Сӯгворӣ. Эмомалӣ Мирзоев

 Сӯгворӣ. Эмомалӣ Мирзоев

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳ хабар медиҳад, ки 17-уми феврал қалби шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Эмом-Алӣ (Эмомалӣ Мирзоев) аз тапидан бозмонд.

Шодравон 20 майи соли 1952 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Солҳои 1971 -1973 дар сафи Қувваҳои Му­саллаҳи Шӯравӣ хидмат кард. Солҳои 1973-1981 дар соҳаи «Тоҷикматлубот», солҳои 1981-1992 дар муассисаҳои Вазорати ме­лиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, солҳои 1986-1992 дар Иттиҳодияи истеҳсолӣ-техно­логии «Мелиоводстройкомплект» фаъолият дошт. Аз соли 1992 ба тиҷорат машғул буд. Чандин сол дар идораи Хазинаи адабиёти ИНТ низ кор кард.

Эмомалӣ Мирзоев аз солҳои 80-уми асри гузашта ба шеърнависӣ шурӯъ намуд. Аввалин маҷмуаи шеърҳояш «Парвози дарё» соли 1997, маҷмуаи дувумаш «Рақси дарахт» соли 1999 ба табъ расиданд. Намунаҳои ашъораш дар нашрияҳои «Тоҷикистон», «Помир», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе» ва амсоли инҳо нашр шудаанд. Намунаҳое аз эҷодиёташ дар маҷаллаҳои «Четки» (Маскав), «Бельские просторы», (Уфа), «Аврора» (Санкт-Петербург), «Кара­ван» (Маскав), «Амонат» (Қазоқистон) ва ғайра ба забони русӣ чоп шудаанд.

Соли 1999 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!

Дигар хабарҳо