҳои «Тоҷикистон»-у «Ҷавонони Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Фирӯза»-ву «Истиқбол» фаъолият доштааст.

Азизи Азиз асосан барои бачаҳо менависад.

Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои «Афсона ва ҳикояҳо» (1989), «Хандонак» (1998), «Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (1998), «Қарзи сарлашкар» (2001), «Донишманд ва девдарахт» (2010), ҳикояҳо (2011), «Баҳор омад» (2012), «Фил аз чӣ метарсад?», «Афсонаи об», «Шаш ва нӯҳ», «Саргузашти заргӯшак», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (2013) ба чоп расидаанд.

Чанд афсонаи ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, чехӣ ва қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1994) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2022),  Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо