АБЕРАИ КИШ

 АБЕРАИ КИШ

Дар соҳили Баҳри Шимоли Канада писараке сездаҳсола ҳамроҳи модараш дар кулбаи барфини эскимосиашон мезист, Ўро ном Киш буду модараш – Айкига. Падараш, дар замоне, ки қабилаашон аз гуруснагӣ азият мекашид, ба шикор рафт, аммо туъмаи хирсон шуд. Қабила мотам гирифт, вале бо мурури замон ҷавонмардии падари Киш аз ёдҳо рафт ва кор ба ҷое расид, ки чун нафаре хирс шикор карда, гўшт меовард, калонсолон ба Кишу модараш одатан пораи пурустухон ё ҷойи сахти сайдро медоданд.

Рўзе дар кулбаи сардори қабила Клош-Кван ҷамъомад доир шуд. Киш бархесту эътироз кард. Калонсолон ангушти ҳайрат газиданд: як бача, ки аз даҳонаш бўйи шир меояд, ҳар чӣ хоҳад ба забон оварда, онҳоро таҳқир мекунад. Он гоҳ Киш дар ғазаб шуд ва ба пирони қабила ҷавоб дод, ки минбаъд худаш танҳо ба шикор хоҳад рафт ва гўшт оварда, худ ба мардум одилона тақсим хоҳад кард. Ҳама хандиданд…

Рўзи дигар Киш ба шикор рафт. Чанд рўз гузашт. Аҳли қабила пиндошт, ки бача нобуд шуд. Вале як рўз Киш гўшти бисёр овард ва гуфт, ки боз ҳамин қадар гўшт дар фалон ҷой ҳаст, чанд кас изи ўро гирифта рафта биёваранд.

Баъдтар Киш боз ба шикор рафт ва боз дасти холӣ барнагашт. Ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Баъзе ҳасад бурда, овоза карданд, ки Киш ҷодугар аст, вагарна як навраси сездаҳсола чӣ тавр метавонад хирс шикор кунад.

Боре аз паси Киш ду нафарро фиристоданд, ки асрори шикори ўро фош намоянд. Ба зудӣ маълум шуд, ки Киш ба тарафи хирс як чизи лўнда мепартояд, хирс онро бўй кашида мехўрад ва баъди ягон соат сахт азият кашида, ҷон медиҳад. Ин ҳилаи ў ҳамаро ба ваҷд овард. Одамон асрори шикори Кишро пурсиданд: он чизи лўнда чист? Киш ҷавоб дод, ки он лўнда равғани тюлен аст, андарунаш як мўйлаби сахту дарози тюленро печида, дар сармо гузоштааст. Чун хирс луқмаро фурў мебарад, равған дар меъдааш об ва мўйлаб рост шуда, мисли бигиз мехалад, балки девори меъдаро сўрох мекунад ва хирс аз дарди ҷонкоҳ бемадор шуда меафтад…

Сурат аз сомонаи http://www.bolshoyvopros.ru
Сурат аз сомонаи http://www.bolshoyvopros.ru

Ҳамин тавр, Киш ба воя мерасад ва мардум ўро сардори қабила таъйин мекунанд ва ў як умр боақлу зирак ва одилу ғамхори бечорагону бекасон монд…

Ин қиссаро Ҷек Лондон навишта, «Достони Киш» унвон додааст. Қиссаи машҳур аст.

Аммо ман намедонистам, ки замоне ба Амрико сафар карда, дар осорхонаи адиб бо абераи Киш рў ба рў хоҳам шуд…

Вақте аз осорхона берун қадам гузоштам, як пирамард, ки дар остона буд, аз ҳалқаи ожангҳои амиқ нигоҳи хастаи чашмони камнури обравашро ба ман равона кард ва гўё мо чанд лаҳза пеш шиносу ҳам- суҳбат шуда бошем, банохост пурсид:

– Узр, ҷаноб, иҷозат медиҳед, як чӣ гўям? Пиндоштам, чанд сент мепурсад.

– Марҳамат, бобо…

Пирамард хурсанд шуд, каф пеши даҳон оварду оҳиста гулў равшан кард ва изҳор намуд:

– Ҷаноб, ҳамон пўсти хирси рўйи миз дар хотиратон монд? Навакак дидед-ку?

Ин пўсти хирси рўйи мизи осорхона буд.

– Бале, бобо, – ҷавоб додам ва мунтазири саволи дигар шудам.

– Бо ифтихор ба шумо гуфтан мехоҳам, ки ҳамонро ба Ҷек бобокалони ман туҳфа кардааст!

– Кадом Ҷек? – ҳайрон шудам ман.

– «Кадом Ҷек?» – китф дарҳам кашид пирамард, вале на норозӣ, балки ба завқ омад. – Шумо саросема ҳастед, ҷаноб? О, навакак осорхонаи киро тамошо кардед? Ҷек Лондон!

– О, бубахшед, бобо, бубахшед! Дар ёдам ҳаст, дар хонаи хоби адиб буд-а?

– Бале.

– Бобои шумо туҳфа кардагӣ?! Сад сол пеш?

– Бале, бале, ҷаноб. Аз сад сол ҳам гузашт…

– Узр, бобо.

– Ҷойи узр нест, ҷаноб… Медонед, барои чӣ ин гапро хостам маҳз ба шумо гўям?

– Хуб, барои чӣ?

– Барои он ки ман ҳам навакак дар осорхона будам. Аз шимоли Канада омадам. Дидам, мушоҳида кардам, ки шумо ҳар ашёи осорхонаро бодиққат тамошо мекунед, гўё харидореду бо худ бурданӣ. Имрўз ба ин даргоҳ мисли шумо мухлиси Ҷек кам дар кам ташриф меорад.

– Ман Ҷек Лондонро аз ёд медонам… Ҷек акнун фақат адиби Амрико нест, дар кишвари мо мухлисаш зиёд аст.

– Дар Тоҷикистон?

– Аз куҷо донистед?

– Аз ҷузвдони сари китфатон. Нишону парчами

Тоҷикистон сабт шудагӣ. Боз, мана, «Tajikistan» навишта шудааст.

Ҳарду баробар қоҳ-қоҳ зада хандидем.

– Шумо зирак будаед, бобо!

– Ташаккур!

– Бобокалони шумо бо Ҷек Лондон шинос буд?

– Бале, ҳамин Киш бобокалонам аст.

– Оҳо-о-о! Аҷиб-ку. Шумо одами таърихӣ будаед. – Лутф кардед, ҷаноб! – хурсанд шуд пирамард.

Сурат аз сомонаи http://www.bolshoyvopros.ru

– Лекин ҳикояи «Достони Киш» нотамом аст. Ба ҳар ҳол ман фикр мекунам, ки нотамом аст. Ҷек бояд ҳикояро давом мебахшид, аммо ба кадом сабаб дар ҷойи аҷибаш нукта гузошт.

– Нафаҳмидам, бобо? Ба гумони ман, ҳикоя ко- мил аст. Боз чӣ навиштан мумкин? Чӣ илова кардан мумкин?

– Ҷаноб, чун шумо мухлиси Ҷек ҳастед, агар фурсату хоҳиш дошта бошед, ба қаҳвахона даромада, соате суҳбат кунем. Ҳамаро мегўям. Бовар кунед, аҷиб аст, бисёр аҷиб…

Ман розӣ шудам.

Пирамард инро гуфту ақиб гашт ва ман аз паси ў қадам задам. Вай басо пир буд, синнаш шояд аз ҳаштод ҳам гузашта бошад. Аз он ки ман ба шунидани «давом»-и «Достони Киш»-и Ҷек Лондон розӣ шудам, сахт хурсанд буд ва мисле, ки тамоми умр асрореро ба касе ошкор кардан мехосту ин лаҳза фурсат расида ва шояд барояш имконияти охирин ҳам бошад, ҳар замон худ ба худ, аммо ба ман шунавонида мегуфт: «Мамнунам… Мамнунам…»

Мо ба қаҳвахона даромадем. Пешхидмат омад. Пирамард ду қаҳва пурсид ва ба ман рў овард:

– Шумо меҳмони ман ҳастед, ташвиш накашед. Гуфтам:

– Шодам, ки бо абераи Киш вохўрдам.

– Мамнунам, – бори чандум қаноатманд ба забон овард ў. – Ҳикоя дар хотиратон ҳаст-а?

– Бале. Бобои шумо – Киш дар овони наврасӣ аз рафтори ҳамқабилаҳояш, махсусан, аз Клош-Кван сахт меранҷад: онҳо гўшти хирсро баробар тақсим намекарданд, ба пирони қабила ва занони танҳо ҳамеша пораи устухонӣ мерасид.

– О, бале, бале! Баъд Киш инро ба калонсолон арз мекунад ва ҳеҷ кас гўш намедиҳад, балки мегўянд, ки бирав, ту ҳоло кўдак ҳастӣ, ҳақу ҳуқуқи ба машварати пирони қабила шарик шудан надорӣ.

Сурат аз сомонаи http://www.bolshoyvopros.ru

– Ҳамин тавр, бобо.

– Сахт меранҷад Киш. Хайр, он тарафаш ба шумо маълум … Лекин қисса давомдор аст. Давомаш аҷибтар, ҳарчанд фоҷиа аст…

Пирамард инро гуфту як қулт қаҳва нўшид.

– Мо мардуми қаҳванўш нестем, ҷаноб. Зуд таъсир мекунад. Лекин шумо нўшед, нўшед… Намехоҳам вақтатонро бигирам. Аз овони пирии бобокалонам Киш ду-се сухан гуфтаниам. Баъд хайрухуш мекунем.

– Бошад, бобо. Нақл кунед. Гўш мекунам.

Пирамард оҳ кашид.

– Киш акнун пиру фартут шуда буд, медонист, ки марг дар остонаи кулба истодааст ва ҳар лаҳза метавонад дарун ояду бигўяд: «Киш, ман омадам, ки туро бо худ бубарам!..» Вай рўйи пўстак рўболо дароз кашида мехобид, вазнин-вазнин нафас кашида, ҳар замон хиррос зада мегуфт: «Эҳ, агар ин лаҳза модарам мебуд…»

Падарам ба ў мегўяд: «Хуб аст, ки бибиам нест, вагарна ҷон додани писари яккаву ягонаашро дидан барояш дарднок мебуд. Ана, ҳозир, дар зинда буданат ман мурда монам, ба чӣ ҳол меафтӣ?..»

Аммо Киш пайваста модар мегуфт.

Баъдтар Киш модарро вогузошту ба хирсҳо «дарафтод». Вай дар умри худ онҳоро зиёд шикор карда буд, шояд чаҳорсадто, шояд ҳазорто. Нашумурдааст, вале ба хирсҳои сайднамудааш мегуфт: «Ман шуморо зиёд азоб додам. Чора надоштам, эй хирсҳои сафед. Бубахшед мани бадбахту бечораро! Намедонам, ин кор аз куҷо ба сарам омад, гўё касе гуфт: «Андаруни равғани тюлен мўйлаби тюлен гузошта хўрону шикор бикун…» Ин муноҷот ҳар рўз чанд бор такрор мешуд. Баъд табаш баланд шуд, ба ҳазён гуфтан даромад. Ҳама ба гўручўб тайёр шудем. Аммо як пагоҳӣ ғайричашмдошт чашм кушоду рўйи бистар нимхез шуд ва об пурсид. Хеле нўшид, дубора дароз кашиду боз бархест ва гўшт пурсид. Гўшт доданд, як пора хўрд. Баъд фармуд, ки ҳама аз пайи кор шавем, аҳволаш хуб аст. Ин гапу кори пагоҳи рўз буд. Ҳама берун рафтем. Бегоҳ Киш хушҳолу хушчақ-чақ шуд. Хоҳиш кард, ки шабҳангом танҳояш вогузорем. Танҳо гузошта рафем…

Субҳидам бобоям омад, ки аз ҳоли падар хабар гирад. Аммо Кишро дар бистар надид. Каме мунтазир истод, баъд ба суроғаш берун рафт. Дар атроф надид. Ҳамин тавр, ҳама ба по хест. Ҷустуҷуйи Киш шаш рўз давом кард, аммо бенатиҷа. Баъд ба хулосае омаданд, ки ҳангоми дар берун буданаш, Кишро ягон хирси гуруснаи дайду ба бошишгоҳ наздик омада, кашолакунон бурдааст.

Фарзу тахмини мардум аслан дуруст буд , аммо воқеа андак дигар аст .

 

Рўзи ҳафтуми воқеа падарам , ки набераи Киш мешавад, ба хотир овард, ки як бор падараш гуфта буд: «Ман тамоми умр гўшти хирс хўрда зистам, барои дигарон ҳам шикор кардам, акнун аз хирсҳо як луқмаи хом қарздорам: бояд луқмаи ягон хирс бошам. Ин қадар хирсро мўйлаби тюлен хўронда, азоб дода, куштаам. Ягон хирс бояд маро луқмаи худ кунад…»

 

Ин гап ҳамаро ҳушёр кард. Аммо ба суроғаш дигар касе нарафт. Бобоям розӣ нашуд, гуфт, ки Киш ҷавонмард зисту ҷавонмард ҷон дод. Баъди Киш бобоямро сардори қабила таъин карданд, баъди бобоям падарам сардор таъйин шуд, ҳоло ман сардору сарвари қабилаам…

Пирамард инро гуфту ҷониби дар нигоҳ бурд ва хеле хомўш истод. Ман чизе нагуфтам, чӣ гуфтанамро ҳам намедонистам.

Пешхидмат омада, пиёлаҳоро аз рўи миз гирифт ва пурсид:

– Боз чӣ мефармоед, ҷаноб?

– Кифоя, ташаккур, – ҷавоб дод пирамард ва аз ҷой бархест.

Дар чашмонаш ашк ҷўшида буд. Мо хомўш то пеши дар омадем.

– Марҳамат, шумо пеш гузаред, ҷаноб, – лутф кард ў.

Баъди як дақиқа мо хайрухуш кардем.

– Ба ватани Киш ҳам фурсат пайдо карда ташриф биёред, – гуфт ў дастамро фишурда.

Пирамард дигар ба ақибаш нигоҳ накарду рафт. Бегоҳ қиссаро ба ҳамсафаронам гуфтам. Ҳар кӣ ҳар чӣ гуфт, баъзе бовар накарданд. Баҳс беҳуда буд… Аммо афсўс хурдам, ки номи абераи Кишро напурсидам, номи падарашро ҳам. Боз, ҷойи истиқоматашро…

Меарзад, ки барои шунидани ҳамин гуна қисса ба он тарафи уқёнус сафар кунӣ…

Азизи АЗИЗ

Дигар хабарҳо