АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ

АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ (Набиев Абдухолиқ) 20 ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1963, пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, донишҷуйи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) гардида, баъди хатми он дар ҳамин донишгоҳ ба кор пазируфта шудааст. Солҳои 1967-1968 хидмати ҳарбиро адо карда, сипас ба донишгоҳи мазкур бозгаштааст ва аз соли 1968 то нимаи соли 1984 дар кафедраи адабиёти тоҷик ба ҳайси муаллими калон ва дотсенти кафедра ифои вазифа кардааст. Аз соли 1984 то ҳол ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (ҳозира Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ) мебошад.

Соли 1981 дар мавзӯи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, сазовори унвони номзади илми филология гаштааст.

То имрӯз наздик ба 250 мақолаи илмиву оммавӣ таълиф намудааст, ки бештарашон хусусияти интиқодӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии инсон дар адабиёти муосири тоҷик, ҷараёни ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ, поэтика ва сабки нигориш, тазоҳуру ташаккули фардияти эҷодӣ ва ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори удабои тоҷик, амсоли Устод Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун, Атахон Сайфуллоев, Аскар Ҳаким ва як даста … мавриди таҳқиқу таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҳимояти романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём» («Назари ибратбини нависанда», 1978), ва бархе аз офаридаҳои С. Улуғзода, Сорбон, М. Солеҳ ва дигарон, ки дар нақди ҳизбӣ ва касбии сиёсатгаро ба сифати «осори зиёновар» маҳкуму мазаммат мешуданд, мақолаҳо навиштааст. Ҳамчунин, ба пажӯҳиши эҷодиёти ашхоси ба ноҳақ сиёҳшуда (Н.Бектош, Қ.Комилӣ) ва осори фаромӯшшудаи адибонамон пардохта, масоили камтар мавриди тадқиқ қароргирифтаеро, амсоли раванди зуҳур ва ташаккули илми ҷадиди филологияи тоҷик ва нақди нави адабӣ дар адабиёти ҷадид ва уламои замони шӯравӣ дар даҳаҳои аввали асри ХХ, мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додаст.

Ҳамчунин, ба нақди ҳунарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ғолибан ойид ба намоишномаи театрҳои вилояти Суғд як силсила мақолаҳо ба табъ расондааст. Рисолаи илмии ӯ «Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри шӯравии тоҷик» (1978) масъалаи мақоми Айнӣ дар рушду такомули насри нави реалистии тоҷикиро дар бар гирифтааст. Дар китоби «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983) мақолоте ба ҳам омадаанд, ки аз хусуси масоили шаклу жанр ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насру назми муосири тоҷикӣ баҳс мекунанд. Рисолаи «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987) пажӯҳиши муфассалест ойид ба масъалаи муҳимми насри реалистии тоҷик – ҳунари равоннигории бадеӣ, ки солҳои 50-80 аз муҳимтарин сифатҳои раванди адабиёти тоҷик будааст.

Риштаи дигари тадқиқоти илмии муҳаққиқро омӯзиши таърихи нақди адабии тоҷикӣ ташкил медиҳад ва чандин гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993) ҷой дода шудаанд. Дар ҳамин мавзӯъ рисолаи «Назруллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (2004)-аш аз чоп баромад, ки дар асоси мадорики ба куллӣ тоза ва назари нави илмӣ таълиф ёфтааст. Китоби «Достони об ё Обнома» (2004) фарогири тадқиқот ва маводи фаровоне аз осори асотирӣ, мазҳабӣ, илмиву тиббӣ, эҷодиёти мардумӣ ва адабиёти ҳирфаӣ буда, мавзӯи эҳтиром, эҳтиёт ва бузургдошти обро ба сифати яке аз чор унсури муҳимми зиндагии инсоният дар фарҳанги маънавии тоҷикон (форсизабонон) ва мардуми ҷаҳон матраҳ менамояд.

Абдухолиқи Набавӣ ба тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул шуда, чанд ҳикояи А.П.Чехов ва И.С.Тургенев, чанд очерку маколаи адабиётшиносиро ба тоҷикӣ баргардондааст. Дар таҳияи маҷмӯаи «Бойчечакҳои Помир» (Киев, 1988, ба забони украинӣ) ва «Куллиёт»-и сеҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (1989-1991) иштирок доштааст.

Мақолаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, ҳамчунин дар нашрияҳои Эрон ба табъ расидаанд.

Солҳои зиёд узви Шӯрои координатсионии нақди адабӣ дар назди АИ Тоҷикистон, узви Ҷамъияти ходимони театрии вилояти Ленинобод, солҳои 1987-1988 котиби илмӣ ва узви Шӯрои нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон, чанд вақт (1993-94) сарвари бахши «Адабиёти шӯравӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва узви Шӯрои илмӣ, аз соли 1985 ба баъд котиб ва узви Шӯрои илмии «Адабиётшиносӣ»-и пажӯҳишгоҳи мазкур, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Фарҳанг» мебошад.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2017).

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо