Паёми раҳнамо ва умедбахш
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон, аз ҷумла ҷалби онҳо ба чорабиниҳои муҳимми сатҳҳои гуногун равшан эҳсос мешавад. Натиҷаи ҷонибдории самимии раҳбарияти Иттифоқи нависандагон аз ин нуктаи сиёсати фардосози Сарвари давлатамон буд, ки мо, як гурӯҳ аъзо ва кормандони ҷавони Иттифоқи нависандагон ҳам имсол дар ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат иштирок намуда, таассуроти амиқ гирифтем.
Аввалин нуктае, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан маро мутаассир кард, суҳбати самимона оид ба ҷавондухтарони мамлакат буд. Пешвои миллат бо дилсӯзии тамом дар бораи таълиму тарбия, соҳибкасбӣ ва камолоти онҳо сухан ронда, таваҷҷуҳи Ҳукумат ва аҳли ҷомеаро ба ҳалли ин проблема ҷалб намуданд. “Фарзандро таваллуд кардӣ, то нафаси вопасин заҳматашро мекашӣ» — таъкид карданд Ҷаноби Олӣ. Ин заҳмат натанҳо хӯрондану пӯшондан, яъне камолоти ҷисмонии онҳо, балки тарбияи маънавиашон, илму ҳунар омӯхтан ва ба зиндагии мустақилона тайёр карданашонро низ дар бар мегирад. “Ҳамаи духтароне, ки мехонанд, олим намешаванд, шоир намешаванд, нависанда намешаванд, ихтироъкор намешаванд. Лекин ақаллан зиндагии оилаи худашонро саришта карда, фарзанди худашонро тарбияи хуб дода метавонанд” — зикр шуд зимни Паём ва бори дигар аҳаммияти оила чун ҷузъи муҳимми ҷомеа ва давлати мутамаддин таъкид гардид.
“Мо бояд чунин шароиту муҳит муҳайё кунем, ки ҳар як фарди ҷомеаи мо ҳунару истеъдоди худашро амалӣ кунад. Чӣ ҳунаре дорад, чӣ касбу донишу малакае дорад, нишон диҳад, истифода кунад ва бе кор нагардад” — ин суханони дилсӯзонаи Сарвари давлат низ идомаи ҳамон масъалагузориҳост. Ҳамзамон роҳҳои гуногуни амалисозии ин суханони муҳим пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки натанҳо корхонаҳои саноатӣ, балки донишгоҳу донишкадаҳо дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат бунёд меёбанд ва дар фаро гирифтани ҷавонон, аз ҷумла духтарони маҳаллӣ, ба донишу ҳунар нақши бориз мегузоранд. Роҳи дигари ҳалли масъала ташкили корхонаҳои нав ва ба онҳо ҷалб намудани ҷавонон мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат аст. Аз ҷумла, фақат дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 “барои 40 ҳазор мутахассисону коргарон, аз ин 5000 ҷойи корӣ барои занону бонувон, муҳайё кардаанд”.
Тасмими дигари давлатие, ки аҳли ҷомеа дер боз дар атрофаш мегуфту орзуяшро дошт, низ дар ин Паём садо дод. Он таъсиси мақомоти давлатӣ оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбист, ки бояд вазифаи муҳимми давлатӣ – «дар ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ” “омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ”-ро иҷро намояд. Мақсади ниҳоӣ ин аст, ки “фақат як коғаз, яъне диплом надиҳем, ақл диҳем, дониш диҳем, касб диҳем, ҳунар диҳем”.
Дар Паём ҳамчунин “ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат”, “дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ” зикр шуд. Ин кор якбора ҳалли чанд масъаларо таъмин менамояд, ки ташкили ҷойҳои нави кор, дастгирии ҳунармандон, ки ҳунарҳои халқиро зинда нигоҳ медоранду рушд медиҳанд ва ҷалби сайёҳон ба ин ҳунарҳои воло аз он ҷумлаанд.
Вобаста ба ин, зикр гардид, ки дар панҷ соли охир 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд ёфта, шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Барои рушди ин кори муҳим, ки ҳам ба ғанитар шудани буҷаи мамлакат мусоидат менамояду ҳам ба муаррифии бештари кишварамон, таҳти сарварии муовини дахлдори Сарвазир ва иштироки муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи доимии босалоҳияти корӣ амал хоҳад кард.
Паём бори дигар ҳикмати деринаи халқамонро ёдрас кард, ки “шинонданд, хӯрдем, шинонем, хӯранд”. Пос доштани ҳамин анъанаи неки ниёгон буд, ки бо даъвату ҳидояти Пешвои муаззами миллат боғҳои бешумори нав бунёд ёфтанд, ки имрӯз ҳам боиси фаровонии бозоранду ҳам зебу зинати диёр. Бо ҳамин гуна ҳидояти падарона мардуми мо ба замин рӯ овард ва онро воситаи таъмини беминнати рӯзгораш сохт. Натиҷаи ҳамин буд, ки “имрӯз мо бо гандуми истеҳсоли худӣ 60 фоиз таъмин ҳастем” ва агар дар майдони мавҷудаи кишти ғалладона ҳосилнокиро баланд кунем, худамонро бо гандуми истеҳсоли ватанӣ пурра таъмин карда метавонем.”
Рақамҳои ҷумлаи зерини Паём ҳам, чун далели заҳматписандию ватандӯстии мардумамон ифтихорангезанд, ки “воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10, 7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.”
Имрӯз мо боз дар арафаи фасли умедбахши баҳор ва иди бузурги аҷдодиамон Наврӯз қарор дорем. Шоиронамон васфи он мекунанду ифтихори воқеии мардумро бедор менамоянд. Дар ҳақиқат, чунонки Президенти зебоипарастамон қайд карданд, “Наврӯз оини зебоипарастӣ аст, маданияти баланди инсонӣ аст” ва бояд кору рафтори мо, ворисон, сазовори он бошад, баробари тозагии хонаву дар, деҳу ноҳия ва корхонаамон дилҳоямонро ҳам тозатар бикунаду ҳамзамон бо сарсабзии табиати биҳиштосоямон андешаву умедҳоямонро низ сарсабз нигоҳ бидорад.
Дар ободии Ватан тамоми қишрҳои ҷомеа саҳмгузоранд ва Президенти муҳтарам барҳақ ҳиссаи арзандаи соҳибкоронро таъкид намуданд. Дар ҳақиқат, қишри бунёдкору ватандӯсте ташаккул ёфта истодааст, ки саҳмаш дар тасмимҳои халқу давлат торафт назаррастар мешавад. “Дар ин давра, — зикр шуд дар Паём, — аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷои кор, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.” Ин суханони Сарвари давлат боиси ифтихори ҳар яки мост: “Вақте ман ба соҳибкорони ватанӣ муроҷиат кардам, дар як сол 75 иншооти сарҳадӣ ба дараҷаи олӣ бунёд карда шуд.” Боз ҳам манзури Сарвари давлат омили инсонист: Инсонҳои соҳибдиле барои муҳофизони диловари Ватан шароити хидмату маишат муҳайё кардаанд!
Чунин мисолҳоро дар соҳаҳои маънавӣ ҳам дидан мумкин аст. Соҳибкорон дар чопи китобҳои адибон саҳм мегузоранд, ба варзишгарони арзанда ҷоизаҳо медиҳанд, ба ҳаёту эҷоди ҳунармандон таваҷҷуҳ менамоянд, ки далели муассирии суханони Пешвои муаззами миллат оид ба эҳсонкорӣ ва хешро ҷузъи ин мардуму фарҳангаш эҳсос намудани ин қишри тавонманди ҷомеа мебошад.
Имон комил аст, ки Паём барои ҳама дар маҷмуъ чунин муассиру фарогир хоҳад буд ва мо шоҳиди амалӣ шудани ҳама нуктаҳои он хоҳем гашт.
Сурайё Аҳмадзод,
мудири бахши тарҷума ва робитаҳои адабии ИНТ,
барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе