• 23.09.2026

Ҷоизае боэътибору баракатбор

 Ҷоизае боэътибору баракатбор

Соли равон аз таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 сол пур шуд. Чанде пеш ба ин муносибат, китоби «Ҷоизае боэътибору баракатбор» нашр гардид, ки 27 декабр маросими рӯнамоияш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аъзои кумитаи мазкур ва аҳли адабу санъати ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар китоб зиндагиномаи нафароне, ки то ин дам ин ҷоизаро соҳиб гаштаанд, ҷо дода шудааст. Он зери назари муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён омода гаштааст.

Дар пешгуфтори китоб аз ҷониби мураттибон Низом Қосим ва Ибодулло Машраб дар бораи таърихи таъсиси ҷоиза ва барои осори барҷастаи адабиёт, санъат ва меъморӣ тақдим гардидани он маълумот дода шуда­аст.

Дар рӯнамоӣ гардонандаи чорабинӣ раиси ИНТ Низом Қосим, шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Барот Абдураҳмон, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол, Саидқул Билол, Файзалӣ Ҳасан, Ибодулло Машраб, раиси Иттифоқи оҳангсозон Амирбек Мӯсозода, раиси Иттифоқи киносозон Сафар Ҳакдод, санъатшинос Муҳаммадулло Табарӣ суханронӣ карданд. Номбурдагон дар бораи баъзе асарҳое, ки ба ҷоиза сазовор гардида буданд, фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён доштанд.

Таъкид гардид, ки аз оғоз то имрӯз онҳое, ки ҷоизаи мазкурро ба даст овардаанд, сазоворанд ва онҳое, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ бо ин ҷоиза шарафёб гаштаанд, минбаъд низ фаъолияти пурсамари эҷодӣ нишон додаанд.

Дигар хабарҳо