Адиби маорифпарвар

 Адиби маорифпарвар

Ба муносибати 120-солагии Обид Исматӣ

Обид Исматӣ шахсияти фидоии халқ, шоир, тарҷумон, адабиётшинос ва мао­рифпарвари тоҷик буда, даврони кӯдакӣ ва наврасии худро дар гузари Орифҷон­бойи Самарқанд гузаронидааст. Ӯ соли 1905 дар оилаи марди соҳибхирад Исмати Сӯфӣ таваллуд шудааст. Саво­ди ибтидоиро дар мактаби Абдуқодир Шакурӣ омӯхтааст. Хотираи мустаҳкам ва ҳозирҷавобии ӯ муаллим Шакуриро дар ҳайрат мегузошт.

Баъди бо муваффақият ба итмом расонидани мактаб, чанд муддат ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фан­ни савод таълим дод. Дере нагузашта бо чанд нафар ташаббускорон дар Самарқанд курсҳои махсуси такмили ихтисоси муаллимон ташкил гардид. Му­аллими ҷавон Обид Исматӣ ба он дохил шуд. Аз муаллимони пешқадам Саидри­зо Ализода, Исматулло Раҳматуллозода, Сиддиқии Аҷзӣ ва дигарон сабақ омӯхт. Дар ин миён бо адиби ҷавон Раҳим Ҳо­шим ошноӣ пайдо кард. Бо маслиҳати ӯ чанд маротиба ба суҳбати устод Айнӣ, ки дар Самарқанд мезист, мушарраф гардид. Дидорҳо бо устод Садриддин Айнӣ дар ҷаҳонбинӣ ва дониши сиёсии Обиди ҷавон нақши назаррас гузошт.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта сар­нагун гардидани амири Бухоро, гумошта­гони ӯ пинҳонӣ ба пешрафти маорифу маданият зарбаҳои сахт мезаданд. Онҳо мактаби усули ҷадид ва муваффаққи­ятҳои маорифпарваронро чашми дидан надоштанд. Аммо Обид Исматӣ ва дигар муаллимони навҷӯ бо маорифпарварон наҳаросида, баҳри пешрафти мактабҳои навусул корнамоиҳо нишон медоданд.

Обид Исматӣ бо маслиҳати додараш Қорӣ Осими Исматӣ ва устодонаш ба Тошканд сафар намуда, пас аз ду соли таҳсил дар омӯзишгоҳи Дорулмуалли­ми Тошканд, соҳиби диплом мегардад. Баъди бозгашт аз таҳсил фаъолияти худро ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои шаҳр давом медиҳад. Орзуву ҳаваси эҷоди шеър дар ин даврон дар дили ӯ пайдо гардид. Шеърҳои ӯ зуд-зуд дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» рӯи чопро медиданд. Мазмун ва мундариҷаи онҳо асосан ғояҳои маорифпарварӣ, кишваршиносию маданиятпарвариро дар бар мегирифт. Ҳамчунин дар бораи кӯдакони то синни мактабӣ низ шеърҳои фаровоне навиштаву интишор додааст.

Дар охири солҳои бистум (1928) Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ташкил ва давлати мустақил эълон гардид. Тамоми кӯшишу заҳмати мардуми Самарқанду Бухоро ба мустаҳкам кардани пояҳои ин давлати навбунёд равона карда шуд.

Обид Исматӣ ба қатори ҳазорҳо ҷаво­нони босаводи соҳаҳои гуногун ба сох­тани Тоҷикистони ҷавон, аз аввалинҳо шуда ҷониби ин кишвари офтобӣ ши­тофт. Гуфтан ҷоиз аст, ки он солҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳанӯз боқимондаҳои лашкарони амир зиёд буданд. Онҳо дар байни кӯҳҳо паноҳ бурда, аксаран мар­думи босаводро ба қатл мерасониданд. Навкарони амир бисёртар ба мактабҳои навусул ва муаллимони онҳо таҷовузи ваҳшиёна намуда, намегузоштанд, ки бачагон саводи дунёвӣ гиранд, аз илмҳои замона бохабар шаванд.

Обид Исматии ҷасур дар ҳамин замо­ни пурталотум азми сафари Тоҷикистони навбунёд карда буд. Ӯ сараввал барои ташкил намудани мактабҳо ва ба онҳо ҷалб намудани бачагони аҳолии маҳаллӣ ба маорифчиён аз наздик ёрӣ расонид. Ҳамчун муаллими босавод дар мактабҳо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Сипас чанд сол ба Омӯзишгоҳ ва Институти педагогӣ ба донишҷӯён аз фанҳои методикаи забони тоҷикӣ ва адабиёти классикӣ маърӯза хонд.

Дар қатори тадрис ба навиштани шеъру суруд, очерку мақолаи илмӣ низ шуғл меварзид. Навиштаҳои ӯ дар нашрияҳои «Машъал», «Инқилоби ма­данӣ», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх» ва дигар матбуоти даврӣ мунта­зам рӯи чопро медиданд. Ӯ шефтаи суруду тарона буд, нотаҳои мусиқиро хуб медонист. Шеърҳои худ ва шоирони даврашро ба нота медаровард.

Обид Исматӣ аз ибтидои солҳои сиюм дар хидмати Нашриёти давла­тии Тоҷикистон буд. Очерку шеърҳои давраи аввалаш дар маҷаллаи «Роҳ­бари Дониш» ба табъ расидаанд. Китобҳои дарсии «Васоили таълим» («Қоидаҳои имло», 1931), «Алифбои хурд» (соли 1933), «Алифбои зарбдор» (соли 1933) тартиб додааст.

Маҷмуаҳои шеъру сурудҳояш бо номи «Мо месозем» (1934), «Баҳори колхозӣ» (1934) ва «Муғҷаҳо» (1935) ба табъ расидаанд.

Обид Исматӣ баробари педагоги моҳир, инчунин адиби пурмаҳсул буда, баҳри ташаккул додани адабиёт, санъат ва рушду камоли забони тоҷикӣ ҳиссаи бориз гузоштааст. Ӯ бо асарҳои пурмаз­муни худ мардуми тоҷикро ба озодфикрӣ, саводомӯзӣ, санъатдӯстию маърифат­нокӣ даъват мекард, дар суханрониву маърӯзаҳояш перомуни масъалаҳои муҳим андешаҳои ҷолиб ва омӯзанда баён менамуд. Дар бораи таърихи пурға­нои миллати мо, эҷодиёти даҳонакии халқ, адибони барҷастаи классики тоҷик мақолаҳои пайдарпай менавишт.

Адиб дар радифи илмҳои дигар ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқи фолклор машғул гардидааст. Ӯ соли 1934 намунаҳои эҷодии даҳонакии халқи тоҷикро ҷамъ намуда, зери унвони «Адабиёти халқи тоҷик» ва «Маҷмуаҳои ашӯлаҳо» ба нашр расонидааст.

Соли 1934 Обид Исматӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Муваффақиятҳои ӯро нависандагони тоҷик ба назар гирифта, худи ҳамон сол ба Анҷумани якуми Иттифоқи нависан­дагон ба сифати намоянда интихобаш намуданд. Ӯ бо ҳамроҳии устод Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ин анҷумани бонуфуз, ки дар Маскав баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин сафар ба ӯ имкон даст дод, ки бо нависандаи бузурги рус Максим Горкий мулоқот намояд. Ҳамчунин дар ин анҷу­ман суханронии Максим Горкийро шунид, бо адибони забардаст дидору мулоқотҳои судманд дошт. Мулоқоту вохӯриҳо бо нависандагони гуногунмиллат ба Обид Исматӣ руҳи тоза бахшид. Баъди ба Душанбе баргаштан ба навиштани асарҳои тоза ба тоза шуруъ намуд.

Ӯ зуд-зуд ба зодгоҳи азизаш – Са­марқанд омадурафт мекард. Дар Са­марқанд ҳатман ба зиёрати устод Айнӣ мерафт, дидор ва мулоқот менамуд, аз устод маслиҳату машваратҳо мегирифт. Дидори дӯстонаш Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Юсуфӣ давлати бебаҳо буд.

Боиси таассуф аст, ки нимаи дуюми соли сиюм дар музофотҳо буҳрони ре­прессияи сталинӣ шиддат гирифт. До­нишмандони бешумореро бо туҳматҳои гуногун дастгир намуда, ба ҳабсхонаҳои дурдасти Сибир бадарға мекарданд.

Шамоли нофорами он ба Тоҷикистон ҳам расид. Сараввал чанд роҳбар, си­пас нависандагону маорифпарварон бо туҳмати «аксулинқилобчӣ» ва «душмани халқ» ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин миён Обид Исматӣ низ ба ин бало гириф­тор шуд. Ӯ ба тазйиқҳои пай дар пай ва ҷазоҳои даҳшатноки ходимони НКВД тоб оварда натавониста, 15-уми марти соли 1943 дар маҳбас вафот кард.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта номи адиби шаҳид аз нав сафед карда шуд. Барои пос нигоҳ доштан ва абадӣ гардонидани хотираи ӯ дар даромадгоҳи ҳавлие, ки Обид Исматӣ зиндагӣ карда­аст, аз ҷониби пайравон лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Ҳамза ҶӮРА,
шаҳри Самарқанд

Дигар хабарҳо