Тарғибгари дӯстиву рафоқат

 Тарғибгари дӯстиву рафоқат

Ба муносибати 110-солагии Аширмат Назаров

Адабиёти ӯзбек дар фазои адабу фарҳанги туркизабон ба таърихи ибратомӯз, эҷодкорони забондону фарохназар, баёни ғояҳои инсондӯстиву башарпарастӣ ва ғановати образҳояш мавқеъ ва мақоми вижа дошта, ба адабиёти тоҷику форс робитаи таърихӣ дорад.

Дар иртибот ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба суннатҳои дерини дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек нигоҳ ба рӯзгор ва осори адибони замони пешину муосири ин халқҳо сифати тоза касб намуд. Рӯ овардан ба таърихи иртиботи байниҳамии халқҳои тоҷику ӯзбек собит намуд, ки миёни ин халқҳо падидаи зуллисонайнӣ роиҷ гардида, мавриди пазириш қарор гирифт ва ин суннати нек то давраи Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Абдулло Қодириву Абдулло Қаҳҳор, Ҳамид Олимҷону Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзодаву Раҳим Ҷалил ва Аширмат Назарову Улмас Ҷамол ба манфиати халқҳову адабиётҳо хизмат намуд.

Роҳандозӣ гардидани чунин амалҳои наздикшавии адабиётҳо ва халқҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишварҳо иқдоми масарратбахш буда, метавонад барои ҷаҳоншиносӣ ва суботи ҷомеа хидмат кунад.

Тарзе ки ба гуфта омад, робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек замони арзи ҳастӣ кардани матбуот ба маҷрои тоза ворид гардид. Дар Тоҷикистон баробари нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ нашрияҳои ӯзбекиву русӣ низ ба фаъолият оғоз намуда, дар шумули иҷрои амалҳои хоси матбуот ба рушди адабиёт ва таҳкими дӯстӣ низ таъсиргузор гардид.

Рӯзномаи ӯзбекзабони “Совет Тоҷикистони”, ки акнун бо номи “Халқ овози” мунташир мешавад, бо муҳайё будани фазои созгор қаламкашони ӯзбекзабони муқими Тоҷикистонро муттаҳид намуд ва тадриҷан аз байни онҳо шоиру нависандагони боистеъдод ба камол расиданд. Аз ин даста адибон Аширмат Назаров, Маҳмуд Тулқун, Улмас Ҷамол, Зайниддин Дӯстматов, Солеҳҷон Қаҳҳоров, Қосим Мамадҷонов, Чамолиддин Тошматов, Сулаймон Эрматов, Турон Тӯйчиев, Шойим Бутаев, Ҷамшед Пиримов, Ҷӯрақул Ҳоҷибоев, Мафтун Ҷӯра, Шодӣ Саттор, Зикрулло Валиев ва… чун рӯзноманигор, шоир, нависанда ва тарҷумон ба адабу фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек хидмат кардаанд.

Адибон Аширмат Назаров, Маҳмуд Тулқун ва Улмас Ҷамол бо нигоҳдории фазилати дузабонӣ, эҷоди асарҳои хуби назму наср ва иштиёқ ба амали тарҷума дар адабиёти ӯзбеку тоҷик мақом пайдо намуданд.

Рӯзноманигор, нависанда ва шоири ӯзбекзабони муқими Тоҷикистон Аширмат Назаров марҳалаи муайяни ҳамин анъанаро намояндагӣ намуда, дар тарбияи насли нави эҷодкорони ӯзбекзабони Тоҷикистон — М. Остонов, Қ. Муҳаммадҷонова, Улмас Ҷамол, Зайниддин Дӯстматов, Солеҳҷон Қаҳҳоров, Шодӣ Саттор ва дигарон саҳм гузоштааст ва, ба таъбири маъмул, ба онҳо ҳаққи устодӣ низ дорад.

Ба шаҳодати асноди расмии катбӣ Аширмат Назаров дар оғози фасли зеботарини сол — баҳори соли 1913 дар ноҳияи Спитамен (собиқ ноҳияи Нови Тоҷикистон), дар оилаи марди деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ баъди гирифтани таълими аввалия таҳсилро дар Дорулмуаллимини шаҳри Самарқанд идома дода, соли 1932 баъди хатми он ба зодгоҳи худ баргашт ва муддате дар Театри мусиқӣ драмавии он ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолият намуд. Иштиёқи ӯ ба адабиёт ва эҷоди шеър аз ҳамин давра дар дили ӯ маъво мегирад ва ӯ бо рӯзномаи ноҳиявии «Нишони сурх» ва рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Қизил Тоҷикистон» ҳамкорӣ намуда аз худ ба ҳайси як қаламкаши умедбахш дарак медиҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкории пайваста ӯро барои фаъолияти доимӣ ба рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» овард ва иртиботи ӯ ба муҳити адабӣ ва фарҳангии пойтахт густариш ёфта, барои эҷоди мақолаву шеърҳои гуногунмавзуъ шароит фароҳам овард. Қаламкашони Тоҷикистон А. Назаровро ҳамчун офарандаи асарҳои публитсистӣ, ки аз барори кори заҳматкашони хоҷагии қишлоқ, қаҳрамонони арсаи меҳнат ҳикоят мекард ва чун шоири ҷӯяндаву вассофи ишқу озодӣ пазируфта, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ шароит фароҳам оварданд.

Ҳарчанд аз замони алоқа пайдо кардан ба матбуоти расмӣ намунаи ашъори А. Назаров манзури хонандагон гардида, ӯ ҳамчун шоир истиқбол ёфта буд, нашри нахустин маҷмуаи шеърҳояш бо номи «Ҳосилот» дар соли  1934, номи ӯро дар сафи шоирони навҷӯву умедбахш қарор дод. Ашъори ба ин маҷмуа воридгардида солҳои 1931-1934 эҷод шуда, ба мавзуъҳои характерноки замони таълиф ихтисос доранд. Дар як қатор шеърҳои ин маҷмуа, аз қабили «Баҳор», «Суруди Ҳосил», «Суруди тракторчӣ», «Ҳисобчӣ» ва … неруи қавӣ пайдо кардани  ҳаёти нави сотсиалистӣ, дилгармии бештари халқ ба ҳаёти нав, эҳсоси ризоият ва ифтихор аз замон, умед ва боварӣ ба рушди сохти нави сотсиалистӣ ва кӯшиши анҷом додани амали нек, бо эҳсоси баланди эҷодӣ тасвир шудаанд.

Баъди нашри маҷмуаи нахустин, достони аввалини ӯ, ки ба ҳаёти хуррами насли навраси замон, машаққати пешазинқилобии деҳқонон ва бартарии сохти колхозӣ ихтисос дошт, бо номи «Фарзанди замон» нашр гардид. Соли 1935 бо унвони «Кишвари шукуфон» («Диёри гулпӯш» низ гуфтаанд.) манзури хонандагон гардидани маҷмуаи дувуми шеърҳои А.Назаров аз ривоҷи фаъолияти эҷодӣ ва дарки таҳаввулоти ҳаёти ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Шеърҳои ин маҷмуа — «Чӯл обод шуд», «Ба Вахш омадам» ва… ободии диёри тоҷикон, дастрасӣ ба ҳосили баланди пахта, навгониҳои ҳаёти фарҳангӣ ва меҳнати шарафмандонаро инъикос менамояд. Иддае аз ҳамсафон ва ҳамқаламони А. Назаров дар ашъори ин даври ӯ таъсири файзбахши адабиёти классикиву замони нави тоҷикӣ ва адабиёти русро ба мушоҳида гирифтанд. Ин амал дар эҷодиёти ӯ тадриҷан то офаридани портрети адабии саромадони адабиёти замони нави тоҷик Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ расидааст. Ва дуруст зикр кардаанд, ки «Аширмат Назаров аз ҷумлаи он адибонест, ки аз мактаби эҷодии Садриддин Айнӣ баҳраманд шудааст» («Маданияти Тоҷикистон», 1983, 4 март).

Мусаллам аст, ки шароити солҳои сиюм аз қаламкашон тақозо менамуд, ки онҳо бояд дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар иштироки фаъолона дошта бошанд, мақолаву очерк, асарҳои назмиву насрӣ ва драмавие офаранд, ки инъикоскунанда ва ситоишкунандаи бозёфтҳо, пешравиҳо, ташаккули одами нав, чеҳраи занҳои озоду фаъоли арсаи меҳнат ва маҷмуан бартарии ҳаёти сотсиалистӣ бошанд. А.Назаров низ чун як тан аз эҷодкорони садоқатманди замони худ аз пешрафти ҳаёт илҳом гирифта, доир ба мавзуъҳои муҳимми замон — рушди хоҷагии қишлоқ, озодию саодати занони тоҷик, дастрасӣ ба ҳосили баланд, каналкушоиву заминкушоӣ, пешравии мактабу маориф ва ситоиши қаҳрамонони меҳнат шеърҳои зиёде эҷод намудааст. Силсилаи дигари шеърҳои ӯ, ки фарогирандаи мавзуи ҳарбӣ-ватандӯстӣ мебошанд, ба бистсолагии Армияи сурх бахшида шуда, соли 1938 дар маҷмуаи «Суруди мудофиа» гирдоварӣ гардидааст.

Мавзуи Ватан ва муҳаббату садоқат ба ободии он, воҷиботи муҳофизати Ватан дар эҷодиёти шоир мақоми шоиста дошта, ашъори ба ин мавзуъ бахшидаи ӯ дар маҷмуаҳои «Ватан» (соли 1939) ва «Вафо» (соли 1940) рӯи чопро дидаанд.

Эҷодиёти А.Назаровро аз назари адабиётшиносӣ ба 3-давраи умда метавон тақсим кард ва ин андешаҳо, ки бо зикри шеърҳои ҷудогонаву маҷмуаи ӯ иброз гардид, ба давраи аввал, яъне давраи то Ҷанги Бузурги Ватанӣ мансуб мебошад. Давраи дувуми эҷодиёти ӯро метавон чун маҳсули замони ҷанг арзёбӣ намуд. Пӯшида нест, ки дар мавзуи ҷанг шоирони тоҷик ашъори зиёде эҷод кардаанд, вале ашъори А. Назаров ба сифати шеъри эҷодкорӣ дар майдони набардҳои хунин иштирокдошта вижагии хоси худро дорад.

А. Назаров аз зумраи шоиронест, ки монанди адибони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Воҳид Асрорӣ ва… амалан дар майдони ҷанг иштирок намуда, фаҷеати ин воқеаи мудҳиши таърихро дар вуҷуди худ эҳсос намудааст. Ин ҷанги таърихӣ, ки нанги таърих аст истеъдодҳои наҷиби адабӣ, илмӣ ва фарҳангиро ба коми худ фурӯ бурд. Адибони аз майдони ҷанг баргашта, ки дӯстиву рафоқатро бар ивази ҷони худ харидаанд, оид ба ин мавзуъ дар ашъорашон бо самимияти ҷонгудоз сухан гуфтаанд. А. Назаров низ аз ҳамин даста буда, аз ашъори давраи ҷангии ӯ ғояи иттиҳод ва рафоқати ҷанговарони гуногунзабон хеле равшан падидор мегардад. Аз ҷумла дар достони драмавии «Нур аз Шарқ» (соли 1949) шоир мароми сулҳхоҳӣ ва озодипарастии лашкари советиро ба риштаи тасвир кашидааст. Қаҳрамонони ин достон намояндагони миллатҳои гуногун – Жарови рус, Собири тоҷик, Эрйигити ӯзбек, Миколаи украин, духтари поляк, ҷавонони Фаронсаву Юнон буда баҳри як мақсад – озодӣ ва осоиштагӣ амал мекунанд. Яъне, ин маврид ашъори А.Назаров хосияти умумибашарӣ касб намуда, андешаи олии «Бани одам аъзои якдигаранд» (Саъдӣ)-ро ба миён мегузорад. Воқеан иштирок дар корзорҳои ҳарбӣ барои шоир мактаби камолоти маънавию сиёсӣ гардида, мавзуи ҷанг дар эҷодиёти ӯ аз мавзуъҳои марказӣ қарор гирифтааст.

Яке аз фармондеҳони артиши шуравӣ, майор П. Грабар дар рӯзномаи «Барои Ватан» («За Родину») навиштааст, ки «Шоири тоҷикистонӣ Аширмат Назаров ҳамроҳи ҷанговарон ва фармондеҳони қисми «Н» дар муҳорибаҳои шадид бевосита иштирок кард. Аз ҳаёти ҷанговарон шеърҳои зиёди реалистӣ ва таъсирбахш офарид. Дар тарбияи ватандӯстонаи ҷанговарони советӣ саҳми арзанда гузошт». («Маданияти Тоҷикистон», 1983, аз 4 март).

Бо дарназардошти аз ҷумлаи шоирони ҷанговар будани А. Назаров дар номаи тасаллияти Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зикр гардида, ки: “Дар дафтарчаи хизматии сарбози майдони назм Аширмат Назаров акси садои кишвари маҳбуб, кӯҳсори Қаротегин, дараи Варзоб, суруди меҳнати тиллокорони соҳили Кофарниҳон, водии зарнисори Вахш, инчунин ҳазорҳо саҳифаҳои газета, «Варақаҳои ҷанговар», ки дили пурҳарорати шоир нисору сарфи онҳо гаштааст, роҳи сисолаи эҷодӣ ва бист китоби дилнишини маҳсули инсонҳо, ки ҳама саршори ишқу эҳтиром ба халқу меҳнат, ба амну амонӣ ва сарзамини шукуфоӣ мебошанд, зикри худро ёфтааст.

Бартарии ашъори ба мавзуи ҷанг бахшидаи А. Назаров дар он зоҳир мешавад, ки макони эҷоди онҳо майдонҳои ҷанг буда, персонажу қаҳрамонони ин шеърҳо шахсони воқеӣ, ғолибан ҳамяроқони худи шоир мебошанд. Аз қабили Александр Пригорин, Леонид Федотин, Ҳабиб Юсуфӣ, Александр Евдокимов, ки дар шеърҳои «Қабри ҷанговар», «Падруд бо хуршед», «Тирандоз» ва «Достон дар бораи политрук» бо маҳорати шоирона тасвир ёфтаанд.

Ашъори дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди бозгашт дар мавзуи корнамоиҳои ҷанговарони советӣ таълиф намудаи А. Назаров, ки асосан дар маҷмуаҳои «Шеърҳои аскарӣ» (соли 1942), «Ҷангнома» (соли 1944) ва «Шараф» гирдоварӣ гардида, дар байни хонандагон шуҳрат пайдо кардааст, дар воқеъ домани фарох дошта, пажуҳиши вижаро тақозо дорад.

Андешаи бикре, ки ба сифати лейтмотиви асосӣ дар тамоми шеърҳои давраи ҷангии А.Назаров эҳсос мешавад, ин боварӣ ба ғалаба ва расидан ба озодиву осудаҳолии халқҳо мебошад.

                                       Кори мо ҳақ асту зафар аз мо,

                                       Рӯзи Иди зафар, хабар аз мо.

                                                                                        («Ҷангнома»)

Давраи сеюми эҷодиёти А. Назаров ба замони бунёдкориҳои сохти шуравӣ, барқарорсозии харобиҳои ҷанг, хусусияти сифатӣ пайдо намудани кори адабу фарҳанг, давра ба давра эътибор пайдо намудани аҳли илму адаб, рушди санъати театрӣ ва барор дар ҷабҳаҳои дигари ҳаёт рост меояд.

Раҳим Ҳошим оид ба ин давраи эҷодиёти А. Назаров иброз доштааст, ки «Баъд аз тамом шудани ҷанг Аширмат ҳамчун сарояндаи кори бузурги азнавсозии халқи советӣ ба майдони адабиёт баромад. Ӯ дар ашъори пас аз ҷангии худ ҳарбу зарби дигареро, ки халқи мо барои барҳам додани харобиҳои ҷанг, барои барқарор намудани саноат ва хоҷагии қишлоқ барои боло бурдани сатҳи зиндагии халқ ва ободонии мамлакат сар карда буд, тараннум намуд, дар ин мавзуъҳо бисёр шеърҳои самимӣ, пур аз ҳаяҷон ба вуҷуд овард» («Садои Шарқ», 1964, № 8).

Маҷмуаҳои «Дар соҳили Кофарниҳон» (соли 1948), «Чароғҳо» (соли 1950), «Хешовандон» (1959), «Дафтари Қаротегин» (соли 1950), «Роҳҳо ва манзилҳо» (соли 1961), «Чӯпон ва сайёд» (соли 1962), «Ашъори мунтахаб» (соли 1963) ва … инъикосгари ҳаёти осоиштаву заҳмати мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Агар достони «Дар соҳили Кофарниҳон» ба меҳнатписандии духтари тоҷик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳоҷирахон Расулова ихтисос гирифта бошад, достони дигари шоир «Хешовандон» гуманизми воқеӣ ва дӯстии аз имтиҳони рӯзгор гузаштаи халқҳои гуногунзабонро бо маҳорати баланди бадеӣ тарғиб менамояд.

А. Назаров тавассути заҳмати эҷодӣ ва маҳсули фикру қаламаш хеле бармаҳал дар байни эҷодкорони тоҷику ӯзбек ва Иттиҳодияи нависандагони ду ҷумҳурӣ – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мақом пайдо кардааст. Дар ҷараёни ошноӣ ба маводи дар бораи ӯ нашргардида хабаре дастраси мо гардид, ки аз таҷлили панҷоҳсолагии шоир иттилоъ медиҳад. Аз ҷумла дар он хабар зикр ёфта, ки «…Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф муҳаррири газетаи «Совет Тоҷикистони» рафиқ Гадоев маърузаи муфассал намуд. Баъд адибони намоёни республика Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон баромад карда, соҳибҷашнро ба ин рӯзи нек табрик карда, дар саломатӣ ва корҳои минбаъдаи эҷодияш муваффақиятҳо орзу намуданд». («Маориф ва маданият», 1964, аз 21-уми январ).

Иштироку суханронӣ дар таҷлили фаъолияти 30-солаи эҷодӣ ва умри нимасраи як тан аз шоирони ӯзбекзабони Тоҷикистон аз ҷониби адибони шинохтаи тоҷикро далели таваҷҷуҳ ба эҷодиёт ва мавқеи ҷамъиятии А. Назаров метавон маънидод кард. Номаи пурмеҳри табрикии Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ тақвиятдиҳандаи ҳамин андеша буда, баёнгари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фаъолияти самаровардаи шоири ӯзбекзабон дар таҳким ва густариши дӯстии халқҳову адабиётҳо мебошад.

«… Шумо – дӯст ва рафиқи ҳамқалами мо, аз ибтидои фаъолияти эҷодиатон то имрӯз ҳамчун ватанпарвари вафодор, фарзанди содиқи халқ дар асарҳои худ меҳнат ва муборизаи диловарона, ҳаёти хушнуду хушбахтонаи одамони советиро тараннум намуда, қаҳрамонӣ, фидокорӣ, инсонпарварӣ ва меҳнатдӯстии халқи иқболбаланди моро шуҳрат додед. Он шеъру достонҳо, ҳикояю очеркҳое, ки ба қалами Шумо тааллуқ доранд ва ба дили ҳазорон хонандагони советӣ роҳ ёфтаанд, маҳсули дар алоқаи наздик будан ба ҳаёти халқ, дар кору зиндагии рӯзафзуни ҷамъияти мо иштироки бевосита доштани Шумо аст. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки саҳифаҳои асарҳои Шумо инчунин қисман оинаи ҳаёт ва фаъолияти худи Шумо ҳам мебошанд…» омадааст дар он меҳрномаи таърихӣ.

Қаблан ишора гардид, ки А. Назаров дар як марҳалаи муайяни таърихӣ миёни халқҳо ва адабиётҳои тоҷику ӯзбек нақши пайвандгариро бозидааст. Маълум, ки адабиётҳо ҳамеша ниёз ба гуфтугӯ ва баҳрабардорӣ аз ҳамдигар дошта, бо шарофати ин амали нек ғановати худро таъмин месозанд. Василаи муҳим барои амалӣ гардидани ин ниёзи дуҷонибаи адабиётҳо тарҷумаи бадеӣ буда, ташкил ва дуруст ба роҳ мондани кори он доираи ниёзмандони адабиётро афзоиш мебахшад.

А. Назаров бо дарназардошти чунин асолати таърихии тарҷумаи бадеӣ аз ибтидои фаъолияти эҷодияш ба тарҷума низ иштиёқ пайдо намуда, дар тарҷумаву тарғиби осори тоинқилобӣ ва даврони шӯравии тоҷик ба забони ӯзбекӣ хизмат намудааст. Аз ҷониби ӯ намунаҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳиддин Фарҳат, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон ба забони ӯзбекӣ тарҷума гардидааст. Раҳим Ҳошим ҳамин шохаи фаъолияти А.Назаровро ба эътибор гирифта, навиштааст, ки «Яке аз хизматҳои намоёни Аширмат ба хонандагони ӯзбек дастрас гардонидани намунаҳои назми тоҷик буд. Осори бештарин шоирони мо бо қалам ва ташаббуси вай ба ӯзбекӣ тарҷима шудааст».

Ҷавобан ба ин амали нек ашъори ӯ низ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст, ки дар амалкарди он хидмати шоир ва тарҷумони номдор Муҳиддин Аминзода назаррас мебошад. Ин назаркарди иҷмолӣ аз он башорат медиҳад, ки роҳи эҷодии ӯ ибратомӯз буда, аз як ҳавасманди адабиёт то ба сатҳи эҷодкори лирикаи сиёсӣ расидан сифати тоза касб намудааст.Дар тӯли фаъолияти зиёда аз 30-солаи эҷодиаш ба адабиёт содиқона хизмат карда, чун мунодӣ ва тарғибгари дӯстии халқҳову адабиётҳо эътибори шоиста пайдо кард ва пажуҳиши зандагиномаву мероси адабии гуногунмавзуи ӯ дар таърихи робитаҳои адабии замони нави халқҳои тоҷику ӯзбек метавонад саҳифаи наверо боз намояд. Шоири тавонои тоҷик Муъмин Қаноат бо фарогирии ҳамин паҳлуи эҷодиёти ин тарғибгари дӯстиву рафоқат таъкид намудааст, ки «Шоири дӯстдоштаи мо Аширмат Назаров дар давоми ҳаёту меҳнати софдилонааш бахшида ба кору зигдагии халқи тоҷик асарҳои ҷолиби диққат офарид. Ӯ бо ин хизматҳои шоистаи худ дар мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, робитаи адабиёти онҳо, ривоҷу равнақи маданияти онҳо саҳми босазое гузошт».

Муртазо Зайниддинзода,

Зафари Гулмурод.

Дигар хабарҳо