Ҷойгоҳи Болта Ортиқ дар насри кӯдакона
Ба муносибати 100-солагии Болта Ортиқ
Болта Ортиқ аз нависандагони пуркори тоҷик буда, бо ҳикояву қиссаҳои ҷолиб дар адабиёти муосири кӯдакон мавқеи хос дорад. Фаъолияти эҷодии ин суханвар аз соли 1953 оғоз гардида, аксари осори ӯ барои бачагони синну соли гуногун равона карда шудааст. Нависанда дар ҳикоёти барои кӯдакон навиштаи худ ба масоили маърифативу ахлоқӣ таваҷҷуҳ намуда, олами андешаҳо, орзую мақсадҳо ва рафтору кирдори атфолро бо бадеияти хос тасвир кардааст. Кӯдакон дар осори Болта Ортиқ соҳиби раъю азми солим, руҳияи созанда ва ҳамдаму ҳамқадами бузургсолонанд. Онҳо нисбат ба пешрафту авзои иҷтимоӣ беэътино набуда, ба гузаштаи таърихи халқи худ низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои пайваста мехоҳанд, ки ба умқи ҳофизаи таърихии халқу миллати хеш ворид шаванд, асрори гузаштаро бидонанд ва аз ҳикмати пешиниён сабақ андӯзанд. Бояд ёдовар шуд, ки осори Болта Ортиқ бо вуҷуди муаллифи наздики бист китоб будану ҳанӯз соли 1960 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди шуравӣ пазируфта шуданаш, аз тарафи муҳаққиқони адабиёт хеле кам мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин даъворо ахбори дар қомусҳо овардаи адабиётшиносон Т. Абдуҷабборов ва А. Набиев собит менамояд.
Осори ин адиб бештар дар раванди баррасии вижагиҳои адабиёти давр, таҳлили мазмуну мундариҷа, сохтору шакли ин ё он жанри адабӣ мавриди ёдкарди суханшиносон қарор гирифтааст. Академик Раҷаб Амонов дар китоби «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (қисми 1, «Адабиёти бачагона») ба чанд ҷанбаи эҷодиёти Болта Ортиқ ишора менамояд. Аз ҷумла, ба таъсирпазирии нависандаи мазкур дар радифи дигар суханварон, амсоли Мустафо Шарқӣ, Акобир Шарифӣ, Шодӣ Ҳаниф, Абдулло Қодирӣ, Дадоҷон Раҷабӣ, М. Боғиров, Б. Шоҳин аз сабки нигорандагии Пӯлод Толис ишора менамояд. Ҳамчунин бо таҳлили мундариҷаи ҳикояи Болта Ортиқ «Конфет», ки барои бачагони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ эҷод шудааст, доир ба нигориши воқеию табиии ҳолати равонии атфол ва тасвири боварбахшу завқовари андешаю рафтори кӯдакон изҳори назар менамояд.
Аз ин нукта равшан мегардад, ки охири солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ Болта Ортиқ дар фазои адабии давр мавқеи хоси худро ёфта будааст. Мавзуи дигари баҳси Р. Амонов, тадқиқи мазмуну мундариҷа, равиши нигориш, таҳлили характери персонажҳо, зиддияти образҳои қиссаҳои «Полвон» ва «Таътил»-и Болта Ортиқ аст. Муаллифи «Адабиёти бачагона» ба хотири нишон додани ҳунари нависандагии адиб, усулҳои инъикоси масоили рӯзгор, ҷаҳонбинии хоси кӯдакон, ба ҳаёти иҷтимоӣ сафарбар кардани наврасон фасли алоҳидаеро ихтисос додааст.
Ҳикоя аз жанрҳои марказии эҷодиёти Болта Ортиқ ба шумор меравад. Аз лиҳози мавзуъ ҳикояҳои ӯро ба навъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, таърихӣ, ҳаҷвӣ ҷудо намудан мумкин аст. Ба андешаи академик Р. Амонов, дар солҳои 60-80-уми асри ХХ фаъолияти адабии Болта Ортиқ бо эҷоди ҳикояҳои кӯдакона ва нашри маҷмуаҳо назаррас буд: «Як қатор ҳикояҳои ӯро намунаи хуби ҳикояҳои бачагонаи тоҷик ҳисоб кардан мумкин аст. Ин қабил ҳикояҳо дар ҳамаи маҷмуаҳои ӯ ҷой дорад».
Аз баррасиҳои мунаққиди мазкур бармеояд, ки Болта Ортиқ тавассути ҳикояҳои худ мактаббачагонро ба мутолиа, ҷустуҷӯ, кунҷковӣ, маърифати илмӣ, таҷрибаандӯзӣ, омӯзиши ҳодисаю падидаҳои табиӣ, аҳаммияти зуҳуроти гуногун ва дигар корҳои судманд ҷалб менамояд. Ин матлабҳо дар заминаи мазмуни ҳикояҳои «Сӯзанаки пӯлодин», «Себи орухӯр» ва «Ҳамроҳи сунъии Замин» ироа гардидаанд.
Дар осори таҳқиқоти адабиётшиносии академик М. Шукуров ишора ба осори Болта Ортиқро ба нудрат метавон пайдо кард. Дар китоби «Таърихи адабиёти советии тоҷик» танҳо дар боби «Ҳаёти муосир ва қаҳрамонони он» аз ин суханвар ёдоварӣ шудааст. Ин ҳам дар ҷараёни омӯзиши дарунмояи насри баъдиҷангӣ ва тадқиқи авҷу инкишофи жанри повест дар солҳои 60-ум ва нимаи аввали 70-ум сурат гирифтааст.
Ҷанбаи дигари ҳикояю қиссаҳои Болта Ортиқ ба танқиду мазаммати наврасони сабукфикру худбин, танбалу меҳнатгурез ва айбҷӯю худсито нигаронида шудааст. Нависанда тазоди фикру амалро дар мисоли кӯдакону наврасон ҷолибу хушоянд тасвир мекунад. Аз ин ҷост, ки адабиётшинос Ҷӯрахон Бақозода дар мақолаи «Қаҳрамони мусбат ва руҳи замон» менигорад: «Нависандагон А. Баҳорӣ, Б. Фирӯз, А. Самадов, М. Бахтӣ, Б. Ортиқов ва монанди инҳо низ мекӯшанд, ки ба дарку тасвири ҳастии инсон аз паҳлуҳои мухталиф наздик шаванд, бархӯрди маънавию ахлоқии одамони гуногунақидаро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор диҳанд».
Бояд ёдовар шуд, ки вижагии таълимию омӯзишӣ доштани насри Болта Ортиқ дар маҷмуаи ҳикояҳои «Дурдонаи Зарафшон» баръало ба назар мерасад. Ҳикояҳои «Равғани кабк», «Гули анҷир», «Тути балхӣ», «Мавизи кишмиш», «Пудина», «Ҷави луччак», «Алафи газанда» ҳамчун маводи ёрирасони таълим аз фанни «Табиатшиносӣ» ё «Ботаника» барои хонандагон метавонад хидмат кунад. Ҳикоёти «Каждум», «Суғур», «Кӯробила», «Каҷова», «Сагобӣ» ба хонандагон оид ба ҳашароту ҳайвонот ва роҳҳои ҳифзу эҳтиёт шудан аз онҳо ва тарзи табобат, шикор кардан ё аз неруи ҳайвонҳо самаранок истифода бурдан маълумоти аҷиберо дода, шавқу завқи ононро барои дар оянда хуб аз худ кардани фанни «Зоология» бедор месозад. Ҳикояҳои «Устод ва шогирд», «Лой», «Ағбаи ҷунбон», «Ҳакими фаранг», «Сӯхтори дуҳазорсола», «Васиқа» марбут ба фанни таърих буда, барои хонандагон имкон медиҳад, ки онҳо ба ҳақиқати баъзе воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ дуруст сарфаҳм раванд. Масалан, дар ҳикояи «Равғани кабк» дар бораи рустании аҷиб — «равғани кабк», ки дар дараи Шинги водии Зарафшон мерӯяд, маълумот дода шудааст. Равғани кабк баъди аз замин канда гирифтан ҳам бидуни нигоҳубину парвариш аз ҳаво ғизо гирифта, сабзидаву шукуфта, нумув ва афзоиш меёбад. Нависанда дар поёни ин ҳикоя ба хонандагон муроҷиат карда, чунин менависад: «Агар бовар накунед, равғани кабкро ёбеду дар хонаатон парвариш бикунед».
Ин муроҷиати нависанда ангезае ба зеҳну тафаккури хонандагон ворид карда, муҳаббати онҳоро ба табиати диёри худ афзун мегардонад. Муаллиф ин нуктаро дар пешгуфтори асари мазкур чунин қайд мекунад: «Табиати ду соҳили ин дарё (Зарафшон дар назар аст) чунон бою рангоранг аст, ки кас дар ҳайрат мемонад. Аммо дар бораи аксари ин аҷоибу ғароиб дар китобҳои шумо маълумот нест. Ман ин нуктаро ба ҳисоб гирифта, ба саёҳати дарёи Зарафшон баромадам. Мушоҳидаи худам ва одамони гуногунро гирд оварда, ҳикоятҳои хурде навиштам. Агар ҳикоятҳо… ба шумо маъқул шуда, шавқу ҳавасатонро ба табиати диёрамон бияфзояд, худро хушбахт мешуморам».
Аз равзанаи шавқу ҳавас ба ҷаҳони илму андеша ворид кардани хонандагони наврасро нависанда вазифаи худ дониста, ба мақсад расида тавонистааст. Дар ҳикояи «Каҷова» нависанда аз неруи хирсҳо бомақсад истифода кардани одамони гузаштаро нишон медиҳад. Қаҳрамони ҳикоя бачаи кунҷков – Лутфии дувоздаҳсола ба кори падараш, ки аз химчаи садаи куҳӣ ҳар тирамоҳ каҷоваи бунаш сусту беқувват месохт, эрод гирифта, баъдан шоҳиди воқеаи аҷибе мешавад. Падараш шабона ӯро ҳамроҳ гирифта, бо каҷоваҳои бофтааш ба кӯҳ мебарояд. Каҷоваҳоро таги дарахти чормағз бурда мегузоранд. Хирс бо ду хирсбача омада, худаш ба дарахт баромада, ба афшондан машғул шуда, бачаҳояшро ба чидани чормағз амр мекунад. Баъд чормағзҳои афшондаашро ба каҷоваҳо андохта, бардошта бурданӣ мешавад, ки тагаш канда шуда, ҳамаи чормағзҳо ба замин мерезад. Хирс ба ғазаб омада, як каф чормағзро ба даҳонаш андохта, бачаҳояшро гирифта меравад. Падари Лутфӣ ба дилсӯзиҳои писараш таваҷҷуҳ зоҳир накарда, чормағзҳоро ба ҷуволҳо меандозад. Ҳамроҳи онҳо боз амаки Қурбон ҳам буд. Ин ҷо нависанда собит мекунад, ки хирсҳо ҳайвони бақуввату доно ҳастанд. Инсон бо ҳар роҳ метавонад аз неруи онҳо босамар истифода барад. Албатта, ин кори падари Лутфӣ ва амаки Қурбон хатарнок ҳам бошад, барои онҳо фоиданок аст. Зеро онҳо сари дарахти чормағзи калони кӯҳӣ баромадаву онро афшонданӣ шаванд ҳам, баробари хирс «ҳунар»-и «жола барин резондани чормағз»-ро надоранд. Ба ҳамин монанд тарзи шикори суғуру сагобӣ дар ҳикояҳои «Суғур» ва «Сагобӣ» хеле ҷолибу шавқовар, муҷаз, таъсирбахшу хонданбоб пешкаши хонандагони наврас шудааст.
Бо таълифи ҳикояи «Лой» Болта Ортиқ дар санъати меъморӣ, бинокорӣ ва хиштпазӣ таҷрибаи ниҳоят зиёд доштани мардуми Суғди бостонро нишон додааст. Ӯ ба коркарди лой вобаста будани сирри мустаҳкамӣ ва тобоварии хиштҳои биноҳои таърихиамонро барои хонандагони наврас чунин кушода додааст: «Лойгарҳо замини усто нишондодаро аз қади зону чуқуртар канда, хокашро нарм карданд. Сонӣ об монданд. Чуқурӣ бо об пур шуд. Ба ҳар лойдон чорто асп дароварда, ба ҳамдигар бастанд ва дар лойхона давр занонданд. Ҷонварони безабон тамоми рӯз дар лойхона қадам заданд. Аз зарби пойкӯбии аспҳо лой обашро кашида, билохира сақич барин сахту часпак шуд ва гашти аспҳо басо душвор гардид, ҳатто аспҳо пояшонро ҳам базӯр мекашиданд. Лойгаре ба усто ин ҳолро арз кард. Усто як тика лойро гирифта, ба думи аспе часпонду фармуд, ки аспро аз даруни наҳри тезоб гузаронад. Лойгар аспро савор шуда, ба даруни наҳр даровард. Лойи дар думи асп буда ранги обро дигар кард. Об як қисми онро шуста рафт.
– Чор сатил об зану боз ҳай кардан гир, – гуфт усто. – Лоят ҳоло ҳам хом аст ва дар натиҷа хишт ҳам, девораш ҳам бебақо мешавад. Ҳай кун!
Акнун зери пойи аспҳо лой хамири орди гандум барин ғоз медод… Усто ба думи асп каме лой часпонда, боз ба даруни наҳри тезоб ҳай кунонд. Ин дафъа асп гузашту ранги об дигар нашуд…».
Ин далелҳо маънои онро доранд, ки ҳунармандони қадим дар иҷрои корҳои косибии худ ҳеҷ гоҳ ба фиреб роҳ намедоданд. Ё барои санҷиши натиҷаи кори худ ба хосияти ашёву чизҳои дигар такя мекарданд. Яке аз қаҳрамонони чунин ҳикояҳо ҳатман омӯзгору устод, ё ягон одами солхӯрдаву таҷрибадида аст.
Хонандаи наврас аз хондани ин ҳикоя ба хулосае меояд, ки гузаштагони ӯ дар соҳаи сохтмон ба ҳеҷ ваҷҳ инсонҳои қафомонда набуда, балки аз пешрафтатарину махфитарин усулҳои коркарди хишти пухта огоҳӣ доштаанду маҳсули дастранҷу ҳунари онон тули ҳазорсолаҳо ин ҷониб чун кӯҳҳо устувору побарҷоанд.
Бедор кардани ҳисси таърихдӯстӣ дар хонандагон аз вазифаю мақсадҳои дигари нависандагон баҳри дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия кардани насли наврас мебошад. Мақсади нависанда дар ҳикояҳои ҷанбаи таърихидошта ба таҳрик овардани номуси миллии хонанда аст. Бо таъсирпазирӣ аз насри таърихии солҳои 60-80 Болта Ортиқ дар китоби «Дурдонаҳои Зарафшон», ки соли 1980 ба нашр расидааст, барои пайванд додани замони гузаштаи на чандон дур бо замони худаш ҳикояҳои «Устод ва шогирд», «Ағбаи ҷунбон», «Ҳакими фаранг», «Сӯхтори дуҳазорсола» ва «Васиқа»-ро бо камоли ҳунармандӣ иншо намудааст. Дар ҳикояҳои мазкур натанҳо ахлоқу маънавият, балки муҳимтарин ҷузъиёти таърихи рӯзгори тоҷикон бо тамоми нозукиҳояш ба ҷилва омадааст. Ба ибораи дигар, Болта Ортиқов тавассути ҳикояҳояш таърихи ҳунармандии қадими тоҷиконро эҳё намудааст. Дар баробари ин, забони ҳикояву қиссаҳои кӯдаконаи Болта Ортиқ аз калимаю ибораҳои нодир, зарбулмасалу мақол, таъбирҳои мардумӣ ва дигар унсурҳои забони адабию гӯишӣ саршор буда, дар ҳифзи мероси забонии тоҷикон ҷойгоҳи намоён доранд.
Хулоса, осори Болта Ортиқ ба тадқиқи мукаммал ниёз дошта, пажуҳиши амиқи он барои такмили ҷанбаҳои гуногуни насри имрӯз ва таърихи адабиёти муосир мусоидат мекунад. Ҳамчунин масъалаҳои сужету композитсия, образу характер, пайванди таърих бо воқеияти рӯз, нақши ровӣ дар баёни ҳаводис, корбурди ривояту афсонаҳо, тасвири урфу таомул, одобу суннатҳои шаҳрнишинӣ, рӯзгордорӣ, боғдорӣ, чорвопарварӣ, иду ҷашнҳо ва дигар омилҳои иҷтимоию фарҳангие, ки асли нигоришоти Болта Ортиқро созмон медиҳанд, ба тадқиқталаб будани осори гаронмояи ин қаламкаш ишора мекунанд.
Моҳира Турсунова,
устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров