То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳад буд

 То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳад буд

Хотираи падар

Понздаҳуми моҳи апрели соли ҷорӣ ба рӯзи таваллуди шоири инқи­лобӣ, яке аз саромадони назми сове­тии тоҷик Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933) ҳаштод сол пур шуд. Пайрав гарчанде умри дароз надида бошад ҳам, дар назми советии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. «Пайрав аз ҷумлаи он гурӯҳ шоирон буд, ки дар сари гаҳвораи назми навзоди сове­тии тоҷик меистоданд…» — навишта­аст адабиётшинос Раҳим Ҳошим.

Пайрав назми ҳазорсолаи класси­кии моро чуқур ва пухта медонист, аз адабиёти классикии рус ва Ғарб огоҳ буд. Пушкину Лермонтовро меомӯхту азёд мекард. Маяковскийро устоди худ мешуморид. Ва ҳамаи ҳунару истеъдоди худро дар роҳи назм, дар роҳи хизмат ба адабиёт, ба респу­бликаи ҷавони худ, ба халқи озод­гаштаи худ сарф мекард. Ҳамчун Маяковский қаламашро ба дашнаву шамшер баробар намуда, зарбаи онро зидди душманони револютсия равона мекард.

Ба адӯ гӯй, ҳон, бипарҳезад:

Қаламам дашнаву синони ман аст!

Пайрав дар назми тоҷик ҳамчун шоири навовар шинохта ва эътироф карда шудааст. Ғояи интилоб ва кӯшиши навоварӣ дар сар то сари эҷодиёти шоир ҳис карда мешавад. Пайрав дар ҳаҷвнависӣ, наср, публи­тсистика ва тарҷума ҳам маҳорати комил дошт. Оид ба асарҳои ҳаҷвии ӯ устод Айнӣ дар солҳои сиюм чу­нин ишора карда гузаштааст: «Ба ин тарз ҳаҷвнависӣ чунон душвор аст, намунаашро аз шоирони ҷавони тоҷик танҳо марҳум Пайрав дода тавонистааст».

Пайрав барои бачаҳо ҳам эҷод намудааст. Шеъри «Марши пионе­рон» ҳоло ҳам намунаи барҷастаи шеъри бачагонаи назми тоҷик ҳисоб мешавад.

Аз зодрӯзи шоир ҳаштод сол ва аз рӯзи вафоташ қариб 50 сол гузашта бошад ҳам, ашъори ӯ зинда аст, ба халқу ватан хизмат мекунад, барои халқ мубориза мебарад. Худи шоир дар дили халқ, дар ёди дӯстони ҳамқалами худ ҷой дорад ва на­сли ҷавони адибони имрӯзаи тоҷик анъанаҳои ӯро давом медиҳанд, шоирро ба некӣ ёдоварӣ мекунанд. Қаламкаши соҳибистеъдод намеми­рад, чунонки худи шоир қариб шаст сол пеш аз ин дар шеъри «Қалам» гуфта буд:

То ҷаҳон ҳаст, зинда хоҳам буд,

Қаламам умри ҷовидони ман аст.

                                                                                                        ЁДИ ОН РӮЗҲО

Ман ба Бухоро сафар карданро дӯст медорам, он ҷо хешу табор ва ёру рафиқи зиёде дорам. Дар кӯчаҳои қадимаи Бухоро по ниҳода, дар ҳар қадам паи пои падарамро меҷӯям.

Ана, он мактабхонаи сангине, ки дар дамгаҳи кӯчаи мо ҳанӯз ҳам якхел беосеб истодааст. Дар ин ҷо падарам савод омӯхтааст, бо зеҳни тезу ақлу идроки худ шогирди маҳбу­би устодаш гардида буд.

Дар поинтари кӯчаи мо майдон­чае ҳаст. Дар гӯшаи ҳамин майдон солҳои 1920 дӯкони куҳнадӯзи пире воқеъ буд, ки мардум Пинадӯзаш мегуфтанд. Мӯйсафед пойафзоли мардумро дарбеҳ карда, дар рафти кор зери лаб шеъргӯӣ мекард. Пай­рав соатҳои дароз ба шеърхонии ӯ бо завқ гӯш медодааст.

Ана, он ҳавлие, ки он ҷо Пайрав ба дунё омад. Аҷаб писари нозпарварди ин оила будааст ӯ: бобоям баъди панҷ духтар писардор шуда буд. Ҳар­чанд ки ӯро ба хотири бобоям Сулай­мон номиданд, ба сад уммед ҳама Отамуродаш мегуфтанд… Ана, Тоқи саррофон. Дар ин ҷо Пайрав дӯконе дошт, аммо ба ҷои савдо дар ин ҷо бозори шеър метафсид — ҳаводоро­ни шеър ҷамъ шуда, соатҳои дароз доир ба адабиёт, шеъру шоирӣ гуф­тугӯйҳо мекарданд. Ана, он макони калон, ки гӯё дили осмонро шикофта, сар боло намудаасту боиси тавлиди достони нотамоми «Манораи марг» гардидааст.

Ман дар кӯчаҳои қадимаи Бухоро по ниҳода, паи пои падарамро ҷу­стуҷӯ мекунам. Аксари мӯсафедони бухороӣ падарамро ёд доранд. Яке мегӯяд, ки «аҷаб ҷавони хушқадду қомати зебое буд», дигаре мегӯяд: «суҳбаторо буд», сеюмӣ мегӯяд: «марде буд саховатманд» ва чаҳо­румин байтҳои Пайравро бо ҳаяҷон гаштаю баргашта такрор мекунад.

Дар Бухоро ҳар як дари дӯст ба рӯям бо шодмонӣ кушода мешавад ва дар ҳар хонадони шинос Пайрав­ро бо некӣ ёд мекунанд.

Ман баъзан ҳайрон мешавам, ки як нафар одам ин қадар рафиқу дӯсти наздики зиёде доштааст? Ва ин дӯстон барои пурратар кардани тасаввуроти ман дар бораи падарам кумак мерасонанд. Ба тарзи дигар гӯям, ба шарофати дӯстон образи падари марҳумамро ҳар дафъа рав­шантар тасаввур мекунам.

Дар айёми мактабхонӣ дар ҳам­соягии мо Мирзоочил ном мӯсафеде зиндагӣ мекард. Ҳар дафъа, ки ману хоҳарам Лоларо бинад, бо меҳру­бонӣ сарамонро сила карда, бо як эҳтиром аз падарамон гап мекушод.

Баъдтар калон шуда фаҳмидам, ки Мирзоочил дар ҷавонӣ хаёли зиёрати Макка карда, бо як гурӯҳ бухороиҳо ба сафар мебарояд. Дур аз ватан ҷавони бекасу бепул бо азобе то ба Кобул расида, хору зор шуда мегардад. Пайрав Сулаймонӣ соли 1920 дар ҳайати намояндагони Республикаи халқии Бухоро ба Афғо­нистон меравад ва Мирзоочилро дар ҳолати гадоӣ дарёфта, ба хонааш меорад ва баъди чанде ҳамроҳи худ ба Бухоро гирифта мебиёрад.

Яке аз ҳавлиҳое, ки ман бо камоли рағбат ҳар дафъа зиёрат мекунам, ҳавлии писари аммаи падарам Бақоҷон Ҷӯлибоев мебошад. Меҳ­монхонаи барҳавою нақшу нигорҳои махсуси онро бо ҳавас тамошо меку­нам, тарҳи нақшу нигори ин хонаро падарам кашида, дар даромадгоҳи он шаш мисраъ шеърро низ барои иззати меҳмон навиштааст.

Бояд гуфт, ки Пайрав расмкаши­ро хеле дӯст медошт. Ман баъзе аз расмҳои падарамро, ки дар ҳоши­яҳои шеърҳояш кашидааст, ба чанд нафар аз рассомони имрӯза нишон дода, фикри онҳоро донистанӣ шудам. Рафиқони рассом гуфтанд, ки Пайрав дар ҳақиқат истеъдоди рассомӣ доштааст.

Ман ду соли охирини ҳаёти пада­рамро нағз дар ёд дорам. Падарам аз коғаз ҳар гуна бозичаҳои аҷиб сох­та, сонӣ онҳоро ҳамроҳи мо наққошӣ мекард.

Як шаби зимистон ҳаргиз аз хоти­рам намеравад. Падарам ними шаб моро аз хоб бедор карда мегуфт: Хезетон, ки ман орд овардам! Ҳозир бӯғурсоқи гарм тайёр мешавад! Дар рӯи хона примус вағғосзанон месӯхт. Модарам бӯғурсоқ мепухт. Ин бӯғур­соқи одӣ набуд — падарам аз хамир ҳайкалчаҳои аҷиберо сохта, ба дег мепартофту пас аз лаҳзае ҳайкалчаи суп-сурхи бомазаро ба мо дароз кар­да, бо завқ «хӯретон» мегуфт.

Одатан як шаб пеш аз иду маъра­каҳо падарам худаш ба дастҳои мо ҳино мебаст ва пагоҳии дигар кафи дастчаҳоямонро кушода, дар он сурати моҳу ситораҳо ва лолаи шу­куфтаро дида, шодӣ мекард.

Аҷаб падари меҳрубоне доштем. Вай ба мо афсонаҳои аҷиберо нақл мекард, китоб мехонд, барои мо шеърҳо менавишт. Манзумаи «Мурғак» яке аз он шеърҳост, ки падарам махсус барои мо навишта буд. Ҳар дафъа ин шеърҳоро дар консертҳои хонагӣ мо бо як ҳаяҷон хонда, чӣ қадар лаззат мебурдем!

Афсус, ки риштаи овони бачагии хушбахтонаи мо барвақт канда шуд, аммо ёди он рӯзҳои наку як умр чун нақшу нигорҳои нотакрори Бухорои куҳан дар дили мо нақш бастааст.

Гулчеҳра Сулаймонова,

шоира, Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ,

соли 1979

Дигар хабарҳо