Ҷоиза муборак бод!

 Ҷоиза муборак бод!

28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама гуна ташаббус ва амалҳои созанда истиқбол намуда, аз дастоварду хизматҳои шоён ҳамеша қадрдонӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, адибони шинохта бо унвоҳои зерин қадрдонӣ гардиданд:

Марямбонуи Фарғонӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Юсуфҷон Аҳмадзода – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Додохон Эгамзод – Нависандаи халқии Тоҷикистон;

Файзи Ашӯр  – Шоири халқии Тоҷикистон;

Низом Қосим бо ордени «Шараф» дараҷаи II;

Кароматулло Олимзода бо медали 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ато Ҳамдам бо медали 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аламхон Кӯчарзода – барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино;

Абдуҷаббор Раҳмонзода – Арбоби илму техникаи Тоҷикистон;

Муҳаммадюсуф Имомзода – Арбоби илму техникаи Тоҷикистон.

Адибонро бо ин дастовард табрик намуда, дар ҷодаи эҷод комёбӣ таманно дорем.

 

Дигар хабарҳо