АДАБИЁТ ВА БУНЁДИ МАЪНАВИЁТИ КИШВАР

НИЗОМ ҚОСИМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2017

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давоми соли 2017 тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаи Раёсати ИНТ корҳои мушаххас анҷом дод, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 Моҳҳои январ ва феврал қувваи адибон ба тарғиби Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ сафарбар гардид. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ шоирону нависандагони мо бо рӯҳбаландии бузург иштирок намуда, бо илҳоми саршор ва сатрҳои тоза аз сафарҳо баргаштанд.

Семинари илмӣ-адабии муштараки ИНТ ва Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба иқдоми Сарвари давлат «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) бахшида шуд, барои адибон дар инъикос ва офаридани осори нав дар мавзӯи мазкур аҳаммияти хоса дошт. Ба ин муносибат ҳамчунин моҳи январ дар нашрияҳои Иттифоқ барои беҳтарин шеър, ҳикоя ва публитсистика озмун эълон шуда буд, ки бомуваффақият ҷамъбаст гардид.  

ИНТ ба ифтихори таҷлили сазовори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ нақшаи мушаххас тартиб дод. Дар баробари маҳфилу вохӯриҳо бо сокинони кишвар, фаъолтарин адибон дар ҳайати гурӯҳҳои корие, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба ин муносибат созмон дод, бо сухани созанда ширкат намуда, тавассути васоити ахбори умум баромадҳо карданд. Ба муносибати ин санаи таърихӣ маҳфилу нишастҳои вижаи адибон дар мавзӯъҳои «Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар асарҳои публитсистӣ», «Ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар шеър» бо фаро гирифтани доираи васеи адибону олимон доир гардида, давоми моҳҳои апрел-июн дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Ҳисор, Ваҳдат, Исфара, Ёвон ва шаҳраки Рашт маҳфилҳои шеъру суруд дар мавзӯи «Ваҳдати миллат — саодати миллат» баргузор шуданд.

Адибон дар таҳияи сенарияи ҷашнии намоиши театришуда саҳм гузошта, барои рангин сохтани муҳтавои он сурудҳои тоза навиштанд.

Иттифоқи нависандагон якҷоя бо Вазорати фарҳанг, ҳамчунин нашрияҳои ИН — маҷаллаҳои «Садои Шарқ»-у «Помир» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба мақсади инъикоси бадеии дастовардҳои Ваҳдати миллӣ озмунҳои шеъру ҳикоя ташкил карданд. Дар озмунҳои мазкур адибон Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин дар бахши наср, Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, Гурез Сафар, Шаҳрия, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ дар бахши назм, дар озмунҳои нашрияҳои ИНТ Муҳаммад Ғоиб, Юнус Юсуфӣ, Садриддин Ҳасанзода дар бахши наср, Озарахш ва Беҳрӯзи Забеҳулло дар бахши назм ғолиб дониста шуданд.

28-уми июн маҷлиси Садорат доир гашт, ки мавзӯи меҳварии он «Адабиёт ва Ваҳдати миллӣ» буд. Ба ҳозирон таҳлили амиқи роҳи 20-солаи адабиёти тоҷик ва саҳми адибон дар дастгирии сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат пешниҳод гардид. Адибони шинохтаҲақназар Ғоиб, Абдураҳмон Абдуманнон, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Додохон Эгамзод, Алимуҳаммад Муродӣ, Сорбон, Ато Ҳамдам ва дигарон дар рафти музокира ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани ҷанбаҳои гуногуни ваҳдатсозии миллӣ дар адабиёт андешаҳои судманд баён намуданд. Маҷлиси Садорат адибонро даъват кард, ки минбаъд ҳам бо иштироки фаъолона дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти халқу давлат ва асарҳои арзандаи замон дар тарғиби ғояҳои сулҳу Ваҳдат, бахусус миёни наврасону ҷавонон, ҳиссагузорӣ намоянд.

Соли 2017 аз ҷониби Сарвари давлат Соли ҷавонон эълон гардида буд. Ба ин муносибат дар аввалҳои сол муҳокимаи нахустмаҷмӯаи Толиби Луқмон ва маҳфили эҷодии адибони ҷавон барпо шуданд. Воқеан, баъдан Раёсати ИНТ маҷмӯаи мазкури шоири ҷавонамонро  ба дарёфти Ҷоизаи Созмони ҷавонони кишвар пешбарӣ кард.

Иттифоқи нависандагон бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ҳамкориро мустаҳкамтар намуда, ба он ноил гардид, ки ба чорабиниҳои адабӣ доираи ҳарчи васеътари ҷавонон ҷалб карда шаванд. 30 март ва 11 октябр тибқи нақшаи якҷояи Кумитаи ҷавонону варзиш ва Иттифоқи нависандагон бахшида ба Соли ҷавонон маҳфилҳо  баргузор гардиданд, ки дар он ҷавонони фаъоли пойтахт ва донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар ширкат варзиданд. Дар доираи ин чорабинӣ адибони ҷавон бо ҳамсолони худ вохӯрда, неруи эҷодкории худро ба намоиш гузоштанд. Чунин маҳфилҳо бо ширкати аҳли адаб дар аксари шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат низ баргузор шуданд.

Бо мақсади пайгирии натиҷаҳои Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон, шуъбаҳои ИНТ адибони ҷавонеро, ки дар машварат баҳои сазовор гирифта буданд, сарпарастӣ намуда, барои сайқали маҳорат ва чопи чакидаҳои хомаашон пайваста ёрӣ мерасонанд. Раҳбарияти Иттифоқ бо ҷавонон вохӯрии алоҳида гузаронда, онҳоро ба навиштани асарҳои лоиқи замон даъват намуд. Чор нафар ҷавонони боистеъдод —  Бузургмеҳри Баҳодур, Бобаки Суғдӣ, Эҳсон Раҷабӣ ва Насимбек Қурбонзода, ки соли 2015 дар Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд кашф шуда буданд, ба узвияти ИНТ қабул гардиданд. Воқеан, дар бахши қабули аъзои нав низ анъанаи ҷолиби дерина зинда гардид ва довталабон дар маҷлиси Раёсати ИНТ, баъди суҳбату муҳокимаи рӯбарӯ ба узвият пазируфта шуданд.

Ба муносибати Соли ҷавонон бо ташаббуси шуъбаву бахшҳои ИНТ маҷмӯаҳои дастҷамъии қаламкашони ҷавон — «Ҳамсолони Истиқлол» (шуъбаи қӯрғонтеппагӣ), «Гулхонаи ҷавонӣ» (бахши ваҳдатии Иттифоқи нависандагон), «Тенгдошлар» (ба забони ӯзбекӣ, Маркази тарҷумаи ИНТ), ҳамчунин нахусткитобчаҳои алоҳидаи якчанд адиби ҷавон ба чоп расиданд.

Тибқи анъана Наврӯзи адибон аз мулоқот бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Нуктаҳои асосии ин мулоқот ва дастурҳои ғамхоронаи Президенти мамлакат дар масъалаи рушду тавсиаи минбаъдаи суннатҳои миллӣ, инкишофи адабиёт ва дастгирии ҷавонони эҷодкор аз ҷониби роҳбарияти ИНТ чун барномаи амал қабул шуда, барои татбиқи онҳо нақшаи мушаххас таҳия гардид. Адибон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ низ бо илҳоми саршор иштирок намуданд ва ба ин муносибат дар тамоми мамлакат бо ширкати онҳо бештар аз 30 чорабинии хотирмон баргузор шуд. Ин силсилачорабиниҳоро маҳфили шеъре, ки 21-уми март дар толори Иттифоқи нависандагон барпо шуд, ҷамъбаст намуд.

Бо дарназардошти вазифаҳои дар назди Иттифоқи нависандагон гузоштаи Пешвои миллат, Раёсат ба масъалаи пазириши аъзои нав ба узвият, пеш аз ҳама ҳунари эҷодӣ ва дараҷаи касбиятро ба назар гирифта, дар маҷмӯъ 13 нафарро ба узвият пазируфт, ки бо истеъдоду осорашон дар байни аҳли сухан шинохта шуда, бо дасту дили гарм дар жанрҳои гуногун ба кори эҷодӣ машғуланд. Дар баробари ин, Гурӯҳи кории омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ фаъолияташро давом дода, осори зиёда аз 200 нафар аъзоро баррасӣ кард ва 4 нафарро хориҷ намуд. Дар маҷмӯъ дар давоми ду соли охир 41 нафар, бино бар ҷавоб надодани сифати асарҳояшон ба сатҳи адиби касбӣ, аз узвияти Иттифоқ хориҷ гардиданд. Дар ин самт, ҷиҳати беҳбуди осори мавриди чоп, бахшҳову шуъбаҳои ИНТ навиштаҳои беш аз 50 нафарро баҳогузорӣ намуда, ба нашриётҳо дар бораи сифати маводҳои пешниҳодшуда тақризҳо доданд.

Боиси хушнудии аҳли адаб аст, ки соли сипаригардида Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Раёсати ИНТ-ро дастгирӣ намуда, нависанда Бароти Абдураҳмонро бо унвони баланди «Нависандаи халқии Тоҷикистон» сарафроз гардонид. Ин боз як бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба осори асилу ваҳдатофарин мақоми хоса қоил буда, ба расолати адабиёт дар рушди фарҳанги миллӣэътибори пайваста медиҳад.

Аз моҳи март то июн асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши наср ва ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши назм ба муҳокимаи умум гузошта шуданд. Пас аз баррасии чормоҳа, дар маҷлиси моҳи июн Раёсати ИНТ дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида дар бахши наср, пажӯҳиш дар наср ва тарҷумаи осори насрӣ (ҷоизаҳои ба номи Айнӣ) романи таърихии Мирзо Насриддин «Оташ дар хонаи қадим», тарҷумаҳои Омонбой Ҷуманов «Эмомали Раҳмон жасорати», «Жасур қизи», «Эътироз», рисолаи Абдухолиқ Набавӣ «Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ», дар бахши назм (ҷоизаҳои ба номи Турсунзода) мунтахаби ашъори Файзи Ашӯр «Аз пайраҳа то роҳ», маҷмӯаи ғазалиёти Озарахш «Девони ишқ», силсилаи шеърҳои Давлати Раҳмониён «Фасли садаф»-ро ба ҷоизаҳои номбурда сазовор донист. Раёсати ИНТ бори дигар ин адибони заҳматкашро табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нави эҷодӣ орзӯ менамояд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти ИНТ дар самти густариши робитаҳои адабӣ бо давлатҳои дӯст сол то сол тақвият меёбад. Моҳи феврал адибони тоҷик дар 26-умин Намоиши китоб дар Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд. Адабиётшиноси маъруф Муртазо Зайниддинов ба аҳли ҳамоиш оид ба дӯстии адабиётҳо ва ҳамкориҳои адибони тоҷику беларус гузориши пурмазмун манзур намуд. Моҳи июн адибони тоҷик дар ҷашни 70-солагии зодрӯзи нависандаи маъруфи қазоқ Нурлан Оразалин иштирок намуда, ҳамчунин китобҳои тозанашри Тоҷикистонро дар Намоиши байналмилалии китоби Аврупову Осиё муаррифӣ намуданд.

Воқеан, дар намоишгоҳҳои бонуфуз сазовори ҷоизаҳо шудани китобҳои тоҷикӣ хуб аст, лекин муҳимтар ва аввалтар бояд он бошад, ки ин китобҳо дар дилу зеҳни хонандаи худамон ва пасон тавассути тарҷумаҳои сазовор дар маърази таваҷҷуҳи хонандаи дигарзабон ҷой бигирад. Ин хулосаи «мизи мудаввар»-и «Адиб, ношир, китоб ва хонанда» бисёр муҳим аст ва барои тақвияти бештари ин занҷири маънавӣ хидмат карда метавонад. 

Мудири бахши драматургия, робитаҳои адабӣ ва тарҷума Ато Ҳамдам моҳи сентябр ҳамчун узви ҳакамон дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар шаҳри Бишкек ширкат намуда, ҳамроҳи драмнависи шинохтаамон Ҷумъа Қуддус барои саҳми арзандаашон дар густариши робитаҳои адабӣ ва театрӣ ба гирифтани унвони ифтихории Академики Академияи санъати театрии Ҷумҳурии Қирғизистон мушарраф шуданд. Ҳамкории бахш бо киностудияи «Тоҷикфилм» низ равнақ меёбад.

Имсол дар киностудия ва ИНТ бо ширкати филмноманависон, коргардонҳо ва ҳунармандон се маҳфили судбахш баргузор шуд, ки дар онҳо барои аз сухан ба амал гузаштан дар масъалаи беҳбуди вазъи киносозӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар тарҷумаи аъзоёни шӯро Абдуғаффор Абдуҷаббор, Ато Ҳамдам ва Салими Зарафшонфар китобҳои алоҳидаи А. Дударев (Беларус) «Аскари қаторӣ», А. Алланазаров (Туркманистон) «Дӯстони ман», Робиндронат Тагор «Гора» (Ҳинд), дар саҳифаҳои ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Помир» намунаи осори бисёр адибони кишварҳои собиқ Иттиҳод ва берун аз он ба нашр расиданд, ҷиҳати таҳкими робитаҳои адабӣ миёни Тоҷикистону мамолики Араб ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба унвони Ҳукумати ҶТ гузоришҳо пешниҳод карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки новобаста аз мушкилоти аёнӣ осори сазовори адибони тоҷик низ пайваста тарҷума ва дар бисёр кишварҳои дуру наздик чоп мешавад. Дар ин бора дар нишасти махсуси ин мавзӯи муҳим батафсил сухан рафт ва одилона таъкид гардид, ки ин кор вусъати бештар мехоҳад.

Дар тавсеаи робитаҳои адабӣ нашрияҳои ИНТ саҳми мушаххас гузошта метавонанд. Шумораи гузаштаи Нашрияи миллии «Садои Шарқ» ба эҷодиёти адибони ҳавзаи адабии шаҳри бостонии Самарқанд бахшида шуд, ки аз як ҷониб бозгӯи қаламрави бекарони забону адаби мо бошад, аз ҷониби дигар баҳри таҳкими муносибатҳои адабии ду кишвари ҳамҷавор иқдоми муҳим буда метавонад. Ин кор минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт ва зимни сафарҳои Раиси ИНТ ба Қирғизистон, Беларус ва Ӯзбекистон дар бораи нашри шумораҳои муштараки нашрияи мазкур бо маҷаллаҳои адабии ин кишварҳо мувофиқаҳо ҳосил шудааст. Ҳангоми мулоқот бо раиси ИНӮ Муҳаммад Алӣ масъалаи тарҷума ва нашри маҷмӯаҳои намунаи адабиёти муосири ҳамдигар низ баррасӣ ва тасдиқ гардид, ки низ дар таҳкими равобити фарҳангии кишварҳои ҳамҷавор муҳим хоҳад буд.   

Дар соли 2017 шӯроҳои эҷодӣ ва шуъбаю бахшҳои вилоятии ИНТ дар маҷмӯъ дар шакли нишаст, маҳфил ва конфронсҳои илмӣ-адабӣ бештар аз 100 чорабинии умда гузаронданд, ки «Мушкилоти нақди адабии имрӯз ва ҷалби пажӯҳишгарони ҷавон ба он», «Лоҳутӣ ва рушди адабиёти муосир», «Фантастика ва насри муосир», «Устод Айнӣ — мусаввири ормонҳои миллии тоҷикон», «Шарифҷон Ҳусейнзода ва адабиёти солҳои 60-70-уми асри бист»,  «Устод Айнӣ ва нашри осори классикӣ», «Бозтоби Ваҳдат дар шеъри имрӯз», «Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои адабиёту фолклор», «Адабиёт ва ҷавонон», «Мирзо Турсунзода — муборизи роҳи истиқлоли миллатҳо» (ба муносибати 70-солагии таълифи силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»), «Тасвири ҳаёти донишҷӯён дар қиссаи «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад», «Саҳми адабиётшинос Худоӣ Шарифзода дар рушди нақди адабӣ», маҳфилҳои адабию ҳунарӣ бахшида ба рӯзҳои устод Рӯдакӣ ва Мавлоно аз он ҷумлаанд. Ин чорабиниҳо, ҳамчунин маҳфилҳои ҷашнии адибон Абдураҳмон Абдуманнон, Кароматулло Мирзо, Муъмин Қаноат,   Шодӣ Солеҳ, Холмурод Шариф, Ғайрат Ҳаким, Юсуф Аҳмадзода, Урун Кӯҳзод, Муҳаммад Холиқ бо мардум, ҳамчунин маҷлисҳои илмию адабии ёдбуди адибони маъруф Абдумалик Баҳорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Ҳабибулло Назаров, Ҷӯра Бақозода, Юсуф Акобиров, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷонибек Акобир дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, донишгоҳҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои гуногун баргузор шуданд.

Шуъбаи қӯрғонтеппагии Иттифоқ дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷашнвораеро бо унвони «Тоҷикистон — Ватани маҳбуби мо» бомуваффақият баргузор намуд. Бо мақсади пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, маҳкум намудани ифротгароӣ ва зӯроварӣ дар оила шуъбаҳои кӯлобӣ ва қӯрғонтеппагӣ бо дастгирии роҳбарияти вилояти Хатлон аз моҳи январ то июн силсиламаҳфилҳоеро бо номи «Корвони маърифат» баргузор карданд. Шуъбаи суғдӣ дар доираи Рӯзҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов маҳфилҳои якҷояи адибони ин ду вилоятро доир намуда, ҳамчунин барои сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар давоми сол чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ гузаронд. Ба муносибати Соли ҷавонон дастгирӣ ёфтани ибтикори шуъбаи суғдӣ дар мавриди таъйини ёриёнаи Раиси вилоят ба 6 нафар адиби ҷавони муваффақ ва ёрдампулии иҷтимоӣ ба 20 адиби ҷавон аз ҷониби худи шуъба иқдоми наҷибе буд, ки бешубҳа ба равнақи кори аҳли қалам мусоидат мекунад. 

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳукми анъана даромадани баргузории Фестивал-озмуни «Табассум», ки ҳадафаш тарбияи эҷодкорони навраси хушзавқ аст, боиси хурсандист ва умедворем, ки натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.  

Дар соли ҳисоботӣ иқдоми тозаи ИНТ — таҷлили ҷашн ва бузургдошти асарҳои мондагор, ки бо бузургдошти шоҳасари устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» шурӯъ шуда буд, идома ёфт. Ба муносибати 70-солагии таълифи «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзода, 50-солагии ба нашр расидани «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ, 50-солагии нашри романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода, ҳамчунин ҷиҳати нигоҳу корбасти тоза ба масъалаву мушкилаҳое, ки Юсуф Акобиров дар романи «Норак» ва Абдулҳамид Самад дар қиссаи «Паррончакҳо» ба миён гузошта буданд, дар нашрияҳои ИНТ мақолаҳо нашр ва маҳфилҳои самимӣ доир шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ нашрияҳои ИНТ мунтазам чоп шуда, ба рухдодҳои муҳими ҳаёту адабиёт ҳамовозӣ карданд. Падидаи тоза дар ин самт, дар қатори даҳ рӯзномаву маҷаллаи муътабар ба рӯйхати расмии обуна ворид шудани нашрияҳои мост. Бовар дорем, ки ин амал ба интишори бештари онҳо ва беҳбуди вазъи молиявиашон бетаъсир намемонад. Посухи сазовор ба ин таваҷҷуҳ ва вазифаи кормандони ҳафтаномаву маҷаллаҳои адабӣ беҳбуди сатҳу савияи нашрияҳо, табъу нашри асарҳои сазовори замон ва бартараф намудани норасоиҳоест, ки   дар маҷлисҳои кориамон, мулоқотҳо бо аҳли қалами нашрияҳо ва муҳокимаҳои солонаи ҳафтаномаву маҷаллаҳоямон дар аввали сол зикр шуда буданд.  

Дар соле, ки мегузарад, фаъолияти бахшҳои Маркази тарҷумаи ИН ба танзим даромад, асарҳои зиёде ба забонҳои гуногун тарҷума шуданд. Қисме аз онҳо тавассути матбуот, бахусус маҷаллаи «Помир», сомонаҳои интернетии ИНТ, «Проза. Ру.» ва «Литературный Кыргызстан» манзури хонанда гардиданд, қисми дигар мунтазири имконияти чопу интишоранд. Кормандони МТ осори адибонамонро бевосита ба забонҳои зиёд (русӣ, англисӣ, арабӣ, франсавӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ) бармегардонанд, вале, аз назари мо, тарҷума ба русӣ хеле муҳим аст, чунки он чун пуле барои ба дигар забонҳо баргардондани ин асарҳо хидмат мекунад. Шоистаи зикр аст, ки яке аз падидаҳои муҳими адабии солҳои охири адабиётамон — романи Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» пурра ба русӣ тарҷума шуд ва рӯзҳои наздик аз тариқи нашриёти «Русская литература» ба табъ мерасад. Ҳамчунин, чопи маҷмӯаҳои дастҷамъии тарҷумаҳои беҳтарин дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки дар фаъолияти Хазинаи адабиёт низ пешрафт ба мушоҳида мерасад. Аз ҳисоби даромадҳои он китобхонаи Иттифоқ ба тартиб дароварда, хазинааш ғанитар карда шуд, лавҳаи муаррифии бино ва саҳнаи толори калони Хонаи адибон тармим гардид, ёрии имконпазир ба аъзои ИН сурат мегирад. Дар ин замина бояд гуфт, ки робитаи Иттифоқи нависандагон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои мудофиа, фарҳанг, маориф ва илм, Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо шаклу моҳияти сифатан муосир касб кардааст ва тавсеаи ин амал тақозои замон ва фаъолияти ИН аст.

Соли 2017 боз як пораи ҳаёту фаъолиятамон буд, ки баъд аз чанд рӯз ба таърих вогузор мешавад. Он барои давлату миллати мо комёбиҳои тоза овард, ному мақоми онҳоро муътабартару бонуфузтар намуд, симои кишварамонро зеботару дилоротар кард,  халқамонро ба ояндаи нектар умедвориҳо бахшид. Чанд рӯз пеш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми кишвар манзур гардид, ки он ҳама дастовардҳоро зикр ва ҳамагонро ба қуллаҳои баландтари бунёдкориву созандагиҳо ҳидоят мекунад. Вазифаи ИНТ, ҳар як адиби кишвар аст, ки барои сазовори ин бунёдкориву созандагӣ асарҳо эҷод намудан ва дар бунёди симои маънавии ҳамзамонон саҳм гузоштан бикӯшад.

Дар ин кор ба ҳамаи ҳамқаламон илҳоми саршору барори кор орзӯ мекунем. 

Дигар хабарҳо